Ду тан аз варзишгарони тоҷик – Абубакр Носиров ва Хусан Кулов дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ширкат меварзанд. Ин мусобиқаи байналмилалӣ аз 13 то 16 октябр дар кишвари Кувайт доир шуда, дар он иштироки беш аз 400 варзишгар аз 33 кишвари олам дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар бо такя ба иттиллоъи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон хабар дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, мусобиқаи мазкур чорумин Чемпионати Осиё оид ба ин навъи варзиш ба ҳисоб рафта, дар он ҷавонони то 18сола ширкат меварзанд. Абубакр дар дав ба масофаи 200 метр ва Хусан дар масофаи 1500 метр иштирок мекунанд.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи 40 навъи варзиши сабук, аз ҷумла дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000, 5000 ва 110 метр бо монеаҳо, 400м, 2000м бо монеаҳо миёни мардон доир мегардад. Ҳамчунин, баргузории мусобиқа аз навъҳои варзиши сабук ҷаҳиш ба дарозӣ, баландӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулӯла, партоби гурз миёни мардҳо ва бонувон дар назар аст.

Футболбозони то 17-солаи тоҷик ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд

Тими миллии Тоҷикистон (U-17) бо шикаст додани мунтахаби Афғонистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифт. Рақобати мазкур шоми 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо натиҷаи 2-0 бар нафъи футболбозони тоҷик хатм шуд.

Голҳои пирӯзиовари дастаи моро Диловари Ҷамшедзода ва Беҳрӯз Хуҷаев ба ҳадаф расониданд. Баъди ин рақобат футболбозони тоҷик дуюмин ғалабаи худро дар гурӯҳи “Н” ба даст оварда, бо касби шаш имтиёз ба садри ҷадвали гурӯҳи мазкур баромаданд. Миллипӯшони тоҷик дар бозии нахуст бозингарони мунтахаби Муғулистонро бо натиҷаи 3-0 шикаст доданд. Бо ин нишондод дастаи мо тавонист ба Чемпионати Осиё2023 роҳхат гирад.

Ҳамчунин, мунтахаби Афғонистон низ бо нишондоди беҳтари касби зинаи дуюм, тавонист ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёбад. Бозингарони ин тим дар бозӣ муқобили Муғулистон бо ҳисоби 5-0 зафар ёфта, се хол касб намуданд. Баргузории Чемпионати Осиё-2023 соли оянда дар кишвари Баҳрайн дар назар аст.

Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов ҳунарнамоӣ намуд. Дар баробари мунтахабҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон мунтахаби Тимори Шарқӣ низ шомили гурӯҳи “Н” буд. Вале ин даста аз ширкат дар мусобиқа даст кашид.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ Тими миллии Тоҷикистон  дар ҳайати се даста  ба Чемпионати Осиё-2023 роҳхат гирифтанд:

Ҳайати асосии Тими миллии Тоҷикистон.

Ҷавонони то 20-сола ва Тими миллии Тоҷикистон.

Наврасони то 17-солаи Тими миллии Тоҷикистон.

Ду варзишгари тоҷик, бародарон – Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон ширкат намуданд. Ҷамшед зинаи дуюм ва медали нуқраи вазни 70 кг-ро ба даст овард. Зайниддин бошад, мақоми панҷумро соҳиб шуд. Дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар хабар дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, мусобиқаи мазкур аз рӯи системаи даврӣ баргузор шуд. Ҷамшед Мақсудов дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ шикаст хӯрд ва дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк аз Олмон ва намояндаи Булғористон – Ивайло Саров пирӯз шуд. Варзишгари тоҷик дар даври нимниҳоӣ бар намояндаи Ӯзбекистон – Убайдулло Эргашов ғалаба карда, дар финал боз ҳам аз намояндаи Гурҷистон – Шамше Тлашадзе шикаст хӯрд ва зинаи дуюмро ба даст овард.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорони варзиш рӯзҳои 4-9 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё ширкат намуданд.

Эрон чемпиони Осиё оид ба футзал шуд

Чемпионати Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз 27-уми сентябр оғоз шуда буд, 7 октябр ба анҷом расид. Мизбони ин мусобиқа кишвари Кувайт буд ва 16 дастаи беҳтарини Осиё дар он ширкат варзиданд. Дар даври финалии мусобиқа мунтахабҳои Эрон ва Ҷопон рақобат намуда, футзалбозони Ҷопон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуданд ва барои 4-умин бор қаҳрамонии Осиё оид ба футзалро ба даст оварданд.

Мақоми сеюми мусобиқаро мунтахаби Ӯзбекистон ба даст овард. Футзалбозони ӯзбек дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм мунтахаби Тайландро бо ҳисоби 8-2 шикаст доданд.

Маврид ба зикр аст, ки Тими миллии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа иштирок намуд. Футзалбозони тоҷик марҳилаи гурӯҳиро бо ишғоли зинаи дуюм пушти сар намуданд. Тими мо мунтахабҳои Баҳрайн (3-2) ва Туркманистонро (8-5) шикаст дода, аз мунтахаби Ӯзбекистон бо натиҷаи 3-2 ноком шуда, бо касби шаш имтиёз ба марҳилаи дигар баромаданд. Вале дар даври ¼ ниҳоӣ аз мунтахаби Тайланд бо натиҷаи 3-2 шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба футзал аз соли 1999 инҷониб доир мешавад. Бори аввал ин мусобиқа дар кишвари Малайзия доир шудааст. То ин вақт, танҳо ду дастаи Осиё – Эрон ва Ҷопон қаҳрамони ин мусобиқа шудаанд. Эрон 12 бор ҷоизадор шуда, мунтахаби Ҷопон барои 4-умин маротиба мақоми аввали мусобиқаи мазкурро ба даст овард.

Роналду 700-умин голашро дар ҳайати даставӣ ба ҳадаф расонд

Криштиану Роналду, ҳамлавари марказии дастаи “Манчестер Юнайтед” ва мунтахаби Португалия голи 700-уми худро дар ҳайати даставӣ ба ҳадаф расонд. Дар ин бора сомонаҳои варзишии Аврупо хабар доданд.

Дар даври 10-уми Лигаи Бартари Англия дастаи “Манчестер Юнайтед” дар сафар бо дастаи “Эвертон” рақобат намуд. Бозии мазкур дар майдони “Гудисон Парк”-и шаҳри Ливерпул доир шуда, бо натиҷаи 2-1 бар суди “девҳои сурх” ба поён расид. Роналду дар дақиқаи 29-уми қисми аввали бозӣ Антони Марсиалро иваз карда, дар дақиқаи 44-ум натиҷаи рақобатро 2-1 намуд. Ин нахустин голи Роналду дар мавсими имсолаи Чемпионати Англия ба ҳисоб меравад. Голи мазкур ғалабаи МЮ-ро таъмин намуда, барои Роналду 700-умин гол дар корномаи варзишиаш дар ҳайати даставӣ ба ҳисоб меравад.

Омор ё голҳои ба ҳадаф расондаи Криштиану Роналду дар ҳайати даставӣ чунин аст:

“Спортинг” (Португалия) – 5 гол

“Реал Мадрид” (Испания” – 450 гол

“Ювентус” (Италия) – 101 гол

“Манчестер Юнайтед” – 144 гол

Инчунин, Криштиану Роналду унвони беҳтарин нишонзан дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва тими мунтахабҳоро соҳиб аст. Ин футболбоз дар Лигаи қаҳрамонҳо муаллифи 140 гол маҳсуб меёбад. Рақиби асосии ӯ – Леонел Месси 13 гол камтар аз Роналду дорад. Ҳамчунин, Роналду дар ҳайати тими мунтахаби Португалия 191 бозӣ гузаронида, ба задани 117 гол даст ёфтааст.

Гризманн ба хонаи худ баргашт

Антуан Гризманн, собиқ ҳамлавари дастаи “Атлетико Мадрид” бо ин даста шартномаи нав ба имзо расонд. Бо такя ба сомонаи расмии дастаи “Атлетико Мадрид”, ки 10 октярб иттилоъ дод, қарордоди нави ҳамкорӣ миёни футболбоз ва клуб то соли 2026 баста шудааст.

Бозингари фаронсавӣ солҳои 2014-2019 дар ҳайати ин даста бозӣ мекард. Ва тобистони соли 2019 бо маблағи 120 млн евро ба ҳайати тими “Барселона” пайваст ва то соли 2022 ҳамчун бозингари расмии ин тим дониста мешуд. Ин футболбоз аз 31 августи соли 2021 ҳамчун бозингари иҷора дар дастаи “Атлетико” ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамакнун, расман бозингари ин даста шуд. Маблағи гузариши ӯ тақрибан 18 млн евро гуфта мешавад.

Антуанн Гризманн, мавсими 2015-2016 медали нуқраи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро бо дастаи “Атлетико” ба даст оварда буд. Ҳамчунин, дар Чемпионати ҷаҳон-2016, бо мунтахаби Фаронса қаҳрамон шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь