5 кишваре, ки метавонанд зери об монанд

Обшавии пиряхҳо ва васеъшавии ҳароратии об яке аз даҳшатовартарин таъсири гармшавии глобалӣ дар сайёра дар сад соли охир аст. Баланд шудани сатҳи баҳр дар заминаи тағирёбии иқлим метавонад боиси комилан аз байн рафтани як қатор давлатҳо гардад. Баъзеи онҳо муддати тӯлонӣ бонги изтироб мезананд ва метарсанд, ки ба тақдири Атлантидаи афсонавӣ шарик мешаванд.

ТУВАЛУ

Тувалу як давлати хурди иборат аз панҷ атолл ва чаҳор ҷазира аст, ки дар Уқёнуси Ором дар масофаи 50 – 100 км аз ҳамдигар парокандаанд.  Дар ин ҷо ҳамагӣ 8 километр роҳ, фурудгоҳи хурд ва на кам аз 12 ҳазор нафар одамон асосан ба парвариши хурмоҳои кокос ва моҳидорӣ машғуланд. Бо вуҷуди ин, маҳз ҳамин одамон ният доранд, ки аввалин шуда бо интиқоли маълумот дар бораи фарҳанг ва арзишҳои табиии давлат ба “абр” “версияи рақамии кишвари худ” эҷод кунанд.

Ин аввалин кӯшиши тувалиҳо барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти худ нест.  Як сол пеш вазири корҳои хориҷӣ Саймон Коффӣ паёми видеоие бо номи “Мо ғарқ мешавем” барои иштирокчиёни Конфронси СММ оид ба тағирёбии иқлим дар Глазго (COP26) сабт карда буд

Сокинони ҷазираҳо, ки аз сатҳи баҳри атроф на бештар аз 5 метр баланд зиндагӣ мекунанд, аз ояндаи худ сахт метарсанд. Тувалу ҳатто бо Австралия, Зеландияи Нав, Фиҷӣ ва дигар кишварҳо барномаҳои гуногуни расмӣ дорад, ки тавассути он метавон барои кӯчонидани сокинон мусоидат кард.

КИРИБАТИ

Саволҳо дар бораи эҳтимоли кӯчонидани сокинон дар Кирибати, ҷумҳурии ҷазираи Уқёнуси Ором, ки асосан аз атоллҳои марҷон, ки ҳамагӣ 3 метр аз сатҳи баҳр баланд зиндагӣ мекунанд, матраҳ мешаванд. Ҳар сол сатҳи об дар ин ҷазираҳо 1,2 см зиёд мешавад, ки тақрибан чор метрро ташкил медиҳад ва он нисбат ба дараҷаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёд аст.

Як қатор иқлимшиносон ба ин назаранд, ки агар сатҳи уқёнус беш аз 1 метр боло равад, Кирибати метавонад дар давоми 40-50 сол ғарқ шавад.

ВАНУАТУ

Сокинони як давлати дигари ҳавзаи уқёнуси Ором, ки таҳти хатари ғарқшавӣ қарор доранд Вануату мебошад. Ин давлат бо фарқияти васеъ дар феҳристи кишварҳои хатарноктарин барои аҳолӣ қарор дорад. Мисол, ба тӯфони тропикии Пам нигаред, ки дар баҳори соли 2015 ба ҷазираҳо бо суръати тақрибан 300 км/соат вазида буд.

Бо вуҷуди ин, унсурҳои мавсимӣ барои сокинони маҳаллӣ хатари ягона нестанд.  Бар асари гармшавии глобалӣ, моҳи майи соли 2022 парлумони Вануату дар бораи ҳолати фавқулоддаи иқлимӣ дар кишвар, ки дар обҳои уқёнус таҳдиди нобудшавӣ дорад, қатънома қабул кард.

Ба гуфтаи олимон, то соли 2030 ҳарорати миёнаи архипелаг ҳамасола як дараҷа боло хоҳад рафт, ки ин боиси хеле баланд шудани сатҳи баҳр дар охири даҳсола мешавад.

Агар пешгӯӣ амалӣ гардад, он гоҳ манотиқи зистро комилан зери об монда, танҳо нишебиҳои беҷони вулқонҳо аз сатҳи об берун мемонанд.

МАЛДИВ

Як макони машҳури курортӣ дар уқёнуси Ҳинд низ яке аз давлатҳои “пасттарин” дар рӯи замин аст – то 80% қаламрави Малдив ҳамагӣ 1 м аз сатҳи баҳр баланд умр ба сар мебаранд.

Ҳатто дар миёнаҳои солҳои 2000-ум, коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки то соли 2100 сатҳи об дар архипелаг 60 см боло меравад ва он боиси обхезии пурраи дусад ҷазира хоҳад буд.

ГОЛЛАНДИЯ

Эҳтимол таҷрибаи бузургтарини муқовимат ба обхезӣ дар Нидерландия аст. Он кишварест, ки қисми зиёдаш аз сатҳи баҳр поёнтар ҷойгир аст. Ҳанӯз дар замонҳои қадим одамон ба рехтани теппаҳои сунъӣ (терпҳо) барои истиқомати минбаъда шурӯъ карда буданд ва дар асрҳои миёна аввалин корҳо оид ба сохтани иншоотҳои гуногун оғоз ёфт, ки ба воридшавии об ба «заминҳои поёнӣ» монеъ мешуданд.

То соли 2100, вақте ки сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ 65-130 см боло меравад, анҷоми корҳои зиёде дар назар аст, ки барои ин ҳар сол аз хазинаи кишвар то 1 миллиард евро ҷудо карда мешавад.

ТАМОМИ ШАҲРҲОИ МЕГА МЕТАВОНАНД ТАГИ ОБ МОНАНД

Шаҳрҳои азими дорои шумораи зиёди аҳолӣ низ зери хатари обхезии қисман ё пурра қарор доранд.  Масалан, соли 2014 мақомоти Индонезия ба таври ҷиддӣ ба тарҳи кӯчонидани пойтахт аз Ҷакарта, ки беш аз 10 миллион аҳолӣ дорад, ба шаҳри сунъии Нусантара, ки бояд дар ҷазираи Калимантан бунёд шавад, оғоз карданд.

Ин иқдом на танҳо аз ҳад зиёд серодам ва банд будани инфрасохтори метрополия аст, балки он Ҷакартаро аз сабаби деформатсияи васеъмиқёси хок дар як шабонарӯз тақрибан 5-10 см зери об мемонад, дар худ ҷой додааст.

Агар ин раванд идома ёбад, пас дар давоми ду даҳсола тақрибан нисфи кӯчаҳои шаҳр зери об мемонад.

тарҷумаи ДИЛНОЗА Ҳукматуллоева, аз сомонаи pogoda.mail.ru

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь