ё чаро журналистонро аз рӯйи меъёрҳои худ меомӯзонанд?

Бар назари коршиносон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муборизаи иттилоотии абарқудратҳо дар чанд соли охир бисёр тезутунд идома дорад.

Аз ҷонибе кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, ба ҳар навъе бар муборизаи иттилоотӣ бо кишвари Русия, ки дар минтақа нуфузи бештаре дорад, дастболо шаванд. Аз ин рӯ, онҳо ба воситаи матбуот (радио, телевизион, расона, рӯзнома) нақши ин кишварро дар минтақа коҳиш додан хоста ва дар ин роҳ сармояҳои зиёде низ харҷ мекунанд. Яке аз чунин амалҳо дар кишварҳои минтақа омӯзонидани журналистон дар қолабҳои ба манфиати сиёсии ҷониби худ нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Гарчи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мактабҳои олии журналистӣ фаъолият доранд ва рӯзноманигоронро аз рӯйи меъёрҳои байналмилалии журналистӣ ба воя мерасонанд, аммо бо баҳонаҳои озодии баён, инкишофи матбуоти мустақил, журналистикаи шаҳравандӣ, рушди демократия ва ғайра гӯё меъёрҳои нави журналистиро ба рӯзноманигорон ва расонаҳо меомӯзонанд, ки дар асл пурра ба манфиати онҳо нигаронида мешавад. Онҳо дар ин омӯзишҳо рӯзноманигорон, шореҳони сиёсӣ ва ҳатто коршиносонро ба ҷониби худ кашида, бо ҳавасмандкунӣ ба шакле бар зидди Русия ва муносибати хуби он бо Тоҷикистон муборизаи иттилоотӣ мебаранд.

Дар асл, аксари созмонҳои байналхалқие, ки дар Тоҷикистон ба журналистика кумакрасон мебошанд, ба масъалаи эҷодии журналистӣ алоқаманд набуда ва ба он пайванде ҳам надоранд. Дар ҳоле, ки журналистика бояд дар қолаби эҷод рушд ёфта ва комилан ба он нигаронида шуда бошад. Аммо имрӯзҳо аксари созмонҳои байналхалқӣ ба журналистон дар минтақа ва хусусан дар Тоҷикистон чӣ гуна журналист ҳуқуқи худ ва рӯзномаашро аз ҳукумат муҳофизат карда тавонад ё чӣ гуна ба мақомҳои ҳуқуқӣ истодагарӣ кунад ва ғайраро меомӯзонанд. Ҳамчунин, вақтҳои охир дар бораи ҷинояткорӣ навиштанро низ омӯзонидани журналистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ зиёд мушоҳида мешавад. Яъне, онҳо журналистро ба манфиати худ истифода бурдан мехоҳанд.

Дар ин бора Фирдавси Низом, номзади илмҳои филологӣ, рӯзноманигор, бар чунин назар аст: «Имрӯзҳо ба ВАО-и кишвар агар нигоҳ кунед, гӯё мавзуи аз ҳама шавқовартарин дар мавзуи мубориза ба муқобили ҷинояткорист. Дар ин ҳолат фикри журналист дар он мешавад, ки кай дар куҷое ҷинояте шавад, то ӯ дар бораи он бинависад. Омӯзонидани ҳамин гуна мавзуъҳо вақтҳои охир аз ҷониби  ташкилотҳои байналмилалӣ зиёд ба чашм мехӯрад».

Рӯзноманигорони мухолифи Русия

Дар ин асно, чанде пеш дар Қазоқистон мутахассисони ғарбӣ ва рӯзноманигорони мухолифи Русия ба ҳамкасбони Осиёи Марказӣ дар бораи фаъолиятҳои иттилоотии тахрибкорӣ таълим доданд ва ҳатто дар асоси он  рӯзноманигорон ва коршиносонро дастгирӣ намуданд. Яъне онҳо бо мақсади мухолифат бо Русия дар Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш доранд.

Аз ин рӯ, кишварҳои ғарбӣ бо истифода аз васоити ахбори омма рӯзноманигорон ва шореҳони сиёсии таҳти назораташ дар Тоҷикистонро ба рӯзи мабодо омода мекунад ва ҳар гоҳ, ки лозим омад, аз онҳо истифода бурда, амнияти Тоҷикистонро халалдор месозад. Тоҷикистон хуб дар хотир дорад, ки нооромӣ ба чӣ табдил ёфта метавонад, яъне ба такрори даҳшатҳои муқовимати шаҳрвандӣ, мисли солҳои 90-уми асри гузашта. Дар солҳои 90-уми асри гузашта низ журналистоне буданд, ки ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған рехта ва доманаи ҷангро васеъ мекарданд. Ҳатто чандин маротиба аз ҷониби расонаҳои ғарбгаро ба раванди музокираи миллӣ халалҳо ворид шуда буд, ки хушбахтона пеши онҳо гирифта шуд.

Русиябадбинӣ

Бисёре аз расонаҳои ғарбгаро бар асоси муборизаи иттилоотӣ бо Русия муносибати хубу таърихии Тоҷикистон бо Русияро халалдор месозанд ва дар натиҷа хонандаи оддиро ба далоили бофтаи худ муътақид мекунонанд. Бар назари коршиносони масоили сиёсӣ имрӯзҳо дар ВАО-и Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пуштибонӣ мешаванд, чунин маводҳо зиёд ба чашм мехӯранд. Дар ин бора устоди факултаи журналистикаи ДМТ, журналист ва муҳаққиқ Қироншоҳ Шарифзода бар чунин назар аст:

«Мавқеъгирии гуногун, ҷой доштани назарҳои мухталиф дар маводи интишорӣ, бахусус табсира ва мақолаҳои таҳлилии сиёсӣ тақозои озодии баён ва матбуот мебошад. Ин гуна матолиб бар асоси факту далелҳои воқеӣ нигошта шуда, даъвати ошкорои ҳисси бадбинӣ нисбат ба кишваре, давлате, халқеву миллатеро надошта бошад, хонанда, шунаванда ва бинандаи ҳушманд хулосаи дуруст мебарорад. Вале агар мавзуъ дар руҳияи бадбинии кишвари мушаххас орӣ аз далоили мушаххас иншо гардида бошад, донед, ки он аз ранҷишу ғарази шахсӣ ва ё супориши иҷтимоӣ маншаъ баргирифта аст ва албатта, ба афкори умум таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин гуна ҳолатҳо мавқеъи солим ва андешаи созандаи соҳибрасона ва муҳаррирони он нақши муҳим мебозад.

Дар ин росто ғараз муносибати Тоҷикистону Русия бошад, дар ВАО пайдошавии матолибе бо эҳсоси Русиябадбинӣ ва ё зери суол гузоштани ояндаи робитаву муносибатҳои воқеан шарикони стратегӣ, танҳо ва танҳо ба зарари Тоҷикистон меанҷомад”.

“Ғуломӣ”, ё ободӣ?

Таҳлилгарони миллигаро бар ин назаранд, ки Тоҷикистон равобиташ бо Русияро бояд инкишоф диҳад ва аз ҳама ҳамкориҳои наздиктар бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истиқбол гирад. Зеро вақтҳои охир расонаҳои ғарбгаро мавзӯи пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди мазкур ба гунае баррасӣ мекунанд, ки гӯё он ба манфиати Тоҷикистон нигаронида нашуда бошад ва ба ибораи худ узвияти ҳар кишварро дар он ҳамчун “ғулом” арзёбӣ мекунанд. Ин амали онҳо аз рӯйи ғараз ба вуҷуд омада ва мехоҳанд, ки равобити хуби Тоҷикистонро бо Русия халалдор созанд.

Бояд гуфт, бо ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Иттиҳод бисёре аз мушкилиҳои кишвар ҳал шуда ва барои ояндаи рушд қадамҳои устувор гузошта мешавад. Бар хилофи таблиғоти расонаҳои ғарбгаро пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё танҳо ба ободии Тоҷикистон аст, на ба “ғулом” шудани он.

Кумакҳои “беғараз”

“ИМА низ чун дигар абарқудратҳои ҷаҳон аз оғози истиқлоли ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳадафи эълондоштааш – мусоидат ба истиқрор ва рушди демократия, ҳамасола маблағҳои муайян ҷудо менамояд ва тавре огоҳем, он маблағҳо ба самту соҳаҳои гуногун, аз дастгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ то ба рушди деҳоту маориф ва ҳифзи сарҳад равона мегарданд.

Тоҷикистон бегумон, аз кумакҳои ройгон, чун аз маблағҳои қарзии хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, рӯй тофта наметавонад. Ҳангоми истифода аз маблағҳои пешниҳодшуда ба ҳадафи аслии “кумакҳои беғараз” сарфаҳм рафтан, онҳоро бо дарки манфиатҳои миллӣ ва эмин доштани обрӯи шарикони ҳампаймон сарф кардан муҳим аст” – мегӯяд Қироншоҳ Шарифзода.

Ғуломи дастнигар

Имрӯз дар байни ҷанги иттилоотиву ҷанги воқеӣ журналистикаро на ҳамчун василаи озоди паҳнкунии ақидаҳо қабул доранд, балки ҳамчун ғуломи дастнигари ин ё он гурӯҳи сиёсӣ мепиндоранд ва аз амалкардҳои он истифода бурдан мехоҳанд. Яъне, Аврупо журналистикаро ҳамчун силоҳ истифода бурдан мехоҳад ва озодии аслии журналистикаро талоши аз байн бурдан доранд. Агар журналист ба маънои фаъолияти сиёсӣ кор кунад, онро пропаганда мегӯянд, ки ин пропаганда дар назари онҳо давлатдорӣ аст. Вале агар журналист мустақил набошад ва фикри худро баён карда натавонад ё ба воситаи хабар ё мақола як идеяро таблиғ накунад, пас дигар чӣ вазифа дорад?

Бинобар ин, тамоми кӯшишҳои паст бурдан ё поён андохтани мавқеи журналист, ё аз таваҷҷӯҳи эҷодӣ дур кашидани ӯ танҳо як мақсад дорад, ки онро ба сифати дастнигар истифода бурдан аст, ки фаъолона истифода мебарад.

Далеле барои андеша

Дар масъалаи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон тамоми расонаҳои ғарбгаро (ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Қирғизистон) онро тарзе баррасӣ намуданд, ки ба оташи ҷанг равған рехтанро мемонд. Ин расонаҳо ҳарчи тавонистанд кӯшиш намуданд, ки душманӣ миёни тоҷику қирғизро зиёд кунанд ва дар натиҷа ҷангро аланга дода, минтақаро ба моҷаро кашанд, то ба ин тариқ манфиатҳои худро дар минтақа бар зидди Русия пиёда кунанд. Хусусан ба ин тарз баррасӣ намудани мавзуъ аз ҷониби Қирғизистон зиёдтар мушоҳида мешуд. Аврупо дар ин масъала барои ҳалли масъала ягон сухани ҷиддие нагуфт. Аммо дар ин масъала Тоҷикистон бошад кӯшиш кард, ки халқро бо ҳамдигар наздик биёрад (на иғво андохтаву онҳоро бо ҳам ҷанг андозад). Журналистони боақли Қирғизистону Тоҷикистон низ, ки ба ғарбиён таваҷҷуҳ надоштанд, ба мардум бо оромӣ ин масъаларо фаҳмониданд, то мушкилӣ бо роҳи ғайриҷангӣ ҳал карда шавад.

Бояд гуфт, ки иғво андохтан кори аз ҳама осон аст ва онҳое, ки иғво карданд, аслан блогероне буданд, ки дарсҳои журналистии ғарбиёнро азхуд намуда буданд.

Дар ин росто бояд қайд намуд, ки ҷанги иттилоотӣ ин як васваса аст. Ҷанги иттилоотиро мамлакатҳое бофта баровардаанд, ки худ зӯр ҳастанд ва дигарҳоро ба ҷанг андохта, аз он истифода мекунанд. Дар шароити имрӯзаи вазъи сиёсии ҷаҳон, ки кишварҳои абарқудрат мавқеъҷӯӣ ва худнамоӣ доранд, барои на танҳо журналистика, балки дигар ниҳодҳои давлатию иҷтимоии кишварҳои чун Тоҷикистон, нигоҳ доштани мувозинат осон нест.

“ВАО-и Тоҷикистон бо инъикоси воқеии ҳодисоти рӯз, шарҳу тафсири холисонаи равандҳои зудтағйир метавонанд обрӯю нуфузи худро нигоҳ дошта, аз манфиатҳои миллӣ дифоъ намоянд” – мегӯяд Қироншоҳ Шарифзода.

Шаҳриёри Б.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь