Шаби 29-ум ба 30-юми ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ-2021”, ки ҳамасола аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии “France Football” ба беҳтарин футболбозӣ сайёра дар миёни мардон ва бонувон тақдим мешавад, баргузор гардид. Сарнишинҳои “Формула-1” Фернандо Алонсо ва Эстебан Окон бо рӯйи пӯшида ҷоизаҳоро ба макони доиршавии маросим оварданд. Дар миёни мардон ҳамлагари маъруфи тими миллии Аргентина ва бошгоҳи фаронсавии “ПСЖ” (“Пари Сен-Жермен”) – Леонел Месси бо ба даст овардани овози бештар тавонист, ки барои ҳафтумин бор ҷоизаи мазкурро соҳиб шавад.  Аз байни бонувон бошад, нимҳимоятгари дастаи занонаи “Барселона” – Алексия Путеляс ба гирифтани “Тӯби тиллоӣ” даст ёфт.

Леонел Месси соли 2021 ҳамроҳ бо дастаи мунтахаби Аргентина қаҳрамони Ҷоми Амрико шуда, дар ҳайати дастаи “Барселона” баррандаи Ҷоми Испания гардид. Дар мавсими қаблӣ (2020/2021) футболбозӣ 34-сола дар мусобиқаи Ла Лигаи Испания бо задани 30 гол беҳтарин нишонзан эътироф шуда буд. Охири мавсими гузашта ҳамлагари аргентинӣ тарки “Барселона” намуда, ба дастаи “ПСЖ” гузариш намуд ва сар аз мавсими нав ӯ шарафи бошгоҳи парижиро ҳимоя мекунад. Бошгоҳи “Барселона” ба иллати мушкилоти молӣ бо Месси қарорододи нав ба имзо расонида натавонист. Ҳуҷумкори собиқи “Барса” дар соли равон муваффақ шуд 40 маротиба дарвозаи ҳарифонро боз кунад (28 гол барои “Барселона”, 4 гол барои “ПСЖ” ва 8 гол барои тими миллии Аргентина).

Леонел Месси бо соҳиб шудани ҳафтумин “Тӯби тиллоӣ”-и худ рекорд гузошт, зеро то ҳол ягон футболбоз дар корномаи худ ба гирифтани ин миқдор “Тӯби тиллоӣ” даст наёфтааст. Хавбеки аргентинӣ қаблан солҳои 2009, 2010. 2011, 2012, 2015, 2019 баррандаи ин мукофот шуда буд. Дар соли 2020 бо сабаби пандемияи “Ковид-19” маҷаллаи “France Football” ҷоизаро ба касе тақдим накард, лиҳозо дорандаи феълии “Тӯби тиллоӣ” ҳам худи Месси маҳсуб мешуд.

Дар маъракаи овоздиҳӣ пас аз Месси муҳоҷими Лаҳистонии “Бавария” – Роберт Левандовский, бозикуни итолёвии “Челси” – Ҷорҷинйо, ҳуҷумкори фаронсавии “Реал Мадрид” – Карим Бензема ва ҳамватани ӯ аз бошгоҳи “Челси” – Нголо Конте дар рутбаҳои баъдии феҳристи маҷаллаи “France Football” қарор гирифтанд. Баъди солҳои тӯлонӣ бори аввал ҳамлагари маъруфи португалии “Манчестер Юнайтед” – Криштиану Роналду аз панҷгонаи аввал берун монд. Дар овоздиҳӣ барои муайянкардаини ғолиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” тақрибан 200 рӯзноманигори варзишӣ, инчунин, сармураббиён ва капитанҳои дастаҳои мунтахаби сайёра ширкат варзиданд. Аз ҷумҳурии мо низ рӯзноманигор ва шореҳи варзидаи Телевизиони “Варзиш” – Аловиддин Буриев раъйи худро равон намудааст. Овози рӯзноманигори номошнои тоҷик ба “France Football”  чунин ироа шудааст: 1. Леонел Месси 2. Роберт Левандовский 3. Ҷорҷинйо 4. Криштиану Роналду 5. Нголо Конте.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ё худ ҳамон “BALLON D`OR FRANCE FOOTBALL” соли 1956 таъсис ёфтааст. Аз соли аввали таъсисёбӣ то соли 2006 ғолиб мувофиқи овоздиҳии рӯзноманигорон маълум карда мешуд. Сар аз соли 2007 ҳуқуқи раъйдиҳиро ба ғайр аз журналистон сармураббиён ва сарвонҳои тимҳои миллӣ соҳиб шуданд. Шурӯъ аз соли 2010 то соли 2016 “France Football”  ҷоизаро дар якҷоягӣ бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) месупориданд. Пас аз соли 2016 боз ҳам маҷаллаи фаронсавӣ худаш танҳо ҷоизаро тақдими футболбозон мекунад.

Норозигии ҷаҳони футбол аз Месси

Имсол ба рӯйхати муддаиёни ҷоиза 30 футболбози беҳтарини ҷаҳон шомил буданд, аммо муборизаи асосӣ байни Леонел Месси ва Роберт Левандовский сурат гирифт. Гарчанде қабл аз баргузории маросими ҷоизасупорӣ маълум буд, ки аллакай Месси соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шудааст, ҳатто баъзе аз футболбозон як рӯз қабл аз баргузории маросим Мессиро барои барандаи “Тӯби тиллоӣ” шуданаш табрик намуданд, вале мухлисон то лаҳзаҳои охирин умед бар он доштанд, мукофот насиби Левандовский мешавад. Баъди супоридани ҷоиза миёни ҳаводорону коршиносони футбол сару садои эътирозӣ сар зад. Бисёре аз футболбозону мураббиён ва рӯзноманигорони маъруфи варзишӣ норозигӣ аз он намуданд, ки Месси арзандаи “Тӯби тиллоӣ” набуд. Бисёриҳо бар он назаранд, ки бояд Роберт Левандовский, ки дар ду мавсими охир ба худ ҳамто надорад, бо ин ҷоиза қадрдонӣ мешуд. Яке аз он нафароне, ки аввалин шуда садо баланд кард, собиқ футболбози тими миллии Олмон ва дастаи “Бавария” – Лотар Маттеус мебошад. Ӯ, ки соли 1990 баррандаи ин ҷоиза шуда буд, чунин эътироз кард: «Ростӣ, баъди чунин интихоб дигар ин дунёро намефаҳмам. Бо эҳтиром ба Лионел Месси ва дигар номзадҳои олӣ, ҳеҷ кас бештар аз Левандовский сазовори «Тӯби тиллоӣ» нест. Ҳарчанд Месси бо дастаи Аргентина Ҷоми Амрикоро ба даст оварда бошад ҳам, дар “ПСЖ” комилан нопадид шудааст. Бензема низ як соли хубе дошт, аммо ҳеҷ чиз ба даст наовард. Жоржинйо дар ҳайати “Челси” ва Италия қаҳрамони Англия ва ғолиби чемпионати Аврупо шуд, аммо ӯ дар ҳеҷ куҷо ба мисли Левандовский самаровар набуд. Роналду ҳам мисли ситораи лаҳистонӣ устувор ва дурахшон набуд. Ман намефаҳмам, ки чаро ба Левандовский ин ҷоизаро надоданд».

Нимҳимоятгари тими “Реал Мадрид” – Тони Кроос ҷоизасупориро ноодилона дониста, иброз дошт, ки бояд дигар нафар соҳиби “Тӯби тиллоӣ” мешуд. “Ба мукофотҳои инфиродӣ ман чандон таваҷҷӯҳ надорам, аммо азбаски онҳо вуҷуд доранд, бояд одилона бошанд. Ба назари ман, ин дафъа ин тавр набуд. Агар мо бозингаронро аз рӯи натиҷаи ҳунарнамоиашон дар давоми як сол баҳо диҳем, Бензема беҳтарин мавсим дошт. Шубҳае нест, ки Месси дар баробари Роналду беҳтарин бозигари даҳсола аст, аммо ба андешаи ман, Криштиану ҳам аз Лео ҳунари кам надорад”,- баён дошт Кроос.

Худи Месси ҳангоми гирифтани ҷоиза аз минбар ҷониби Левандовский ишора карда гуфт, ки “Левандовский, ту арзандаи “Тӯби тиллоӣ” будӣ, аммо дар соли гузашта”. Ин маънои онро дорад, ки Месси гуфтанист “ман дар ин сол арзандаи “Тӯби тиллоӣ” ҳастам. Ба қавли журналисти ТВ “Варзиш” – Бобо Холмуродзода, Месси ба таври дипломатӣ сухани худро гуфт.

“France Football”  шояд барои сафед кардани худ бошад, ки ҷоизаи наверо бо унвони “беҳтарин ҳамлагар” дуруст намуду онро тақдими Левандовский кард. То кунун бо ин ном ҷоизае дар “France Football” вуҷуд надошт. Ин ҳама сардаргумиҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки рӯз то рӯз ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” эътибори худро гум мекунад. Ягона ҷоизае, ки метавонад шарафу эътибори “Тӯби тиллоӣ”-ро ҷониби худ кашад, ин унвони “беҳтарин бозингари сол”, ки FIFA соли 2016 баъди қатъи робитаи ҳамкорӣ дар супоридани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” бо “France Football” таъсис дод, бошад. Ҷоизаи “беҳтарин бозингари сол”-и FIFA рӯзи 17-уми январ соҳиби худро меёбад. Бисёре аз коршиносон бар он назаранд, ки ин ҷоиза насиби Левандовский мешавад.

Муҳаммадназар НАҶМИДДИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь