Аҳмадшоҳ Масъуд дар авооили соли 2001 эътилофи кишварҳои ҳомии муқовимат, шомили Русия, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Ҳиндро ба вуҷуд овард, ки ҳеҷ гоҳ ба гунаи расмӣ эъломи мавҷудият накард.

ЁДОШТИ МУХТАСАР

Вақте масъулони Бунёди шаҳид Масъуд, қасдашон дар мавриди нашри зиндагиномаи Қаҳрамони миллии кишвар, Аҳмадшоҳ Масъудро бо ман дар миён гузоштанд, медонистам, ки таҳияи ин зиндагинома саҳл нест. Зиндагии марде, ки беш аз ниме аз умрашро дар мубориза алайҳи нерӯҳои мутаҷовиз барои ҳифзи озодӣ ва истиқлоли кишвараш сарф кард, ба ҳадде бо таҳаввулоти он солҳо пайванд хӯрда ва ба андозае пур аз корномаҳои дурахшон ва фуруду фарозҳои сареъу шадид аст, ки ҷамъ кардани он дар чаҳорчӯбе ба номи зиндагинома аз як сӯ кори соддае нест ва аз сӯи дигар, ба гуфтаи маъруфи Маснавӣ, «ҳафтод ман коғаз» мешавад. Бинобар ин ба далели зиқии вақт тасмими дӯстон бар ин шуд, то зиндагиномаи мухтасаре аз Омир соҳиб таҳия ва чоп шавад, то он гоҳ, ки Худованд тавфиқи навиштани зиндагиномаи комили ин раҳбари бебадил дар таърихи Афғонистонро ба мо бидиҳад.

 ДАВРОНИ КӮДАКӢ ВА НАВҶАВОНӢ

Аҳмадшоҳ Масъуд, мулаққаб ба “Шери Панҷшер” ва фотеҳи «ҷанги сард», Қаҳрамони миллии Афғонистон, 2 сентябри соли 1953 дар деҳкадаи Ҷангалаки дараи Панҷшер дар як хонаводаи низомӣ ба дунё омад.

Падари Аҳмадшоҳ Масъуд полковник Дӯстмуҳаммадхон афсари артиш дар даврони салтанати Муҳаммад Зоҳиршоҳ буд ва падарбузургаш Яҳёхон аз бузургону мутанаффизини вилояти Панҷшер.

Дӯстмуҳаммадхон дар вазифаҳои мухталифи артиши Афғонистон, муддате ҳам дар вазорати дохила адои хидмат кардааст. Падари Аҳмадшоҳ Масъуд дар даврони хидматаш дар вилояти мухталиф, аз ҷумла Кобул, Ҳирот, Ғазнӣ, Нангарҳор, Бадахшон ва Бағлон иҷрои вазифа мекард, ки ба ин далел хонаводааш пайваста дар ҳоли сафар аз як вилоят ба вилояти дигар буданд. Дӯстмуҳаммадхон се бор издивоҷ карда буд. Замоне, ки хонуми аввалаш аз дунӯ гузашт, ӯ бо Бибӣ Хуршед, духтари яке аз хонаводаҳои бузурги Панҷшер издивоҷ кард. Аҳмадшоҳ Масъуд фарзанди севум аз хонуми дувум ё дар воқеъ фарзанди панҷуми хонавода буд.

Аҳмадшоҳ Масъуд дар синни шашсолагӣ ба мактаби Бозорак, ки дар якуним километрии деҳаи падариаш воқеъ аст, шомил шуд. Аммо ба зудӣ бо хонавода ба Кобул омад ва боқии даврони соли аввали мактабро дар мактаби Шоҳи Душамшераи Кобул дарс хонд.

Бо таъин шудани падараш ба унвони фармондеҳи пулиси вилояти Ҳирот Аҳмадшоҳ Масъуд бо хонавода ба Ҳирот рафт ва солҳои дуввум то чаҳоруми мактабро дар литсейи Алӣ Муваффақи Ҳирот дарс хонд. Дар ҳамин солҳо ба ташвиқи падар ба фарогирии улуми динӣ дар назди уламои динии Ҳирот низ пардохт. Дар поёни соли чаҳоруми мактаб дубора бо хонавода ба Кобул баргашт ва вориди литсейи Истиқлоли Кобул шуд. Литсейи Истиқлол яке аз се беҳтарин мактабҳои Афғонистон дар он солҳо буд, ки ба кӯмаки Фаронса эҷод шуда буд.

ДОНИШГОҲ ВА ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТҲОИ СИЁСӢ

Аҳмадшоҳ Масъуд бо вуҷуди алоқа ба таҳсилоти олӣ дар риштаи низомӣ ва шомил шудан дар артиш, ба ташвиқи падар ва пас аз гузаштан аз имтиҳони вуруд ба макотиби олӣ, вориди Институти политехник (политехникӣ, муҳандисӣ), ки пасонҳо ба Донишгоҳи политехник тағйири ном ёфт, шуда, дар риштаи муҳандисӣ, таҳсилоти олиашро оғоз кард.

Дар солҳои донишгоҳ буд, ки бо инҷинер Ҳабибурраҳмон, ошно шуд ва ба далели тамоюл ба афкори динӣ, ба узвияти Созмони ҷавонони мусулмон даромад. Бо зери фишор қарор гирифтани Созмон аз сӯи ҷумҳурияти тозатаъсисшудаи Муҳаммад Довуд, ки дар пайи он шуморе аз фаъолин ва раҳбарони Созмон боздошт ё кушта шуданд, Аҳмадшоҳ Масъуд, монанди бисёре аз раҳбарон ва фаъолини Созмон муддатеро дар дохили кишвар ба сурати махфиёна фаъолият намуда ва билохира аз кишвар берун рафт.

Дар Пешовар як давраи омӯзишии кӯтоҳмуддати низомӣ дид ва аз он ҷо бо ҷамъи андаке аз ёрону ҳамфикрон ба зодгоҳаш Панҷшер баргашт ва 20 июли соли 1975 идороти давлатии Панҷшер, аз ҷумла маркази шаҳристон (дар он замон Панҷшер дар сохтори идории Афғонистон як шаҳристон (вулусволӣ) буд) ва ду алоқадорӣ (ҷамоати деҳот)-и Панҷшерро тасарруф кард. Аммо ба далели ин ки тарҳи табақаи ҳоким дар бахшҳои дигари кишвар ба иҷро гузошта нашуд, маҷбур ба ақибнишинӣ ба болотарин бахшҳои дараи Панҷшер гардид ва аз он ҷо дубора ба Покистон баргашт.

Омир соҳиб умдатарин далели шикасташро дар ин амалиёти низомӣ адами ҳимояти мардум аз ӯ ва гурӯҳи таҳти фармонаш медонист. Дар он замон мардум ҳанӯз ба он ҳадде аз огоҳии иҷтимоӣ нарасида буданд, то аз ҳаракатҳои инқилобӣ ва таҳаввулталаб ҳимоят кунанд. Дар ҳоле, ки дуруст чаҳор сол пас аз ин ҳодиса, замоне, ки Ҳизби демократики халқ бо куштани раиси ҷумҳур Муҳаммад Довуд қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, мардум ба далели мухолифат бо дидгоҳҳои коммунистии низоми ҷадид, ба паймонаи васеъ аз Омир соҳиб ва ёронаш, ки ғарази эҷоди пойгоҳҳои низомӣ ба Панҷшер баргашта буданд, ҳимоят ва истиқбол карданд.

Дар соли 1357 (1978) Ҳизби демократики халқи Афғонистон, ки иттиҳоде буд аз ду ҷараёни коммунистии “Халқ” ва “Парчам”, тайи як тавтеаи низомӣ Муҳаммад Довуд, раисҷумҳури кишварро бо ҳама аъзои хонаводааш ба қатл расонд ва қудратро ба даст гирифт. Пас аз ин тавтеа Аҳмадшоҳ Масъуд ба манзури эҷоди ҳастаҳои муқовимат ва ҷиҳод дар Панҷшер, дар авохири моҳи майи соли 1979 дар раъси гурӯҳи кӯчаке аз муҷоҳидин Пешоварро ба қасди зодгоҳаш тарк гуфт ва аз масири вилояти Нуристон ба Панҷшер баргашт.

МУБОРИЗАИ МУСАЛЛАҲОНА

Аз соли 1358 то 1361 (1979-1983), ки Артиши Сурх ҳозир ба ақди қарордоди оташбаси яксола бо муҷоҳидини Панҷшер шуд, ҳадди ақал панҷ ҳуҷуми нерӯҳои давлати коммунистӣ ва Артиши Сурх дар Панҷшер ақим сохта (ба роҳ андохта) шуданд. Дар ҳамин даврон буд, ки барои нахустин бор номи Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони як фармондеҳи чирикӣ дар сатҳи ҷаҳон ва ба сифати як фармондеҳи қудратманди муҷоҳидин дар даруни Афғонистон матраҳ шуд. Дар ҳамин солҳо буд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд дар миёни муҷоҳидин ва мардуми Панҷшер ба лақаби «Омир соҳиб» шуҳрат ёфт.

Дар соли 1361 (1983) русҳо қарордоди оташбас бо ҷабҳаи Панҷшерро имзо карданд. Имзои ин санад бо Аҳмадшоҳ Масъуд нахустин тамоси мустақими русҳо бо яке аз фармондеҳони муҷоҳидин дар Афғонистон буд, ки дастоварди бузурге барои дипломатияи муҷоҳидин маҳсуб мегардид. Аҳмадшоҳ Масъуд бо истифода аз фурсати ба даст омада аз оташбас, ба густариши ҷабаҳоти муҷоҳидини зери фармонаш дар дараҳои атрофи Панҷшер, аз ҷумла Соланг, ки мушриф бар муҳимтарин шоҳроҳи иртиботии шимоли Афғонистон бо шаҳри Кобул аст, Андароб, Фархор ва Варсаҷ пардохт.

Дар ҳамин даврон буд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд пояи шӯроеро, ки баъдҳо ба Шӯрои Наззор мусамо гардид, гузошт. Ҳадафи ӯ аз эҷоди Шӯрои Наззор рафъи ихтилофоти дохилӣ миёни фармондеҳони аҳзоб ва танзимҳои мухталифи муҷоҳидин ва эҷоди ҳамоҳангӣ дар миёни ин нерӯҳо буд.

Нахустин нишасти Шӯрои Наззор бо ширкати аксари фармондеҳони вилоятҳои Бадахшон, Балх, Самангон, Тахор, Кундуз, Бағлон, Парвон ва Кописо ба таърихи 15 қавси соли 1362 (6 декабри 1983) дар минтақае ба номи Шаршар, ки як соҳаи дурафтода дар шаҳристони Ишакамиши вилояти Бағлон аст, баргузор гардид.

Оташбас миёни Артиши Сурх ва Аҳмадшоҳ Масъуд беш аз як сол давом кард. Аммо дар поёни он Артиши Сурх густурдатарин ва қудратмандтарин амалиёти худ аз замони ҳузур дар Афғонистонро бар Панҷшер тарҳ ва иҷро кард. Дар ин амалиёт, ки нерӯҳои кишварҳои узви Паймони Варшава ба паймонаи васеъ ширкат доштанд, аз ҷет (тайёра)-ҳои ҷанганда ва нерӯҳои вежа, ки бо парашут дар сартосари дараи Панҷшер пиёда гардида буданд, истифодаи густурда сурат гирифт. Ҳадафи аслии ин амалиёти бузург, нобудии нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд ва куштани худи ӯ буд. Масъуд аммо як рӯз қабл аз оғози ин таҳоҷум аз мавзуъ иттилоъ ҳосил мекунад ва ба тамоми бошандагони Панҷшер ва нерӯҳои худ дастур медиҳад, то дараро тахлия кунанд.

Ҳангоме, ки ҳазорон нерӯи чатрбози русӣ ва муттаҳидинаш ба рустоҳо, кӯҳҳо ва гарданаҳои Панҷшер фуруд меоянд, бо дараи холӣ аз сакана мувоҷеҳ мешаванд, ки ин амр хашми онҳоро бармеангезад. Русҳо дар камоли хушунат ва бераҳмӣ ба манозилу мазореъи рустоиён ҳуҷум мебаранд ва ҳамаро оташ мезананд ва нобуд мекунанд. Дар ин таҳоҷум иддае аз бошандагони Панҷшер, ки ба далели пирӣ ва ё беморӣ натавониста буданд аз дара хориҷ шаванд, ҳама тавассути асокири урдуи сурх шаҳид мегарданд.

Дар фосилаи замонии байни солҳои 1363 то 1367 (1984-1988) ҳеҷ ҷанги васеъ ва густурда миёни нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд ва русҳо иттифоқ намеафтад ва дара амалан дар ихтиёри муҷоҳидин қарор мегирад. Дар ҳамин солҳо бо истифода аз зарфиятҳои тоза ба вуҷуд омада дар чаҳорчӯби Шӯрои Наззор Аҳмадшоҳ Масъуд барои озодсозии манотиқе дар шимоли Ҳиндукуш (умдатан вилоятҳои Тахор, Бағлон ва бахшҳое аз Бадахшон ва Кундуз) барномаҳоеро тарҳ ва иҷро мекунад.

Дар ин даврон аст, ки нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд, ки аз омӯзишҳои олии низомӣ ва назму инзиботи хуб бархӯрдор буданд, амалан ибтикори ҷангро дар сар то сари ҳавзаи шимолу шарқи Афғонистон, ки аз шимоли Кобул дар минтақаи маъруф ба Кӯҳдоман оғоз мегардад ва вилоятҳое чун Парвон, Кописо, Панҷшер, Бағлон, Кундуз, Тахор ва Бадахшонро дарбар мегирад, ба даст мегиранд. Масъуд, инак, гузашта аз ин ки дар ҳашт вилояти кишвар амалан фармондеҳи биломунозеа (бебадил) аст, ки ҳеҷ гурӯҳеро ёрои муқобила бо ӯ нест, дар сар то сари Афғонистон муттаҳидине аз миёни фармондеҳони муқтадири муҷоҳидини марбут ба аҳзоб ва танзимҳои мухталиф дорад, ки соҳаи нуфузи ӯро аз шимоли Афғонистон ба манотиқи марказӣ, ғарб, зун (зона, минтақа) – и шарқ ва то ҳадде ҳам ҷануби кишвар густариш медиҳад.

Дар соли 1366 (1987) дар чаҳорумин нишасти Шӯрои Наззор ҳалу фасл мешавад, ки соҳаи фаъолияти ин шӯро ба вилоятҳои шарқии Лағмон, Нуристон ва Нангарҳор густариш ёбад.

Бо берун шудани Артиши Сурх дар соли 1367 (феврали 1989) Аҳмадшоҳ Масъуд бо таваҷҷуҳ ба заъфи ба вуҷуд омада дар ҳукумати вақти Афғонистон, ҳамалотеро барои фатҳи гарнизонҳои давлатӣ дар шимоли Афғонистон, ба роҳ андохт. Фатҳи гарнизонҳои шаҳристонҳои Калафагон, Наҳрин, Карону Мунҷон, Бурка ва билохира озодсозии шаҳри Толиқон ва тасарруфи гарнизони шаҳристони Хоҷағор, ки бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ дар шимол ва дар марз бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ин ҷумлаанд. Бо тасарруфи гарнизони шаҳристони Хоҷағор сарзамини аслии Шӯравӣ амалан дар тирраси нерӯҳои Шӯрои Наззор қарор мегирад, ки ин амр як муваффақияти бузурги стратегӣ барои муҷоҳидин маҳсуб мегардид.

Бо заиф шудани тадриҷии ҳукумати Наҷибуллоҳ ва эҷоди таниш миёни ҷиноҳҳои Халқу Парчам дар он, заминаи суқути он фароҳам шуда буд. Шуморе аз барҷастатарин генералҳои низомӣ ва кадрҳои сиёсии ҳукумати Наҷибуллоҳ бо Аҳмадшоҳ Масъуд тамос гирифта ва эълони ҳамкорӣ карданд. Шӯрои Наззор ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд ҳафтумини иҷлоси худро дар авоили саври соли 1370 (апрели 1991) дар Фархор баргузор кард, то заминаҳои суқути ҳукумати Кобулро ба баррасӣ бигирад. Бо ҷудо шудани нерӯҳои генерал Дӯстум аз сохтори низомии ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ ва пайвастани шуморе аз генералҳои он ба Ҳизби исломии Ҳикматёр Аҳмадшоҳ Масъуд фурсатро аз даст надода, босуръат даст ба кор шуд ва ба нерӯҳои худ, ки аз моҳҳо дар атрофи Кобул ҳузур доштанд, дастур дод то вориди Кобул шаванд. Ҳадафи ӯ аз ин кор ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷи ношӣ аз фурӯпошии ҳокимияти давлатӣ дар Кобул буд.

Нерӯҳои вафодор ба Аҳмадшоҳ Масъуд дар саҳаргоҳи ҳаштуми савр/урдибиҳишти соли 1371 (28 апрели 1992) вориди шаҳри Кобул мегарданд. Дар он рӯз ҳазорон тан аз шаҳриёни Кобул дар ҷодаи умумии ин шаҳр, ки аз шимол ба маркази шаҳр кашида шудааст, ба истиқболи ин нерӯҳо ҷамъ шуда буданд.

ҲУКУМАТИ МУҶОҲИДИН

Аз оғози ҳукумати муваққати муҷоҳидин то як соли баъд аз он (саври 1372 (апрели 1993)) Аҳмадшоҳ Масъуд вазири дифои давлати муҷоҳидин буд. Ҳикматёр, ки мухолифи аслии давлати муҷоҳидин ба шумор мерафт, шарти мусолиҳа бо давлатро канор рафтани Аҳмадшоҳ Масъуд аз вазорати дифоъ ё канор рафтани Бурҳониддин Раббонӣ аз раёсати давлат гузошта буд. Аҳмадшоҳ Масъуд барои ин ки баҳонае барои идомаи ҷанг дар баробари давлат ва ҳамалоти ракетаӣ бар шаҳри Кобул дар дасти Ҳикматёр боқӣ намонад, аз вазорати дифоъ канор рафт.

Аз он замон то суқути ҳукумати муҷоҳидин ба дасти Толибон дар шашуми мизон/меҳрмоҳи соли 1375 (27 сентябри 1996) Аҳмадшоҳ Масъуд бо вуҷуди ин ки фармондеҳи умумии нерӯҳои низомии давлатиро бар ӯҳда дошт, дар давлат вазифаи расмӣ надошт. Аммо омили аслии давоми ҳукумати муҷоҳидин ва дифоъ аз он давлат дар баробари гурӯҳҳои рақиб буд.

Аҳмадшоҳ Масъуд барои ташкили як ҳукумати фарогир ва ҷилавгирӣ аз идомаи даргирӣ миёни гурӯҳҳои мухталифи муҷоҳидин талош кард, Бурҳониддин Раббонӣ, раиси давлатро қаноат диҳад то дар иҷлоси Ҳирот (саратон 1373 (июни 1994)) қудратро ба аъзои Шӯрои аҳли ҳаллу ақд вогузор кунад.

Доктор Юсуф аввалин нахуствазири Даҳаи демократия (даҳ соли ахири салтанати Муҳаммад Зоҳиршоҳ (1963-1973)) аз аъзои ин иҷлос буд ва Аҳмадшоҳ Масъуд мехост бо қарор гирифтани вай ба унвони як шахсияти бетараф ва қобили эътимоди ҳама тарафҳо дар раъси қудрат, заминаи тафоҳум ва эҷоди як ҳукумати миллӣ ба вуҷуд биёяд. Аммо ба далели мухолифати Бурҳониддин Раббонӣ ва Муҳаммад Исмоилхон, ки дар он солҳо амири ҳавзаи ҷанубу ғарб хонда мешуд, ин тарҳи Аҳмадшоҳ Масъуд ноком монд.

СОЛҲОИ МУҚОВИМАТ ТО ШАҲОДАТ

Бо суқути Кобул дар шашуми меҳрмоҳи соли 1375 (26 сентябри 1996) ба дасти Толибон Аҳмадшоҳ Масъуд нерӯҳояшро ба пойгоҳи таърихии онон дар дараи Панҷшер ақиб кашид ва аз он ҷо тарҳи муқовимат дар баробари Толибонро рехт. Аз солҳои 1375 то 1378 (1996 – 1999) пойгоҳҳои гурӯҳҳои дигари сиёсӣ – низомӣ дар шимол ва маркази Афғонистон аз сӯи Толибон ишғол гардид ва танҳо нерӯи боқимонда дар баробари Толибон нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳ Масъуд буд, ки борҳо ҳадафи ҳамалоти густурда ва бесобиқаи Толибон қарор гирифтанд, аммо ба муқовимат идома доданд.

Аҳмадшоҳ Масъуд аз авоили соли 1379 (2000) бо даъвати раҳбарон ва фармондеҳони ҷиҳодӣ ва заминасозӣ барои эҷоди ҷабаҳоти ҷадид дар баробари Толибон, вазъияти муқовимат дар баробари Толибонро аз ҳолати тадофеӣ (мудофиавӣ) ба ҳолати ҳуҷумӣ даровард. Аҳмадшоҳ Масъуд дар авохири соли 1379 (2001) ҳамчунон шуморе аз кишварҳои минтақаро қаноат дод, то ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат бипардозанд, ки ҳосили ин талошҳо ташкили эътилофи кишварҳои ҳомии муқовимат, шомили Русия, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Ҳинд буд, ки ҳеҷ гоҳ ба гунаи расмӣ эъломи мавҷудият накард.

Дар 16 ҳамали соли 1380 (5 апрели 2001) Аҳмадшоҳ Масъуд дар раъси ҳайате аз раҳбарони қавмӣ ва фармондеҳони муқовимати Афғонистон, ба даъвати Иттиҳодияи Аврупо ба Фаронса ва Белгия сафар кард ва барои нахустин бор дар анзори ҷаҳониён ба унвони як раҳбари сиёсӣ таборуз намуд. То он замон бештари корномаҳои ҷангии Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони як фармондеҳи низомӣ асоси шинохти ӯ дар ҷаҳон буд. Аммо мавзеъгириҳои равшани ӯ дар баробари терроризм, дидгоҳи возеҳаш дар мавриди ояндаи Афғонистон, минтақаву ҷаҳон ва ироаи роҳҳалҳои маъқул барои поён додан ба хушунату даргириҳо дар Афғонистон, тайи нишастҳо ва ҷаласоти мутааддид дар Фаронсаву Белгия, чеҳраи дигаре аз ӯ ба намоиш гузошт, ки ҳамоно чеҳраи як раҳбари муқтадири сиёсӣ буд.

Аҳмадшоҳ Масъуд дар ҳаждаҳуми сунбулаи соли 1380 хуршедӣ баробар бо нуҳуми сентябри соли 2001 мелодӣ, дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ (нахустин ҳамлаи интиҳории таърихи Афғонистон), ки аз сӯи ду террористи араби вобаста ба Алқоида дар сохтмони Раёсати амнияти давлатӣ дар шаҳристони Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор анҷом шуд, ба шаҳодат расид ва дар рӯзи якшанбе, 25 сунбулаи соли 1380 (16 сентябри 2001) дар теппаи Сарича, ки баъдан ба “Теппаи солори шуҳадо” мусаммо гардид, дар дараи Панҷшер ба хок супурда шуд.

Аз Аҳмадшоҳ Масъуд як писар ва чаҳор духтар боқӣ мондааст.

Муҳаммад ФАҲИМИ ДАШТӢ,

нависанда ва рӯзноманигор (Афғонистон)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь