Шаҳри Ҷиддаи Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба яке аз шаҳрҳои стратегӣ ва саноативу пешрафтаи Арабистони Саудӣ табдил гардида он дар минтақаи  геостратегӣ ба макони транзити Шарқи Наздик, Қитъаи Осиёи, Аврупо  ва Африқо мубаддал гардидааст.

Шаҳре, ки дар соҳили Баҳри Сурх ва минтақаи ғарбии Арабистони Саудӣ қарор дошта беш аз 4 милион аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунанд. Ҷидда имрӯз ба маркази баргузории бузургтарин чорабиниҳо ва ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил гаштааст. Ҷидда ба ҳайси шаҳри дар ҳоли рушд, шаҳри муосиру зебо, шаҳри сулҳу эҳтироми давлатҳо ва миллатҳо номбардори Арабистони Саудӣ аст. Ҷидда шаҳрест, ки бо таърихи беш аз 3 ҳазорсола миллатҳои гуногуни ҷаҳонро ба домани худ кашонида ҳоло падидаҳои тозаи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва инсонии замони ҷаҳонишавӣ  дар он зуҳур кардааст. Имрӯз ба туфайли робитаҳои ҳасанаи судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар баробари дигар шаҳрҳои ин давлат аз қабили шаҳри Риёз, Макка, Мадина ва ғайра  дар дохил ва атрофи шаҳри Ҷидда низ тоҷикон баробари дигар ақаллиятҳои мардумӣ кору фаъолият мекунанд. Ҷидда шаҳри нафту газу саноату воридоту содирот аст. Ҷидда шаҳри мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиву меъмории Арабистони Саудӣ буда дар хиёбонҳои он ошхонаву гузаргоҳҳоро бо исми Бухоро, Бухорӣ ва ғайра зиёд мушоҳида мекунед, ки марбут ба шаҳри тоҷикон яъне Бухорои Шариф ва қадим аст.

Ҷидда шаҳрест, ки фалсафаи он ду қисмати аслиро дар бар мегирад яке Ҷиддаи Қадимӣ ва дигаре Ҷиддаи Муосир. Ҷиддаи Қадимӣ бахши деринаи шаҳрро ташкил медиҳад, ки ёдгориҳои таърихиву муосири Арабистони Саудӣ, Масҷидҳои бостонӣ, марказҳои илму маърифати диниву эътиқодӣ, хиёбонҳои хурду бузурги пурэъҷоз, дарахтҳои сарсабз, гузаргоҳҳои пур аз рамзу роз, растаҳо ва дуконҳои хариду фурӯши ҳадяҳо ва шириниҳо онро иҳота намудаанд. Ҳамин тариқ Ҷиддаи қадим бахше аз мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва яке аз маконҳои сайёҳии Подшоҳии Арабистони Саудиро дарбар мегирад. Имрӯз муҳимтарин конфронсу чорабиниҳои байналмилалӣ, сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, мулоқот ва вохуриҳои сарони давлатҳои Узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ ва дигар мамолики минтақа ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда баргузор мегардад. Дар инҷост, ки рӯзҳои 18 –ум то 20 – уми моҳи июли соли 2023 маҳз «Ҳамоиши нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва ва Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Ҷидда баргузор гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити судманди Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷ барқарор гардида, роҳандозии  сиёсати хоси давлатдорӣ зери унвони “Сиёсати дарҳои кушод” дар роҳи ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ давлати мо ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст.

Иҷлосияи нахустин

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи кишварҳои Шарқи Наздик ва минтақаи Халиҷ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавқеъи хосро ишғол намуда маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ байни ин ду кишвари дӯст ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи босамар таҳким ва тақвият ёфтаанд. Ҳамин тариқ 22 феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи 1992 Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Ва бо гузашти беш аз 30 сол имрӯз ин ду давлат дар заминаҳои гуногуни равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, экологӣ ва ғайра ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар баёнияи муштараки Самимияти нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ба аҳамияти густариши ҳамкорӣ, гуфтугӯ, мушорикати фаъолонаи Кишварҳои арабии минтақаи Халиҷ ва маҷмуаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба сӯи амалӣ гардидани лоиҳаҳо ва барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, зист, муҳитӣ, экологӣ ва инсонӣ ва ғайра андешаҳои неку созанда баён гардид.

Ҳамин тариқ, дар ин эъломия дар поёни Ҳамоиши кишварҳои узви Шӯрои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ҳамчунин ба аҳамияти таҳким ва тақвияти равобити сиёсӣ, амниятӣ миёни ду тараф ва маҳкум намудани ҳама намуд ва шаклҳои терроризм ва илова бар он зарурати эҳтиром ба шаъну шараф ва ҳокимияти кишварҳо ва пешгирии дахолат дар вазъи дохилии онҳо андешаҳои дақиқу назаррас таъкид гардид. Шӯрои ҳамкории Халиҷ ва Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба унвони тарафҳои ширкаткунанда дар Иҷлоси Ҷидда аҳамияти муҳими «Идома бахшидани ҳамоҳангиҳо дар ростои барқарории суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ» – ро амри зарурӣ барои оянда донистанд. Ҳамзамон сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва сарони давлатҳои узви Шурои ҳамкории Халиҷ таъкид намуданд, ки дар марҳилае, ки ҷаҳон шоҳиди мавҷи нооромиҳо ва бесуботиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва молӣ аст, рушду таҳкими ҳамкорӣ ва муносибатҳои судманд бо Сандуқи байналмилалии Пул, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмонҳои бонуфӯзи минтақавӣ ва байналмилалӣ амри басо муҳим ва зарурӣ мебошад.

Ҷосим Бадейвӣ – Дабири  кулли Шӯрои ҳамкориҳои арабии Халиҷ оид ба баргузории иҷлоси мазкӯр таъкид менамояд: “Ҳамоиши таърихӣ ва нахустини Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муваффақият баргузор гардид. Ин Иҷлосия комилан як иҷлосӣ мусбӣ, бародарӣ, самимият, дустӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ буд. Ҳадафи он, ки рушди равобити стратегӣ буд, тарафҳои ҳамоиш аз ҳадафҳои ободгари ояндаи он худ ошно гардиданд ва аз он ҷонибдорӣ карданд. Мо бо диққат баромад ва суханрони роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷро пайгирӣ намудем, ки ҳама таҳкими равобит, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсиву амниятӣ, сармоягузорӣ ва таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳониро дар авлавияти худ қарор додаанд, ки он натиҷаҳои нек ба бор хоҳад овард. Мо ифтихор мекунем, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин Иҷлоси таърихӣ ташриф оварда ташаббусҳои созандаро дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, тавлиди неруи барқи табии, ифтитоҳи роҳҳо, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ байни кишварҳои Арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баён доштанд.

Ҳадафҳо ва дурнамои робитаҳои мо дар Иҷлосияи навбатӣ дар соли 2025 дар шаҳри Самарқанд пурратар баррасӣ гардида равобити мо тақвияти бештар хоҳанд ёфт”. Маҳкумияти терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои калидии Самити Ҷидда оид ба кишварҳои арабии Халиҷ ва панҷ мамлакати Осиёи Марказиро дарбар мегирифт. Дар ин самт Сарони давлатҳои Шӯрои Ҳамкории Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бар зарурати ҷиддии маҳкум кардани терроризму ифротгароӣ ва ҳар падидаи марбут ба чунин дарду доғи ҷаҳонӣ, зуҳуроти номатлуби аср ва решакан кардани манбаъҳои молии он таъкид намуданд.

Доктор Исо Амирӣ яке таҳлилгарони масъалаҳои сиёсӣ аз авлати Қувейт чунин баён намуд: “Дар шаҳри Ҷидда Иҷлосияи ду ҷонибаи Шӯрои давлатҳои ҳамкориҳои Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш ифтитоҳи масири нави ҳамкорӣ ва мусоидати фаъолона ва мустақим дар рушди инфрасохтори Осиёи Марказӣ яъне кишварҳои мусалмонӣ аст, ки ҳоло шумораи сокинони ин 5 давлати Осиёи Миёна беш аз 77 милион нафарро ташкил медиҳад. Истеҳсоли дохилии ин кишварҳо ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш ва пешрафту устувор аст.

Дар воқеъ Ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як ҳамоиши судманд худ ба манфиати давлатҳо ва халқиятҳои минтаақа маҳсуб мегардад. Дар солҳои баъдӣ мо ҳама шоҳиди натиҷаҳои назарраси чунин иҷлосия хоҳем гашт. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мо омӯхт, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои пурташаббус ва дорои имкониятҳо ва захираҳои бузурги табиӣ буда, мавқеъи он дар Осиёи Марказӣ ба мавқеъи бисёр мустаҳкам, қавӣ, стратегӣ, созанда мебошад, аз ин рӯ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ба манфиати шаш давлати арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд”. Ҳамзамон аз ҷониби Сарони давлатҳо таъкид гардид, ки тавсеаи соҳаҳои ҳамлу нақл байни Осиёи Марказӣ, Минтақаи Халиҷ ва давлатҳои арабии Шарқи Наздик, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, таҳкиму тақвияти тиҷорат, сармоягузории муштарак, транзит, содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба бозорҳои минтақаи Халиҷ амри басо муҳим ва зарурати равобити имрӯзу оянда байни кишварҳои ин ду минтақа мебошад.

Доктор Оид Ал – Манно таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ равоби Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва 6 давлати арабии минтақаи Халиҷро чунин шарҳ дод: “Робитаҳои дипломатии давлатҳои арабии Халиҷ ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ оғоз гардида  марҳила ба марҳила рушд ёфтааст. Аммо фаротар аз имрӯз равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ байни мо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки он имкон медиҳад, ки мо бо ҳамдигар робитаҳои афзалтар дошта бошем. Аз ҷониби дигар равобити фарҳангии муштарак дар тули таърихи ҳазор соли охир тавонистааст, ки моро бо ҳам пайванд намояд. Дар ин Ҳамоиш, ки бори нахуст баргузор гардид мо пешниҳод сохтем, ки давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои стратегиро бо мо оғоз кунанд ва ҷалби сармоя аз кишварҳои минтақаи Халиҷ метавонад дар амалӣ гардидани қудратҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, тавлиди нерӯи барқи тозаву экологӣ, рушди сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои дӯсти Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол дошта бошад. Суҳбат ва мулоқотҳои дуҷонибаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни тафоҳум ва дӯстиву бародарӣ идома ёфт худ пеш аз ҳама умеди коршиносонро ба ояндаи равобити кишварҳои Ҳавзаи Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дурахшонтар сохт. Дар воқеъ Минтақаи Халиҷ ва Осиёи Марказӣ на он қадар аз ҳам дур аст. Мо дорои ҷуғрофияи бо ҳам наздикем. Имрӯз, ки Осиёи Марказӣ ба маркази рақобатҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон табдил шуда истодааст, ин ба давлатҳои минтақа огоҳӣ, масъулият ва робитаи пойдор ва устуворро тақозо менамояд. Мову шумо ҳама ҷамъоҷамъ вазифадорем ва масъулем, ки дар муқобили терроризму ифротгароӣ ва дахшатафканӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик мубориза намоем. Зеро терроризму ифротгароӣ марзу ҳудудро дар олам намешиносад.  Дар воқеъ ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб гардида рушди равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои минтақаи Халиҷ имкон медиҳад, ки барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба ин кишвари дӯсту бародар иқдомҳои назаррасро амалӣ кунанд”.

Аз ҷониби дигар рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, техникаву технология, саноату истеҳсолот, бунёди марказҳои пажӯҳишӣ, донишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти хурду миёна, тақвияти ҳамкориҳо байни донишгоҳу донишкадаҳои олии Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии минтақаи Халиҷ дар соҳаҳои иқтисодӣ сабз, тавлиди энергияи таҷдидпазир, бунёди неругоҳҳои барқӣ – обӣ ва ғайра аз муҳимтарин масоиле буданд, ки дар фароянди нахустин самимияти сарони давлатҳои узви Шӯрои Ҳамкории халиҷ ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ ҳадафи олӣ ва муҳиму стратегӣ дар рушди равобити ояндаи давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ маънидод гардиданд.

Ҳамин тариқ давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Арабии Халиҷ аз тарҳи номзадии мизбонии Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО 2030- и дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ пуштибонӣ намуданд.

Фатҳиддин Замон, журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь