Тоҷикистон ба рӯйихати кишварҳое, ки гардишгарони рус меписанданд, шомил гардидааст. Дар баробари ин, Русия омода аст, тарғиби сафарҳо ба Тоҷикистонро тавассути ассотсиатсияҳои ширкатҳои гардишгарӣ такмил диҳад.

Дар ин бора Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия дар паи сафари муовини вазир Д. Волвач ба форуми «Помиринвест-2023», ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, хабар дод. Таваҷҷуҳ ба кишвари мо дар байни русҳо воқеан афзоиш меёбад ва мо ҳангоми сӯҳбат бо соҳиби яке аз ширкатҳои сайёҳӣ ва гардишгарони Русия ба ин итминон ҳосил кардем.

“Вақте ки мо бо гардишгарон ба Искандаркӯл меравем, дар роҳ онҳо аз бузургии кӯҳҳо ба ваҷд меоянд”, – Амир Исаев, директори ширкати сайёҳии “Амир тур”.

Гардишгарӣ

Русҳо ба тавсеаи ҷуғрофиёи сайёҳии сайёра дар Осиёи Марказӣ манфиатдоранд. Дар Тоҷикистон русҳоро мавзеъҳои табииву таърихӣ, арзишҳои муштарак, наздикии тафаккур ва мавҷуд набудани монеаи забонӣ ҷалб мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бешубҳа ба рушди соҳаи гардишгарӣ, ки метавонад ҳазорон  ҷои корӣ фароҳам созад, манфиатдор аст. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳукумати кишвар кӯшиш дорад, ки барои сармоягузорони хориҷӣ дар бахши гардишгарӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам созад.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият мебаранд. Директори ширкати сайёҳии «Амир Тур» Амир Исоев дар бораи гардишгарони рус  чунин мегӯяд: «Теъдоди гардишгарон аз Русия, бахусус дар тирамоҳу зимистони соли гузашта хеле зиёд шуд. Як гурӯҳи асосии гардишгарон бошанд аз аввали мавсим то имрӯз дар сафарҳои мо мунтазам иштирок мекунанд. Метавон гуфт, ки онҳо аз табиати зебои кишвари мо ва меҳмоннавозии мардум ба ваҷд меоянд. Мутаассифона, аксарияти сайёҳон то ба Тоҷикистон омаданашон дар бораи кишвари мо қариб ки тасаввурот надоранд, аммо вақте ба Душанбе меоянд ва ё ба берун аз  шаҳр сафар мекунанд, дар ҳайрат мемонанд. Гардишгарон бо хотироти нек бармегарданд ва ҳамчунин, кишвари моро ба дӯстони худ тавсия медиҳанд ва онҳо низ аз хизматрасонии ширкати гардишгарии мо истифода мебаранд.”

Мақомоти Тоҷикистон ба амнияти гардишгароне, ки ба кишвар меоянд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Соҳибкорони рус омода ҳастанд, ки ба соҳаи гардишгарии  Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, таҷриба ва салоҳиятҳои худро мубодила намоянд. Ба андешаи Амир, ин метавонад ба афзоиши вуруди гардишгарон ба кишвар мусоидат кунад: “Мо бояд бо ширкатҳои гардишгарии Русия робита барқарор кунем, зеро ҳоло ба гардишгарони рус ба ҷуз аз Туркия, Миср, Тайланд, Шри-Ланка ва Бали бояд  масиру мавзеъҳои нав пешниҳод карда тавонем. Мо ба ширкатҳои сайёҳии Русия  ҷойҳои  ҷолиби диққат ва зебои кишварамонро, ба монанди ВМКБ, кӯли Аловуддин, Варзоб ва ғайра пешниҳод карда метавонем. Ва ин ҳамаро бояд бо сифати баланд пешниҳод кард. Бояд муколамаро бо ширкатҳои Русия, ки теъдодашон ба ҳазорҳо мерасад, оғоз намуд. Дар  шаҳрҳои Русия ширкатҳои гардишгарӣ зиёданд, ки имкониятҳо ва ҳамкориҳои  навро интизор мебошанд.

Илова бар ин, бояд роҳбаладони соҳибтахассус омода созем, зеро ҳаракати нақлиёт зиёд аст ва талабот дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ низ хеле калон аст. Аз ин рӯ, мутахассисон камӣ мекунанд ва барои қабули меҳмонон, арзон кардани нархи чиптаҳо ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар майдони ҳавоии Душанбе бояд мутахассиси баландтаҷриба ҷудо намуд”.

Дар Тоҷикистон 289 иншоотҳои сайёҳӣ мавҷуданд: 188 меҳмонхона, 26 хобгоҳ, 45 шифохона, 8 маркази саломатӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат, 1 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ.

Ксения Трапезникова – хонуми рус, ки муваққатан дар Тоҷикистон ба сар мебарад дар ин бора чунин қайд намуд: “Ман аз Олтой ҳастам. Дар Тоҷикистон солҳои охир гардишгарӣ хеле рушд мекунад ва ман барои муқоиса асос дорам. Масалан, кӯли Искандаркӯл ниҳоят зебо ва дурдонаи ҳақиқист, вале аз нуқтаи назари тиҷоратӣ, ба назарам тамоман ба кор андохта нашудааст. Дар ширкати сайёҳӣ  моро огоҳ карданд, ки ғизоро бояд аз хона гирем,  дар онҷо қаҳвахона ҳаст, вале мунтазам кор намекунад. Инчунин, хонаҳои иқоматии ин минтақа бароҳат нестанд ва барои аксари гардишгарон ғизо ва манзил чизҳои ҳадди ақали зарурӣ мебошанд.

Дар наздикии Душанбе  маҷмааи кӯҳию лижаронӣ низ вуҷуд дорад, вале хидматрасонӣ дар он ҷо, ба назари ман, беҳбудиро талаб мекунад – дар рӯзҳои истироҳат навбатҳои калон ба вуҷуд меоянд ва ба назари ман, ташкили дурусту пешбинона метавонад ин муамморо бартараф намояд. Дар масъалаи ғизо низ мушкилот вуҷуд дорад. Бароям ин яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи инфрасохтори сайёҳӣ аст”.

Ҷойҳои дӯстдошта

Аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022 зиёда аз 300 ҳазор нафар сафар кардаанд. Аз ин рӯ, интизор меравад, ки дар соли 2024  то ним миллион гардишгар аз Русия ба Тоҷикистон ташриф биорад. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2022  999,3 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки нисбат ба соли 2021 3,4 баробар ё 703 ҳазор гардишгар зиёд аст.

Аз соли 2018 дар Тоҷикистон Раёсати полиси сайёҳӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ  фаъолият мекунад. Миёни ин Раёсат ва ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

«Онҳо бештар ба ҷойҳое мераванд, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳамчун сайругашти оммавӣ ташкил карда мешавад. Ман пайваста дар гурӯҳҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон паҳн мекунам. Нафарон дархост мегузоранд ва баъдан ба сафарҳои мо ҳамроҳ мешаванд. Баъзан  барои сайёҳоне, ки ба кишвари мо барои чанд рӯз ё як ҳафта меоянд  саёҳатҳои алоҳида ташкил карда мешавад. Яъне онҳо бояд фавран ба ягон ҷой раванд. Аз ин рӯ,  онҳо  асосан мавзеъҳои наздики Душанберо интихоб мекунанд: Искандаркӯл, Варзоб, баъзан Ҳисор, Темур-дара, Ромит ва баъзан кӯҳҳои Фон, Аловуддин, кӯлҳои Марғзор, Артуч ва ғайраро”.

Миёни Русия ва Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ аст. Аз шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе дар як рӯз якчанд  парвоз анҷом дода мешавад. Аз дигар шаҳрҳо — Санкт-Петербург, Екатеринбург, Казон, Самара низ парвозҳо  анҷом дода мешаванд.

Ксения Трапезникова дар тӯли чанд сол аллакай аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик хуб бархӯрдор аст: “Ман 4 сол пеш бо сабаби кор ҳамроҳи шавҳарам ба Душанбе кӯчидам ва қабл аз он дар бораи ин кишвар тақрибан чизе намедонистам. Айни ҳол, пас аз он ки дар ин ҷо муддати кофӣ зиндагӣ кардам, метавонам хулосаҳои муайян барорам. Бо итминони комил ба дӯстони худ дар Русия мегӯям, ки ҳатман ба ин кишвар сафар кунанд. Яъне онҳоро ба меҳмонӣ даъват мекунам ва худ ният дорам, модарамро низ ба ин ҷо биёрам ва боварӣ дорам, ки ба онҳо ин кишвар писанд мешавад. Зеро Тоҷикистон табиати зебо, ҷойҳои ҷолиби фарҳангӣ, таомҳои болаззати маҳаллӣ  дорад.

Яке аз муаммоҳо – ноогоҳ будани мардуми рус  аз табиати зебои Тоҷикистон  аст. Ман чанд духтари русро медонам, ки муваққатан дар Тоҷикистон зиндагӣ карда ва дар бораи ҳаёти худ дар ин кишвар таблиғот нашр мекунанд ва аз он маълум карда мешавад, ки воқеан мардум ба ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд доранд.

“Ман  ба ҳама дӯстону шиносонам бо шавқу ҳавас дар бораи Тоҷикистон қиссаҳо мекунам”, – Евгений Латишев, гардишгар аз Русия.

 Тоҷикистон як макони беҳтарин барои гардишгарист, зеро  дар ин кишвар бисёр чизҳое ҳаст, ки аз муҳити маъмулии русҳо хеле фарқ мекунад – одамони дигар бо фарҳанг ва анъанаҳои худ ва тарзи зиндагии гуногун. Дар баробари ин, русҳо дар ин ҷо ба ҳадди имкон зиндагии хуб доранд, зеро пеш аз ҳама, аксари мардуми маҳаллӣ бо забони русӣ ҳарф зада метавонанд. Иқрор мешавам, ки дар 4 соли зиндагиам дар ин ҷо ягон калимаро ба забони тоҷикӣ наомӯхтам. Зеро ба омӯхтани ин забон бароям зарурате ба вуҷуд наомад. Инчунин, бароям як чизи дигар ғайриоддӣ буд. Дар Тоҷикистон бисёр иншоотҳои даврони шӯравӣ боқӣ мондааст, ки ёди инсонро ба шиори “дӯстии халқҳо” мебарад.  Бисёр вақт  аз ман мепурсанд, ки тоҷикон нисбати русҳо чӣ гуна муносибат доранд ва ман бе ягон дудилагӣ ҷавоб медиҳам, ки муносибаташон хуб аст, зеро шахсан худам ягон бор ба муносибати манфӣ дучор нашудаам.

Ба назарам, мардуми маҳаллӣ умуман ба меҳмонони хориҷӣ на ҳамчун ба гардишгарон, ки аз онҳо пул кор кардан мумкин аст, балки ҳамчун ба меҳмони азиз муносибат мекунанд”.

Евгений Латишев гардишгари машҳури рус, ки соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд, дар бораи ин кишвар чунин мегӯяд: “Тоҷикистон ба ман хеле писанд омад ва шавқи маро барои боз ҳам амиқтар омӯхтани ин кишвар бедор кард. Ростӣ, ман Душанберо шаҳри на онқадар рушдкарда меҳисобидам. Ман дар ВМКБ одамонеро дидам, ки хеле диндор, ботаҳаммул ва хушмуомила буданд. Ман то ба ҳол нафаҳмидаам, ки ин одамонро чӣ маҷбур мекунад,  то дар чунин шароити вазнин, дар баландии тақрибан 4000 метр,  ки он ҷо ҳеч чиз намерӯяд, дур аз ҳама чиз зиндагӣ мекунанд. Он ҷо зиндагии тамоман дигар, ки дар давоми чандин аср дур аз ҳама ташаккул ёфтааст, вуҷуд дорад”.

Евгений  барои сайёҳат Тоҷикистонро тавсия медиҳад: «Кишвари шумо пурра шиносонида нашудааст. Ҷаҳониён дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам доранд, яъне таблиғот кам аст. Ҳатто русҳо ва ё сокинони дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи Тоҷикистони муосир тақрибан чизе намедонанд. Ин талафоти калон барои мардуми ҷаҳон аст! Ман дер боз таомҳои кишварҳои Осиёи Марказро дӯст медорам. Дар Маскав дар ин масъала ягон мушкилие нест, мо ҷойҳои зиёд дорем, ки дар он ҷо чунин таомҳоро чашидан мумкин аст.”

Ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 2,8 фоизро ташкил дод. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 43,8 миллион доллар амалӣ карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки инфрасохтори сайёҳӣ беҳтар ва нав карда шавад. Моҳи марти соли 2023 Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод харитаи роҳро оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расониданд, ки аз ҷумла коркарди муштараки масирҳои сайёҳиро пешбинӣ мекунад. Ба шарофати талошҳои ҳукуматҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва гардишгарони оддии мо, ки Тоҷикистонро ба дӯстони худ «реклама» мекунанд, ин соҳа дар Тоҷикистон рушд карда, ба нишондиҳандаҳои баланд  хоҳад расид.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь