Анъанаҳои аз ёд рафтаи  Наврӯзӣ

 Наврӯзи диёри ман, хазонат нарасад,

Ҷуз ашки сафои осмонат нарасад.

Дасти пури марди барзгарро бинӣ,

Пойи ками кас ба остонат нарасад.

Рамзҳои Наврӯзӣ таърихи қадима доранд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим зимистон рамзи торикию ҷаҳолат, яъне Аҳриман, Наврӯз рамзи ғалабаи қувваи некӣ, яъне Аҳурамаздо ҳисоб меёфт. Инчунин сафедӣ рамзи нағзию хубию хушнудӣ ва сиёҳӣ рамзи нопокию зиштӣ қарор гирифта буд. Ин фикру ақидаву андеша ҳоло ҳам дар байни мардум ва халқҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон ва як зумра маҳалҳои Кафқоз ҷой дорад.

Беҳуда нест, ки тоҷикон аз давраи Сосониён то имрӯз дар Наврӯз либосҳои сафед мепӯшанд, ба ҳамдигар сафедӣ мепошанд ва хӯрдани таоми солинавиро аз шири гову буз ва қанди сафед шакар сар мекунанд. Дар соли нав ҳар кас кӯшиш мекард, ки ба даст чизи сиёҳ нагирад, ба ҳамдигар меҳрубону ғамхор бошад. Ҳоло ҳам дар бисёр маҳалҳои Тоҷикистон одатҳое боқӣ мондаанд, ки дар онҳо сафедӣ рамзи хубӣ мебошад ва сиёҳӣ рамзи бадӣ аст. Масалан, дар деҳаи кӯҳистони Ғӯйтани шаҳри Панҷакент ва бисёр ҷойҳои деҳаҳои кӯҳистони шаҳр дар рӯзи Наврӯз сардори оила, яъне мард аз ҳавлии худ баромада, чанд сония, дақиқа ё соат пас дари хонаи худро сахт – сахт мекӯбад:

Ҳамсараш пурсон мешавад:

– Кист?

– Манам, – ҷавоб медиҳад мард.

– Чӣ овардӣ? – мепурсад зан.

– Уштур бо қатор – мегӯяд мард.

– Бори уштурат чист? – мепурсад зан.

– Баракати Зарафшону саховати замин, – ҷавоб медиҳад мард.

Мард, ки дохили хона мешавад, зан як каф ордро ба кафи дасти мард мепошад. «Айёми иди баҳори Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!» – мегӯяд мард ва ба аҳли оилааш иди Наврӯзро табрик гуфта, ба онҳо, пеш аз ҳама, саломатии бардам, умри дароз, ризқи фарох, хушбахтӣ ва барои хонадонашон рӯзгори фаровонро таманно менамояд. Баъди ин суханҳо ба хӯрдани хӯроки Наврӯзӣ оғоз мекунанд.

Рӯзи Наврӯз дегҳоро пур карда, аз масолеҳи сафед таом пухта, чанд рӯз пеш аз Наврӯз оташ афрӯхта, аз болои он ҷаҳидан ҳам сабаби хосе дорад. Оташ аз касофату нохушӣ халос шуданро ифода мекард. Дегҳоро бо ният пур карда, сафедӣ мепошанд, ки «пайи қадами» Наврӯз мисли орд сафед бошад.

То ҷашни Наврӯз мардуми деҳаи Ғӯйтан анъанаҳои зиёдро анҷом медиҳанд, ки онро саршавии ид мегӯянд. Барои фол задани сол дар зарфҳои хоса ғалла мекоранд. Ва ҳар чизе, ки ба донагӣ молик бошад. Аз сабзиши онҳо ба нек омадани сол баҳо медиҳанд. Сипас палос, гилеми бобоии хонаву дарро метаконанду мешӯянд. Дар рӯзи Наврӯз хонаҳоро орову покиза мекунанд. Аз хушбӯиҳо мисли сипанду райҳон ва дигар мавод хонаро хушбӯй ва муаттар мегардонанд.

Мардуми деҳот дар шаб ба хотири арвоҳ ва нишони рӯшанӣ ҳафт шамъ мегиронанд. Ҳама ҷоро поку тамиз мекунанд. Баданро пок мешӯянд. Мӯйи сар ба тартиб медароранд, нохун мегиранд ва мӯйсафедон ришу бурутро дуруст мекунанду мӯйи сарро пок метарошанд. Либоси нав ба бар мекунанд. Бачаҳо оббозӣ мекунанд, пироҳани оҳарӣ мепӯшанд. Занони хонаву дардор ду кокул бо чолбанд мебофанд. Духтарони бешавҳар ҷамолак ва чилкокул мебофанд. Сурхиҳо, ғозаҳои маҳаллӣ ба рӯю лабҳо мемоланд, ба чашмҳо равшанак мезананд. Табиат ораз тағйир медиҳад. Дарахтон гулфишон ва замин пироҳани махмалин ба тан мекунад.

Солхӯрдагони деҳа, ки ҳикмати рӯзи навро медонанд, ҷомаю дастор ва миёнбанди нав мебанданд. Дар баҳор одамон ниҳол мешинонанд.

Мошу нахӯду наск, биринҷу ордро барои ғизои идона омода мекунанд. Кулчаю фатир, қалама, суманак мепазанд. Ҳар чи ки дар бисоташон доранд, рӯйи дастархони наврӯзӣ мерезанд.

Наврӯзро иди тифлону наврасон низ мегӯянд. Аз ҳама бештар онҳо шодиву сурур доранд. Ба сар тоқӣ, дар миён камарбанди оҳарӣ мебанданд. Ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бозӣ мекунанд.

Дар деҳаи зебоманзари Ғӯйтан бачагон дар арафаи иди Наврӯз ба бозиҳои чилику даста (чиликбозӣ), ҳойравӣ (бодпеч), лахҷак, гӯсолакашак, чашмбандак, хезубигир, бандкашӣ ва гӯштин машғул мешаванд. Ин замон волейбой, шоҳмот, шашка, футбол, пойга, тенниси рӯйимизӣ ҳам бозӣ мекунанд.

Наврӯз оғози баргузидани ҳамсарон аст, ки Мардгиронаш низ мегуфтанд. Иди дунявист. Дар чанд рӯз писарон худро чун мардони комил муаррифӣ ва духтарон бо чеҳраи зебо, ишваю ноз ва ҳунари гулдӯзию кадбонуӣ ҳунари худро нишон медиҳанд. Бо изою шарми занона дар бозиҳо ва арғунчак ширкат намекунанд.

Бозии маъмул гӯсолакашак аст. Давра меороянд ва калонсолон бачаҳоро дама медиҳанд. Бо расан ё банди дарози ду тарафаш ҳалқадор ду наврасро ҷой мекунанд. Онҳо нимхам ҳарифро ба тарафи худ мекашанд. Касе ҳарифашро аз давра берун баровард, пирӯз мешавад ва соҳиби тӯҳфа ҳам мегардад.

Чиликбозӣ ё чилику даста бозии хеле шавқовар аст. Ду пора чӯб аст, яке ба қадри се ваҷаб ва дигаре як қабзаи нӯгтезанд. Бояд чӯби дарозро дар даст гиранд ва худро ба замин тарзе гузоранд, ки сараш аз замин як андоза баланд бошад. Чӯби дарозро ба он зананд, чун ба ҳаво ҷаҳид, як зарбаи дигар бар он бизананд, то дур биравад. Ҳар қадар дур биравад, беҳтару хубтар аст. Мӯҳра муайян кунанд, гурӯҳе пирӯз шуд, мағлубонро савор шаванд.

Чашмбандак бозии маъмул миёни духтарон ва наврасон аст. Як нафарро муқаррар кунанд ва чашмашро бо рӯймол бибанданд ва дигарон пинҳон шаванд. Пас чашмонашро бикушояд, то ҳар кадомро пайдо кунад ва савор шавад, биёяд то маҳалли муқарраршуда.

Дар ин маврид мушоира, бодпеч ва оро додани хон амали занону духтарон аст.

Бо “Бонги раворав” Мири Наврӯз, ки баргузида шудааст, бо овози хеле баланд “Наврӯз омад”, “Наврӯз омад”, “Наврӯз омад” гуфта, вориди тамошогоҳ мешавад. Мардон ба тухмҷанг ва хушгӯиҳои наврӯзӣ машғуланд. Суруду рақсу тарона бозиро зеб медиҳад. Хуш омадӣ Наврӯзи оламафрӯз. Бо симу зару бағали пурнуру зиёву ҷиҳози атрогин ва хирмани марди деҳқонро бо ғалла моломол бисозад, ба мардумон нишоту шодмониро арзонӣ бидорад, – мегӯянд солхӯрдагони деҳот.

Ҷашни Наврӯз намоиши ҳунару истеъдод, зӯроварию чолокӣ ва паҳлавонист. Солноманигори юнонӣ Ҳеродот мегуфт: Порсиён бояд ба фарзандони худ се ҳунарро биомӯзанд: ростгӯйиву ростқавлӣ, аспдавонию бузкашӣ ва тиркашию тирпарронӣ. Наврасоне, ки аз ин ҳунарҳо бархурдор буданд, марди баркамол дониста мешуданд ва дар камарашон куштӣ мебастанд. Дар баробари аспдавонӣ, човандозӣ, тирпарронӣ, гӯштин аз намунаи беҳтарини таҷассуми ҷавонмардист. Кадбонувон баробари кадхудоёни хона сертараддуд мешаванд. Онҳо либоси Наврӯзӣ ба бар доранд ва дастархони Наврӯзӣ меоранд. Бо табассум меҳмононро рӯйи хона мехонанд, ки аз ҳафт қабат иборат аст. Ҳафт аз қадим барои ориёиён муқаддас буд. Сир, сипанд, шароб, шакар, шоҳ ё шоя (гиёҳи кӯҳӣ) зеби дастархони мардум будаанд.

Дар дастархон ниҳодани тухмҳои рангхӯрда, ки нишони оғози офариниш ва тақвими ҳаёти мавҷудот аст, муҳим буд. Дар аҳди куҳан амирону шоҳон барои шону шавкат тухмро ба зар меандохтанду бо тасвирҳои зариф оро медоданд ва ба ҳамсарони худ армуғони наврӯзӣ мекарданд. Тухмбозӣ аз бозиҳои зебои наврӯзист. Мардон чорво ва паррандагонро ба сабқати наврӯзӣ омода мекарданд. Хурӯсҷанг, кабкҷанг ва қушқорҷанг аз шуғлҳои муҳим буданд.

Дар СММ соли 2009 иди Наврӯзро байналмилалӣ эълон карданд, ки ин ифтихори мардуми тоҷик аст. Дар баробари шахсияти нотакроре чун Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ Наврӯзи ориёӣ оламшумул гардид, ки боиси ифтихор аст.

Дар мавзеи муайян ҳамаи пиру ҷавон ҷамъ меомаданд. Наврӯзро ҷуфтбаророн мегӯянд. Аҷиб аст, ки барзаговро меоранду шохашро равған мекунанд, ки бахосият шавад. Бар сари барзаговҳо тарбузро мекафонанду ба бачаҳо медоданд. Ҳар як оила дар соли нав дастархон ороста, фатири равғанӣ, кулча, мағз, бодом дастархон мекарданду ба хурдсолон қандалот (печак, ҳалво, ширинӣ ва ғайраҳо) тӯҳфа мекарданд. Яке аз мӯйсафедони калони деҳа аввалин шуда барзаговҳоро ба ҷуфт омода карда, барои соли нав орзуҳои нек мекард. Орзу мекард, ки дар соли нав ҳосили зироат фаровон шуда, хамбаҳо пур шаванд. Ҷавонон саф ороста, ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни худ гӯштин мегирифтанд, ба ғолибон тӯҳфаҳо – миёнбанду кулоҳ ва тоқӣ туҳфа менамуданд. Мӯйсафедон байни худ байтбарак мекарданд. Занҳо дар як тарафи наврӯзгоҳ ҷамъ омада, давра ороста, рақсу сурудхониву бозӣ мекарданд. Занҳо дар арафаи иди Наврӯз як моҳ пеш гандумро сабзонида, аз сабзаи гандум суманак мепухтанд. Ҷавонон байни худ сурудхонӣ мекарданд, касоне, ки асп доштанд, бузкашию пойга мекарданд. То ҷойи муайяншуда омада мукофот мегирифтанд. Одамон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, чилику даста бозӣ мекарданд. Рӯзи Иди Наврӯз ҳама ба саҳро баромада, гулҳои бойчечак, лола ва қоқу чида, хусусан, арӯсон сурудхонӣ мекарданд.

Ҷиҳати дигаре, ки дар иди Наврӯз диққати касро ҷалб менамояд, шумора ва сабза мебошад. Дар давраи Сомониён 25 – 30 рӯз пеш аз иди Наврӯз аз хишт сутун сохта, дарунашро бо хок пур карда, сабза мекориданд. 12 сутун рамзи 12 моҳ буд. Сабза рамзи сарсабзии зиндагӣ ба шумор мерафт. Бо ин роҳҳо мардум орзу мекарданд, ки тамоми сол табиат сабзу хуррам ва зебо бошад, ғаму андӯҳ ба хонаашон роҳ наёбад. Одамони деҳаи Ғӯйтани шариф дар иди Наврӯзи оламафрӯз боз маросими зиёдеро ба ҷо меоварданд, ки аксарияти онҳо хусусияти рамзӣ доранд ва ҳаракат мекарданд, ки рӯзи Наврӯз рӯйи зебоиро бинанд. Ақидае буд, ки агар дар рӯзи Наврӯз кас шоду хуррам бошад, тамоми сол ҳамин тавр хоҳад монд. Маросими «Гулгардонӣ» низ ба рамзҳои бисёре алоқаманданд. Шукуфтани гули аввалини наврӯзӣ рамзи эҳёи табиат буда, аз фаро расидани фасли баҳори пурфайз ва Наврӯзи дилафрӯз мужда медиҳад.

Гул агар дар адабиёти хаттӣ ва лафзӣ рамзи меҳрубониву муҳаббат қарор гирифта бошад, дар маросими иди Наврӯз беғамӣ ва тозагист. Одамон ҳангоми ба даст гирифтани гули аввалини баҳори нотакрор «Ту барин беғам шавем», «Ба солу моҳҳои бисёр расам» гуфта орзу мекарданд. Дар маросими «Ҷуфтбаророн», ки ҳоло ҳам дар бисёр маҳалҳои тоҷикон мушоҳида мешавад, рамзҳои аҷоиб маълум буданд.

Тантанаҳои иди Наврӯз намоиши ҳақиқии ҳаёти гуворои мардум, серию пурӣ ва дӯстию рафоқату меҳрубонӣ мебошанд. Дар онҳо бештар он рӯҳияе ҳис карда мешавад, ки меҳнаткашони ноҳияву деҳот комёбиҳои соли гузаштаро як навъ ҷамъбаст мекунанд ва нақшаи соли ҷориашонро андешида, аз пайи иҷрои он мегарданд.

Хуш тозабаҳори гулфишон омадааст,

Наврӯз ба базми ошиқон омадааст.

Бо пироҳани арӯсӣ, бо рақсу суруд,

Шодӣ ба дили пиру ҷавон омадааст.

Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь