Барои гузаронидани зимистони солҳои 2024-2025 дар муассисаҳои маорифи маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар 319 тонна ангишт захира карда шудааст, ки он 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода иттилоъ дод, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр барои хариди маводи сухт ба соҳаи маориф  пурра маблағгузорӣ шудааст.

– То имрӯз 319 тонна ангишт дар муассисаҳои соҳа харидорӣ ва захира шудааст.  Бояд 309 куб ҳезум захира карда шавад, ки аз он  беш аз 160 кубаш, яъне 80 дарсад, харидорӣ ва захира гардида, рӯзҳои наздик нақша пурра иҷро хоҳад шуд, илова кард мудир ва гуфт, ки шишабандӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф пурра таъмин гаштааст.

Мунира Юсупова мудири муассисаи томактабии рақами 17 шаҳр гуфтаҳои мудиро тасдиқ карда афзуд, ки нақшаи ангишт 6 тонна ва шаш куб ҳезум дар муасисса захира карда шудааст, ки сад фоизи нақшаро ташкил меҳиҳад.

Ӯ гуфт, барои ҳезум 3 ҳазор ва барои ангишт 6 ҳазор аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, директори муассисаи таълимии рақами 8 Садиов Фарҳод қайд кард, ки дар муассиса 10 тонна ангишт, 10 куб ҳезум, 10 литр сузишворӣ захира шуда,  шишабандӣ пурра иҷро шудааст.

Ҳамчунин, сардори шуъбаи хазинадории Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Бохтар Шуҳрат Бозорзода, иттилоъ дод, ки маблағузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр барои харидани маводи сӯхт баҳри зимистонгузаронӣ ба соҳаи маорифи шаҳр 424 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он  пурра пардохт гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь