Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид, ҳадафи чоруми стратегии кишвар ҳамчун “Саноатикунонии босуръати кишвар” эълон гардида, таъкид карда шуд, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ бояд таъмин карда шавад. Дар ин замина, тайи чанд соли сипарӣ гардида, дар самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Махсусан, роҳу тариқаҳои расидан ба ин ҳадафро олимони соҳаҳои иқтисодиву техникӣ дар маҷмӯи навиштаҳо ва конфронсу ҳамоишҳои илмии хеш баррасӣ намудаанд. Мо дар ин навишта мехоҳем ҷанбаҳои тафаккурӣ ва зеҳнии ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳем. Зеро ҳеҷ як амали инсонӣ то дар сатҳи шууру тафаккур ҷойгоҳ пайдо нанамояд ва ба ҳайси як унсури ҷаҳонбинии ҳамагонӣ табдил наёбад ва моҳияти он ба дурустӣ дарк нашавад, наметавонад татбиқи амалии хешро пайдо намояд. Ин ҳам пеш аз ҳама ба табиати инсон алоқаманд аст, ки он дорои хирад буда, тавассути он тамоми амалкардҳои хешро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Дар ин ҷо мехоҳам як гузори таърихиро дар рушди инсону ҷомеаи инсонӣ оварам, ки ҳамаи онҳо бозгӯкунандаи саҳми маърифат, дониш ва нерӯи зеҳнии инсон дар ин раванд будаанд.

Дар дарозои мавҷудияти инсон ва ҷомеаи инсонӣ яке аз беҳтарин ва бартарин шеваҳое, ки ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои худ ва дар мубориза барои ҳаёт боқимондани ӯро таъмин намудааст, ин роҳи аз хирад кор гирифтани инсоният ба ҳисоб меравад. Инсон ягона мавҷуди зинда аст, ки на танҳо тавассути ғариза, балки ба воситаи шуурнокии худ тавонистааст муборизоти тулониро ҷиҳати ҳифзи хеш истифода намояд. Агарчӣ дар бомдоди рӯзгори башар ӯ ҳанӯз аз табиат вобаста буд, вале дар даврони рушди баъдии худ, тавонистааст аз табиат бо роҳи на танҳо истеъмоли натуралӣ, балки бо роҳи ба он изофа намудани унсурҳои дигари шинохту бардоши инсонӣ, ашё ва чизҳои моҳиятан навро ба вуҷуд оварад. Ҳанӯз дар замони қабилавӣ, ки инсон дар ҳолати нимаваҳшӣ буд, барои зинда мондани худ аз хирад ё шуур низ кор гирифтааст. Яъне метавон гуфт, ки маҷмӯи низом ва одатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ақлию ахлоқие, ки афрод ва наслҳои мухталиф барои зинда мондан ва ҳамчунин баҳрабардорӣ аз зиндагӣ, ки то ба имрӯз яке аз ҳадафҳои аслии зиндагии инсонӣ аст, дар дарозои мавҷудияташ ба тадриҷ ба дараҷаи имрӯзӣ расидаанд. Ҳатто ҳамон давраеро, ки мо инсонро ваҳшӣ ё барабарӣ мехонем, мебинем  аз аносире кор мегиранд, ки онҳо тариқи нерӯҳои зеҳнии инсон, яъне андеша ва тадбирҷӯӣ анҷом гирифтаанд. Қобили зикр аст, ки аксар аз масоили барои зисти инсон, яъне бароварда кардани ниёзи аввалия дар ҳамон шакли зиндагии нимаваҳшӣ тавассути чораандешии хирадии инсон анҷом гирифтааст ва он чи ба тамаддуни баъдӣ мансуб мешавад ё ба давроне, ки хат ҳамчун яке аз василаҳои интиқоли таҷрибаву дониш ба миён меояд ва минбаъд дониш, таҷриба ва таърихи инсон тариқи хаттӣ навишта мешавад.

Вобаста ба инкишофи зеҳнияти инсон дар заминаи шинохту маърифати воқеӣ кашфиётҳои муҳим ва қонунмандиҳои табииро ошкор сохт. Онҳо ҳамчун як навъи инқилоботе дар таҳаввули тамаддуни башарӣ ба ҳисоб мераванд, ки тавонистаанд тағйироти бунёдиро дар зиндагии инсонӣ ба вуҷуд оваранд.

“Марҳилаи аввали зиндагии инсон марҳилаи шикорчигӣ аст, ки дар ин марҳила инсонҳо тариқаи шикор кардани ҳайвонот чи дар хушкӣ ва чи дар баҳр ғизои хешро ба даст меоварданд ва акнун ин суоле, ки пеш меояд ин аст, ки онҳо аз чи маҳорате истифода менамуданд, то ин ниёзҳоро бароварда созанд. Онҳо бо дасти худ ҳар чиро ки мешуд хурд, аз замин меканданд ва барои анҷоми ин кор аз устухон санг, сангчуб ва ё амсоли ин истифода менамоянд. Ҳамчунин, барои ба даст овардани шикори ҳавонот аз алафҳои гуногунва ҳамчунин аз худи ҳайвонот дон месохтанд, то ҳайвонҳоро шикор кунанд ва аз ин тариқ ниёзи хешро бароварда созанд.

Агар ҳамин амалкардро аз назари мантиқӣ таҳлил намоем ҳарчанд хеле содда ба назар мерасад, вале дар таъмин намудани ниёзи инсонӣ одамони ибтидоӣ низ аз нерӯи зеҳнӣ ё хиради худ кор гирифтаанд.

Марҳилаи дигарро, ки марҳилаи кишварзӣ аст, метавон як марҳилаи болотари рушди тафаккури башар арзёбӣ намуд. Маҳз дар ин марҳила инсон ба тарзи кишт кардан рӯёнидани анвои наботот ва аз ин тариқ бароварда кардани ниёзҳои худ мепардозад. Инсон бо гардишҳое, ки бо табиат рух додан аз замон огоҳӣ пайдо кард ва чун медид, ки парандагон донаҳои зироатҳоро ҷамъ меоваранд ва ҳамчунин занбури асал шаҳди гулҳоро дар баҳорон ҷамъ намуда, онҳоро ба тариқаи худ коркард намуда, дар кандуи асал барои зимистони худ захира месозад ва инсонҳо низ аз гузашти вақт ва таҷриботе аз паррандагону занбурҳо маводи ғизоиро ба захира кардан пардохтанд. Ҳамон донҳо ва тухмҳои алафҳои гирд оварда ва донаи меваҳое, ки онҳоро ҷамъ оварда дар назди бошгоҳҳояшон пошида буданд, сабаб мешавад, ки дар солҳои баъдӣ аз он мавзеъ ҳамон навъи рустанӣ ва ҳамон навъи меваю дарахтон ба рӯиш оғоз кунанд. Огоҳӣ пайдо намудан аз ин раванд сабаби пайдоиши марҳилаи нав  дар тамаддуни инсонӣ яъне кишоварзӣ мегардад. Инсон бо дарки кишоварзӣ ва аз ин тариқ бароварда кардани ниёзҳои худ ором-ором ба зиндагии муқимӣ рӯй меоварад ва маҷбур мешавад ба аҳли кардани иддае аз ҳайвонот шуруъ намояд ва инро ҳам метавон як марҳилаи дигаре дар тамаддуни башар арзёбӣ намуд, ки он тули ҳазорон соли дигар рушд намуда, яке аз муҳимтарин шеваҳои таъмини зиндагӣ инсоният мешавад. Дар кишоварзӣ низ муҳимтарин омиле, ки пешрафти онро таъмин намудааст, ин бардошт ва шинохти дурусти инсоният аз табиат аст, ки он боз бармегардад ба нерӯи зеҳнии инсон.

Пайдоиши хат ва шинохти ҳисоб як марҳилаи дигари муҳими инқилобӣ дар тамаддуни башар ба ҳисоб меравад. Инсон танҳо бо роҳи ба вуҷуд овардани хат ва дарки ҳисоби ашёҳои гирду атроф ва муҳимта аз ҳама кашфи ададҳои натуралӣ тавонист як қадами ҷиддие дар таҳамули худро ба миён оварад. Дар ин замина метавон кашфи оташ кашфи оҳан ва флизро низ як марҳилаи муҳими зиндагии исноният арзёбӣ намояд.

Марҳилаи дигари таҳаввули инсон ба даврони чопи китоб ва ҳамагонӣ кардани дониш марбут аст, ки маҳз аз ин давра бо ҳамагони шудани дониш ва такя ба улуми табиатштносӣ инсон барои бароварда кардани ниёзҳои худ дастгоҳҳо ва мошинолоту фанновариҳоеро ба миён меоварад, ки дараҷаи истеҳсолотро боло бурда, шакли нави беҳтару сареътари истеҳсолот ва бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоиро ба миён меоварад.

Ин давронро метавон маҳилаи ҷомеаи саноатӣ ном бурд ки он 250 солро фаро гирифта, то солҳои 80 уми асри 20 ро дар бар мегирад. Дар ин давра инсоният бо такя ба нерӯи зеҳнӣ тавоинистааст садҳо навъи фанновариҳоро ба миён оварад ва дар заминаи онҳо сатҳу сифати зиндагии инсониро ба маротиб боло барад.

Инқилоби дигаре, ки дар зеҳнияти инсонҳо ба вуҷуд меояд, ин инқилоби илмию техникӣ буда, пеш аз ҳама иртибот мегирад ба дастовардҳои инсонӣ дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки татбиқи онҳо дар ҷомеа тамоми пойгоҳи ҷомеаро тағйир дода, истеҳсолот, равобит, тарзи муносибат, идоракунӣ ва сиёсатро дар ҷаҳон пурра дигаргун намуданд. Ҳоло дар шакли ҷомеаи пасосаноатӣ ҷомеаҳои пешрафтаи ғарбӣ дар марҳилаи болотар қарор гирифта, дигар навъҳои ҷомеаҳои шарқӣ ва қаламрави собиқ Шӯравӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва ташаккулли ин ҷомеа қарор доранд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь