Ангезаи баргузории нишасти имрӯзаамон, номаи Сафирамон дар Ҷумҳурии арабии Миср ҷаноби Хусрав Нозирӣ гардид. Сафири муҳтарам дар номае ба унвони вазири корҳои хориҷии ҶТ ҷаноби Сироҷиддин Аслов мулоҳизаҳояшро дар бораи натиҷаҳои Дувумин Конференсияи байналмилалии «Саҳми сарзамини Мовароуннаҳр дар ғанисозии тамаддуни исломӣ» (3 апрели 2016) баён карда, аз ҷумла таъкид ба як нукта намудааст, ки «ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ ва арзёбии мансубияти бузургони варорӯдӣ донишмандон ва пажӯҳишгарони араб ҳарчи бештар ба омили сарзамин такя мекунанд. Бинобар ин, Берунӣ, Хоразмӣ, Ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Тафтозонӣ, Саккокӣ, Наҷмиддини Кубро, Абдуллоҳи Насафӣ, имомон Бухорӣ, Замахшарӣ, Тирмизӣ, Мотуридӣ, Қаффоли Шошӣ ва даҳҳо донишманди дигари номдор, азбаски дар сарзаминҳое ба дунё омаданд, ки ҳоло ҷузви қаламрави Ӯзбекистон мебошанд, ғолибан олимони бузурги он кишвар номида мешаванд. Бинобар меъёри мазкур, Абӯнасри Форобӣ низ ҷадди қазоқҳо номида мешаванд». Ва ҳамзамон Сафири муҳтарами Тоҷикистон изҳори нигаронӣ аз он кардааст, ки «ба ин гуна арзёбии ғайриилмӣ фаъолияти густурдаи доираҳои илмӣ ва ҳукуматии кишварҳои мазкур дар арсаи байналмилалӣ низ бисёр мусоидат мекунанд». Манзури Сафир аз таъбири «кишварҳои мазкур», тавре ки аз ҷумлаи баъдии номааш маълум мешавад, кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Ӯ бар он ақидааст, ки «будани марказҳои фарҳангии Миср дар Тошканд ва Остона низ ба осиёби кишварҳои ҳамсоя об мерезад».

Бо изҳори қаноатмандӣ аз он ки дар хадамоти дипломатии тоҷик сафирони миллатдӯст ва ватанпарасте мисли ҷаноби Хусрав Нозирӣ пайдо шудаанд, ба маълумоти ҳозирони гиромӣ расониданиям, ки ҳодисаи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, аз он ҷумла меъморӣ ва мусиқии мо, тоҷикон ва гузаштагонамон, ба қавму халқҳои дигар, кишварҳои дигар дар рӯзҳои мо сар нашудааст. Ин ҳодисаи номатлуб пешинаи дерина дорад. Барои равшан шудани моҳияти масъала мо бо иҷозаи шумо мо як нигоҳи кутоҳ танҳо ба пасманзари ин ҳодиса ба таърихи наздикамон дар замони Шӯравӣ мекунем.

Вале пеш аз он ки ба баёни асли мақсади баҳсамон оғоз намоем, ба сабаби он ки ин ҳодиса ё падида, яъне нисбат додани арзишҳои миллии як халқ ба халқи дигар, кишвари дигар, минтақаи дигар то имрӯз дар илми муосир мафҳум ва истилоҳи хоси худ ва муносиби худро надорад, агар аҳли назар мувофиқат кунанд, онро ба чанд далел «интисоб» бигӯем.

Аввало, барои он ки дар фарҳангҳои барои мову шумо маълум, мисли «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷ.1. – С.485) ва «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (Персидско-русский словарь) (ҷ. 1.-С. 130) маънои луғавии ин калима мутаносибан «нисбат доштан; нисбат; алоқа; хешӣ» ва «отношение, связь; принадлежность » омадааст ва ба муҳтавои падидаи мазкур мувофиқ мебошад. Сониян, истилоҳи «интисоб (муродифи русиаш атрибутсия)» дар адабиётшиносии муосир корхӯрда аст. Фақат мо бояд онро дар назар гирем, ки истилоҳи мазкур то имрӯз маъмулан барои ифодаи падидаи «муқаррар намудани муаллифии асарҳое, ки муаллифашон номаълум ва ё мустаор аст, ҳамчунин дар мавридҳои сохтакориҳои адабӣ» (Словарь литературоведческих терминов, Москва, 1974. – С.23) ба кор мерафт. Ба он, ба назарам, бори маънии мафҳуми нисбат додани арзишҳои миллии ин ва ё он миллат ва сарзамин ба миллат ва сарзамини дигарро низ афзудан мумкин аст.

Ба мушоҳидаҳои камина интисоби арзишҳои мииллӣ (адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ) дар даврони Шӯравӣ ҳамзамон бо тақсимоти ҳудудҳои миллӣ ё табартақсим дар солҳои 20-30 асри гузашта сар шуда буд. Дар натиҷа хеле ва хеле аз арзишҳои миллии мо дар ҳудудҳои сиёсию маъмурии халқҳову кишварҳои ҳамсоя монданд. Ин раванд баъдтар дар давраҳои дигар низ идома ёфт. Ва дар солҳои 90, ки дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз он ин кишварҳо соҳиби истиқлоли сиёсӣ шуданд, алалхусус дар рӯзҳои мо, раванди интисоби арзишҳои миллии мо аз тарафи миллату кишварҳои дигар то рафт бештар авҷ гирифтааст.

Агар дар замони Шӯравӣ як таносубе ва тавозуни қарордодие, ки дар байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ риоя мешуд, ҳоло ҳеч кишваре ва миллате метавон гуфт, ки онро аслан ба эътибор намегиранд. Ҳар мерос ва ҳар минтақаву маҳаллеро, ки дилашон мехоҳад ё аз они худ эълон мекунанд ва ё бо зӯрӣ кашида мегиранд.

Ҳодисаи номатлуби интисоби арзишҳои миллӣ сабабҳои зиёде дорад. Аммо сабаби асосииаш, ба назари мо, дар он аст, ки то ҳол меъёрҳои усулӣ ва илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ё он миллат ва кишвар муайян нашудаанд ва умумӣ нагардидаанд ва барои ҳамин ҳам риояташонро зарур намешуморанд ва ё огоҳона ва ё ноогоҳона аз онҳо сарфи назар мекунанд.

Меъёри дар замина имрӯз маъмул ҳамон меъёри ҳудудӣ, аниқтараш меъёри ҳудудиву маъмурии сиёсӣ мебошад, ки ғайриилмист ва ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро, тавре ки ба ҳамаи ҳозирони гиромӣ маълум аст, ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва сиёсии имрӯза ғолибан ба ҳудудҳои воқеъии таърихӣ, ба ҳудудҳое, ки қавму миллатҳо дар онҳо то ҳол зиндагӣ доранд, мувофиқат намекунанд. Тарафдорони меъёри ҳудудиву маъмурии сиёсӣ, аз қабили Леонид Левитин, муаллифи навиштаҷоте бо номи «Ӯзбекистон дар гардишгоҳи таърих. Ёддоштҳои интиқодии тарафдори президент Ислом Каримов» (Москва, 2001) аз эътирофи ин ҳақиқати таърихӣ сахт меҳаросанд ва дар навиштаҷоташон бо ҳар баҳонае кӯшиш менамоянд, ки аз он сарфи назар ва ё инкор бикунанд.

Солҳои 60-уми асри гузашта дар Туркманистон маҷмӯае ба чоп расида буд, ки «Туркман шахирлари» ном дошт ва дар он ҳамаи шоироне, ки дар гузашта дар Марв (ҳоло Мари) зоида шудаанд ва ё фаъолият намудаанд, ба халқи туркман нисбат дода буданд, маслан Кисоии Марвазӣ, Иммораи Марвазӣ, Абулаббоси Марвазӣ ва дигаронро. Ҳол он ки Марв дар асрҳои миёна яке аз марказҳои асосии сиёсӣ, адабӣ, илмӣ, фарҳангии тоҷикон буд ва сокинонаш ҳам асосан тоҷикон ва эронитаборон буданд. Аз мақолаи арзишманди узви пайвастаи АИ ҶТ Кароматулло Олимов «Абӯсаид Абулхайр ва мақоми ӯ дар афкори иҷтимоӣ ва ирфонии халқи тоҷик» («Ҷумҳурият», 2016) бармеояд, ки ҳанӯз ҳам дар Туркманистон дар интисоби мероси гузашта меъёри ҳудудиву маъмурии сиёсӣ эътибор дорад. Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ аст, ки навиштааст: «Дар нисбати Абӯсаид Абулхайр… танҳо аз рӯи дар қаламрави имрӯзаи Туркманистон воқеъ будани маҳалли зист ва турбати ӯ «туркман» гуфтан хилофи ҳақиқат хоҳад буд».

Дигар аз меъёрҳои муҳим дар интисоби арзишҳои миллӣ нисбати забонӣ доштани он арзишҳои адабӣ ва илмӣ мебошад. Бузургони илму адаби мо сарфи назар, ки дар куҷо ба дунё омадаанд, дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Шероз, Балх, Исфаҳон, Насаф, Омул, Марв, Хоразм, Нишобур, Ганҷа, Деҳлӣ ва ё ҷойи дигар ба забони форсии дарӣ ё форсии тоҷикӣ эҷод намудаанд ва осори онҳо ба миллати мо, қавмҳои ориёинажод тааллуқ дорад.

Онҳое, ки дар интисоби арзишҳои миллӣ аз меъёри забонӣ сарфи назар менамоянд, одатан далелеро пеш меоранд, ки дар таърихи гузаштаи қавму миллатҳои минтақа ва дунё марҳалаҳое буданд, ки дар онҳо ин ва ё он забон барои миллатҳо ва кишварҳои зиёде забони илму адаб ва ҳунар буд, мисли забони лотинӣ барои юнониён ва мардумони ғарбӣ, забони арабӣ барои мардумони мусулмон ва ғ.

Зимнан, сафири муҳтарамамон душвории асосии исботи «ҳақиқати таърихӣ дар мавриди мансубияти осори фарҳангӣ дар маҳофили илмии байналмилалиро» дар он дидааст, ки номи забони осори адабию илмиамон ба таври гуногун, яъне форсӣ ё тоҷикӣ ном бурда мешавад ва ин чиз «илова бар омили сарзамин монеаи дигаре шудааст». Ӯ бовар бар он дорад, ки «ба гунае дар кишвари мо ниҳодина намудани номи аслии забоне, ки ба он осори фаровони гаронбаҳо дар тӯли садсолаҳо навишта шудааст, ба суди ворисони аслии он мероси ғании адабиву фарҳангӣ хоҳад буд».

Феълан дар бораи пешниҳоди сафирамон чизе гуфтанӣ нестам, аммо дар идомаи баҳси аслиамон зикр карданӣ ҳастам, ки дар таърихи гузашта ва имрӯзаи адабиёти халқҳои дунё ҳодисаҳое ҳам кам нестанд, ки шоирону нависандагони ин ва ё он миллат ба забони миллатҳои дигар асар офаридаанд, мисли Чингиз Айтматов, Олжас Сулейменов, Темур Зулфиқоров, Тимур Пулотов ва дигарон, ки ба русӣ менависанд, вале на худашон ва на мардуми рус онҳоро адибони рус намешуморанд. Ё ин ки нависандагони муосири Алҷазира то ҳол маъмулан ба забони фаронсавӣ таълиф мекунанд, монади Муҳаммад Диб ва дигарон, вале онҳо адиби фаронсавӣ нестанд. «Алқонун»-ро Сино ба арабӣ навиштааст, вале он ба мардуми мо тааллуқ мегирад, на араб. Вобаста ба ин шеъри машҳури зиндаёд устод Лоиқ ба ёд меояд, ки гуфта буд:

Араб гӯянд Синоро гурӯҳе,

Гурӯҳе форс ё тоҷик донанд.

Гурӯҳе ӯзбакаш гӯянду лекин

Агар сад бор осораш бихонанд

Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф

Ҳама муҳтоҷи некӯ тарҷумонанд.

Ҳамин тавр меъёри забонӣ дар интисоби арзишҳои миллӣ бисёр муҳим мебошад, вале, чунонки ошкор гардид ягона ва асосӣ нест.

Пас кадом меъёре ҳаст, ки дар интисоби арзишҳои миллӣ метавон аз он ҳамчун меъёри асосӣ истифода намуд.

Ин меъёр, ба андешаи мо, меъёри маҳсули кадом фазо ё муҳити адабию илмию фарҳангӣ, маҳсули кадом андешаи илмию адабӣ ва фарҳангӣ будани он арзишҳо мебошад. Низомии Ганҷавӣ ва «Хамса»-аш, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва «Маснавии маънавӣ»-аш, Абӯнасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ ва рисолаҳои маъруфашон ҳаргиз маҳсули муҳити туркӣ ва андешаи туркӣ наметавонанд бошанд. Бадриддин Ҳилолӣ бо он ки чағатойиасл буд (бино ба гуфтаи Алишери Навоӣ), шоири форсу тоҷик аст, зеро маҳсули ҳамин муҳит мебошад. Мегӯянд, ки Шаҳиди Балхӣ яҳудиасл буд, аммо ҳеч касе ӯро шоири яҳудӣ нагуфтааст ва гуфта ҳам наметавонад. Пайрав Сулаймонро кӣ метавонад, ки шоири яҳудӣ бигӯяд. Агар чунин хоҳиши беҷо намояд ҳам, ҳақ надорад… Ин гуна мисолҳо дар таърихи адабиёт ва ҳунари қавму миллатҳои дигар низ ба назар мерасанд. Чунончи, рассоми бузурги арманитабори рус Айвазовский, ки дар тасвири манзараҳои баҳру уқёнус маҳорати беҳамто дорад, маҳсули муҳит ва андешаи русӣ аст, на арманӣ. Нависандаи забардасти русӣ Н.В. Гогол агарчи украинтабор мебошад, дар заминаи адабиёт ва фарҳанги русӣ тарбият ёфтааст ва аз ин рӯ, барҳақ, адиби русӣ ба шумор меравад.

Ё ин ки ёдгориҳои ҷовидонии шаҳрҳои Бухорову Самарқанду Хива маҳсули дасту бозӯ ва ақли ҳунармандони тоҷик, эронинажодон мебошанд. Онҳоро ҳаргиз бо он ҳама қудрати сиёсӣ ва низомие, ки Амир Темур ва ё ягон амири турктабору муғултабори дигаре дошт, магар сохта метавонист. На. Аз ин рӯ онҳо мероси миллии мо ҳастанд, агарчи дар ҳамаи муаррифиномаҳои осорхонаҳои Ӯзбекистону Туркманистон навиштаанд, ки ба онҳо нисбат доранд. Таърихшиноси шинохтаи русӣ Б. Ставиский дар тақризаш бо номи «Дар бораи масъалаи ба тарзи нав омӯхтани санъати Осиёи Миёна» дар шумораи 5 маҷаллаи «Искусство» соли 1971 навишта буд, ки дар таълифи таърихи санъати халқҳои Осиёи Миёна «дар доираи сарҳади маъмурии имрӯза маҳдуд шудан» раво нест. Ба назари ин донишманди таърихшиноси русӣ танҳо бо офаридани асарҳои илмии усулӣ ва мунсифона «пеши роҳи кӯшишҳои дар доираи маҳдуди миллӣ шарҳ додани муаммоҳои душвори мероси маданӣ ва бадеии халқҳои Осиёи Миёнаро низ хоҳад гирифт». Зимнан, тарҷумаи ин тақриз дар ҳамон солҳо дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар тарҷумаи камина чоп шуда буд.

Замони шӯравӣ маъмул гардида буд, ки вақте дар кишварҳои ҳамсояи мо аз бузургоне, монанди Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ ва дигарон ном бурданӣ мешуданд, барои пинҳон нигоҳ доштани аслашон онҳоро ҳамчун донишмандони Осиёи Марказӣ эълон мекарданд. Ва бо ин гуфтанӣ мешуданд, ки онҳо ба ҳамаи қавму миллатҳое, ки дар ин ҷумҳуриҳо ҳоло сукунат доранд, тааллуқ доранд. Дар сурате ки воқеъияти таърихӣ дигар аст. Зеро дар асл ин осор тааллуқ ба мардуми муайяне дошта, маҳсули муҳити адабию илмию фарҳангии мушаххасе мебошанд.

Маҳсули фазою муҳити адабию илмӣ ва фарҳангии муайян будан, ба он тааллуқ доштан дар асл маънои онро дорад, ки ин шоир, ё олим, ё ҳунарманд бозтобдиҳандаи андеша, фикр ва ҳувияти миллати мушаххас ва кишвари мушаххас ё минтақаи мушаххас аст. Ва ин омил дар интисоби арзишҳои миллӣ асосӣ мебошад. Темур Зулфиқоров, ки гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки нависандаи тоҷик аст, агарчи ба забони русӣ менависад, дуруст мегӯяд. Зеро на танҳо мавзуъ, мавод, макон ва замони навиштаҳояш, қаҳрамонҳояш тоҷикианд, тафаккурааш низ тоҷикӣ мебошад.

Масъалаи дигареро, ки вобаста ба интисоби арзишҳои миллӣ ба миён гузоштанӣ ҳастем ва даъват мекунем, ки дар ин бора низ мулоҳиза бикунем ва биандешем, интисоби ин ва ё он аризишҳои адабии гузаштаамон ба Эрон ва ё ба Тоҷикистони имрӯза мебошад, ки дар ин замина низ, мутаассифона, сӯъитафоҳумҳо ва ифроту тафрит ҳам дар миёни эрониён дар Эрон ва эронитаборони муқими кишварҳои ғарбӣ, ҳам дар миёни ҳамқавмони мо дар Афғонистон зиёд аст. Қисме аз онҳо, аз қабили Эҳсони Ёршотир, Ҷалоли Матинӣ ва Муҳаммадалии Надушан бар онанд, ки тоҷикон Фирдавсиву Хайёму Саъдию Ҳофизро аз худ кардаанд, ба худ нисбат медиҳанд ва ё ба таъбири устод Акбари Турсон бигӯем, «тоҷикизатсия» кардаанд. Дар навбати худ дар байни аҳли адабу фарҳанг ва илми мо низ нафарҳое ҳастанд, ки адабиёту илму ҳунари моро, аҳли Мовароуннаҳр, Варорӯдро аз равандҳои адабиёту илму ҳунари Форс, ғарби Эрон ҷудо медонанд. Бояд барои онҳо гуфт ва фаҳмонд, ки вижагии мовароуннаҳрӣ доштани адабу илму ҳунари мо, забони мо ҳаргиз далел бар истиқлоли адабӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва забонии мо нест. Адабу илму ҳунари мо дар Замони бостон ва Садаи миёна муштарак буда, дар даврони баъдӣ низ, яъне пас аз қарни ХVI ва ҷудоиҳои марзҳои сиёсию мазҳабӣ ҳам, равандҳои муштараки адабӣ, илмӣ ва ҳунарӣ дошт. Рӯдакиву Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ ба ҳамон андоза, ки барои мо тоҷикон азизанд, ба ҳамон андоза барои эрониён ва афғонистониён низ азизанд. Ва бараъкс, Фирдавсию Ҳофизу Саъдиву Мавлавӣ назди мо ҳамон андоза қадру манзалат доранд, наздики эрониён ва афғонистониён доранд. Аз ин ҷиҳат баҳсе, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва барномаҳои радиоӣ дар бораи он ки «Маснавӣ» ва Мавлоно моли кадом миллат ва кишвар аст, баҳси тунду тез бархостааст ва иддаои онҳое, ки гӯиё танҳо Туркия ва Эрон ҳаққи онро доранд, ки онро ҳамчун моли худ дар ЮНЕСКО ҳамчун мероси миллиашон сабт намояд, маънӣ надорад. Ҳамчунин даъвои масъулон ва маъмурони афғонистонӣ дар бораи он ки чун «Румӣ дар Балхи Афғонистон ба дунё омадааст, на дар Туркия ё Эрон» (Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯи раиси ҷумҳур) ва «мо ба ҳеч кас ва кишваре иҷоза намедиҳем, ки Мавлоно, ифтихори моро дар феҳристи ЮНЕСКО ба номи худ сабт кунад» (Ҳорун Ҳакимӣ, сухангӯи вазорати фарҳанг ва иттилоот) ва бинобар ин ӯ ва осораш танҳо ба Афғонистони кунунӣ ва мардуми он тааллуқ дорад, бебунёд аст.

Иҷозат бидиҳед бо ин чанд мулоҳизаҳои сирф муқаддамотӣ суханамро ба поён расонам. Он чи гуфта шуд танҳо ба хотири он буд, ки баҳонае барои оғози баҳсамон дар бораи масъалаи матраҳгардида шавад. Ва худо кунад, ки дар натиҷаи чунин баҳсҳоямон мову шумо ба ҳадафи аслиамон бирасем, яъне меъёрҳои илмии интисоби арзишҳои миллиро пайдо бикунем ва пас аз пайдо намудани онҳо аз пайи тарғибу ташвиқашон шавем, аз пайи ба аҳли илму адаб ва фарҳанги минтақаву ҷаҳон бирасонем. Зарурат ба таҳқиқи пайгирона ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмию амалии байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳаст. Меъёрҳо ва роҳҳалҳои ёфтаамонро бо аҳли илму адаб ва фарҳанги кишварҳои дигари минтақа ва мамлакатҳои ҳамзабонамон ҳамгун ва ягона бисозем.

Албатта, бо як ё ду нишаст ин корро анҷом додан душвор аст, аммо вақти он расидааст, ки ба баҳсҳо ва амалҳои ғайриилмӣ дар замина хотима бахшем ва иштибоҳот ва хатоиҳое, ки дар замина вуҷуд доранд, бартараф намоем. Орзу мекунам, ки «чашми охирбинеро», ки Мавлоно мегӯяд, моро насиб гардад, то ростро, ҳақиқатро бибинем ва онро ошкор намоем.

Мавлоно дар «Маснавӣ» фармудааст:

Чашми охирбин тавонад дид рост,

Чашми охурбин ғурур асту хатост.

Ва дар ниҳоят аз тамоми иштироккунандагони баҳс эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ҳангоми баҳс бо далел, бо мантиқ, олимонаву коршиносона сухан бигӯянд, эҳсосотӣ нашаванд, ба ифроту тафрит роҳ надиҳанд ва ҳангоми қазоват аз ҳамагуна таассуб, аз ҷумла таассуби илмӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайра дур бошанд. Зеро мавзӯъи баҳсамон хеле назокатҳо дорад, онро бояд риоят бикунем.

Абдӯнабӣ САТТОРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь