15 ва 16-уми июн дар Швейтсария нишасти ба истилоҳ сулҳ баргузор гардид. Владимир Зеленский тӯли шаш моҳ ба ин нишаст омодагӣ дида, роҳбарони тамоми кишварҳоро барои иштирок дар он ҷалб мекард ва ӯ ин чорабиниро муваффақияти бузург номид. Мо андешаҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар ин бора таҳлил карда, инчунин, бо коршиноси тоҷик суҳбат кардем.

Дар нишасти Швейтсария танҳо чанд кишвар дар сатҳи баланд муаррифӣ карда шуданд: Олмон (канслер Олаф Шолтс), Австрия (канслер Карл Нехаммер), Фаронса (президент Эммануэл Макрон), Ҷопон (Сарвазир Фумио Кишида), Британияи Кабир (Сарвазир Риши Сунак), Италия (роҳбари хукумат Ҷорҷ Мелони) ва кишварҳои назди Балтика.

Муваффақона ё нокомона?

Ин вохӯриро муваффақона номидан душвор аст. Агар тавассути ин нишаст Зеленский мехост таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кунад ва қонунӣ будани президентии худро, ки муҳлаташ гузаштааст, тасдиқ кунад, пас аз ин нуқтаи назар шояд ин чорабинӣ муваффақ буд. Аммо, агар ба он ҳамчун як роҳи ҳалли муноқишаҳои Русия ва Украина назар кунем, он гоҳ ин мулоқот, тавре интизор мерафт, бенатиҷа буд.

Ин нишаст, дар асл, ҳамчун муттаҳидшавии ҳама кишварҳо алайҳи Русия тарҳрезӣ шуда буд, аммо аз 160 давлати даъватшуда қариб нисфи онҳо дар ин нишаст иштирок надоштанд, гузашта аз ин, аксари онҳо дар сатҳи кофӣ муаррифӣ карда нашуданд ва ин аз он дарак медиҳад, ки умуман дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин чорабинии Зеленскийро воқеаи чандон муҳим намешуморанд, ки дар ҷараёни он эҳтимол қарорҳои муҳим қабул карда шаванд.

Зеленский ҳамчун шарти сулҳ изҳорот дар бораи зарурати мубодилаи ҳамаи асирони ҷангӣ, киштигардии озод дар баҳрҳои Азов ва Сиёҳ, зарурати “Худдорӣ аз таҳдид ё истифодаи нерӯ ба муқобили тақсимнопазирии ҳудуд ё истиқлолияти ҳар як давлат, аз ҷумла Украина», инчунин, таъмини бехатарии таҳвили маҳсулоти хоҷагии қишлоқро пешниҳод намуд. Тавре агентии иттилоотии “Reuters”, ширкати телевизионии бритониёии Би-би-сӣ ва дигар расонаҳои ғарбӣ қайд карданд, дар нишаст масъалаҳои мураккаб, ба монанди танзими баъдиҷангӣ ва ташкили баровардани қувваҳои ҳарбӣ баррасӣ  нашуданд.

Тавре ҳатто бузургтарин агентии иттилоотӣ – Bloomberg қайд  намуд, миссияи ҷалби кишварҳои ҷанубии ҷаҳон ноком шуд. Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Мексика, Ватикан, СММ ва Арманистон изҳороти ниҳоиро имзо накарданд, се кишвар – Туркия, Арабистони Саудӣ ва Кения дар бораи зарурати иштироки Русия дар чунин нишастҳо эълом доштанд.

“Владимир Зеленский бояд дар бораи пешниҳоди сулҳи Владимир Путин андеша кунад, зеро вазъи низомии Киев торафт бад мешавад.”- котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.

Тавре ташкилотчиёни ин ҳамоиш иттилоъ доданд, баъд аз ин нишаст боз як вохӯрӣ бо иштироки Русия дар назар аст, дар нишасти Швейтсария бояд шартҳои музокирот бо Маскав муайян карда мешуд. Вале президенти Русия Владимир Путин дониста, дар арафаи ин мулоқот суханронӣ ва шартҳои Маскавро барои оғози музокироти сулҳ баён намуд: хуруҷи нерӯҳои Украина аз чаҳор минтақаи Федератсияи Русия, радди расмии НАТО аз пайвастани Украина ба ин иттиҳод ва лағви пурраи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия.

Сиёсатшиноси тоҷик, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии ДМТ Ниёз Мирзоев дар ин бора мегӯяд: “Албатта, барои расидан ба сулҳ кӯшишҳои нерӯҳои байналмилалӣ заруранд, аммо ҷонибҳои асосии ин муноқиша Русия ва Украина мебошанд, ки зери дувум бештар Ғарби дастаҷамъона дар назар дошта мешавад. Чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои таҳияи мавқеи муштарак ва шунидани ҳамдигар заруранд, аммо оё ин нишаст бидуни иштироки Русия имконпазир аст?! Ба андешаи ман, ин комилан нодуруст аст, зеро ин баромадҳо ва намоишҳо дар мавриди он, ки онҳо сулҳ мехоҳанд, дурӯғанд – агар дар ҳақиқат ин тавр мебуд, Ғарб ба мавқеи Путин гӯш медод ва Украинаро бо силоҳ таъмин намекард.

Владимир Путин қабл аз нишаст гуфт, ки тарафдори сулҳ аст ва пешниҳодҳои худро, ки асосан ба узвияти НАТО қабул нашудани Украина дахл дорад, баён намуд. Дар давраи советӣ, вақте мехостанд  қушунҳои советиро дар Куба ҷойгир кунанд, аз хавфи сар задани ҷанги ядроӣ ғавғои калон бархест: яъне чаро Иттиҳоди Шӯравӣ яроқи худро дар наздикии сарҳадҳои ИМА ҷойгир кардан мехоҳад. Ва имрӯз НАТО мехоҳад, Украинаро ба майдони ҷангии худ табдил диҳад, дар пайи кӯшишҳои худ ба ҷаҳони якқутба ҳарчи мехоҳад, мекунад ва Русия бояд хомӯш бимонад? Дар ин ҷо ман мавқеи Русияро ҷонибдорӣ мекунам, ки чанде пеш Путин дар ин бора эълом дошта буд – ин зарурати демилитаризатсия ва денатсификатсияи Украина, таъмини баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳои сокини он ва имкони муошират бо забони русӣ. Як дӯсти ман, ки дар Украина зиндагӣ мекунад, нақл кард, дар ин кишвар бо онҳое, ки бо забони русӣ суҳбат мекунанд, муносибати бад доранд. Оё дар асри XXI дар давлати мутамаддин бо забони худ гап заданро манъ кардан мумкин аст?

Таблиғгарони ғарбӣ мегӯянд, ки Русия ҳамла кардааст – ба куҷо ҳамла кардааст? Русия барои ҳифзи аҳолии худ, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, як қисми маҳдуди ҳарбиро ворид кард. Агар Русия нияти таҷовузгарӣ медошт, пас то 1-уми марти соли 2022 аллакай Киевро забт мекард. Пеш аз он гуфтушунидҳо дар Минск оғоз гардида буданд, дар Истамбул музокирот барпо гардид. Аммо кӣ музокиротро қатъ кард? Ҷониби дигар (Украина), зеро Ғарб сулҳро намехоҳад ва Украинаро ҳамчун восита дар мубориза бо Русия истифода мебарад”.

Мавқеи оқилона

Бармегардем ба нишасти Швейтсария ва бояд гуфт, ки изҳороти Путин дуруст қабул карда нашуд ва мулоҳизаҳои пешакӣ омодашуда дар бораи он, ки Русия изҳори хоҳиш барои музокирот намекунад, такрор карда мешуданд. Танҳо намояндаи Туркия, вазири корҳои хориҷӣ Ҳокон Фидан ба суханони сарвари Русия таваҷҷуҳ кард: “Ин ҷанги харобиовар бо истифода аз силоҳи муқаррарӣ хатари гузаштан ба истифодаи силоҳи қатли омро дорад. Мо имрӯз дар ин ҷо бо мақсади пешгирӣ кардани ин ду хатар ва хотима бахшидан ба ҷанг ҷамъ омадем. Дар назди мо нақшаи сулҳи Украина аст. Русия низ чанде пеш баъзе шартҳои худро пешниҳод кард. Новобаста аз мӯҳтаво ва шартҳои пешниҳодшуда, ин қадамҳои муҳим ва дурахши умед барои оғози музокироти сулҳ аст”.

«Дар ин вазъият роҳбари Федератсияи Русия комилан ҳақ аст, мавқеи ӯ комилан мантиқист – Русия бояд соҳибихтиёрии худ, амнияти сарҳаду қаламраваш ва мардуми худро дар шарқи Украина дифоъ кунад». – сиёсатшиноси тоҷик Ниёз Мирзоев.

Сиёсатшиноси тоҷик Ниёз Мирзоев бар ин назар аст, ки мавқеи Туркия дар ин масъала шоистаи таъриф аст: “Эрдуғон мавқеи оқилонаеро баён кард. Сарфи назар аз он, ки Туркия узви НАТО аст, мавқеи ин паймонро, ҳам дар ин масъала ва ҳам дар мавриди Исроил, ҷонибдорӣ намекунад. Намояндагони мақомоти Туркия мегӯянд, ин нишаст бояд бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор гузаронида шавад, зеро ҳар сиёсатмадори оқил хуб дарк мекунад, ки ин масъала бидуни Русия ҳалли худро намеёбад. Аксари роҳбарони Ғарб инро мефаҳманд, вале эътироф кардан намехоҳанд, зеро «кумитаи минтақавии онсӯиуқёнусӣ» иҷозат намедиҳад. Эрдуғон ягона раҳбари кишварҳои НАТО мебошад, ки мавқеи воқеан оқилонаро ишғол мекунад.”

Бояд тазаккур дод, ки суханони дипломати турк як навъ таъйиди дурустии лоиҳаи сулҳи Туркия аст, ки фасли баҳор ба таври дастрас пайдо шуда буд, вале мақомоти ин кишвар онро на таъйид ва на рад кард. Шартҳои музокироти сулҳи аз ҷониби Туркия пешниҳодшуда, ки аллакай “Истамбул-2” унвон шудааст, имрӯз аз ҷониби бисёр коршиносон ҳамчун роҳи муносибтарини музокирот бо назардошти воқеияти вазъ ва талаботҳои ҳамаи ҷонибҳо арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин, Туркия, ки аллакай таҷрибаи миёнаравӣ ва пешниҳоди майдон барои музокироти Русияву Украинаро дорад, дар ин масъала ҳамчун яке аз умедбахштарин майдонҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин бора бисёре аз расонаҳои туркӣ, аз қабили TR724, SamanyoluHaber ва ғайра низ менависанд.

Қаблан дигар кишварҳо низ ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи худро баён карда буданд. Оё ягонтои онҳо метавонад ба раванди сулҳ байни Русия ва Украина таъсири ҷиддӣ расонад? “Ман фикр мекунам, ки Чин бояд ҳамчун миёнарав дар музокироти сулҳ баромад кунад, зеро Чин кишвари бузургу қудратманд аст. Чин ва Русия шарикони стратегӣ ва аъзои СҲШ мебошанд. Агар НАТО ва СҲШ-ро муқоиса кунем – НАТО намоишкорона ва бешармона ба корҳои дохилии Украина дахолат мекунад, кишварро бо захираҳо ва силоҳи низомӣ таъмин мекунад, СҲШ бошад намоишкорона мушоҳида мекунад. Агар СҲШ дар ин ҳол бо сухани қатъии худ ба ҳалли ин масъала мусоидат накунад, пас барои чӣ лозим аст? Русия ва Чин  созмондиҳандагони СҲШ мебошанд ва ҳадафи асосии ин Иттиҳод ҳифзи сулҳу субот дар фазои Авруосиё мебошад, ки имрӯз зери хатар қарор дорад. Пас чаро СҲШ дар чунин лаҳзаи муҳим ҳадди ақал дар Шӯрои Амнияти СММ дар симои Чин сухани қатъии худро намегӯяд, балки мавқеи бетарафро ишғол мекунад? Дар ҷаҳони муосир аз чӣ бояд битарсад – аз он, ки технологияҳои ғарбиро аз даст медиҳад? Агар воридотивазкунӣ мавҷуд бошад, на Ҳиндустон ва на Чин аз даст нахоҳанд рафт”, – таъкид мекунад Ниёз Мирзоев.

Рӯзномаи туркии “Ҷумҳурият”: “Вазири корҳои хориҷӣ Фидан гуфт, ки кӯшиши охирони амалӣ кардани механизми расидан ба сулҳ қариб  натиҷаи мусбат дод ва мо дар оянда низ барои ин тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем. Тавре президент Эрдуғон изҳор дошт, дар сулҳ мағлубшудагон нестанд.

Дар асл, Чин хоҳиши худро барои кумак ба сулҳ нишон медиҳад: моҳи гузашта Чин якҷо бо Бразилия як ёддоштеро нашр карданд, ки дар он, аз ҷумла, ба тарафдории баргузории конфронси байналмилалии сулҳ, ки ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам Украина эътироф шудаанд, сухан меравад. Ба гуфти вазири корҳои хориҷаи Чин Ван И, ин ташаббуси онҳоро ҳудуди 30 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ кардаанд. Дар байни ин кишварҳо Туркия низ ҳаст ва метавон тахмин кард, ки нуфузи ин ду кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, мавҷудияти манфиатҳои шахсӣ ва муносибати оқилона ба ташаббусҳои сулҳҷӯёна ба онҳо имкон медиҳад, ки тавассути муттаҳид кардани кӯшишҳо ба натиҷаҳои воқеан самаранок ноил гарданд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь