“Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худ ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурияти ба ҳисобгирии ҳифзи табиат ва дар ин cоҳаи муҳим муносибатҳои байни давлатӣ бо ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ ибтидо мегирад.

Боиси хушнудист, ки ин сиёсати пешгирифта як қисми асосии сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар пешбурди ин чорабинии сиёсӣ на фaқат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки бо дигар кишварҳо низ ҳамкорӣ менамояд.

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати ташаббускор дар мавриди истифода ва идоракунии захираҳои обӣ шинохта шуда, пешниҳодҳои муҳими марбут ба об ба Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур ва аз ҷониби аксарияти давлатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст, аз ҷумла:

Соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005 – 2015, Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

Ба муҳокимаи оламиён гузоштани масъалаи об аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар он буд, ки зиёда аз 1 миллиард одам дар ҷаҳон аз оби ошомиданӣ маҳруманд. «Вақте, ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашад ва ҳар сол тақрибан 5 миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон мавқеи бетарафиро ишғол намуда наметавонем».

Маълум аст, ки як қисми боришот ба сатҳи замин ба намуди барф ва жола мерезад. Дар қутбҳо, ноҳияҳои назди қутбӣ, кӯҳҳои баланд, ки ҳаво дар тобистон ҳам хунук аст, барф ва жола пурра об намешаванд. Дар натиҷа сол аз сол миқдори зиёди барф ҷамъ мешавад ва оҳиста оҳиста зич шуда, ба ях табдил меёбад. Вобаста ба афканиши нури офтоб ба сатҳи замин, аз сатҳи баҳр ба баландӣ баромадан ба ҳар 100 метр 0,60 ва ба ҳар 1000 метр 60 ҳарорати ҳаво хунук мешавад. Бинобар ин, тахминан дар қаторкӯҳҳои сатҳи замин аз 3500 метр аз сатҳи баҳр баланд баромадан ҳарорати ҳаво аз 00 паст мешавад ва дар қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба сатҳи баҳр баробар мешавад ва дар ин манотиқ шароит барои ҳосил шудани пирях ба вуҷуд меояд.

Пиряхҳои сатҳи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияту мавқеи ҷойгиршавиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: пиряхҳои кӯҳӣ ва материкавӣ.

Пиряхҳои материкавӣ- 99%-и ҳамаи пиряхҳоро дарбар мегиранд, ки онҳо дар қутби Шимол ва қутби Ҷануб ҷойгир шудаанд. Пиряхи калонтарини материкавии ҷаҳон пиряхи Антарктика мебошад, ки 12 млн.км2 масоҳат дорад.

Пиряхҳои кӯҳӣ- 1%-и ҳамаи пиряхҳои ҷаҳонро дарбар мегиранд, ки онҳо дар қаторкӯҳҳое, ки аз 3500 метр баланд мебошанд ба вуҷуд меоянд. Пиряхи калонтарини кӯҳӣ пиряхи Хабборт дар Аляска мебошад, ки 146 км дарозӣ дорад.

Дар замони ҳозира зиёда аз 16 млн км2, яъне қариб 11%-и сатҳи хушкиро пирях пӯшонидааст.

Пиряхҳои Осиёи Миёна дар якчоягӣ 18 000 км2-ро ташкил медихад, ки 60%-и он ба қаламрави Тоҷикистон, 30 % ба қаламрави Қирғизистон ва 10 %-и боқимонда дар Ӯзбекистону Қазоқистон рост меояд.

Дар Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дороии худ – дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо – сарчашмаҳои асосии оби тоза шинохта шудааст, ки аз ин манбаъҳо аз кишвари мо дида, дигар кишварҳои минтақа бештар истифода мебаранд. Аммо бо мақсади беҳдошту нигоҳдории ин манбаъҳо ва тақсимгоҳҳои байналмилалӣ кӯмаку ҳамкорӣ аз ҷониби давлатҳои истифодабарандагони об дида намешавад. Шумораи пиряхҳои Тоҷикистон ба 8492 адад расида дар якчоягӣ 6%-и масохати кишварро ишғол мекунанд.

Дар қатори пиряхҳои Помири марказӣ яхбандии дигари ҷумҳурӣ водии Зарафшон мебошад. Дар водии Зарафшон 1227 пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд. Пиряхҳо яке аз боигарии беҳамтои водии Зарафшон буда, сарчашмаи муҳими дарёи Зарафшон, шохобҳои он ва рӯду кӯлҳои сершуморанд.

Тадқикоти яхшиносон нишон доданд, ки рахи барфӣ дар водии Зарафшон нисбат ба нохияҳои кӯҳии Қавқоз, Олтой, Алп ва ғайра хеле баланд хобидааст.

Қайд кардан ҷолиби диққат аст, ки пиряхҳои калонтарини шарқии водии Зарафшон нисбат ба рахи барфӣ хеле паст воқеъ гаштаанд.

Бузургтарин пиряхҳои водии Зарафшон дар мавзеи ба ҳам пайвастшавии қаторкӯҳҳои Олой, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор, ки онро ағбаи Масчо ё тугуни Куксу меноманд, ҷойгир шудаанд.

Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудаанд. Яхбандии замони ҳозира дар ҳавзаи дарёи Зарафшон чунин тақсим шудааст: дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Туркистон 119 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки масоҳати умумиашон ба 271, 1 километри мураббаъ мерасад. Ин пиряхҳо аз 2800 м паст дучор намешаванд. Бештари онҳо аз 1 то ба 14 километр дарозӣ доранд. Пиряхҳои калонтарини нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон дар қисми шарқ ҷойгир шудаанд: Рама (дарозиаш 8,9 км, майдонаш 22,8 км2, ҳаҷмаш 1,58 км3), Россинҷ (18,3 км2) ва инчунин Водиф, Туро (дарозиаш 3 км, майдонаш 2,2 км2), Самҷон, Лангар, Ярм, Сабағ ва дигарҳо буда, 6-7 километри мураббаъро фаро гирифтаанд.

Кӯҳистони Фон яке аз маҳалҳои яхбандии замони имрӯза буда, дорои 110,6 километри мураббаъ пирях мебошад. Дарозии ин пиряхҳо ба 1-3 километр мерасанд.

Пиряхи Зарафшон 27,3 километр дарозӣ 1,5 то 3 километр паҳнӣ (ба ҳисоби миёна 1,6 км) 200 м ғафсӣ ва 26 километри мукааб ҳаҷм дорад. Нуқтаи баланди пиряхи Зарафшон нисбат ба сатҳи баҳр дар баландии 4900 метр ва нуқтаи пасташ аз сатҳи баҳр дар баландии 2770 метр воқеъ гаштааст. Ҳавзаи пиряхи Зарафшон 297 километри мураббаъ аст. Пиряхи Зарафшон 23 фоизи масоҳати пиряхҳои водии Зарафшонро фаро гирифтааст.

Пиряхҳои калонтарини нишебии шимолу шарқии қаторкӯҳи Ҳисор пиряхи Барзангӣ, Такалӣ, Қумбел ва дигарҳо буда, дар ҳавзаи дарёи Яғноб воқеъ гаштаанд. Ин пиряхҳо 1-3 километр дарозӣ доранд. Калонтарин пиряхҳои шимолу ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор Севрсов, Сомин ва дигарҳо буда, дарозиашон ба 2-3,5 км мерасанд.

Амиқ ва ҳамаҷониба омӯхта шудани пиряхҳо ба мо имконият медиҳанд, ки дар мавридҳои ниҳоят зарур ба онҳо, ба таври сунъӣ фаъолона таъсир расонида, реҷаи онҳоро мувофиқи мақсад тағйир диҳем ва аз онҳо самаранок истифода намоем.

Солҳои охир бинобар дигаргуншавии иқлим дар сайёраи мо ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст ва дар атрофи он чандин сол баҳсу мунозираҳои домандор авҷ гирифтааст. Асоси дигаршавии иқлим ба дахолати антропогенӣ ва ба ҳавои атмосфера беҳад зиёд ворид гаштани газҳои заҳролуд пеш аз ҳама гази карбону метан вобаста мебошад. Беҳад ба фазо сар додани дуоксиди карбон ва ғайра боиси пайдо гардидани «эффекти парникӣ» мешавад, ки дар ин ҳолат роҳи нуфузи гармии нурҳои офтоб ба фазои коинот баста гардад ва дар ниҳоят кор ба афзоиши ҳарорати кураи замин боис мегардад. Суръати баланди истеҳсолоти саноатӣ барои аз меъёри муқаррарӣ барзиёд ба фазо сар додани гази карбону метан сабаб шуда, оқибатҳои он аҳли сайёраро, аз ҷумла, аҳли кишвари моро ба ташвиш овардааст.

Дар 30-соли охир ҳарорати ҳаво дар водиҳо 10 ва дар кӯҳистон 0,50 гарм шудааст. Ин гармшавӣ боиси аз байн рафтани 1000 пиряхи хурду миёна дар Тоҷикистон гардид.

Аз маълумоти сарраёсати Умури обуҳавосанчии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар 50 соли оянда дарозии пиряхи Зарафшон 4-5 км кӯтоҳ майдонаш 25-30 км2 ва ҳачмаш 30-35% кам мешавад. Ин рақамҳо нисбат ба пиряхҳои дигари Тоҷикистон нишондиҳандаи хеле калон аст.

Агар пеши роҳи гармшавии иқлим аз ҳозир гирифта нашавад дар оянда барои аҳли башар проблемаи вазнин бабор меорад.

Мувофиқи тадқиқоти олимон бояд чунин чора андешида шавад, то ки каме ҳам бошад пеши роҳи обшавии пиряхҳоро гирем:

масоҳати ҷангалзорҳо зиёд гардонида шавад; зиёд намудани обанборҳо дар ҷое, ки шароит ҳаст; кам кардани партови корхонаҳои саноатӣ;

насохтани корхонаҳо дар наздикии пиряхҳо;

Пӯшонидани болои пирхҳоро агар шароит бошад бо матоъи сафеди аксдиҳандаи нури офтоб (таҷрибаи Италия)…

Лоиқ Шералӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь