Дуюми ноябр яксаду шашумин солгарди судури эъломияи шум ва нангини Артур Ҷемз Болфур, вазири хориҷаи вақти Англия аст. Матни кӯтоҳе, ки паёмадҳои фоҷиаборе чун ишғоли Фаластин ва шаклгири режими сохта ва опортоиди саҳюнистӣ, қатли оми фаластиниҳо, наслкушии занон ва кӯдакон, ихроҷи сокинони асили Фаластин аз сарзамини падарон ва аҷдодияшон, мусодираи заминҳои ононро ба ҳамроҳ доштааст.
Ин эъломияи шуму наҳс муқаддимаи шаклгирии ғадуди саратонӣ ва номашрӯе дар минтақаи Ғарби Осиё гардида, ки ҳанӯз баъд аз наздик ба ҳаштод сол, оқибатҳои он домангири мардуми минтақа ва Фаластин аст. Саҳюнистҳо бо кӯмаки падархондаҳои англосаксонии худ ва бо такя бар таърихсозӣ ва мазлумнамоӣ, ҷуғрофияи минтақаи Осиёи ғарбиро бо бӯҳрон мувоҷеҳ кардаанд.
Имрӯз, ки бедорӣ ва муқовимати мардуми Фаластин, авҷи бераҳмӣ ва наслкушии саҳюнистҳоро пеши чашми ҷаҳониён қарор додааст, маҷоли муносибе аст, то рӯзи судури эъломияи Болфурро бозхонӣ кунем, то дарозии ранҷу мусибати соли 1948 -ро бештар дарёбем.
Эъломияи Болфур, ҳамдилӣ ва ҳамдардии инглисро бо хостаҳо ва орзуҳои саҳюнизми байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси ба истилоҳ, “ватани миллии саҳюнизм дар Фаластин” эълом медорад. Ин эъломия, ки дар соли 1917 ва дар миёнаи Ҷанги ҷаҳонии аввал мунташир гардид, дар шароите эълом шуд, ки наздик ба бисту як сол то шурӯи Ҷанги ҷаҳонии дуюм ва иддаои наслкушии яҳудиён тавассути олмониҳо фосила дорад ва зоҳиран Бритониё ва рафиқҳои саҳюнистии онон ба хубӣ аз он чи мехост дар ду даҳаи баъд иттифоқ биафтад, иттилоъ ва огоҳии кофӣ доштаанд!
Ҳузури саҳюнистҳо дар сарзамини муқаддас бар ду ривояти сохтаи таърихӣ устувор шудааст. Ривояти нахуст он аст, ки дар китоби муқаддаси яҳудиён ин сарзамин ба онҳо (бихонед саҳюнистҳо) ваъда дода шудааст ва дувумин ривоят ин аст, ки иддаои куштор ва наслкушии яҳудиён тавассути олмониҳо дар аснои Ҷанги ҷаҳонии дувуми милок ва мадди назар онҳо қарор гирифтааст. Ин ду ривоят ва хусусан мавриди дуввум мабное барои гусел доштани сайли бузурге аз яҳудиён ба сӯйи сарзамини Фаластин ва муқаддимае барои ишғол ва вайронии ин сарзамин шуд, ки то кунун низ идома дорад.
Ҷолиб ва ғамангезтар ин ки се сол баъд аз судури эъломияи Болфур ва дар тавофуқоти фотиҳони Ҷанги ҷаҳонии аввал, идораи сарзамини муқаддаси Фаластин ба Биритониё вогузар мешавад ва ваъдаи Болфур ба саҳюнистҳо заминаи амалӣ пайдо мекунад. Содаандешона аст, агар бовар кунем, ки ин мавридҳо сирфан бар мабнои як тасодуф будааст. Сарзамини Фаластин барои ҳазорон соли сокинони аҳли фарҳанг, саноат, зироат ва албатта диёнат доштааст, ки инглисҳо дар эъломияе онро ба саҳюнистҳо мебахшанд. Дар тӯли умри номашрӯи ин режими ишғолгар, опортоид ва кӯдаккуш, давлатҳои ғарбӣ ҳамвора саъйи фаровон дар қалби воқеият ва таъвизи ҷойгоҳи мазлум ва золим доштаанд. Саҳюнистҳо ҳамвора дасти боз дар ҷинояти бемукофот ва бозхост дошта ва ҳар гоҳ садое аз гулӯе ҳақхоҳ дар дифоъ аз Фаластин бархостааст, фарёди яҳудситезӣ сар додаанд.
Ахиран ва пас аз амалиёти Тӯфон ул – Ақсо бори дигар ҳомиён ва доягони режими саҳюнистӣ ба майдон омада, бо алфози пуртумтароқ саъй дар ворунанамоии ҳақиқат ва таҷҳизу ҷуръат додани ин режими сохта доштанд ва доранд. Вазифае, ки пештар бар ӯҳдаи Англис қарор дошт, пас аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дуввум ва қудратгирии Амрико дар низоми байналмилалӣ ба ин кишвар интиқол шуд. Ҳимоятҳои беқайду шарти Амрико ва Инглис аз режими саҳюнистӣ омили аслии шикастҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар ҳақ гирифтани ҳуқуқи фаластиниҳо буда ва ветои 45 қатъномаи ин Шӯро, ки вопасини он ахиран рӯй дод ва тайи он Амрико на танҳо бо ҳар гуна таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мухолифат кард, балки ҳатто ҳозир нашуд ба як қатъномаи башардӯстона раъйи номумкин бидиҳад. Америка дар носозгории ошкор бо иддаоҳои риёкоронаи худ дар хусуси ҳуқуқи башар ба қатъномае, ки барои кушоиши масири кӯмак ба ғайринизомиён дар Ғазза тадвин шуда буд, раъй мухолиф дод, то ҳимояти худ аз ҷиноёти ҷангӣ дар ҳоли иртикоб дар бахши Ғаззаро беш аз пеш намоён созад. Возеҳ аст, ки ин иқдом ҳуҷҷати айнӣ дар пушти по задани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба усули аввалияи инсонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ қабул хоҳад шуд. Нукта дар он аст, ки ин режими сохта алорағми солҳои доягӣ ва кафолати Бритониё ва пас аз он Иёлоти Муттаҳида ба сони тифли номашрӯе аст, ки тавон истодан бар зонувони хешро надорад ва барои тадовуми ҳаёти нангинаш ҳамвора бояд ба танаффуси маснуӣ такягоҳ бошад.
Бешубҳа, оянда аз они Фаластин аст.
Доктор Ҳусейн АМИРАБДУЛОҲИЁН, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон