Рӯзи баргузории рақобати ду размандаи машҳури UFC Ислом Махачев ва Чарлз Оливейра муайян шуд. Онҳо рӯзи 22 октябри соли равон дар доираи мусобиқаи UFC-280, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук рақобат хоҳанд кард. Баргузории ин рақобат чандин маротиба ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун баргузор намешуд. 

Ислом Махачев, размандаи доғистонии Русия аст. Дар корномаи варзишии худ унвонҳои гуногунро соҳиб шудааст. Ӯ 23 рақобат гузаронида, дар 22-тои он пирӯзӣ ба даст овардааст. Ислом 2 октябри соли 2015 бо ташкилоти UFC қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида, аввалин рақобати худро дар ин ташкилот 23 майи соли 2015 баргузор намуд.

Ягона бохти Ислом соли 2015 ба қайд гирифта шудааст. Ӯ дар ҳунарнамоии дуюми худ дар UFC аз Адриан Мартинси бразилягӣ ба таври накаут шикаст хӯрд.

Чарлз Оливейра Бразиляро намояндагӣ мекунад. Ин разманда 33 сол дошта, аз соли 2010 дар ташкилоти варзишии UFC ҳунарнамоӣ мекунад. Дар умум, 42 рақобат гузаронида, 33 ғалаба ба даст овардааст. Ҳашт маротиба таъми бохтро чашида, як рақобати дигарро бо мусовӣ пушти сар намудааст.

Роҳи футзалбозони тоҷик дар Чемпионати Осиё то даври 1\4 ниҳоӣ идома кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар рақобати ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё аз тими Тайланд шикаст хӯрда, бозиҳои худро дар мусобиқа ҷамъбаст намуд. Рақобати мазкур бо натиҷаи 3-2 бар нафъи бозингарони Тайланд хатм шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Саъд Ал-Абдулло”-и кишвари Қувайт доир гардид.

Футзалбозони тоҷик дар бозии мазкур ҳунари арзанда нишон доданд. То дақиқаи охири рақобат ҳисоби бозӣ 2-2 буд. Вале дар сонияҳои охири майдондорӣ бозингарони тайландӣ бартарӣ пайдо намуда, ҳисоби бозиро 3-2 намуданд. Дастаи Тайланд дар даври нимниҳоӣ бо мунтахаби Эрон бозӣ мекунад. Бозингарони Эрон дар даври ¼ ниҳоӣ ҳамтоёни худ аз Ветнамро бо ҳисоби 8-1 шикаст доданд. Иштирокчии дигари марҳилаи нимниҳоӣ мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Тайланд мебошанд. Ғолиби ҳар ду ҷуфт дар финали мусобиқа, ки 7 октябр баргузор мегардад, рақобат хоҳанд кард.

Маврид ба зикр аст, ки  тими миллии Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз марҳилаи гурӯҳиро бо ишғоли зинаи дуюм пушти сар намуд. Футзалбозони тоҷик мунтахабҳои Баҳрайн (3-2) ва Туркманистонро (8-5) шикаст дода, аз мунтахаби Ӯзбекистон бо натиҷаи 3-2 ноком шуданд.

Мусобиқаи мазкур 16-умин Чемпионати Осиё оид ба футзал маҳсуб меёбад. Бори аввал ин мусобиқа соли 1999 дар кишвари Малайзия доир шудааст. То соли 2010 Ҷоми Осиё оид ба футзал ҳар сол баргузор мегардид. Баъд аз ин, дар ду сол як маротиба доир мешавад. То ин вақт, танҳо ду дастаи Осиё – Эрон ва Ҷопон қаҳрамони ин мусобиқа шудаанд. Эрон 12 бор ва Ҷопон 3 маротиба ҷоизадор ва мақоми аввали мусобиқаи мазкурро ба даст овардааанд. Ин мусобиқаи соли 2020 бо сабаби бемории Covid-19 доир нашуда буд. Чемпионати имсола 27 сентябр оғоз шуда, то 7 октябр идома мекунад.

Футболбозони 17-солаи тоҷик барои роҳхат ба Чемпионати Осиё-2023 мубориза мебаранд

5-9 октябр соли равон дар шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2023 оид ба футбол, миёни ҷавонони то 17 сола, дар гурӯҳи “Н” баргузор мегардад. Дастаҳои ин гурӯҳ мунтахабҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон буда, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа рақобат хоҳанд кард. Дастаи чорум аз гурӯҳи мазкур, ки Тимори Шарқӣ маҳсуб меёфт, аз иштирок дар мусобиқа даст кашид.

Тими миллии Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар ин мусобиқа ҳунарнамоӣ мекунад. Футболозони тоҷик дар бозии нахуст бо дастаи Муғулистон ва дар рақобати дуюм бо ҳамтоёни афғони худ рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Тоҷикистон – Муғулистон (5 октябр)

Тоҷикистон – Афғонистон (9 октябр)

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи зинаи дуюм, ки натиҷаи беҳтарро соҳиб шудаанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат пайдо мекунанд.

ИМА қаҳрамони ҷаҳон шуд

Аз 22 сентябр то 1 октябр дар кишвари Австралия Чемпионати ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон доир гардид. Мусобиқаи мазкур бо иштироки 12 мунтахаби беҳтарини ҷаҳон доир шуда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаҳрамони ҷаҳон шуд. 

Дар бозии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон мунтахабҳои ИМА ва Чин рақобат намуданд. Рақобати мазкур бо натиҷаи 83 бар 61 бар суди баскетболбозони Амрико ба анҷом расид. Барои касби зинаи сеюм бошад, мизбони мусобиқа – Австралия бар мунтахаби Канада бо натиҷаи 95 – 65 пирӯз шуд.

Маврид ба зикр аст, ки аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба баскетбол миёни бонувон соли 1953 дар кишвари Чили доир шудааст. Қаҳрамони нахустини мусобиқа, маҳз ИМА маҳсуб меёбад. Дар умум, ин даста 11 маротиба қаҳрамонии ҷаҳонро соҳиб шудааст. Кишвари собиқи СССР бо шаш пирӯзӣ дар зинаи дуюм мавқеъ дорад. Австралия ва Бразилия як маротибаӣ зинаи аввал ва ҷоми мусобиқаро ба даст овардаанд.

Мудҳиштарин фоҷеа дар таърихи футбол

Баъди анҷоми як рақобати ҳассос дар Чемпионати Индонезия оид ба футбол, фоҷиаи мудҳиш рух дод. Мухлисони зиёди варзишгоҳ ба дохили майдон ворид шуда, миёни ҳам задухӯрд намуданд. Дар натиҷа 174 нафар ҷон дода, шахсони зиёд захм бардоштанд. Чунин ҳолати мудҳишро таърихи футболи ҷаҳон ёд надорад.

Ин ҳолат, пас аз бозӣ миёни дастаҳои “Арема” ва “Персебая” рух дод. Дар ин рақобат дастаи “Персебая” бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард. Баъди анҷоми рақобат мухлисони зиёди тими “Арема” норозигӣ баён дошта, ба майдони футбол ворид шуданд. Ин сабаб шуд, ки миёни мухлисони ҳар ду тим задухӯрд ба миён ояд.

Пас аз ҳолати мазкур, кормандони ҳифзи ҳуқуқ (пулис) барои ором намудани вазъ ва пароканда намудани мухлисон вориди майдон шуда, аз гази ашковар истифода бурданд.

Гуфта мешавад, ки пас аз истифодаи гази ашковар аз ҷониби пулис, мухлисон ба изтироб дода шуда, кӯшиш намуданд, ки варзишгоҳро тарк намоянд. Маҳз, анбӯҳи зиёди мухлисон дар даромадгоҳҳо сабаб гардид, ки қисми зиёдашон нафасгир шуда, зери пой монданд. Миёни ҳалокшудаҳо 32 кӯдак низ ҳаст, ки хурдтаринашон 3-4 сол доштаанд.

Ҷоко Видодо, Президенти Индонезия дар паёми худ вобаста ба ин вазъ изҳори таассуф намуда, гуфтааст, ки “умедворам ин ҳодиса барои охирин бор дар кишвари мо хоҳад буд ва дар оянда чунин ҳодиса такрор намешавад”.

Маълум шудааст, ки маъмурони варзишгоҳ ба мухлисон беш аз 42 ҳазор чипта фурӯхтаанд. Дар ҳоле, ки ғунҷоиши майдони мазкур 38 ҳазор нафар мебошад.

Нокомии навбатии “Барселона” дар Лигаи қаҳрамонҳо

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои “Барселона” ва “Интер” рақобат намуданд. Ҳарчанд бозии мазкур бо бартарии шогирдони Хави идома кард, вале мизбонон бо задани як гол пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ин бохти дуюми дастаи каталонӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо ба ҳисоб меравад. “Барс” дар бозии даври дуюм аз “Бавария” (2-0) низ шикаст хӯрда буд. Дар ин рақобат шогирдони Хави беш аз 50 зарба вориди ҷаримагоҳӣ дастаи “Интер” равон намуданд, вале гол ба ҳадаф нарасониданд. Ба навиштаи сомонаҳои аврупоӣ чунин нишондод бори аввал дар корномаи мураббигии Хави сабт шудааст.

Баъд аз ин пирӯзӣ дастаи “Интер” бо касби 6 имтиёз ба зинаи дуюми гурӯи “С” баромад. “Бавария” бошад, бо нӯҳ имтиёз садрнишини ҷадвал аст. “Барселона” се имтиёз дошта, зинаи сеюмро касб намудаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь