Тайёр намудани маҳкумшудагон барои баромадан ба озодӣ марҳилаи муҳими фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ мебошад. Бо ин мақсад маҷмӯи тадбирҳое ба амал бароварда мешаванд, ки ба озодшудагон дар кори минбаъда ва ҳаёти рӯзгор, омода намудани онҳо ба ҳаёт дар шароити озодии комил, яъне аз нав иҷтимоикунонии маҳкумшудагон нигаронида шудаанд. Чун яке аз ҳадафҳои лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” дубора мутобиқ намудани собиқ маҳкумшудагон ба ҷомеа аст, моҳи октябри соли ҷорӣ як гурӯҳи 12-нафара иборат аз кормандони муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба Олмон сафар карданд. Мақсади сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадам оиди масъалаҳои иҷтимоӣ ва дубора мутобиқ намудани маҳкумшудагон ва озодшудагон, инчунин, сехҳои истеҳсолӣ дар муассисаҳои ислоҳии Берлин буд.

Наргис Зокирова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва яке аз аъзоёни гурӯҳ гуфт, ки аввалин вохӯрии гурӯҳи тоҷикистонӣ бо намояндагони “Донишгоҳҳои халқӣ” буд, ки онҳо оид ба фаъолият ва барномаҳои ин муассисаҳои таҳсилоти иловагии калонсолон дар Олмон маълумот гирифтанд.

“Дар Берлин 12 маркази таҳсилоти минбаъда мавҷуд аст. Марказ, ки ҳайати кории Тоҷикистон аз он дидан кардаанд, ба омӯзиши курсҳои забонҳо, саломатӣ ва беҳбудӣ, омода намудани ғизои солим, санъати расмкашӣ, ҳайкалтарошӣ ва кулолгарӣ машғул аст. Ба ин курсҳо талабот зиёд аст, чун аз як то ду ҳазор нафар таълимгиранда доранд”, – иброз намуд Зокирова.

Тавре гуфта мешавад, маблағгузорӣ ба ин марказҳо 50% аз буҷаи давлатӣ ва 50%-и дигар аз ҳисоби иштирокчиёни курс сурат гирифта, рақобат барои вазифаи омӯзгорӣ хеле баланд буда, чунин марказҳо барои дубора мутобиқсозии собиқ маҳкумшудагон дар якҷоягӣ бо муассисаҳои ислоҳӣ кор мекунанд.

Ҳайати Тоҷикистон аз муассисаи ислоҳии мардонаи Justizvollzugsanstalt Plötzensee, ки дар шаҳри Берлин воқеъ буда, дар он 14 корманди иҷтимоӣ, аз ҷумла 3 нафар равоншинос фаъолият мекунанд, дидан карданд.

Шаҳло Абдунабизода, директори ТҶ “Ҷаҳон” ва иштирокчии дигари сафари мазкур мегӯяд, ки яке аз таҷрибаҳои хубе, ки метавон дар Тоҷикистон амалӣ намуд, вохӯрии падарони маҳкумшуда бо фарзандон аст.

“Ин ҳуқуқи асосии кӯдак ва волидайн вохӯрӣ бо падар ва муошират бо ӯ мебошад, ки дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Олмон мавҷуд аст. Ин вақт (вохӯрӣ бо кӯдак) ба соатҳои мулоқот бо хешовандони маҳкумшуда дохил карда намешавад. Чунин вохӯриҳоро ҳафтае як маротиба ташкил кардан мумкин аст. Ташкилотҳои махсуси ҷамъиятие хастанд, ки ҷадвали вохӯрии падарону фарзандонро тартиб дода, онро бо роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ мувофиқа мекунанд. Аммо на ҳама мардони маҳкумшуда метавонанд ба чунин вохӯриҳо ҳуқуқ пайдо кунанд: ин аз ҷинояти ӯ вобаста аст. Масалан, агар ӯ таҷовузкор ё ситамгари оила бошад, пас вохӯрдани ӯ бо кӯдак манъ аст”, – гуфт  Абдунабизода.

Дар мавриди ҷубронпулӣ ба маҳкумшудагон қаблан дар Олмон таҷрибае буд, ки 4/7 музди меҳнати маҳкумшуда дар корти ӯ ҷамъ мешуд, то пас аз баромадан аз муассисаи ислоҳӣ озодшуда онро истифода барад. Аммо айни замон ин таҷриба аз байн бардошта шуда, ҳар як маҳкумшуда метавонад маошашро бидуни ҷамъкунии маҷбурӣ масраф кунад. Ғайр аз ин, баъди баромадан ба озодӣ ба маблағи 800 евро кӯмакпулӣ мегирад.

Инчунин, барои маҳкумшудагон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуда, пас аз омӯзиш шаҳодатномаи такмили ихтисос дода мешавад. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи DVV International дар самти пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон  дар муассисаҳои ислоҳии кишвар низ курсҳои касбӣ ташкил шуда, аз соли 2014 то  ба ин замон 472 нафар, аз ҷумла 292 занон  ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Тибқи иттилоӣ СММ, дар соли 2020 ба ҳисоби миёни шумораи занон дар саросари ҷаҳон ҳафт дарсади маҳбусонро ташкил медиҳад, аммо шумори онҳо дар қиёс ба мардон бо суръат афзоиш меёбад. Ин аст, ки ҳайати кории мазкур аз Муассисаи ислоҳии занонаи Берлин (JVA fur Frauen Berlin) дидан карданд.

“Тавре ба мо иттилоъ доданд, дар Олмон ҳамаи маҳкумшудагон бояд кор кунанд. Онҳо барои корашон музд мегиранд. Нисбат ба маҳбусон дида ҷойҳои корӣ камтаранд, бинобар ин рақобат вуҷуд дорад, чунки маҳкумшудагон бояд худро хуб муаррифӣ кунанд, то соҳиби ҷойи кор шаванд. Ин шартҳои қабул ба ҷойи кор мисли талаботҳои дар озодибуда аст. Ба ҳисоби миёна, музди меҳнат дар муассисаи ислоҳӣ дар як рӯз аз 12 то 19 евроро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ соф ба дасти маҳкумшудагон дода мешавад. Кор дар муассисаи ислоҳӣ ба собиқаи умумии корӣ дохил карда мешавад. Ин нуктаҳо барои мо хеле ҷолиб ва наванд”, – таъкид кард Ворис Ғозизода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар дубора ворид шудани собиқ маҳбусон ба ҷомеа яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ин буд, ки гурӯҳи кориро бо кору фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Tatort-Zukunft шинос намуданд.

“Ин созмони ғайридавлатӣ лоиҳаи “Донишгоҳ дар зиндонҳо” дошта,  онҳо донишҷӯёнро ба муассисаи ислоҳӣ меоранд, ки бо маҳкумшудагон муошират кунанд. Ба ақидаи роҳбари ин ташкилоти ҷамъиятӣ бояд маҳкумшудагон аз ҷомеа ва равандҳои дар он пайдогардида ба таври кулли дурӣ надошта, балки ба таври лозима ҳамқадами шахсони дар озодӣ қарордошта бошанд. Чун рӯзе фаро мерасад, ки онҳо низ ба озодӣ мебароянд ва бояд дар ҳама маврид омодаи бархӯрди дуруст бошанд. Бинобар ин, барои шаклгирии маҳкумшудагон ба аъзои зеҳнан солими барои ҷомеа манфиатовар раванди болозикр таъсири мусоидро доро мебошад”, – иброз менамояд ҳуқуқшинос Қодирзода Мирзоқодир ва яке аз иштирокчиёни дигари гурӯҳи кории болозикр.

Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ тавсияҳои худро ба ташкилкунандагони сафари омӯзишӣ ироа карда, аз ҷумла пешниҳод намуданд, ки барои беҳтар намудани системаи муассисаҳои ислоҳӣ чунин иқдомот заруранд:

– ҷорӣ намудани таҷрибаи боздидҳои иловагӣ байни падарону фарзандони маҳкумшуда, ки набояд ба соатҳои умумии мулоқот бо хешовандон дохил шавад;

– таҳияи Қонун дар бораи азнавворидкунӣ ва ҳамгироии собиқ маҳкумшудагон ба ҷомеа;

– таҳияи Қонун дар бораи пешгирии ҷиноятҳои интернетӣ ва ҳифзи ҷабрдидагон;

– сомонаи ҳамгироии шабака барои маҳбусон ва озодшудагонро омӯхта, дар бораи имкони таъсиси сомонаи шабеҳ дар Тоҷикистон фикр кардан;

– лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии Tatort-Zukunft бо номи «Донишгоҳ дар зиндонҳо»-ро омӯхта, имкони ҷорӣ ва татбиқи чунин лоиҳаро дар Тоҷикистон дида баромадан.

Маврид ба ёдоварист, ки ин фаъолият дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” амалӣ мешавад.

М. НОЗИМӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь