Баъд аз он, ки  Ҷумҳурии Озарбойҷон истиқлолияти худро ба даст овард, инъикоси  воқеияти аслии таърихи гузаштаи халқи Озарбойҷон фароҳам омад. Далелҳои ошкор мешаванд, ки дар гузаштаи наздик аз мавзӯъҳои махфӣ ва мамнӯъ буданд, воқеаҳои пеш таҳрифшуда баҳои ҳақиқии худро гиранд.

Яке аз саҳифаҳои камомӯхтаи таърих ин Наслкушӣ алайҳи мардуми Озарбойҷон аст, ки борҳо рух дода, солҳои тӯлонӣ баҳои сиёсиву ҳуқуқии худро нагирифтааст.

Созишномаҳои Гулистон ва Туркманчой, ки солҳои 1813 ва 1828 ба имзо расиданд, асоси парокандагии мардуми Озарбойҷон ва тақсимоти заминҳои таърихии онҳоро гузоштанд. Дар идомаи ин фоҷиаи миллии мардуми Озарбойҷон, ишғоли заминҳои онҳо оғоз ёфт. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин сиёсат ба воқеият табдил ёфта, кӯчи оммавии арманиҳо ба сарзамини Озарбойҷон сурат гирифт. Наслкушӣ ҷузъи ҷудонашавандаи раванди ишғоли заминҳои Озарбойҷон гардид.

Бо вуҷуди он ки арманиҳо дар ҳудуди хонигариҳои Иравон, Наҳҷувон ва Қарабоғ сукунат гирифта буданд, дар муқоиса бо озарбойҷониҳои муқими он ҷо ақаллият ташкил медоданд, таҳти сарпарастии ҳомиёни худ онҳо ба таъсиси воҳиди маъмурии ба ном «вилояти Арманистон» ноил гардиданд. Аз тариқи чунин тақсимоти сунъии қаламрави Озарбойҷон, дар ҳақиқат асоси сиёсати бадарғакунии озарбойҷониҳо аз сарзамини аҷдодӣ ва нобудсозии онҳо гузошта шуд.                                                                                                                                                                                          Истилогарони арманӣ аз тахаюлоти барпо намудани «Арманистони Бузург» илҳом гирифта, солҳои 1905—1907 ба муқобили озарбойҷониҳо амалиёти ошкорои хунрезии оммавӣ ба амал оварданд. Ваҳшигариҳои арманиҳо, ки аз Боку оғоз шуд, худи Озарбойҷон ва деҳаҳои озарбойҷонинишинро дар хоки Арманистони имрӯза фаро гирифт. Садҳо нуқтаҳои аҳолинишин вайрону валангор ва ба хок яксон карда, ҳазорҳо озарбойҷониҳоро ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Ташкилкунандагони ин ҳаводис ба ошкор шудани моҳияти кор, баҳои дурусти ҳуқуқию сиёсӣ гирифтани он халал расонда, ба озарбойҷониҳо симои манфӣ сохта, бадин тариқ даъвоҳои моҷароҷӯёнаи худро ба замини онҳо моҳирона рӯпӯш мекарданд.

Аз моҳи марти соли 1918 Коммунаи Боку дар зери шиори муборизаи зидди унсурҳои аксулинқилобӣ, нақшаи манфури  худро оиди поксозии  Вилояти Боку аз озарбойҷониҳо ба амал баровард. Ҷиноятҳои он рӯзҳои содиркардаи арманиҳо дар ёди мардуми Озарбойҷон абадан боқӣ хоҳад монд. Ҳазорҳо озарбойҷониҳои осоишта танҳо барои мансубияти миллияшон кушта шуданд. Арманиҳо хонаҳоро оташ зада, одамонро зинда ба зинда месӯзонданд, гавҳари меъмориҳои миллӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, масҷидҳову ёдгориҳои таърихиро вайрон намуда, қисми зиёди Бокуро ба харобазор табдил доданд.

Наслкушии озарбойҷониҳо дар Вилоятҳои Боку, Шамохӣ, Губа, Қарабоғ, Зангезур, Наҳҷувон, Ланкарон ва дигар манотиқи Озарбойҷон низ бо бераҳмии махсус анҷом дода шуд. Дар ҳудуди ин қаламрав мардуми осоишта ба таври дастаҷамъӣ кушта, деҳаҳо сӯзонда, ёдгориҳои фарҳанги миллӣ нобуд карда шуданд.

Арманиҳо бо мақсадҳои манфуронаи худ аз шуравигардонии Моварои Қафқоз  истифода бурда, соли 1920 Зангезур ва як қатор заминҳои дигари Озарбойҷонро қаламрави ҶШС Арманистон эълон карданд. Дар давраҳои баъдӣ бо мақсади вусъати бештари сиёсати бадарғакунии озарбойҷониҳо дар ин сарзамин ба сар бурда усулҳои нав ба кор бурда шуд. Барои ин арманиҳо дар сатҳи давлатӣ ба қабули қарори махсуси Шӯрои Вазирони ҶШС аз 23 декабри соли 1947 муваффақ шуда, «Дар бораи аз ҶШС Арманистон ба дашти Кӯр-Орози ҶШС Озарбойҷон кӯчонидани колхозчиён ва дигар аҳолии озарбойҷонӣ» ва бадарғаи оммавии озарбойҷониҳо аз сарзамини таърихии онҳо дар солҳои 1948— 1953 ноил гардиданд.

Ронда шудани садҳо ҳазор озарбойҷониҳо аз сарзаминҳои таърихии худ дар марҳалаи ибтидоии муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки соли 1988 дар хоки Озарбойҷон шурӯъ шуда буд, низ дар ҷумҳурӣ баҳои дурусти сиёсӣ нагирифтааст.

Қароре, ки арманиҳо бидуни асоси ҳуқуқӣ дар бораи ба ҳайати ҶШС Арманистон дохил кардани Вилояти Мухтори Кӯҳистонии Қарабоғи Озарбойчон қабул карданд ва воқеан аз тобеияти Озарбойҷон баровардани он аз ҷониби Москва ба воситаи Кумитаи махсуси идоракунӣ сурат гирифт, ба норизояти ҷиддии халқи Озарбойҷон оварда расонд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба  амалиёти муҳими сиёсӣ даст зананд.

Ҳарчанд дар гирдиҳамоие, ки дар ҷумҳурӣ барпо шуд сиёсати истилои заминҳо қотеъона маҳкум шуда буд, роҳбарияти он замони Озарбойҷон мавқеи ғайрифаъолона гирифта буд.

Дар натиҷаи ин бефаъолиятӣ моҳи январи соли 1990 бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳаракати мардумӣ, ки хусусияти оммавӣ касб карда буд, ба Боку қушунҳо ворид карда шуданд, садҳо озарбойҷонӣ кушта ва маъюб, маҷрӯҳ ва таҳти фишору зӯроварии ҷисмонӣ қарор гирифтанд.

Моҳи феврали соли 1992 арманиҳо аҳолии шаҳри Хуҷолиро бераҳмона ба доми марг гирифтор намуданд. Ин фоҷеаи хунин дар таърих ҳамчун Наслкушии Хуҷолӣ сабт гардида бо нобудсозӣ ва асорати озарбойҷониҳо анҷом ёфтааст.

Ҳамаи ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки дар садаҳои XIX-XX дар Озарбойҷон ба вуқӯъ пайвастанд, ғасби заминҳои Озарбойҷонро дар пай дошта, мароҳиле аз сиёсати наслкушии озарбойҷониҳо аст, ки арманиҳо қасдан думбол ва барномарезӣ карданд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳайси вориси Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон имрӯз вазифаи худ медонад, ки дар идомаи қарорҳое, ки Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон натавонист ба таври комил иҷро кунад аз ҳаводиси наслкушӣ арзёбии сиёсӣ ба амал орад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь