Моҳи сентябри соли 2015-ум 170 роҳбари кишварҳои ҷаҳон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорк барои қабули барномаи муҳим ва ҳамаҷонибаи рушд барои давраи то соли 2030-ум ҷамъ омаданд. Ба ин рӯзномаи нав 17 ҳадаф ва 169 вазифа  дар самти рушди устувор ворид карда шуд. Тавре маълум аст, имрӯз тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ, аллакай стратегияҳои худро таҳия намуда, ба амалигардонии он шурӯъ кардаанд, ки ин раванд имкон медиҳад,  на танҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, балки  дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ин кишварҳо саҳми арзанда гузошта шавад.

Амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор ба ҳаёти шаҳрвандони одии Тоҷикистон  ва ба татбиқи Стратегияи миллии рушд чӣ гуна таъсир мерасонад ва чӣ тавр маблағгузорӣ мешаванд? Ҳамчунин, ба кадом ислоҳотҳо оварда мерасонанд? Мо тасмим гирифтем, дар ин бора   бо Людмила Борунова, мушовири миллӣ оид ба  маблағгузории рушди Маркази машваратии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сӯҳбат кунем.

Лутфан, дар бораи Барномаи «Маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон» каме маълумот медодед?

Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид «Маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди муштараки Ҳадафҳои рушди устувор маблағгузорӣ карда мешавад ва дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ, ЮНИСЕФ ва Сохтори «СММ-Занҳо», дар шарикӣ ва ҳамкории зич бо ҷонибҳои манфиатдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Парлумон амалӣ гардонида мешавад, ки барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди устувор бо роҳи эҷоди санъати меъморӣ, фазои сиёсӣ ва стратегияи ҳамгироишудаи сафарбаркунии захираҳо равона карда шудааст.

Стратегияи умумии барнома аз истифодаи муносибати дуҷониба иборат аст: тавсеаи фазои сиёсат ва аз байн бурдани маҳдудиятҳои техникӣ барои таъмини маблағгузории ҲРУ. Тадбирҳои дуҷониба ба ҳукумат имкон медиҳанд, ки ба афзалиятҳои миллии  рушд  ноил гардад.

Барнома махсусан дар шароити душвори иқтисодӣ ва фишорҳои афзояндаи молиявӣ, ки боиси афзоиши норасоии маблағгузорӣ барои дастгирии амалигардонии вазифаҳои  Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 равона мегардад, муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дар доираи фаъолият оид ба тавсеаи  фазои сиёсӣ корҳо ҷиҳати тақвиятдиҳии иқтидори Гуруҳҳои кории Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин маблағгузории ҳуҷҷатҳои стратегӣ  идома доранд.

Дар доираи бартарафкунии маҳдудиятҳои техникӣ барои таъмини маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, арзёбии меъмории молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, харитаи роҳ оид ба маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон таҳия карда шуд. Дар ҳоли ҳозир бо назардошти он, ки маблағҳои буҷети давлатӣ яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории асноди стратегии кишвар ба шумор мераванд, корҳо оид ба ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор ва Барномаҳои миёнамуҳлати рушд (БМР) ба раванди буҷет идома доранд.

Умуман, кори Барнома ба зиндагии шаҳрвандони оддӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?

– Қариб ҳамаи шарикони рушд, ки  барномаву лоиҳаҳои гуногунро дар Тоҷикистон татбиқ менамоянд, ба манфиати рушди кишварамон ва беҳбудии зиндагии шаҳрвандон фаъолият мебаранд. Барномаи «Маблағгузории ҲРУ дар Тоҷикистон» низ аз он истисно нест.

Зеро, ҲРУ чист? Ин нақшаи расидан ба ояндаи беҳтару устувортар барои ҳама мебошад, ки аз 17 ҳадаф иборат буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти шаҳрвандони моро фарогиранда аст. Барнома бевосита барои дастгирӣ дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор амалӣ гардонида мешавад.

Бо баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои молиявӣ мо барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳову афзалиятҳои стратегӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, инчунин Барномаи миёнамӯҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 ва барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд, шароит фароҳам меоварем.

Масалан, ҳар қадар самаранокии харҷи  маблағҳои буҷет, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории рушд ба ҳисоб мераванд, баланд бошад, ҳамон қадар хизматрасонӣ ба аҳолӣ  бештару хубтар мегардад.

Дар маҷмӯъ, натиҷаи дарозмуддати пешбинишудаи барнома – ин як сохтори миллии ҳамгироишудаи таъсирбахш, боэътимод ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи сафарбаркунии захираҳо мебошад, ки барои сари вақт ва пурра ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор  дар Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат мекунад.

Барои ноил шудан ба ин натиҷа, Натиҷаҳои барнома дар навбати аввал ба афзоиши маблағгузории мақсаднок ва шаффофтари Ҳадафҳои рушди устувор аз ҳисоби таҳкими муколамаи бисёрҷонибаи миллӣ, назорат ва сиёсат ва дар навбати дуюм, ба механизми ҳамгироишудаи маблағгузории  Ҳадафҳои рушди устувор аз ҳисоби  маълумотҳои ҳақиқӣ дар доираи буҷет, инчунин, пайдо кардани роҳҳои алтернативӣ ва муосири маблағгузорӣ  барои расидан ба мақсадҳои миллии Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, дар бораи арзёбии меъмории молиявии Тоҷикистон мегуфтед.

– Пеш аз ҳама бояд «архитектураи молиявӣ»-ро шарҳ дод. Мафҳуми «архитектураи молиявии миллӣ» муассисаҳои молиявии миллӣ ва ҳамкории онҳо, қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои стратегиро дар соҳаи маблағгузорӣ дар бар мегирад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки низоми пулию қарзӣ ва молиявӣ сохта шудаанд. Ба муассисаҳои молиявӣ муассисаҳое, аз қабили Бонки миллӣ, мақомотҳои молиявии давлатӣ, ки дар онҳо нақши пешбарандаро Вазорати молия, бонкҳо, фондҳо, муассисаҳои молиявии бахши ғайрибонкӣ ва ғайра иҷро мекунанд, тааллуқ доранд. Ба ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи маблағгузорӣ Стратегияи миллии рушд 2030, Барномаи миёнамуддати рушд  барои солҳои 2021-2025 дар доираи дастурҳои молиявии ин ҳуҷҷатҳо бошад, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, аз қабили стратегияи идоракунии молияи давлатӣ ва ё стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва ғайра, қонунгузорӣ дар соҳаи молия, ки нақш, ваколат ва масъулияти ин муассисаҳоро муайян мекунад, шартномаҳо бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва намояндагии ин муассисаҳо тааллуқ доранд.

Дар доираи ин гузориш вазифаи таҳлили тамоми меъмории молиявии миллӣ муайян нашуда буд. Таҳлил ба масъалаҳое нигаронида шудааст, ки метавонанд фаъолияти ин механизмҳоро дар натиҷаи пайравии кишвар ба амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор тағйир диҳанд. Махсусан, чунин масъалаҳо, аз қабили сиёсати маблағгузории ҳуҷҷатҳои асосии стратегии кишвар ҳамчун механизмҳои асосии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, муайян намудани алоқамандии стратегияҳои молиявӣ ва асосҳои институтсионалӣ бо маблағгузории афзалиятҳои миллии рушд  ва ҲРУ, ташкили механизмҳои идоракунии ҷараёнҳои молиявӣ, алоқамандии банақшагирии стратегӣ ва маблағгузорӣ, системаҳои мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёнҳои молиявӣ ва ғайра баррасӣ карда мешаванд.

Яке аз хулосаҳои асосие, ки дар натиҷаи арзёбӣ бароварда шуд, мавҷуд набудани муносибати системавӣ ба пайгирӣ ва баҳисобгирии хароҷотҳо, ки дар доираи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ амалӣ карда мешавад, муносибати ягонаи системавӣ ба тартибдиҳии ҳисобот оид ба мониторинг ва арзёбӣ, инчунин, заифии асосҳои методологӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқии системаи ҳамкории мутақобилаи байниидоравиро нишон дода, такмил ва тақвияти ҷиддиро талаб мекунад. Ҳамзамон, мониторинги буҷетӣ бо сифати пасти назорати молиявӣ ва аудити дохилӣ вобаста ба маҳдудияти иқтидорҳо, камбудиҳо дар қонунгузорӣ, масъалаҳои риояи стандартҳо, меъёр ва тартибу равандҳо, инчунин, бо набудани амалияи гузаронидани аудитҳо дар асоси таҳдидҳои муайяншуда ва аудитҳои самаранокӣ тавсиф карда мешавад.

Тавре ки амалия нишон медиҳад, дар ҷумҳурӣ системаи идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ташаккул ёфтааст. Барои ин ҳанӯз соли 2007 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии рушд таъсис дода шуда буд. Вале муаммоҳо дар ҳамоҳангсозии байниидоравии амалҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои Барномаи миёнамуддати рушд, сустии ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ҳалли масъалаҳои дутарафа ва масъалаҳои стратегӣ,  самаранокии пасти фаъолияти муассисаҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои алоқаи баръакс ҷой доранд. Илова бар ин, камбудиҳои ҷойдошта дар заминаи меъёрӣ иштироки шарикони асосии рушд ва ташкилотҳои бахши хусусиро дар қабули қарорҳо маҳдуд мекунанд.

Дар гузориш ҳамчунин, хулосаҳо ва тавсияҳои калидӣ барои ҷорӣ кардани механизми миллии маблағгузорӣ оварда шудаанд, ки василаи банақшагирӣ ва татбиқи маблағгузории рушди устувор дар сатҳи миллӣ хоҳад буд.

Дар назди Шӯрои миллии рушд чӣ вазифаҳо истодаанд? Ба назари Шумо, оё фаъолияти онро оммавӣ гардондан зарур аст?

– Вазифаи асосии Шӯрои миллии рушд таъмини ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла мақомотҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар масъалаҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути татбиқи санадҳои стратегии кишвар бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Дар назди Шӯрои миллии рушд 14 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки ба кори онҳо намояндагони шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷалб карда мешаванд.

Бешубҳа, оммавӣ гардонидани кори Шӯрои миллии рушд на танҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба сатҳи нав мебардорад, балки дар баланд бардоштани самаранокии раванди банақшагирии стратегӣ ва амалигардонии вазифаҳои афзалиятноки дар назди ҳукумату ҷамъият буда саҳм мегузорад ва дар маҷмӯъ барои рушди кишварамон мусоидат менамояд.

Ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор ва Барномаи миёнамуддати рушд ба раванди буҷетӣ чӣ гуна амалӣ мешавад?

– Пеш аз ҳама, ин раванд бо тезондани татбиқи пурраи буҷеткунонии барномавӣ алоқаманд хоҳад шуд. Зеро маҳз буҷеткунонии барномавӣ вазифадор аст, ки байни нақшаҳои стратегии давлат ва буҷет  робитаи мустаҳкам  барқарор кунад.

Барномаҳои буҷетӣ робитаи байни ҳаҷми маблағҳои буҷетии ҷудошуда ва самараи пешбинишудаи иҷтимоию иқтисодии истифодаи онҳоро муқаррар мекунад. Яъне, вақте мо барномаи буҷетиро пур мекунем, мо на танҳо захираҳои молиявӣ, балки натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодиро низ нишон медиҳем, ки дар назар аст,  аз ҳисоби харҷи маблағҳои буҷетӣ ба онҳо ноил гардем.

Барои пурра ба амал баровардани гузариш,  пеш аз ҳама бояд заминаи меъёриро  мувофиқ гардонем. Айни  ҳол сухан дар бораи дастури Вазорати молия оид ба ташаккули нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ояндаи молиявӣ ва нишондиҳандаҳои барои ду соли оянда пешгӯишуда  меравад.

Ҳамин тариқ, дар марҳилаи аввал ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор ва афзалиятҳои стратегӣ тавассути  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба дастурҳои Вазорати молия, ки  ба баҳисобгирии онҳо ҳангоми таҳияи дархостҳои буҷетӣ тааллуқ доранд, амалӣ карда мешавад. Ба истилоҳ “тамғагузорӣ”-и хароҷотҳои буҷетӣ мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувор – муайян кардани хароҷотҳои давлатии  ба Ҳадафҳои рушди устувор марбутбуда пешниҳод шудааст.

Озмоиши буҷеткунонии барномавӣ барои ҳамгироии ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи дархостҳои буҷетӣ ва системаи ҳисоботдиҳӣ дар бахши маориф амалӣ карда мешавад.

Барои амалигардонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт дар назди Вазорати молия гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, инчунин, шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди СММ, ЮНИСЕФ, СММ- Занҳо  ташкил карда шудааст.

Минбаъд, барои мутахассисони муассисаҳои буҷетӣ бояд тренингҳои омӯзишӣ оид ба пур кардани барномаҳои буҷетӣ мувофиқи тағйиротҳои ба дастурамал воридгардида  ташкил ва гузаронида шаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмоиш  бояд қарор дар бораи паҳн кардани ин таҷриба дар дигар бахшҳои буҷет  қабул карда шавад.

– Ислоҳот дар самти маблағгузории рушд ба татбиқи Стратегияи миллии рушд  ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонанд?

– Ислоҳотҳо дар соҳаи маблағгузории рушд дар Тоҷикистон умуман ба баланд бардоштани самаранокӣ ва самарабахшии истифодаи захираҳои мавҷуда барои мақсадҳои рушд нигаронида шудаанд.

Илова бар ин, муносибати комплексӣ нисбат ба  сафарбаркунии захираҳои иловагии молиявӣ барои  ба Ҳукумати Тоҷикистон кӯмак кардан дар бартараф кардани норасоии маблағгузорӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Беҳтаркунии ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байни вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар масъалаҳои маблағгузорӣ ва мувофиқкунии дастгирии онҳо имкон медиҳад, ки маблағгузории рушди устуворро афзоиш диҳем ва мувофиқкунии боз ҳам самараноктари сиёсати молиявии мавҷударо бо афзалиятҳои миллии рушди устувори миёнамӯҳлат ва дарозмуддат таъмин намоем.

Дар ниҳояти кор, тадбирҳои андешидашуда имкон медиҳанд, ки Стратегияи миллии рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор боз ҳам самараноктар амалӣ гардонида шаванд.

Бородавко К.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь