Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо дастгири мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону аҳолӣ 3 клометр роҳи мошингарди деҳаҳои Чучуи боло, Чучуи поён ва Яккатути ҷамоати деҳоти Даҳана пурра таъмири асосӣ карда шуд.

Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд, ки дар пайрави аз сиёсати созанда ва бунёдкоранаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта зери таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия  Шарифӣ Бахтиёр қарор дорад.

Дар ин радиф   сокинони деҳаҳои Чучуи боло, Чучуи поён ва Яккатути ҷамоати деҳоти Даҳана бо мақсади мумфарш намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди маҳаллаҳои  мазкур ва роҳи мошингарде, ки деҳаҳои мазкурро ба самти маркази ноҳия пайваст менамояд,  ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Дар ҳашари умумии сокинон раиси ноҳия  Шарифӣ Бахтиёр  иштирок намуда, бо сокинон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар рафти сӯҳбат аз ҷониби раиси ноҳия иброз гардид, ки роҳсозӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Ҳамзамон барои ҳар он нафаре, ки дар ин иқдоми хайрхоҳона ва шоистаи таҳсин саҳмгузорӣ менамоянд, изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуд. Аз ҷониби сокинон ёдовар гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми маҳал ва дастгирии соҳибкорон роҳандозӣ гардида масофаи он зиёда аз 3 км-ро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар дигар самтҳои хоҷагии халқ низ дар ҳудуди маҳаллаи мазкур корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Раиси ноҳия барои босифат анҷом додани корҳои мумфаршнамоӣ ба сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь