Ҳавои зиндагониям гаҳе гарму гаҳе сард аст,

Чӣ созам ман ба ин гармию сардӣ, бахт номард аст.

Нуринисои Акрам

Зиндагӣ чунин афтод, ки аз паси тобути писари гулгункафанам то оромгоҳи Сари Камари шаҳри Панҷакент мерафтаму тақдир маро хун мегирёнд ва падарону модарони афғон ёдам меомаданд, ки ҳар соат фарзандони хешро ба хок месупоранд…

Чаро ин тавр? Чӣ тақдирест мардумони ҳамсоя, ҳамхун ва ҳамзабони моро?  Айби кист дар ин бадбахтӣ?

Аз рӯи андешаи шахсии худам ва мушоҳидаҳои беш аз 45 солаам бо матбуот, садову симо ва мутахассисони дар Афғонистон кор карда инҷо танҳо айби империализми ҷаҳонпараст аст. Ба Афғонистон ворид шудани ҷузъу томҳои артиши Шӯравӣ империализмро ба ларза овард. Онон Уссома бини Лоданро омода сохтанд. Бародарони муслимин, Ал- Қоида ва баъдтар, ҳаракати Толибону Давлати исломии Шому Ироқро ташкил карданд, то мусулмонони фанат хуни якдигар резанд. Ҳоло Афғонистон, Сурия, Ироқ, Миср, Либия аз паси бародаркушӣ ноороманд…

Қувваҳои Шӯравӣ аз Афғонистон бадар шуданду НАТО ҷойгузин шуд ва бубенед, ки чӣ кард…? Ҳоло кирдори эшон ба сари  Белорусия бало шуд ва муҳоҷирони бахтбаргаштаи афғонро ба Иттиҳоди Аврупо роҳ намедиҳанд. Сиёсати духӯра ва демократияи дурӯғини империализм дунёро такон дода истодааст. Замоне, ки мусулмонони олам бародаркушӣ доранд, кӯшишҳо карда истодаанд, ки русҳо, украинҳо ва беларусҳо хуни якдигар резанд… Ин чӣ савдоест? Кӣ имрӯз ҷароҳатҳои чилсолаи Афғонистонро табобат хоҳад кард, кӣ имрӯз мардумони Украинаро аз парокандашавӣ нигоҳ хоҳад дошт? Кадомин табиб дардҳои Ироқ, Либия, Миср, Сурияро табобат мекунад? Ҳеҷ табибе аз ӯҳдаи он нахоҳад баромад, ба ҷуз халқҳои ҷафокашидаи ин мамлакатҳо. Сиёсати духӯра, демократияи дурӯғин халқҳои ҷаҳонро ба ҳалокат гирифтор карда истодааст. Ягона деворе, ки садди роҳи демократияи дурӯғин меистод, ин Давлати Шӯравӣ буд, аммо садро шикастанд.

Дар бархе маъхазҳо Тоҷикистонро мамлакати монеъшавандаи дин нишон медиҳанд. Аммо дар умри пурбаракати худ ёд надорам, ки касе садди роҳи намоз ва рӯзаи мардум шуда бошад… Агар солҳои 60- ум бо иғвои  муллоҳо масҷидҳоро баста бошанд, солҳои 80- уми қарни 20- ум  мардум озодона дар масҷидҳо намоз мехонданд. Ба назари ман, имрӯз ҳам дар Тоҷикистон касе садди роҳи диндорон нест…

Аз сиёсати духӯра Тоҷикистонро эмин нигоҳ бояд дошт, чунки мо ҳоло рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаем ва фаромӯш карданӣ нестем. Таъкидҳои  Пешвои миллат оиди зиракии сиёсӣ беасос нестанд ва нашавад, ки боз Тоҷикистони азизро ба гирдоби бало кашида, мардумро хайротхӯри дари хориҷиён созем. Чи бояд кард? Қонунҳои кишварро риоя ва эҳтиром бояд кард. Чиновникҳои тасодуфан сари вазифа омадаро аз маснад чаппагардон бояд кард. Қонун бояд аз тарафи маснаднишинони сатҳи болову поён сад дар сад ҳурмат ва баҷо оварда шавад. Воқеияти охирини Бадахшон бояд барои ҳар яки мо дарси ибрат бошад. Ҳар як чиновнике, ки халқро ба шӯр меорад ва боиси норозигии мардум мешавад, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва мардум тантанаи адолатро ба чашмаш бинад.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳар  яки мо вазифадрорем ба мардум фаҳмонем, чунки сиёсати эшон ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва адолати иҷтимоӣ  мебошад. Дар матбуоти расмӣ, аз таърифу тавсифи рӯякӣ даст кашида, бигзор бештар ҳақиқатро нависанд.  Чунки таърифҳои беасос ва пинҳон кардани ҳақиқати зиндагӣ оқибати хуб нахоҳад дошт. Ба андешаи мо, ҳақиқат ва буду шудро навиштан эътибори ин ё он рӯзномаю маҷалларо боло мебардорад. Ҷомеаи инсонӣ дар роҳи ростгӯӣ, рострафторӣ ва ростгуфторӣ мустақим пеш меравад. Ҳатто Пешвои миллат чандин маротиба аз рӯзноманигорон хоҳиши ошкоро гуфтанро тақозо карданд…

Дар замони муборизаҳои ниҳону ошкоро ва сиёсати духӯраи абадқудратон мо танҳо метавонем худамонро ҳимоя кунем.

Холмурод Сафарзода,

узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь