Дар шаҳраки “Курушкада”-и шаҳри Истаравшан мусобиқаи футбол миёни кӯчаҳо баргузор гашт.

Ин мусобиқа бахшида ба 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Акбар Бобоев, раиси маҳаллахонаи “Курушкада”, Маҳмуд Додоев, мураббии футбол ва бо дастгирии саховатмандону хайрхоҳон баргузор гардид.

Маҳмуд Додоев, дар сӯҳбат ба хабарнигори “Фараж” таъкид дошт, ки баргузории футбол дар маҳалҳо миёни ҷавонон ба рушди тарбияи ҷисмонии онҳо мусоидат намуда, ба мустаҳкам гаштани дӯстиву рафоқат ва ба рушди футболи миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

“Футбол ҷавононро аз амалҳои нангину ношоиста дур нигоҳ дошта, ба солимии руҳу равони онҳо мусоидат менамояд” – гуфт М.Додоев.

Ташаббускорони мусобиқа таъкид намуданд, ки гузаронидани футбол дар маҳал ба ҳукми анъана медарояд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки он метавонад дар оянда ба пайдо гаштани чеҳраҳои нав дар сафи футболбозони миллии кишвар мусоидат намояд.

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь