Сари азим

Вай ҷавонмарде буд, ки ҷисми аҷиб дошт, хоса сари аз муқаррар азимтар. Азамати сараш то ҳадде буд, ки баъзе касонро меҳаросонд ва зумрае ҳатто аз ӯ ваҳм мекашиданд.

Касе намедонист, ин сари аз ҷисм калонтар сари одамони дунёи оянда бошад, яъне узви аз ҳама асосии одамони оянда. Ва ин одам ба инсонҳои сайёраҳои дигари фалак низ то ҳадде шабоҳат дошт, ки шояд омехтае буд ба ун ҷойҳо.

Яъне ин ҷавонмард одам буду аз одамон фарқиятҳои ҷиддӣ дошт.

Аммо одамони муқаррарпарасти замона (қарни XI-XII), ки ояндабинии саҳеҳ надоштанд, ҳар чизе ки ба худашон шабеҳ набошад, намепазируфта, хоса аз каллаи азими вай ҳазар мекарда. Ҳарчанд басо илмҳои дунёро ҳамин сари азим фаро гирифта, хосатан математикаву нуҷум, ки вай дар ин пешаҳо беҳамто буд ва дар басо ҷиҳатҳои дигари вобастаи хирад аз одамони давр мегузашт. Ва саҳеҳтарин тақвими дунёро офарида буд, ки то ҳанӯз амсолашро касе офарида натвониста.

Афкораш дар рубоиёташ низ таҷассум меёфт ва маъруфтарин ашъори фалсафӣ ва илмии дунёи оянда гардида буд, яқинтараш ашъоре, ки илму ирфони оламро дар худ ғунҷонида.

Вале одамони давронаш аз ин ақли бузурги каллаи бузург меҳаросида, (зеро афкори ояндаро намефаҳмида ва фаҳмидан ҳам намехоста), аз ин боис барояш зан намедода ва ҳасудонаш ва инчунин мутаассибони шахшуда барои бонуҳо мегуфта, ки гар ба ин каллакалон биомезанд, ҳарду ҷаҳонашон бисӯзад, ки он ҷисм дар асл одам неву шайтон бошад ва боз таъқид мекарда: гар зане бо вай як шавад он гаҳ шайтончаҳои дигар тавлид мекунад мисли ин каллакалон, яъне бо сари аз ин ҳам азимтар ба дунё меоянд фарзандонаш, пас аз он ҳазар бояд.

Хуллас инсонҳо одамкаллаи беҳамторо ба зангирӣ имкон намедода ва билохира, ҳатто хонаҳабсаш карда буданд, яъне бо баҳонае, ки дар пӯсти дасташ танга-танга аҷоиботҳо пайдо мегардад.

Онҳо намедониста дар сурати ин шахс ояндаи зиндагиро хонаҳабс кунанд дар замони худашон.

Ин марди сараш азим, ки бист соли охири умраш варо хонаҳабс медоштанд, Умари Хайём буд, ки ашъораш маҳз ҳамин миллатро машҳури дунё гардонид дар ояндаҳо…

Қарнҳо мегузашту бузургтарин одамони дунё ва ҳатто президенту сарварони азимтарин кишварҳо ашъори ин одамкалларо аз бар мекарда, мехонда, дар суханрониашон мавриди истифода қарор медода, дар пешбурди корҳои давлатдориашон зарур медониста.

Бале чунин шуда.

Вале ин баъди қарнҳое аз даргузашти ӯ рӯй дода.

Ҳикоятҳои дигар низ монда буд доири ӯ ва доири саргузашти ин фард.

 Хурдтарин китоби дунё, ки олам эътирофаш намуд

Писари хаймадӯз ва хаймагар мисли падараш дар нахуст ба ин пеша машғул буд. Ва лақаби хаймадӯзро ҳам гирифт, яъне Хайём ва баробари ин ба хату саводомӯзӣ майли зиёд зоҳир мекард, нубуғаш шукуфо мешуд, баъдан рӯ ба мадрасаи Нишопур биовард, дониши зиёдро фаро гирифт, ба ин ҳама қонеъ нашуда, ба мадориси Самарқанд рафт, донандаи хуби фанҳои дақиқ ва фалсафа гардид, балки фарди фарқкунанда шуд, баъдан дар нуҷум кашфгариҳои зиёд кард, саҳеҳтарин тақвими олам (аз тақвими ҳозир роиҷбуда саҳеҳтар) биофарид, яъне чунин шуд дар расадхонае, ки он ҷо машғули пажӯҳиш буд.

Баробари ин шогирдон ҳам ба воя мерасонд, хосатан дами ба пояи камолот буданаш.

Ва боре, ҳангоми машғулиятҳо, ки дар боғи гули дарахтонаш шукуфо ва муаттару дилкушо идома меёфт, ин фард ба завқ омада, барои яке аз шогирдони писандидааш изҳор намуд:

– Даме ки ман мемирам хокҷоям бари ниҳоле хоҳад шуд ва болои қабри маро баргагулҳои рехтаи шохсорони гулкарда пероҳани ҳарир барин мепӯшонад ва даме ки ту, шогирдам меоӣ ин ҳамаро шоҳид мешавӣ, ҳамчунин ин ҷо касонеро мушоҳида месозӣ, ки китобҳои маро дар даст доранд, онҳоро меомӯзанд, доираш миёни худ баҳсҳои илмӣ меороянд…

Шогирд нобовар ба устодаш, ки басо бардаму неруманд метофт ва зери сари аз муқаррар азимаш басо қавӣ меистод, назар барафканд. Ва ягон нишонаи марг дар андому ҳаракатҳои устодаш намеёфт, устоде ки ҳоло аз маргу пуштагӯри худ сухан мегуфт.

Шогирд ҳайратзада монда буд, зеро одамон мурданашонро пешакӣ надонанд ва хосатан ҳаргиз надонанд куҷо мешавад манзили охираташон, балки онро дигарон муайян мекунанд баъди сари каси фавтида.

Ва шогирд баъдан ба мусофират рафта буду аз миён соле даргузашт.

Чун баргашт, хабар доданд, устодаш Умари Хайём ин оламро кайҳо тарк гуфта ва ба олами дигар пайваста.

Ба суроғи қабри устодаш шуд. Онро дарёфт буд паҳлуи ниҳол. Ниҳоле, ки вақти гул карданаш зеботарин мавҷуд бошад ва ҳоло баргагулҳои рангаву рехтаи он пироҳани муъҷизабор барин гӯрпуштаи устодро печонида. Дар паҳлуи он чанд кас менишаст, китобҳои устодро мутолиа мекард, ба якдигар мефаҳмонд, хуллас атрофи онҳо баҳсҳои илмӣ ороста мешуданд.

Шогирди баргашта тӯлонӣ нишаст паҳлуи гӯрпуштаи устодаш Умари Хайём.

Баъд хесту ба хонаҳои устод ворид гардид, китобҳои зиёди варо варақгардон кард, яъне нигоҳи ҷиддитар ба онҳо бармефиканд.

Дар ҳошияи китобҳо ҷо-ҷо навиштаҳои хосаи устодро мушоҳида кард, ё қайдҳо буда бо хати устод. Дар ҳошияи китоби дигарон низ чунин қайдҳо карда устод бо хати худаш.

Онҳо қайдҳои илмӣ ва ҳамчунин хулосаҳои устод буданд дар шакли мисраъҳои мавзун. Яъне афкори худро ва илҳоми худро вай дар шакли мисраъҳои мавзун ҷамъбаст намуда, дар ҳошия ё поварақ, ё қоғазҳои дигар оварда.

Шогирд, ки аз китобҳои устод муъҷиза мекофт, муъҷизаҳои нави дигар дармеёфт, яъне қайдҳои мавзуни устод, ки онҳо чормисраъгӣ буданд, яъне дар шакли рубоӣ омада. Яъне, хулосаю натиҷа ва афкору фаҳмиши оламу одамро аз ҷониби устод медида шогирд ба чунин шакле.

Ҳарчанд дар зиндагиаш устод ашъори шуарои зиёдро азёд медонист ва барои ҳамсуҳбатону шогирдон иқтибос меовард, вале бармеояд хулосаю натиҷаю ақоиду афкору диди илмӣ ва фалсафии худашро ҳамчунин дар шакли чаҳорпорагӣ ифода карда, яъне дар шакли ашъор. Бале рубоиҳои бо хати устод иншошуда хулоса ва нуқтаву назари хоси худиаш буда доири одаму олам. Хулоса ва нуқтаи назаре буда ба зиндагӣ ва асрору ҳақиқати ҳаёту коинот. Масалан:

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,

Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем,

Ин дойираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,

Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.

Дар чормисраъгиҳо ҷаҳонеро ғунҷондан хоста буд устод.

Ва шогирд ба бозёфту мураттаб кардани рубоиҳои устод гузашт ва дарёфт, пештарҳо низ миқдоре аз онҳоро худи устод дар базму нишасту ғамбарориҳо зикр мекард.

Акнун онҳоро дар як баёз ба ҳам овардан мехост шогирдаш.

Ва рубоиҳои дигари устодро меёфт ҳанӯз аз ҳошия ва бару болои варақкитобҳо:

Як қатраи об буду бо дарё шуд,

Як зарраи хок бо замин якҷо шуд.

Омадшудани ту андар ин олам чист?

Омад, магасе париду нопайдо шуд.

Ва ё:

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ,

В-он кас, гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ.

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ.

Он ҷамъовардаи шогирди ҷӯяндаи дақиқназар китобчаи кӯчаке шуд, ки ба қавле 240 ва ба қавли дигар 420 рубоӣ дошт. Хурдтарин китоби ашъори даврон, ки тақрибан ба 50 саҳифа баробар меомад.

Вале чаро, ки ба паҳноҳои аз ҳама паҳнои олам паҳн гардид ва аз забони хосону омиён ва подшоҳону гадоён зикр мегардид. Яъне ҳар кас бо иқтибоси ин ашъори Хайём фикри мағзашро, дарди дилашро, ё далелу хоҳиши худашро ҷамъбаст мекард, ё таскин меёфт, ё амиқтар ба андеша мерафт.

Хуллас Хайёми мунаҷҷиму олим, ки ҳаргиз даъвои шоирӣ надошт, вале машҳуртарин шоири олам гардид.

Яъне кадом гӯшаи дунё, ки ҳаст Хайём он ҷо бошад, яъне бошад ашъори вай.

Ҳатто аз киштии машҳури «Титаник»-и ғарқшуда, яъне аз говсандуқи оҳанинаш (сейфаш), қатори ҷавоҳири ёфтшуда ягона китоб, ки пайдо шуда, рубоиҳои бо инглисӣ ва фаронсавӣ тарҷумашудаи Хайём буданд.

Мегӯянд, ҳатто баъзе кайҳоннавардон рубоиҳои Хайёмро бо худ гирифтанӣ буданд ҳангоми парвозашон ба ҷониби фалак.

Хуллас, омиёну хосагон ва бузургтарин шоҳону ҳокимон ва сарвазиру президентҳои олам рубоиёти Хайёмро зикр кунанд, ё мисол биоваранд барои тақвияти фикру афкори худ. Ва шахсони аввалини дунё рубоиҳои варо ҳамчун ҳамоҳанги дили худ, ё барои тарғибу таъкиди кору бору сиёсати хештан истифода бубаранд.

Рубоиҳои Хайём чунон машҳур гардида, ки муҳаққиқи илмҳои дақиқ ва мунаҷҷими ҷаҳонэътироф будани варо паси шунаҳи шоириаш мононда. Ҳол он ки вай, яъне мунаҷҷим Умари Хайём дар расадхонае дақиқтарин тақвими дунёро офарида, ки амсолаш то вай набуд ва ҳанӯз дақиқтарин тақвими дунё шуморида мешавад.

Яъне, писари хаймадӯзе, ки дар оғоз ба ин пеша худ ҳам машғул буд, баъдан тахаллуси хаймадӯзиашро ҳам дигар накард, яъне Хайём монд, ҳар рубоии вай хаймаҳои манъавии дунё гардид, ки андарунашон ғановату асрору боигариву розҳои зиёд дорад. Аз боиси ҳамин чормисраъгиҳо вай қатори бузургтарин осори шоирони ҷаҳон бимонд, варо пештози онҳо гардонид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь