Дар сафи артиши музаффари СССР миллионҳо нафар мусулмонони Шӯравӣ ва дигар халқҳо дар ҷанг буданд ва ғалабаи башариятро аз болои фашизми чингизхонӣ таъмин карданд ва маҳз ҷоннисории миллионҳо сарбози мусулмони шӯравӣ, мисли тоҷику қазоқу озару ӯзбаку қирғизу доғистонӣ ва ғайраҳо буд, ки яҳудӣ тавонист аз асорати Гитлер озод шавад. Аз ҷумла, дар байни аввалин озодкунандагони конслагери Освенсим дар Полша дивизияи савораи тоҷикӣ (шахсан дар ин қатор афсари шӯравӣ Сайидаҳмад Каримови ховалингӣ ширкат доштааст) низ будааст, ки ҳазорон яҳудиро озод намудаанд. Баъд чӣ…? Бо як маслиҳати янкиҳову Сталин (Сталин ба хотири нақшаи бомбаи атомиро гирифтан аз олимони яҳудӣ), инглисҳо ва як Қарори ООН ба ташкили давлати зиёда аз дуюним ҳазор сол вуҷуд надоштаи халқи “баргузида”-и Худованди якто – яҳудиён ба хотири он, ки немисӣ аслан австриягӣ Гитлер замони ҷанг (дар омади гап, бо яроқу аслиҳаву таҷҳизоту озуқаи аз тарафи ширкатҳои миллионерони яҳудӣ бо нархи ҳангуфт ба артиши фашисти фурӯхта) онҳоро куштааст, дар сарзамини мардуми азияткашидаи фаластинӣ давлати ғайриқонунии яҳудиро сохтанд ва зиёда аз 75 сол инҷониб тақрибан 6-7 миллион фаластинии мусулмон берун аз ватани худ овораву сарсон зиндагӣ доранд. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки аскари мусулмону ғолиби ҷанги ҷаҳонии дуввуми ҷаҳон худро ба хотири  созмон додани давлати яҳудии душмани ислом ва талояи кишварҳои бидъатгарои ғарбии насоро қурбон намудааст?! Худи яҳудиён оё оид ба хизмати ҷумҳуриҳои собиқи мусулмонии СССР дар ғалаба бар фашизм медониста бошанд ё не? Фикр мекунам, ки ин мардум як руй надоранд ва он чизе, ки нисбаташон дар Қуръони азимушаън, ҳамчунин, аз забони пайғамбарамон омадааст, дуруст аст. Агар ин мардум эҳтиром мегузоштанд, пеш аз ҳама ба мардуми форсу Эрон ва наҷотбахши онҳо аз дасти фиръавнҳои Миср – Куруши Кабир мегузоштанд! Агар ин мардум арҷ мегузоштанд, ба СССР, ки наҷотбахши онҳо дар асри ХХ буд, мегузоштанд. Инҳо ҳамон мардуме ҳастанд, ки баъди пошхӯрии  кишвари шӯравӣ, янкиву олмониву фарангӣ онҳоро ҳидоят мекарданд ва ба Буши калони соли 1991 мегуфтанд, ки ҷаҳон бе СССР шуд ва шодӣ мекарданду такрор мекарданд: “Бархезу ҷилваи роҳбарии якумраю ягонаи ҷаҳонро ба даст гир, ҷаноби Буш!” Дар андешаи он набуданд, ки халқи шӯравӣ ва миллионҳо сарбози шаҳидшудаи он, онҳоро аз Адолф Гитлер наҷот дода буданд. Ба андешаи банда, суханҳои Қуръон нисбати ин халқ сахт дуруст аст ва ин миллатро боз садҳо генотсиди гӯшношунид дар оянда интизор хоҳад буд. Гарчанде мо тарафдори қатли оми ягон халқе нестем ва нахоҳем буд. Зеро тоҷик бузургтарин қатли оми мудҳишро дар таърихи инсоният ҳанӯз 800 сол муқаддам аз ҷониби урдуи Чингизхони хунхор дидааст, ки таърихи башарият ёд надорад. Вале як чиз аҷиб аст, ки ин мардуму Нетаняхаву янкиву олмониву инглису фаронсавиву дигар насоро заррае ақл надоштаанд. Бо ҷаҳони Ислом ва ду миллард аҳолӣ наметавон дер чунин бозӣ кард. Он сиёсати ҷанги сардро бо 14 кишвари сотсиалистии аврупоию  аҳолии ками он наметавон бо ду миллиард мусулмон қиёс кард. Бозӣ кардан ба хотири сиёсат рондану сармояи ҳангуфт ҷамъ овардан аз ҷониби янкиҳову кишварҳои аврупоӣ оқибати хуб нахоҳад дошт ва он мисли пошхӯрии шӯравӣ ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд. Як чиз мусаллам аст, ки дар ин ҷанги булаҷаб яҳудиёни «доно» аз як бузаке беш нестанд (чи тавре ки русҳо мегӯянд, «козёл отпущений») ва онҳо худ қурбонии дасисаҳои абарқудратҳо ва хосатан, англосаксониҳо қарор гирифтаанд, на чизи дигар. Олами сармояи империалистӣ ба хотири сармоя ва маишати худ ба ҳама чизу амалҳои разилона қодир аст. Худованд мардуми мусулмону башариятро аз ин аъмоли «набераҳо»-и ҳазрати Одам дар паноҳаш нигаҳ дорад.

Беҳтарин аъмол барои мардуми ҷаҳон ин сулҳу ваҳдат аст ва аз он неъмати бузургтаре дар ҷаҳон нахоҳад буд. Достоевский як сухани арзишманде дорад: «Тамоми дороии ҷаҳон ба як қатра ашки як тифл намеарзад!» Аз ин рӯ, бояд мардум дар замони ҷаҳонишавӣ аз аспи ҷаҳл фароянду дар андешаи ободию созандагии сайёраи Замин, Модар-Ватани мо, ба гуфти устоди зиндаёд, Мӯъмин Қаноат бошанд, на чизи дигар!

Варқаи ЗАЙНИДДИН, шаҳри Бохтар!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь