Зарфи як ҳафтаи охир сарнавишти Зимбабве ва президенти солхӯрдаву нимбемори он Роберт Мугабе хабарсозтарин мавзуъ дар расонаҳои олам буд. Имрӯз ҳам, ки хабари истеъфояш пахш шуд, боз ҳам таваҷҷуҳи расонаҳои олам ба ин кишвар нигаронида шудааст. Шахсияте, ки ҳудуди чил сол зимомдори як кишвари фақири олам буд, билохира баъди он ки гирифтори асорати ҳарбиён гашт, даст аз умедҳои то абад боқӣ мондан дар курсӣ бишуст ва ба аризаи истеъфояш имзо гузошт. Шояд ба ивази ин кафолат гирифт, ки то зинда ҳаст, дар ҳифзи қонун мемонад, аммо ин ҳоло муаммост, муҳим он аст, ки сарвариро раҳо кард, Зимбабверо аз зулми ҳудудан чилсолаи худ раҳо намуд.

Дар бораи раиси ҷумҳури як кишвари дур, ки ҳатто иртиботе ба мо надорад, аслан навиштан кори завқ нест. Аммо сарнавишти ин мард барои кулли ҷаҳониён ибратомӯз аст. Ӯ сари қудрат омад ва бо ҳама комёбиву иштибоҳҳояш як мамлакати ақибмондаро боз ҳам фақиртар кард. Дар аксар маврид омили аслии ба фақру бенавоӣ ғӯтидани мамлакат ва аҳолии он тасмимҳое буда, ки Мугабе гирифта ва дурӣ аз сиёсатҳои ҷаҳониву дипломатияи воқеъӣ сабаб шудааст, ки Зимбабве аз сол ба соли дигар ба кишвари вобаста табдил шавад, ба ҳадде, ки дигар касе ном аз пули миллии он намебарад, он аз муомилот кайҳо хориҷ шудаву кишвар вобастаи асъори бегона шудааст.

Қадамҳои аввал ба сиёсат

Аз Донишномаи озод дар бораи Роберт Мугабе маълумоти муфассал метавон пайдо кард, вале мухтасартари он ба ин сурат аст:
Роберт Мугабе (Robert Gabriel Mugabe) 21-уми феврали соли 1924 дар оилаи деҳқон аз қабилаи зезуруи халқияти шона дар рустои Кутам ба дунё омадааст. Халқияти шона аз ҷумлаи аксарият дар кишвар маҳсуб мешавад ва замоне, ки Мугабе ба дунё омад, ин минтақа тобеъи ҳукуматдорон аз ҷумлаи ақалияти сафедпӯстон идора мешуд.
Баъди хатми мактаби миссионерие, ки аз ҷониби Гарфилд Тодд (сарвазири ояндаи Родезияи Шимолӣ) асос гузошта шуда буд, муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кард. Баъдар дар донишгоҳи Форт-Хер дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба таҳсил оғоз кард, вале соли 1954 онро хатм накарда, тарк намуд. Баъдан дар донишгоҳи Лондон таҳсил кард ва баъди бозгашт ба ватан ба муаллимӣ идома дод. Ба сафи Ҳизби миллӣ-демократӣ дохил шуд, ки ин ҳизб соли 1961 ба Иттиҳоди халқҳои африқоии Зимбабве тағйири ном кард. Соли 1963 дабири кулли ин ҳизб интихоб гардид. Аз соли 1964 то 1974 дар маҳбас буд. Ва дар зиндон дараҷаи илмии бакалаври идорӣ ва бакалаври ҳуқуқи донишгоҳи Лондонро дарёфт кард. Солҳои ҷанг дар Родезияи Ҷанубӣ сарвари ҳизб буд ва соли 1976 аз ҳайати роҳбарии он Н.Ситолеро барканор кард ва пешвои ҳизб шуд.

Истиқлолияти Зимбабве

Аввали солҳои 1980 баъди он ки чирикҳо силоҳҳои худро таҳвил доданд, дар кишвар интихоботи озод шуруъ шуд. Ҳукуматдорони Британияи Кабир, ки Зимбабве мустаъмараи он буд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ умед доштанд, ки Нкомо сарвари ҳизби Иттиҳоди халқҳои Африқои Зимбабве пирӯз мешавад. Вале онҳоро маъруфияти Мугабе дар ҳайрат андохт. Вай дар интихобот 63 дарсади овозҳоро соҳиб шуд ва ҳизби Иттиҳоди миллии африқоии Зимбабве аз 80 курсӣ 57 курсӣ дар парламонро ишғол намуд. Мугабе ҳукумати худро созмон дод ва 18-уми апрели соли 1980 Зимбабверо давлати мустақил эълон кард.
Ба муҷарради сари қудрат омадан Мугабе бо президенти Ҷумҳурии халқии Корея Ким Ир Сен созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ имзо кард. 150 мураббиёни интихобии кореягӣ қисми таъиноти вижаи Мугабе, 5 бригадаи парашютиро омода намуданд. Вақте Мугабе сарвазири Зимбабве шуд, ҳарифаш дар интихобот, сарвари ҳизби Иттиҳоди халқҳои Африқои Зимбабве Ҷошуа Нкоморо вазири умури хориҷӣ таъин намуд. Аммо бо гузашти як фурсати хеле кӯтоҳ равобит миёни ин ҳизб тезутунд шуд. Мугабе дар ин вазъият хеле зиракона рафтор кард ва хост ба мухолифати дохил барои ҳамеша поён диҳад ва Нкоморо ба қасди табаддулот дар кишвар муттаҳам намуд. Иттиҳоми сохта, ки ҳабси тӯлонӣ барои сарвари ҳизби Иттиҳоди халқҳои Африқои Зимбабверо ба дунбол дошт, Нкоморо водор кард, ки ба хориҷи кишвар фирор кунад. Ҷонибдорони вай даст ба шӯриш заданд. Мугабе бригадаи таълимдодаи кореягиҳоро барои пахш кардани ин шӯриш эъзом кард. Ин амалиёт номи аҷиби шоирона дошт: «Гукурахунди» , яъне “борони бармаҳале, ки коҳрезаҳоро қабл аз сел мешӯяд”.
Тибқи маълумотҳо ин бригада дар Матабелерэнд аз 50 то 100 ҳазор нафарро кушт. Баъдҳо Мугабе ба Нкомо иҷозат дод ба ватан баргардад ва ҳар вазифа, ки мехоҳад ишғол намояд. Аммо танҳо ба як шарт: ҳизбаш ба ҳизби ҳоким пайвандад ва дар ҳамин ҳайат фаъолият кунанд. Ҳамин тариқ Зимбабве ба кишвари яккаҳизбӣ табдил ёфт.

Мугабе президенти Зимбабве

Мугабе даст ба ислоҳоти сиёсӣ зад, соли 1987 коститутсияро тағйир дод, мансаби сарвазириро барҳам дод ва худро президент эълон намуд.
Соли 1991 президенти Ҳабашистон (Эфиопия) Менгисту Хайле Мариам баъди як ҷанги шадиди 17-сола аз кишвараш ба Зимбабве фирор кард. Мугабе, ки бо Мариам иртиботҳои дӯстӣ дошт, барои ӯ ва аҳли хонаводааш паногоҳ дод, онҳо, ки ҳатто шаҳрвандони Зимбабве нашуда буданд, соҳиби шиноснома гардиданд. Мугабе талаби ҳукуматдорони нави Эфиопия дар мавриди истирдоди Мариамро рад кард.
Соли 1998 президент дар бораи ислоҳоти нави конститутсия эълон кард, ки тибқи он мақомот метавонистанд замини деҳқононро ройгон ҳам кашида гиранд. Аммо 54,6 дарсади сокинон ба ин тарҳи нави қонун овоз надоданд.
Соли 1998 дар Ҷумҳурии демократии Конго ҷанги навбатии шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Бар зидди ҳукумати Лоран Кабила муттаҳидони пешини вай аз қабилаи тутсиҳо даст ба шӯриш заданд. Дар ин зиддияти дохилии Конго ногузир 8 халқияти африқоӣ ва наздик ба 25 гуруҳи мусаллаҳ кашида шуданд. Мугабе ба ҷонибдорӣ аз Кабила вориди Конго шуд.

«Ҷанги сиёҳу сафед”

Ин саҳифаи таърихи Зимбабве ва ҳам сарварии Мугабе хеле омӯзанда аст. Инсонҳое, ки масъулияти рушди кишвар доранд, набояд даст ба тасмимҳои осемасарона зананд. Вале Роберт Мугабе шояд таҳлил ҳам накард, ки ин иқдом чӣ паёмадҳое хоҳад дошт. Барояш лозим буд Зимбабверо моли сокинони ҳамин кишвар эълон кунад.
Аввали солҳои 2000-ум Анҷумани собиқадорони ҷанги миллӣ-озодихоҳии Зимбабве (ZNLWVA) бо сарварии Ченджераи Хунзви эълон кард, ки агар даъвои молии аъзои анҷуман дар иртибот ба заминдорони сафедпӯст қонеъ карда нашавад, даст ба хунрезӣ хоҳад зад. Моҳи феврали соли 2000 африқоиҳо чандин моликияти сафедпӯстонро забт карданд ва баъдан маълум шудааст, ки дар сари ин ҳама беназмиҳо худи ҳизби ҳоким қарор дорад. Мугабе дар ин айём суханроние кард ва фермерҳои сефедпӯстро “душманони давлат” эълон намуд. Вай аз халқаш даъват кард, ки барои барқарор намудани адолати таърихӣ ба по хезад ва ҳамзамон ваъда кард, ки 1 миллион нафар соҳиби замин хоҳанд шуд.
Барои татбиқи амалии ин барнома ҳукумати Роберт Мугабе 5 миллион гектари замини сафедпӯстонро мусодира кард ва онро ба 500 ҳазор деҳқонони безамин, собиқадорони ҷангҳои солҳои 1970 тақсим намуд. Моҳи майи соли 2002 аллакай 835 ҳазор коргарони кироя, ки дар заминҳои сафедпӯстон кор мекарданд, ба сафи бекорон пайвастанд. Соли 2001 маҳсулнокии саноати ин кишвар 10,1 дар сад поин рафт.
Тобистони соли 2002 Мугабе бахши охирини “ислоҳоти замин”-ро ба анҷом расонд. Вай эълон кард, ки 4000 фермери сафедпӯст, ки асосан кишварро бо маҳсулот таъмин мекарданд, оҷилан мамлакатро тарк кунанд, вагарна онҳоро ҳабси дусола интизор аст. Баъди анҷоми муҳлати дусолаи ҳабс онҳо расман ронда хоҳанд шуд. То моҳи октябри ҳамон сол 90 дарсад фермерҳои сафедпӯст аз тарси ҷонашон аз мамлакат фирор карданд. Сандуқи байналмилалии асъор дастгирии молиии худро аз ҳукумати Зимбабве қатъ кард, Иттиҳодияи Аврупо зидди ҳукумати Мугабе таҳримҳо ҷорӣ кард.
Ислоҳоии замин Зимбабверо ба як кишвари фақир табдил дод. Сармоягузорони ғарбӣ барномаҳои худро таътил карданд. Ҷомеаи ғарб даст аз ҳар гуна ёриҳои молӣ кашид.
Иттиҳодияи Аврупо ба ҳукумати Зимбабве фишори сиёсӣ меорад. 200 нафар соҳибмақомҳои ҳукумати Мугабе аз ҳақи вуруд ба кишварҳои аврупоӣ маҳрум шудаанд. Сармояи 40 ширкати Зимбабве дар Иттиҳодияи Аврупо аз фаъолият боздошта шуд. Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдори истеъфои Мугабе ва роҳандозии интихоботи озоду демократӣ дар ин кишвар буд.
Ҳамзамон бо ин барномаи ислоҳоти замин бахши дигаре дошт, ки тибқи он мебоист ширкатҳои хориҷ дар ин кишвар зери назорати шаҳрвандони сиёҳпӯст фаъолият кунанд ва ин тадбир муҷиби он шуд, ки сармояи хориҷӣ ба якборагӣ коҳиш ёбад.
Мугабе талош кард бо назорати ҳарбӣ мушкилро ҳал кунад, вале ин баръакс мушкилоти дигар ба бор овард. Тибқи маърӯзаи Гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ аз соли 2007 аз 12 миллион сокинони Зимбабве 10 миллион нафар дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. 3 миллион нафар сокинони ин кишвар ба мамолики ҳамсоя фирор кардаанд. Аз сабаби нарасидани сӯзишворӣ, асъори хориҷӣ ва ғизо аз се ду ҳиссаи аҳолии ин кишвар бекор мондаанд ва дар айни замон 80-85 дарсади аҳолӣ бекоранд. Ҳамаи кӯшишҳо барои боздоштани сатҳи таваррум ва болоравии нархҳо бенатиҷа монд. Як доллари амрикоӣ ба 25 миллион доллари зимбабве баробар шуд. Тадриҷан доллари Зимбабве фаъолияти худро қатъ кард ва акнун мардуми ин кишвар бо доллари Амрико муомилоти тиҷоратӣ мекунанд.
Бекорӣ, фақр, афзоиши маргумир бар асари гуруснагӣ сабабгори он шуд, ки тадриҷан сафи норозиён афзоиш ёбад. 26-уми майи соли 2016 дар дуюмин шаҳри калони Зимбабве Булавайо эътирози неруҳои мухолифи давлат истеъфои Роберт Мугаберо талаб кард.

Харобии маҳалҳои фақирон

Ин як саҳифаи дигари тираи таърихи Зимбабве дар замони Роберт Мугабе ба шумор меравад. Аз моҳи июни соли 2005 бо мақсади ободонӣ ва низом дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҳукумат даст ба вайрон кардани маҳалҳои ноободе зад, ки дар он асосан фақирон маскун буданд. Танҳо дар як соли татбиқи ин барнома наздик ба 200 ҳазор нафар бехона шуданд, соли 2007 теъдоди ин афрод ба 2,5 миллион нафар расид. Мухолифон ҳукуматро ба он муттаҳам карданд, ки бо ин васила мехоҳад аз касоне, ки замоне аз мухолифони Мугабе пуштибонӣ мекарданд, қасд гирад. Моҳи июли соли 2007 СММ аз ҳукумати Зимбабве қотеъона талаб кард, ки даст аз ин иқдоми зиддибашарӣ, ки муҷиби бесарпаноҳ мондани аксари мардум мешавад, бардорад. Мугабе муваққатан ин барномаро таътил кард.

Мухолифатҳо дар дохил

Сар аз моҳи декабри соли 2007 баъди конфронси Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Африқо Мугабе бештар зидди Аврупо сангар гирифт. Ҳатто садри аъзами Олмон Ангела Меркелро нажодпараст ва миллигаро номид.
Дар дохили мамлакат бародари насабии вай Ҷеймс Чикерема ба мухолифат бархост. Мухолифони сиёсӣ дар Ҷунбиши демократии Морган Свангираи ва пешвои қабилаи ндеделе Кайси Ндивени муттаҳид шуданд. Сиёсатмадорони маъруфи сиёсӣ ва ходимони шинохтаи давлатии замонҳои пеш ба ин иттиҳод ҳамовоз шуданд.
Соли 1995 мухолифони радикалии Мугабе дар кишвари ҳамсояи он Мозамбик ташкилоти муборизи Chimwenjeро созмон дода буданд. Ин гуруҳ ҳадафи бо роҳи ҳарбӣ сарнагун кардани Роберт Мугаберо дар барномаи амали худ қарор дода буд. Ҳизби мозамбикии мухолифи давлатӣ-РЕНАМО пуштибони ин созмон буд. Аммо соли 1996 Chimwenje бо талоши муштараки неруҳои давлатии Мозамбик ва Зимбабве аз байн бурда шуд. Сарварони он, аз ҷумла Ситоле ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Халқи ман пулемёти ман аст…

Интихоботҳои президентӣ дар Зимбабве ҳар кадом таърихи ҷолиб доранд ва дар ҳамаи онҳо тақаллубе сурат гирифта, дар ҳамаи онҳо созмонҳои байналмилалӣ эътирозҳо кардаанд. Аз ҷумла дар интихоботи соли 2008 низ.
Барои баргузории интихобот лозим омад бори дигар ба констиутсияи кишвараш тағйирот ворид кунад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ вай ҳақ дошт барои худ ҷойнишин интихоб кунад, яъне ба ҷойи вай метавонист каси дигар президент таъин ё интихоб шавад. Ва ин ҷойнишинро парламон, ки аксариятро ҳаводорони ӯ ва афроди вафодор ба вай ташкил медоданд, тасдиқ мекард. Ғайр аз ин тибқи ин тағйирот имкон дошт дар мамлакат интихоботи парламонӣ ва президентӣ ҳамзамон баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол ҳам вай дигар эътимоде ба ҷойнишин накард ва ба қароре омад, ки бори дигар худаш номзад бошад. Ҳукуматдорон исрор карданд, ки дар низоми интихобот тағйирот ҷорӣ шавад ва пулис ҳақи ширкати мустақим дар қитъаҳои овоздиҳӣ дошта бошад. Нозирони ғарбӣ аз ҳақи ширкат дар ин интихобот маҳрум шуданд ва Мугабе ҳам бо шиорҳои зиддиғарбӣ вориди корзори интихоботӣ шуд. Вай мегуфт, Ғарб бар ин андеша аст, ки кишвари ӯро чи гуна дубора ба мустаъмара табдил диҳад. Ва мегуфт: “Халқи ман пулемёти ман аст, Зимбабве дигар ҳаргиз мустаъмара нахоҳад буд”.
Ба сурати умум мухолифонаш ҳамвора ӯро ба нақзи қонунҳои интихоботӣ, зиёдии варақаҳои интихоботӣ ва ғайра муттаҳам мекарданд. Номзад ба раёсати ҷумҳурӣ Морган Свангираи аз мардум хост, то баъди райъ додан ҳам қитъаҳои интихоботиро тарк накунанд. Мугабе бошад таҳдид кард, ки баъди интихобот ҳам агар мухолифон даст ба кадом тазоҳуроте зананд, бераҳмона чораҳо хоҳад дид. 30-юми март дар Зимбабве интихоботи парламонӣ ва президентӣ баргузор шуд, мухолифони давлат аз пирӯзии худ хабар доданд. Вале Мугабе бохташро қабул надошт ва ҳамон соат ин гуна изҳори назар кард: Баъзеҳо эълон кардаанд, ки гӯё мо интихоботро бохтаем. Хайр чи, солҳои 1980, 1985, 1990 низ чунин буд. Мо ба фиреб дода намешавем”.
Мугабе роҳи расидан ба ҳадафро дар баргузории даври дуюм дид ва он баъди се моҳ, 27-уми июни соли 2008 доир шуд. Свангира номзадии худро пас гирифт ва эълон шуд, ки интихобот баргузор гардид ва ба ҷонибдории Роберт Мугабе 85,5 дарсади мардуми кишвар овоз доданд.
Аммо мухолифон сари даъвои худ дар мавриди тақаллубҳои ошкор дар интихобот устувор буданд. Билохира 11 сентябри соли 2008 бо миёнаравии президенти Африқои Ҷанубӣ Табо Мбеки созишномаи таърихии тақсими ҳокимият миёни давлат ва мухолифонаш имзо шуд. Президени Мугабе боқӣ монд ва Морган Свангира сарвазир таъин шуд. Тибқи ҳамин муоҳада мухолифон дар парламон як намоянда аз ҳизби ҳоким бештар хоҳанд дошт.
Интихоботи навбатии президентӣ 28-июли соли 2013 баргузор шуд, ки муддаии асосии курсии раёсати ҷумҳурӣ боз ҳам худи Мугабеи 89-сола буд ва 3-юми август пирӯзии вай расман эълон шуд, тибқи иттилои комиссияи интихоботӣ ба ҷонибдории Мугабе 61 дарсади аҳолии қобили райъ овоз додаанд. Акнун рақамҳо воқеъитар буданд, чун мухолифон имкони назорати райъдиҳиро доштанд. Морган Свангираиро 34 дарсади аҳолӣ ҷонибдорӣ кардааст. Кэтрин Эштон – Комиссари Иттиҳодияи Аврпуо бо пахши баёнияе нуқсонҳои ин интихоботро фош кард ва аз тақаллуби зиёд изҳори нигаронӣ намуд.
11 август Мугабе ба муносибати рӯзи қаҳрамонони миллӣ суханронӣ кард ва айнан чунин гуфт: “Касоне, ки интихоботро бохтанд, метавонанд оянд ва тааҷҷуб кунанд. Ҳатто агар онҳо бимиранд ягон саге намехоҳад ҷасади онҳоро бӯй кашад”. Матбуоти ин кишвар баъдҳо навишт, ки вай асосан Морганро дар назар дошт. Он замон Морган ба Додгоҳи конститутсионии мамлакат шикоят бурда буд. Аммо вай дар тасмимаш таҷдиди назар кард ва 16-уми август шикояташро бозпас гирифт, дар ҳоле, ки рӯзе баъд мебоист додгоҳ онро баррасӣ мекард.

Интиқод аз Ғарб

Дар бораи Мугабе ҳарфҳое, ки бояд гуфта шаванд, зиёданд. Аз ҷумла вай 31 январи соли 2014 ноиби раиси Иттиҳоди Африқо интихоб шуд. 1 апрели соли 2014 вай тасмим гирифт ҳамоиши Иттиҳодияҳои Африқоӣ ва Аврупоиро бойкот кунад. Ҳарчанд Мугабе сабабҳои инро дигаргуна шарҳ медод, вале мегӯянд сабаби аслӣ он буд, ки ба ҳамсараш раводиди шенгенӣ надоданд ва даъватнома ба худи Мугабе низ дер ирсол шуд.
Зимни суханрониаш ба муносибати 34-умин солгарди истиқлолият дар варзишгоҳи Ҳараре Роберт Мугабе ба кишварҳои Аврупо ҳамлаи лафзӣ бурд, ки ба издивоҷи ҳамҷинсгароён роҳ кушодаанд ва гуфт Аврупо набояд ғояҳои ҳамҷинсгароиро ба дигар мамолики олам таҳмил кунад.
Мугабе ҳар иқдоми Иттиҳодияи Аврупо ва умуман мамолики Аврупоро дар қиболи кишвараш ва мамолики Африқо ва ҳатто Русия маҳкум мекард. 9-уми майи соли 2015 вай дар маросими 70-солагии хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Маскав ширкат кард ва дар мулоқоташ бо Владимир Путин Ғарбро барои таҳримҳояш алайҳи Русия маҳкум намуд. 3-юми сентябри ҳамон сол вай дар Пекин дар тантанаҳои пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷанги халқи Чин бо Ҷопон низ ширкат кард.
29 сентябри соли 2015 дар иҷлосияи Ассамблеяи СММ суханронӣ намуд ва бори дигар ғарбро зери тозиёнаи танқид гирифт ва гуфт кишвараш арзишҳои аз берун таҳмилшударо қабул нахоҳад кард.

Табаддулоти соли 2017

Ҳар оғозеро анҷомест, ҳар иқдомеро поёнест. Ниҳоят рӯзгори сарварии Роберт Мугабе низ сар омад. Дар тӯли 37 соли ҳокимияташ ақалан боре ба арзишҳои демократие, ки аз он сухан меронд, пойбанд намонд. Дар ягон интихобот бе тақаллуб сари қудрат намонд, ҳамеша мухолифонашро мефиребид: гоҳ қонуни асосиро тағйир медод ва гоҳи дигар сарашон таҳдид мекард. Дар ин кишвар роҳи дигари халосӣ аз сарварро наёфтанд. Билохира, ӯро бо роҳи ғайриқонунӣ-табаддулоти ҳарбӣ барканор намуданд. Дақиқаву соатҳо ва рӯзҳои аввале, ки ин хабар паҳн шуд, касе ба дифоъи вай ба кӯча нарехт, на вазире эътироз карду на кабире. Онҳое, ки резачинони дастурхонаш буданд, касоне, ки бо нутқҳои тумтароқ ситоишаш мекарданд, суханҳои болохонадор мегуфтанд ва вонамуд месохтанд, ки бе вуҷуди вай нафас намегиранд, хомӯшӣ ихтиёр карданд. Дар ягон расонаи дохиливу хориҷӣ садои эътирози ҷонибдоронашро касе нахондааст.
Ин рӯйдоди таърихӣ барои Зимбабве 14 ноябри соли ҷорӣ, баъди он ки Мугабе ноиби худ Эмерсон Мнангагвуро аз вазифа барканор кард, ба вуқуъ пайваст. Иқдом шӯре дар кишвар ба по хезонд. Эмерсон ягона номзад ба ҷойгузинии Мугабе буд ва миёни мардум ва ҳарбиён ҳам тарафдорони зиёд дошт. Мугабе бо ин кораш аз охирин ҳарифи нерӯмандаш мехост ҷудо шавад ва ҳама роҳҳои расидан ба қудрати сиёсиро барояш масдуд созад. Дар ҳамин ҳол ҳарбиён дастбакор шуданд, роҳҳои асосии убуру мурур ба пойтахтро бастанд, телевизион ва радиёро ба даст оварданд. То 15 ноябр аз сарнавишти Мугабе хабаре набуд. Генерал-майор Сибусисо Мойо ба суолҳо дар ин маврид посух дода буд, ки ин табаддулот нест, балки таҳти назорат гирифтани вазъ аст ва он зидди касоне равона шудааст, ки ҷинояткорона атрофи сарвари давлат тор танидаанд.
18 ноябр эътирозҳои сартосарӣ зидди режими Мугабе доир шуданд ва истеъфои ӯ талаб карда мешуд. Билохира, 21 ноябр Мугабе аз истеъфои худ расман эълон кард. То замоне, ки ин сатрҳо рӯйи коғаз меомаданд, ҷузъиёти ин истеъфо маълум набуд. Маълум набуд, ки шарти рафтан ба истеъфо чӣ буда ва ҳоло ҳукумати Зимбабве дар чӣ ҳол қарор дорад.

Бемории саратони Мугабе

Дар бораи вазъи саломатии Мугабе зиёд гуфта мешуд. Нашрияҳои чопи ин кишвар менавиштанд, ки сарвари мамлакат аз бемории саратон ранҷ мебарад ва ҳамеша дар бемористоне воқеъ дар Сингапур табобат мегирад. «WikiLeaks» ҳам истинодан ба манобеъи худ навишта буд, ки соли 2007 дар Мугабе саратони гулӯ ошкор шуд. Соли 2009 хабар дода буданд, ки Мугабе дар бемористони онкологии Сингапур табобат мешавад. Вале ҳеч як аз ин хабарҳо тасдиқи расмӣ надоштанд. Сарвари Зимбабве бемории худ ва умуман вазъи саломатии худро дар ҳеч суханронӣ ё суҳбаташ матраҳ накардааст.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин борҳо аз сафараш ба Сингапур ва бад шудани вазъи саломатиаш иттилоъ пахш мешуд. Дар чандин маросимҳо ва ҷаласаҳо ширкати фаъол надоштанаш борҳо мавриди гузоришҳои матбуотӣ шуда буд. Ҳатто солгарди 90-уми умрашро дар бемористони касалиҳои саратони Сингапур гузаронд. 30-юми январи соли 2015 Мугабе аз Эфиопия ба ватанаш баргашт ва замоне, ки баъди суханрониаш аз зинаҳои минбар поин мешуд, уфтод ва ӯро ёваронаш бардоштанд. Хадамоти амниятии кишвар аз ҳамаи нашрияҳо талаб карданд, ки акси ин лаҳзаро дар саҳифаҳои худ чоп накунанд. Он рӯз Мугабе пиртарин президенти олам буд. Дар синни 91-солагӣ ба ҳеч ваҷҳ намехост аз мансаб канор равад. Моҳи июни соли 2017 дар гирдиҳамоии шаҳри Чинхои ширкат ва суханронӣ намуд ва гуфт, ки намемирад ва қасд ҳам надорад аз вазифа равад “духтурон аз қуввати скелети” вай дар ҳайратанд…

Ва боз:

Соли 2007 наздик ба 200 нависандаи машҳури олам зидди Мугабе эътироз навиштанд. Аз ҷумла, Ҷон Максвелл Кутзее, Надин Гордимер, Гюнтер Грасс, Ҷон Апдайк, Марио Варгас Лоса, Ҷон Эшбери ва дигарон.
Нависанда Дорис Лессинг дар суханронии нобелии худ вазъи Зимбабве ва президенти онро ба чолиш кашида буд.
Роберт Мугабе ҳамчунин доктори илми ифтихории як қатор донишгоҳҳои олам ба шумор меравад.
Аз 24-уми июли соли 2014 баъди истеъфои нахуствазири вақти давлати яҳудӣ-Шимон Перес солмандтарин сарвари амалкунандаи кишварҳо дар олам дониста мешуд. Аз 13 октябри соли 2016 регенти Тайланд Прем Тинсулан низ чун Мугабе ба унвони куҳансолтарин ҳоким дар Сайёра шинохта шуд.

Таҳияи Ф. Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь