Рӯзҳои 10-11 сентябр дар шаҳри Москваи Русия мусобиқаи байналмилалии Ҷоми поягузорони самбо” баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик зинаи аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Манбаъ менависад, ки “Акмалиддин дар самбои варзишӣ, вазни -58 кг ширкат варзид ва дар финал Харун Тлишеви русро мағлуб намуда, сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи мазкур ба хотири гиромидошти Анатолий Харлампиев, поягузори гӯштини самбо доир гардид. Тими миллии Тоҷикистон иборат аз 11 варзишгар дар ин мусобиқа ширкат намуда, дар ҳисоби даставӣ миёни мардон баъди кишвари мизбон – Русия мақоми дуюмро гирифт.

“Шер”- тоҷик ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ шуд

Муҳаммадхуҷа Яъқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи байлалмилалӣ оид ба бокс, таҳти унвони RCC Boxing Promotions бар намояндаи АргентинаДаниел Кордоба пирӯз шуд.

Набарди муштзанҳо дар шаҳри Челябински Русия баргузор шуда, аз ҳашт раунд иборат буд. Муҳаммадхуҷа дар ҳама раундҳо нисбат ба Кордоба фаъолӣ нишон дод ва дар даври панҷум  ҳарифашро ба накдаун (ҳолати нимбеҳушӣ) расонд. Доварон раъй (овоз)-и худро ба варзишгари тоҷик дода, ғолибаш донистанд.

Муҳаммадхуҷа Яъқубов 25 марти соли 1995 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад. Қадаш 165 см буда, дар категорияи вазнҳои сабук (58 кг) қувваозмоӣ мекунад. Лақаби Муҳаммадхуҷа миёни ҳаводорони бокс дар Тоҷикистон “шер”-и тоҷик аст.

Муҳорибаи нахустини Яъқубов дар бокси ҳирфаӣ 12 декабри соли 2015 мебошад. Дар умум, муштзани тоҷик дар 19 рақобати сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда, 18 ғолибият ба даст оварда, дар як рақобат аз варзишгари амрикоӣ О’Шаки Фостер шикаст хӯрдааст.

Муҳаммадхуҷа дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, пирӯзӣ ва унвонҳои зеринро ба даст овардааст: WBC Asian (2016, 2017), WBO Youth (2016, 2017), WBC International (2018), WBA Continental (2018), IBF Baltic (2018)

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Душанбе доир мегардад

14-18 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол (U-20) доир мегардад. Дар мусобиқаи мазкур иштирокчиёни гурӯҳи I тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхат ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.

Аз дастаҳои иштирокчии марҳилаи гурӯҳӣ 10 тими зинаи аввали гурӯҳ ва 5 дастаи зинаи дуюм бо натиҷаи беҳтар ба қисми ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 1-18 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.  

Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд. Рӯзҳои баргузории бозиҳои тими миллии Тоҷикистон ба таври зайл аст:

Тоҷикистон – Сингапур (14 сентябр)

Тоҷикистон – Лубнон (16 сентябр)

Тоҷикистон – Камбоҷа (18 сентябр)

Гаронтарин сармураббии футбол кист?

Грэм Поттер ҳамчун сармураббӣ бо дастаи “Челси”и Англия қарордоди ҳамкорӣ баст ва гаронтарин сармураббӣ дар таърихи футбол эътироф гардид. Баъди сабукдӯш шудани Томас Тухел дар дастаи лондонӣ Поттер ҷойгузини ӯ шуд.

Мутахассиси англис аз дастаи Брайтон бо маблағи 23 млн евро ба дастаи “Челси” ҷалб шуд ва тибқи рейтинги “Transfermarket” ба зинаи аввали қимматтарин мураббии футбол дар ҷаҳон баромад. Дар ин рӯйхат зинаи дуюмро сармураббии “Бавария” – Юлиан Нагелсман, ки аз тими “Лейпсиг” бо маблағи 20 млн евро гузариш намуда буд, касб намудааст. Ҳамчунин, сегонаи ин раддаро Жозе Мауриниё, ки аз “Интер” ба “Реал Мадрид” бо маблағи 16 млн евро гузариш намуда буд, гирифтааст.

Маврид ба зикр аст, ки Томас Тухел, собиқ сармураббии “Челси” баъди шурӯъи нобарори мавсими нав аз вазифааш сабукдӯш гардид. Мутахассиси олмонӣ соли 2019 ба ин вазифа омад. “Челси” зери ҳидояти ин мураббӣ мавсими солҳои 2020 – 2021 Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст овард. Ҷойгузини ӯ Гремм Поттер аз соли 2011 ҳамчун мураббӣ фаъолият мекунад. Пештар дар дастаҳои “Эстерсунд”-и Шведсия (2011-2018), “Суонси сити” (2018-2019) ва “Брайтон”-и Англия (2019-2022) фаъолият намудааст.

Италия қаҳрамони ҷаҳон шуд

Тими мунтахаби Италия оид ба волейбол миёни мардон қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022 гардид. Бозингарони ин даста дар рақобати ниҳоӣ тими миллии Лаҳистон (Полша)-ро шикаст дода, қаҳрамони мусобиқа гардиданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол аз 26 август то 11 сентябр дар ду кишвари Аврупо – Лаҳистон ва Словения баргузор шуд. Бозии финалӣ дар майдони “Сподек”-и Катовисеи Лаҳистон доир шуда, бо ҳисоби 3-1 (25-22, 21-25, 18-25, 20-25) бар суди Италия хатм шуд. Баъди пирӯзӣ ин даста бори чаҳорум қаҳрамониҳои дар таърихи Чемпионати ҷаҳон ба номаш мӯҳр зад ва аз рӯи шумори ҷоизаи ин мусобиқа ба зинаи дуюм баромад. Қаблан, Италия дар солҳои 1991, 1994 ва 1998 низ қаҳрамони ҷаҳон оид ба волейбол гардида буд.

Дар майдондорӣ барои касби зинаи сеюм мунтахабҳои Бразилия ва Словения рақобат намуданд. Дар ин бозӣ Бразилия бо натиҷаи 3-1 (25-18, 25-18, 22-25, 25-18) пирӯз шуда, зинаи сеюмро гирифт.

Дар бозии финалӣ бозингари сермаҳсул Даниел Лавия аз тими Италия бо гирифтани 19 имтиёз интихоб шуд. Дар умум, бозингари фаъол ва сермаҳсули тамоми мусобиқа Леал Идалго аз тими Бразилия эътироф шуд. Ин бозингар дар бозиҳои иштирокнамудаи худ 123 имтиёз ба даст овардааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи Чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол мунтахаби СССР бо шаш пирӯзӣ дар зинаи аввал меистад. Касби зинаҳои баъдӣ ба таври зайл аст:

СССР – 6

Италия – 4

Полша, Бразилия – 3

Чехословакия – 3

Алкарас ҷавонтарин теннисбоз дар раддаи аввали ҷаҳон шуд

Карлос Алкарас, теннисбози ҷавони испанӣ баъди ғолиб шудан дар мусобиқаи байналмилалии US Оpen, ба зинаи аввали раддабандӣ миёни теннисбозони ҷаҳон баромад. Теннисбози 19 – сола дар финал варзишгари 23 – солаи норвегӣ Каспер Руудро шикаст дод.

Дар таърихи тенниси ҷаҳон Алкарас нахустин варзишгари ҷавоне мебошад, ки ба зинаи аввали раддаи ҷаҳон баромад. То ин дам, дар мавқеи якум Даниел Медведов қарор дошт ва баъди мағлуб шудан аз варзишгари австралиягӣ Нику Киросу дар даври чоруми “US Оpen” касби имтиёз накард ва мавқеи аввалро аз даст дод.

“Бавария” дар панҷумин бозӣ муқобили “Барселона” ғолиб шуд

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаи “Бавария”и Олмон бар “Барселона” бо натиҷаи 2-0 пирӯз гардид. Голҳои дидори мазкурро Лукас Эрнандес (дақиқаи 50) ва Лерой Сане (дақиқаи 54) ба ҳадаф расониданд. Бозии дастаҳо дар майдони “Аллианс Арена”и шаҳри Мюнхен доир шуд.

Ҳамлавари “Барселона” Роберт Левандовский баъди гузариш ба тими каталонӣ ба майдони “Бавария” баргашт, вале дар бозии аввалин муқобили дастаи собиқи худ шикаст хӯрд. Дастаи олмонӣ баъди ғолиб шудан дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бо касби 6 хол ба дар зинаи аввали гурӯҳи “С”-и мусобиқа баромад. Баъди пирӯзӣ дар ин рақобат дастаи “Бавария” панҷумин ғолибияти пайиҳами худро дар Лигаи қаҳрамонҳо муқобили “Барселона” ба даст овард.

Маврид ба зикр аст, ки бозии даври финалии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими солҳои 2022-2023 дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор  мегардад. “Бавария” ва “Барселона” низ дар баробари чанд тими дигар ба қатори довталабони ғолиб дар ин мусобиқа дохиланд.

Давлатҷон Абдуллозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here