“Яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш бероҳӣ мебошад.Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои автомобилгард, хусусан роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳ барои роҳсоз сарнавишти ӯст. Империяҳо нест мешаванд, роҳҳо боқӣ мемонанд. Ишқу муҳаббат меравад – роҳ ба сӯи он мемонад. Роҳҳо сарвати маънавии инсоният, ифтихори ҳар як шаҳру кишвар мебошанд. Дар ҳаёти ҳар яки мо роҳи асосии бахту саодати мо ҳаст, ва боз чӣ кадар роҳу пайраҳаҳои дигар! – ва мо бо онҳо қадам мезанем, зеро ҳаёт ба мо дода шудааст ва ҳаёт ин худ роҳ аст …

Роҳшиносон ва аҳли пешқадами ҷомеаи кишварҳои ИДМ аз паст будани вазъи роҳҳо дар мамлакатҳои пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи вазъ чораҳои қатъӣ андешиданро зарур мешуморанд.

Солҳои охир дар мамлакатҳои ИДМ дар соҳаҳои гуногун тағйиротҳои куллӣ ба амал омада истодаанд. Ин равандҳо ба бахши иқтисод, ки ҳоло расман хоҷагии роҳҳо номида мешавад, таъсир мерасонанд. Дар ин соҳа дигаргуниҳои ҷиддие аз ҷиҳати ташкилӣ, кадрӣ ва иктисодӣ  алоқаманд ба тағйиротҳои умумии мамлакат, ба амал омаданд. Наслҳо дигар шуданд, тарзи роҳбарии истеҳсолот тағйир ёфт. Айни замон хеле муҳим аст, ки  на танҳо таҷҳизоту технологияи тадриҷан навро азхуд кунем, балки ҳамаи он чизеро ки наслҳои пештараи мутахассисон пеш аз ин кор карда баромада буданд, нигоҳ дорем, омӯзем ва истифода барем.

Акнун, вакте ки солҳо гузаштанд ва аллакай баҳодиҳӣ кардан мумкин аст, бисёриҳо ба як хулоса меоянд, ки на  ҳамаи он чизе ки дар мамлакатҳои ИДМ ҳангоми гузариш истифода мешуд,  барои нигоҳ доштани таҷрибаи мусбии собиқ мутахасисон мувофиқ буд.  Ин ба соҳаи роҳ низ дахл дорад. Ҳoҷатии роҳҳо навоварӣ интизор аст.

Бадтараш он аст, ки тағйиротҳои мусбӣ  дар шабакаи роҳҳо хеле кам ба назар мерасанд ва роҳҳои мавҷудаи мамлакатҳои ИДМ ва дараҷаи техникии он ба талаботи имрӯзаи иҷтимоию иқтисодии ҷамъият пурра ҷавобгӯ нестанд. Қисми зиёди роҳҳое, ки қаблан сохта шудаанд, барои бори 6 тонна пешбинӣ шуда буданд, дар ҳоле ки қисми зиёди боркашонӣ бо воситаҳои нақлиёти зиёда аз 10 ва дар баъзе кишварҳо10,5,11ва 13,0  тонна амалӣ карда мешавад. Дар натиҷа 70 фоизи роҳҳо  ба талаботи  имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Бо ин сабаб роҳҳо рӯз то рӯз ба харобӣ меоранд.

Пешрафти соҳаи роҳсозӣ фикру мулоҳизаҳои одамонеро тақозо мекунад, ки на танҳо ҳаётро медонанд, балки  ва дар ин соҳа мутахассис ва олимони асосии хоҷагии асосии роҳ мебошанд.  Барои тараққиёти мамлакатҳо зарур аст роҳҳоро сари вақт дуруст лоиҳакашӣ кунем, сифатан хуб созем, бо таври лозима дуруст нигоҳ дорем ва сари вақт роҳҳои автомобилгардро таъмир намоем. Танҳо бо доштани роҳҳои хуб метавонем зиндагии мардумро беҳтар намоем.Хоҷагии роҳҳо дигар соҳҳаҳои иқтисодро ба дунболи худ барои рушди устувор ба пеш мекашад.

Рушди муътадили соҳаи роҳсозӣ бояд дар асоси илмӣ бо назардошти тараққиёти устувори ҷамъият сурат гирад. Фақат бо роҳҳои устувор мо метавонем устуворона пеш равем ва некуаҳволии мардумро беҳтар кунем.Ман,Хокироҳ дарсу олами роҳро аз бар намуда ба хулосае омадаам:

Ман ёри раҳам, ба раҳ сухан мегӯям,

То ҳол касе нагуфт, ман мегӯям.

Гар раҳ бувад обод, Ватан обод аст,

Раҳро ба Ватан чу дил ба тан мегӯям.

Масъалаи кадрҳои илмӣ хеле муҳим аст. Дар айни замон дар муассисаҳои илмиву лоиҳакашии роҳҳо  ҷавонон каманд  ва шумораи мутахассисони насли калонсол, яъне кадрҳои соҳибихтисос, бо сабабҳои табиӣ зуд кам мешавад. Як қатор соҳаҳои илм, ки инкишоф додани онҳо дар шароити имрӯзаи иқтисодиёт махсусан зарур аст, бо мутахассисон умуман таъмин нестанд. Яке аз сабабҳои асосии ба амал омадани ин вазъият дар он аст, ки ба илм, муассисаҳои илмӣ ва аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардондани ҷавонон диққати даркорӣ дода намешавад.

Дар мамлакатҳои ИДМ институтҳо: БелдорНИИ, ГосдорНИИ, РосдорНИИ, СоюздорНИИ, КаздорНИИ, Груздорнаука ва ғайра мавҷуданд, ки бо масъалаҳои ба вуҷуд овардан ва такмил додани заминаи меъёрҳои илмиву амалии соҳавӣ машғуланд. Мутаассифона, заминаи меъёрии соҳаи роҳсозӣ ҳанӯз дар тамоми кишварҳои ИДМ ба вуҷуд наомадааст, баъзеи кишварҳо ҳатто ба ин кор шурӯъ накардаанд.

Ҳолати кунунии заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаи роҳ дар баъзе кишварҳои ИДМ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест, азбаски он аз солҳои 80-ум нав карда нашудааст ё то бо охир нав нагардидааст. Илова бар ин, айни замон дар аксари кишварҳои иттиҳод заминаи қонунӣ ва меъёрие вуҷуд надорад, ки кори соҳаҳои роҳро пурра танзим намояд.

Чунонки маълум аст, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ-техникӣ бояд бо усули  мураттаб сохта шуда, ҳам манфиати давлат ва ҳам хусусиятҳои хоҷагии роҳро ба назар гирад. Барои ин зарур аст, ки кори ба низом даровардани қонунгузорӣ ва заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи рушди соҳаи роҳҳои автомобилгарди кишвар анҷом дода шавад.

Аз сабаби навгонии заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаи роҳҳо Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ба баъзе аз идораҳои роҳҳои мамлакатҳои ИДМ пешниход мекунад, ки гуруҳи корӣ ташкил карда шавад, ки дар ҳайати он асосан мутахассисони роҳҳои ҷумҳуриҳои шумо (вазоратҳо, институтҳои лоиҳакашӣ, донишгоҳи техникӣ) ва якчанд нафар мутахассисони (олимони) касбии кишварҳои ИДМ ва намояндагони Шурои байнидавлатии роҳсозон ҷалб карда шаванд.

Бешубҳа ба ин  тартиб меъерҳои ҳуқуқӣ ва техники- фаннӣ дар давоми як-ду сол сохта намешавад, вале ин кор бояд аз имрӯз ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Барои ҳалли ин масъала бо фармони вазорат ин гуруҳро тасдиқ бояд кард ва дар назди он вазифа гузошт. Барои ҳалли ин масъала ин равандро  бо маблағ таъмин бояд кард. Маблағро аз дохил ё беруни кишвар-институтҳои молиявии дунёвӣ ва лоиҳаҳои нави амалӣ мешуда дарфт кардан имконпазир аст.

Илми асосии роҳ барои татбиқи амалии соҳавӣ, ки талабот, шароит ва манфиатҳои мушаххаси соҳаи роҳро ба назар мегирад, замина фароҳам меорад. Дар айни замон, тадқиқоти фундаменталии сохавӣ худ натиҷахои амалӣ ва таҷрибавиро дода наметавонад. Онҳо барои пешравиҳо фақат замина ба вуҷуд меоваранд, ки натиҷаҳои онҳо бевосита дар амал ҷорӣ карда мешаванд. Тадқиқоти фундаменталии соҳавиро бояд институтҳои тадқиқотии илмии соҳавӣ, ки базаи пуриқтидори таҷрибавӣ (лабораторияҳо, стендҳо, таҷҳизоти махсус) ва кадрҳои илмии дараҷаи баланду дахлдор доранд, анҷом диҳанд. Дар ин шароит мувофиқ мақсад мебуд, агар мақомоти вазоратҳои нақлиёт ва роҳсозии давлатҳои ИДМ масъалаи рушди илми роҳсозиро дар кишварҳо, аз ҷумла масъалаи кадрҳо ва масъалаи базаи таҷрибавиро фавран дида бароянд. Ва бояд ба хулосае биёем, ки дар шароити ҳозираи соҳа илми роҳ пеш аз ҳама бояд аз тарафи  соҳаи роҳсозӣ зиедтар карда шавад дастгирӣ карда шавад. Ин беҳтарин аст, ки имрӯзҳо институтҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ  дар  Кирғизистон ва Озарбойҷон  кам ҳам бошад, ба фаъолияти илмӣ шурӯъ намуданд, ки он институтҳои илмию лоихакашӣ номида шудаанд. Ва имрӯз он институтҳо дар аввали  ҷодаи илмии худ қарор доранд ва барои мустаҳкам намудани онҳо ва ба даст овардани натиҷахои намоён кори бисёреро кардан лозим аст. Ин институтҳо бояд аз тарафи давлат дастгирӣ ёбанд, чуноне ки дар Русия, Белорус, Қазоқистон ва Узбекистон ҳаст.

Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар масъалаи дар асоси умумӣ ташкил намудани маркази ягонаи илми роҳсозӣ дар мамлакатҳои ИДМ дар яке аз институтҳои кишварҳои ҳамсуд дида баромада ва ҳал карда шавад. Ин марказ метавонист, аз чумла, тадқиқоти фундаменталии соҳаро, ки ҳоло гузаронида намешавад, ба роҳ монад, инчунин координацияи тадқиқоти илмиеро, ки дар мамлакатҳои гуногуни ИДМ дар соҳаи хоҷагии роҳҳо гузаронда мешавад, ҳамоҳангу  мутобиқ гардонад.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои ислоҳотӣ бисёр мутахассисони насли калонсол кӯшиш мекарданд, ки дар матбуот ва ё бо роҳи дигар ба ин равандҳо аз ҷиҳати ҳифз ва истифодаи таҷрибаи ҷамъшуда таъсир расонанд. Ва ин на аз он сабаб ба амал омад, ки онҳо ба насли калонсол тааллуқ доранд ва аз ҳамин сабаб таҷрибаи санҷидашуда бояд боқӣ монад, балки  таҷрибаи онҳо имкон медод, ки оқибати қадамҳои андешидашуда ва роҳҳои оқилонаи ҳалли онҳо ҳангоми навовариҳо дида ва истифода шавад.

Бисьёре аз мутахассисон бо камоли майл  фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ин масъала, ки аз ҷиҳати характери фаъолияташон ба онҳо хеле наздиканд, баён карданд ва мақсади ману навиштаи ин мақола ҳам ҳамин аст.

Ман мутмаъин будам, бисьёр масъалаҳое, ки пештар ба миён гузошта шуда буданд, дар амалиёти мақомоти роҳсозии маъмурӣ ҷавоби дахлдор мегиранд. Лекин дар баъзе кишварҳо то ҳол ҳам амалӣ нашудааст, ҳарчанде баъзе аз пешниҳодҳои мо дар баъзе соҳаҳои роҳи давлатҳои ИДМ татбиқ шуда истодаанд. Таклифи мунозира дар саҳифаҳои матбуоти баъзе кишварҳои ИДМ беҷавоб монд ва инчунин саволҳои ҷиддие, ки ҳалли таъхирнопазирро тақозо мекунанд ва умуман ба соҳаи роҳсозии мо дахл доранд, низ беҷавоб монданд. Ман  сабаби набудани фикру мулоҳизаҳои умумиро бо он шарҳ медиҳам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои ИДМ, ки як ҷузъи он бояд ҷомеаи роҳсозони касбӣ бошад, ба таври бояду шояд ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Аз ин рӯ,  ҳанӯз ҳам умед дорам, ки ин ҷараён барои роҳсозон нисбат ба дигар гуруҳҳои иҷтимоию касбӣ тезтар мегузарад. Зеро онҳо ҳамеша бо майли муттаҳидшавӣ, зоҳиран аз рӯи касбашон, ва дар асл барои муттаҳид кардани одамон пешбинӣ шудаанд, фарқ мекарданд. Далел ин аст, ки масалан, пас аз пошхӯрии ИҶШС таъсис дода шудани Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ (ки баъдтар мақоми сохтори байниҳукуматиро гирифт) бо мақсади нигоҳ доштани ягонагии касбӣ ва имконияти муоширати мутахасисони ин касб, ки роҳсозони қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравиро, ки соҳибистиқлол шуда буданд, муттаҳид кардааст. Балки роҳсозони баъзе кишварҳои дур ҳам шомили он шуданд.

Ман ҳамаи ҷидду ҷаҳди худамро барои ҳалли масъалаи нигоҳ доштани илми ватании роҳ ва зиёд кардани самараи соҳаи роҳсозӣ дар тамоми ИДМ, муфид мешуморам.  Мутмаинам, ки шабакаи роҳ сохтори байналмиллалии ҷомеаи башарӣ буда: масоҳатҳо, кишварҳо, шаҳрҳо ва одамонро мепайвандад ва аз ҷиҳати назариявӣ ҳамчун ояндаи устувор бояд барои ҳама, умумӣ бошад. Мо аз соли 1995 инҷониб дар кори Шӯрои байниҳукуматии роҳдорон, ки маъмурияти роҳҳои кишварҳои узви ИДМ-ро муттаҳид мекунад ва солҳои охир сохторҳои зиёде, ки ба ҳайси аъзои вобаста ба ин Шӯро шомил шудаанд, ширкат меварзем. Дар рафти ин кор мо ҳар дафъа боварӣ ҳосил менамоем, ки масъалаҳои  ҷамъияти рохсозӣ дар ИДМ умумӣ буда, онҳоро бояд якҷоя ҳал  кард. Ҳар як навовариро, ки дар кадом гушаи дунё набошад, ҳарчи зудтар дар амал бояд истифода намоем.

Ба назари ман, ки агар мақомоти дахлдор беш аз ҳоло ба сарнавишти роҳсозӣ ва илми соҳа, ки бидуни он рушди босамари иқтисодиёти давлатҳои соҳибихтиёр имконнопазир аст, манфиатдор бошанд, мақсади ману ин мақола амалӣ мегардад. Гузашта аз ин,  мефаҳмам, ки муносибати куллан нав бояд имкони муроҷиати бевосита ба ҳукумат оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва стратегӣ бошад. Ба тобеияти бевоситаи маъмурӣ дохил намудани ташкилотҳои илмӣ, марказҳои илмию техникӣ ва марказҳои муҳандисӣ, ақаллан ташкилотҳои ибтидоии онҳо ҳамчун маркази таҳқиқ, чунон ки дар гузашта, масалан, дар Шарқ буд, фоиданок мебуд.

Дар доираи ин мақола ба масъалаҳои татбиқи сиёсати илмию техникӣ, инкишофи технологияҳои информационӣ, асосноккунии илмии қабули карорҳои идоракунӣ, системаҳои автоматии идоракунӣ дар асоси маълумоти комплексҳои диагностикӣ, станцияҳои ченкунии роҳбехатарӣ ва экологии роҳ пурра таваққуф кардан имкон надорад.  Лек ба ҳар ҳол таъминоти илмии таҳлили иқтисодӣ, карорҳои қабулшуда  имрӯз маълум аст, ки илм бояд корҳои  нодурусти қарорҳои бесамари идоракуниро рафъ накунад, балки идора кунад. Ин асоси рушди инноватсионии кишварҳои ИДМ мебошад. Ва аз паси он ояндаи устувор аст.

Роҳҳои автомобилгард дар ҳамаи мамлакатҳо дар ҳама давру замон муносибати давлатиро талаб мекарданд. Давлатҳо  бояд кафили нигахдорӣ ва инкишофи шабакаи роҳҳо кишварҳо бошад. Кишварҳое, ки роҳи афзоиши сармоягузориро ба бахши роҳ пеш гирифтаанд, баъзан дар шароити норасоии шадиди маблағҳои давлатӣ ва бӯҳрон (Амрико ва баъзе кишварҳои Аврупо қаблан ва имрӯз, дар Русия имрӯз низ ин масъаларо хуб дарк мекунанд), дар охир танҳо бурд карданд.

Аҳли ҷамъият, ҳар касе, ки ба ояндаи мамлакати худ бетафовут нест, ба фикрам, ин пешниҳодҳо, ки ба ҳифзи соҳаи роҳ ва илму санъат ва умуман хочагии роҳ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунанд. Ва он рӯз дур нест, ки раҳбарони кишварҳо ва вазорату идораҳои дахлдори ИДМ инро дарк мекунанд. Ҳам ин идрок ва ҳам ин назару фаҳмиш барои ҳамаи роҳсозони мамлакатҳои ИДМ муҳим ва олӣ хоҳад буд.

Ман расман ба Пешвои миллати тоҷик мактуб ирсол намуда, дар он баъзе пешниҳодҳоямро ироа карда будам. Дар муддати кӯтоҳ бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат ва зери назорати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор мавриди омӯзиш ва вокуниш қарор гирифт.

– Таваҷҷуҳи Сардори давлатро ба беҳдошти шабакаи роҳҳои автомобилгард бо истифода аз асфалтубетони сангрезаю сирешимӣ (щебеночно-мастичный асфальтобетон -ЩМА) ва бунёди роҳҳои бетонӣ ҷалб намудам. Истифодаи ЩМА аз нуқтаи назари техникӣ ва шароити иқлимии ҷумҳурӣ афзалиятнок буда, дар муқоиса бо асфалтубетон то ҳол истифода шуда, бартариҳои зиёд, аз қабили тобовар будан ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво (хусусан ҳавои гарми тобистон), зиёд гардидани муҳлати истифодаи роҳҳо то 1,5 маротиба, тобоварӣ 1,6 маротиба, кам гардидани садама ва ғайраро дорост.

Дар замони Шӯравӣ бунёди роҳҳои бетонӣ бо ин усул самти афзалиятнок буд ва роҳҳои бо ин тарз сохташуда 35-40 сол мавриди истифода қарор доштанд. Тибқи пешгӯиҳои олимон, дар давоми 50 соли оянда камбудии захираҳои нефтӣ ба вуҷуд меояд ва дар он сурат истеҳсоли ҳаҷми битум, ки бе ин ҳам солҳои охир сифаташ бад шуда истодааст, ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Зикр бояд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит барои истеҳсол ва истифодаи ЩМА таҷҳизот ва мавод мавҷуд аст. Ҳарчанд, ки истеҳсоли ин мавод назар ба мумқири (асфалти) маъмулӣ 15-20 фоиз қиматтар аст, вале дар заминаи сифати аъло, тобоварӣ ва муҳлати истифода, нисбатан гаронарзиш буданашро дар муддати кӯтоҳ ҷуброн менамояд. Муҳим он аст, ки истеҳсоли он дар заводҳои асфалтобетонии маҳаллӣ имконпазир аст ва тамоми нозукиҳои ин масъала аллакай омӯхта шудааст.

Доир ба сохтмони ҷода аз бетон қайд бояд намуд, ки он бо дарназардошти фаъолияти пурмаҳсули корхонаҳои истеҳсоли семент дар мамлакат арзон ва дастрас аст. Ҳар корхонаи маҳаллие, ки ба бунёди роҳҳои бетонӣ зуд оғоз мебахшад, дар оянда дастболо хоҳад шуд.

Чунин имкон хам дар дигар кишвархо мавҷуд аст. Бо омадани вазири нав муҳтарам Азим Иброҳим ба роҳбарии вазорат вазъи корҳои роҳсозӣ хеле хуб шудааст. Умед мебандем, ки пешниҳодҳои банда дар солҳои наздик, дар корҳои амалии роҳсозони кишвар амалӣ хоҳанд шуд.

 

Бӯрӣ Каримов – раиси Шӯрои байнидавлатии роҳсозон, профессор-доктори илмҳои техникӣ, роҳсозу нақлиётчии фахрии кишварҳои ҳамсуд, сармуҳаррири маҷаллаи “Роҳҳои кишварҳои ҳамсуд”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь