Ин матлабро дар рӯзномаи “Тоҷикони Россия” ба табъ расонда будам ва фикр мекунам ҳанӯз моҳияташро гум накардааст.

Баробари пош хӯрдани давлати абарқудрати советӣ дар тӯли ин солҳо он қадар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки дар гӯшаи хаёли касе набуд. Ҳанӯз соли 1983-84 мо як гурӯҳ донишҷӯёни шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро ҳамчун тарҷумон ба Либиё фиристоданд. Ин сафари нахустини хориҷӣ чашми маро кушод. Боре ҳангоми суҳбат Аҳмад ном ҷавонмарди араб чунин иброз дошт: “Ин олам шабеҳ ба тахтаи шоҳмот аст, ки дар он аз як тараф Амрико ва аз тарафи дигар Иттиҳоди Шуравӣ бозӣ мекунад”. Гапи ӯ ҷон дошт ва Иттиҳоди Шуравӣ дар ин “бозӣ” ба Амрико бохт. Дар ин миён мардуми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, хоса, мо тоҷикон чӣ рӯзҳои вазнинеро аз сар гузаронидем… Шукри Худо бо ташаббусу ибтикороти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, амнияту осудагӣ пойдор ва ду боли Ватани азизу озоди мо – Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият таҳким ёфт.

Бояд як нуктаро зикр кард, ки дар замони шуравӣ ба шаҳрҳои Россия, хусусан, Москва аз Тоҷикистон асосан аҳли илму адаб меомаданд. Онҳо дар макотиби олӣ, аспирантураву докторантураҳо таҳсил мекарданду номбардори миллати тоҷику Тоҷикистон буданд. Ба ин ҷойҳо он солҳо асосан ҷавонони пешқадаму босавод ва забондону закӣ фиристода мешуданд. Ғайр аз ин, дар он солҳо ҷавонони тоҷик дар Россия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, дар ин муддат забон, урфу одати русҳоро омӯхта, як навъ аз мактаби бузурги зиндагӣ мегузаштанд. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ асосан онҳое ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки даҳсолаи охир мактабро хатм кардаанд ё ки аз синфи 8-9 мактабро тарк гуфтаанд ва ё умуман таҳсил накардаанд. Баъзеҳо ҳатто дар хондану навиштан бо забони модарии худ, русӣ як тараф, душворӣ мекашанд. Зиндагӣ маҷбур кард, ки ҷавонон аз деҳот охирин дороии худро фурӯхта ва ё қарзу қавола карда, аз дасти билетҷаллобҳо бо сад азоб, бо нархи қиммат билет харида, ба Русия сафар намоянд. Ҳанӯз ба поезд ва ё самолёт нанишаста, ҳангоми гузаштан аз гумрук ва сарҳад кормандони ин хадамот ва милисаҳо чӣ дар Тоҷикистони худамон ва чӣ дар Россия бо ҳар баҳонаву таҳдид ба мусофирон – муҳоҷирони меҳнатӣ бо чашми тамаъ менигаранд ва пайсаи охирони онҳоро меситонанд. Ба фикри ман, ба ҳамааш худи мо гунаҳгорем. Надонистани қоидаву қонун, ҳуқуқҳои хеш, забон, бесаводӣ ва тарсончакӣ моро ба ин хориву зорӣ расондааст.

Сафари ман ба Москва, ки баъди 8 сол сурат гирифт, чанд ҳадаф дошт. Аввал ин ки мехостам ба сари қабри духтари русе, ки дар ҳаётам нақши амиқе гузоштааст, биравам, модараш ва дигар дӯстони москвагиамро бубинам ва сониян, чун рӯзномнигор аз ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии ҳамватан огоҳ бишавам. Нақшаҳои сафар иҷро шуданд. Аммо… аз беҳуқуқӣ, аҳволи тоқатнопазири кору зиндагӣ ва хориву зории ҳамдиёрони хеш ҷигархун шудам, аламам кард ва фиғон аз ниҳодам баромад. Беихтиёр бо байти Мирзо Бедил худро таскин додам:

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад…

…Соли 1985 бо як гурӯҳ мутахассисони шӯравӣ дар шимоли Ироқ ҳамчун тарҷумон кор мекардам. Баъди чанд муддат духтареро аз Москва ҳамчун котиба фиристоданд. Азбаски ӯ бо урфу одати мардуми ин мамлакат шинос набуд, бо либосҳои аврупоӣ ба кор меомад ва бо ҳама бо чеҳраи хандону дили соф муносибат мекард. Яке аз кормандони бехатарии Ироқ, ки Ҷобир ном дошту аз арабҳои таҳҷоӣ буд, бо ҳар баҳона зуд-зуд ба офиси мо меомад ва соатҳои дароз нишаста, бо Ирина шӯхиҳои хунук мекарду бо нигоҳи шаҳвонӣ ба ӯ менигарист. Ӯ марди 40-45 сола буда, соҳиби зану фарзанд буд. Хуллас, дар назди сарвари мо ва дигар кормандони офис шӯхиомез ба Ирина изҳори “муҳаббат” мекард. Сардор ва дигар кормандон ба чунин рафтору гуфтори тамаллуқкоронаи ӯ “об медонанд”у механдиданд. Ирина аз чунин муносибати роҳбару ҳамкорон ба ҳайрат омада, мегирист ва ба ҳар яки мо бо нигоҳи имдодҷӯёна менигарист.

Ман ба Ирина маслиҳат додам, ки аз ин пас бо либоси дароз ба кор ояд ва дар муносибат ҷиддӣ бошад. Ирина гуфтаи маро кард. Ва бегоҳиҳо баъди кор ба хонаи мо меомад ва бо чанде дӯстон телевизор тамошо мекардем. Ирина аз ман забони арабиро меомӯхт. То дер суҳбат меоростем. Азбаски он вақтҳо ҷанги Ироқу Эрон давом дошт, барои аз Шӯравӣ омадани занҳои мутахассис иҷоза набуд. Ирина миёни мо ягона аз ҷинси латиф буд. Ман зуд-зуд ба Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқ сафари хидматӣ мерафтам. Ҷобир бошад, боз ба шаҳраки мо меомад ва меҳмони сардор мешуд, Алексей ном мутарҷими инглисӣ ба онҳо хидмат мекард. Хулоса, Ҷобир аз сардори мо талаб мекунад, ки дар ин шабнишиниву нӯшонӯшиҳо Ирина низ иштирок кунад. Духтари бечора бо гуфти сардор дили хоҳаму нохоҳам дар ин нишаст иштирок мекунад. Ҷобири сархуш ба сардор мегӯяд, ки ман шаб дар хонаи духтараки шӯравӣ Ирина мемонам…

Ман он бегоҳ аз пойтахт баргаштам. Ва дар назди хона Иринаро гирёну тарсон дарёфтам. Саропо меларзид, духтараки бечора. Ӯро тасалло додам, ба хонаам овардам. Баъди ним соат Алексей ба хонаи ман омада гуфт, ки Ҷобир Иринаро суроғ дорад ва бояд ӯ назди онҳо биравад. Аз бенангӣ ва беориву беномусии Алексей ва сардор барин ҳамватанҳо хун ба сарам зад. Ба Алексей бо лаҳни сахт гуфтам, ки биравад, Ирина дар паноҳи ман дар хонаам мемонад. Бигзор ба сардор ва Ҷобири араб инро бигӯяд. Ӯ рафт. Ва чанде баъд дари маро сахт кӯфтанд. Дарро кушода берун омадам. Ҷобир пистолети дасташро намоишкорона нишон дода, бо чашмони хашмолуд ба ман нигариста, Иринаро пурсид. Ман ба ӯ одати арабҳоро хотиррасон кардам ва гуфтам, ки мо тоҷикон низ миллати баору номусем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки касе номуси ҳамватани моро поймол кунад. Ӯ аз ғазаб саропо меларзид ва иброз дошт:

– Баъди 24 соат ин мамлакатро тарк мекунӣ!

– Хеле хуб, – гуфтам ман, – ба шарте ки дар мақомоти болоӣ, бахусус, Вазорати корҳои хориҷӣ ман ин ҳамаро бекаму кост мегӯям…

Ҷобир дар ҷавоб лол монд ва сараш хам гардиду баъд боқаҳр ба мошинаш нишаста рафт. Ҳамин тавр, ӯро дигар надидем. Аз ин баъд, эҳтироми Ирина, сардор ва кулли мутахассисони Шӯравӣ нисбат ба ман зиёд гардид, ҳамеша ҳар як масъаларо бо ман маслиҳат мекарданд.

Ҳамин тариқ, баъди бозгашт ба Ватан низ муносибати дӯстонаи ману Ирина идома ёфт. Ӯ бо дугонааш ба Душанбе ба меҳмонӣ омад ва ман зуд-зуд ба Москва меомадам. Соли 1992 ҳодисае рух доду Ирина аз олам чашм пӯшид.

Инак, баъди 8-сол лаҳзае чанд дар сари қабри ӯ сукут кардам. Ва хаёлам Ирина бо ҳамон табассуми латифи ба худаш хос ва чашмони шаҳлову нигоҳи беғаш аз ман суол мекард: “аз Душанбе ба ман чӣ овардӣ?…”

Ҳамватанони азиз! Бо овардани ин қисса аз рӯзгори хеш хотири туро малул карданӣ нестам. Фақат ҳаминро гуфтаниям, ки дар ҳар куҷое бошӣ, роҳи ростиро пеша кун. Чун дар ин кишвари мусофират лаҳзае фориғ аз корӣ, беҳуда нагард, китоб хон, рӯзномаеро хон, забони русиро омӯзу донишатро афзун кун.

Ростӣ, чун ба Москва ҳамроҳи Мавлони Раҷаб омадему дидем, ки бародари ҳамкасбамон Муҳаммад Эгамзод чунин як рӯзномаи хуберо бо номи хосаи “Тоҷикони Россия” ба роҳ мондааст, хеле шод шудем. Боиси ифтихор аст, ки ҳазорҳо фарсах дур аз Ватан чунин ҳамватани баору номус ва боғайрат равзанаи нуру зиёро ба рӯи Шумо кушодааст. Чунин нашрия имрӯз барои мо, барои миллати мо, барои давлати мо, ки ҳазорҳо ҳазори он дар Россия аст, мисли обу ҳаво зарур аст. Худро он қадар ҳақиру нотавон нашуморед, ҳамеша поку мубарро бошед ва муҳим аз ҳама, номи тоҷику Тоҷикистони азизро баланд бардоред!

Мунаввари САФАР,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь