Сарфи назар аз набудани изҳороти расмӣ, овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҷойгир шудани пойгоҳи низомии Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳси фаъолеро дар миёни ҷомеаи коршиносии кишварҳои минтақа доғ кард. Суол ин аст ки, агар чунин дархост шавад, кӣ метавонад ба пешниҳоди Вашингтон розӣ шавад? Ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои минтақа чӣ суду зиён меорад?

Расонаҳои бонуфузи амрикоӣ дар чанд ҳафтаи охир навиштанд, ки Вашингтон барои ҷойгир кардани нерӯҳояш, пас аз тарки Афғонистон, ба ҷустуҷӯйи ҷойи нав идома медиҳад.

The Wall Street Journal рӯзи 8-уми май бо такя ба манбаъҳояш дар Кохи Сафед хабар дод, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам ба унвони ин гуна макон баррасӣ мешаванд ва ишора кард, ки бо ин кишварҳо то кунун созишҳои ниҳоӣ ба даст наомадаанд.

Нашрия бо ишора ба ҳамсуҳбатҳояш дар Кохи Сафед ва Пентагон ишора мекунад, ки гузина (интихоб ё вариант)-и беҳтарин барои Вашингтон ҳузури низомӣ дар Узбекистон ва Тоҷикистони ҳаммарз бо Афғонистон хоҳад буд. Чунин ҷойгоҳ ба низомиёни амрикоӣ имкон медиҳад, ки дар сурати шиддат гирифтани вазъ зуд ба Афғонистон бирасанд. Пештар The New York Times хабар дода буд, ки мансабдорони амрикоӣ бо мақомоти Қазоқистону Узбекистон ва Тоҷикистон дар бораи имкони истифодаи пойгоҳҳо дар минтақа тамос гирифтаанд. Илова бар ин, котиби давлатии Амрико Энтонӣ Блинкен дар Твиттер навишт, ки 22-юми апрел бо вазирони корҳои хориҷии Узбекистону Қазоқистон гуфтугӯ кардааст, вале ҷузъиёти суҳбатҳоро ошкор накард.

Рӯзномаи The Wall Street Journal таъкид мекунад, ки ба далели ҳузури ҷиддии низомии Русия дар минтақа ва афзоиши нуфузи Чин татбиқи ин нақшаҳо барои Иёлоти Муттаҳида осон нахоҳад буд, аммо бо ишора ба сафари охири фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон Залмай Халилзод ба Тошканду Душанберо талоши баррасии ин ҳамкорӣ бо роҳбарони ин кишварҳо донистааст.

То кунун аз сӯйи чеҳраҳои расмӣ дар ин замина ҳеч пешниҳоди расмӣ садо надодааст. Бо вуҷуди ин, дар сурати пешниҳоди Вашингтон коршиносон ба тарзҳои гуногуни ҳалли ин мавзуъ ишора мекунанд.

Кӣ розӣ мешавад?

Фарҳод Толибов

Фарҳод Толибов, сиёсатшиноси мустақил аз Узбекистон, мегӯяд, Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аст ва барои Душанбе қабули пешниҳодҳои Вашингтон мушкилтар хоҳад буд. “Узбекистон қаблан ин гуна пойгоҳҳоро ҷой дода буд ва дар заминаи ҳамкорӣ бо Амрико таҷрибаи назаррас дорад. Аз ин нуқтаи назар, Узбекистон бо фарқ аз Тоҷикистон барои ҷой додан эҳтимоли бештаре дорад”, — мегӯяд Толибов.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Толибов, консепсияи сиёсати хориҷӣ ва мудофиаи Узбекистон ба ҷой додани пойгоҳҳои низомии давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар иҷоза намедиҳанд. Ҳатто агар ин мавзуъ дар дастури рӯз қарор дошта бошад ҳам, ҳалли он осон нахоҳад буд.

Қаблан РИА Новости бо такя ба намояндаи Вазорати дифои Узбекистон навишт, ки Доктринаи мудофиавии Узбекистон мустақар кардани пойгоҳҳо ва иншооти низомии хориҷиро дар қаламрави кишвар пешбинӣ намекунад.

Сиёсатшиноси тоҷик, Парвиз Муллоҷонов, низ бовар дорад, ки Узбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ як кишвари мустақилтар аст, аммо бо ишора ба санадҳои бунёдии ин кишвар посухи рӯшани ин кишварро ба пешниҳоди Вашингтон истисно мекунад.

Парвиз Муллоҷонов

“Аз як сӯ, равобити Вашингтон бо Пекин ва Маскав мураккаб аст. Аз сӯи дигар, Русияву Чин аз ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, нигаронанд ва намехоҳанд, амрикоиҳо Кобулро бе ҳимоят бигузоранд. Ин масъала метавонад дар сатҳи президентҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида баррасӣ шавад ва тавофуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба натиҷаҳои созишҳои Русияву ИМА бастагӣ хоҳад дошт”, – бовар дорад Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол амрикоиҳо метавонанд, дар мавриди таъсиси як маркази муваққатии логистикӣ, ки дар он қисмате аз мушовирони низомӣ ва нерӯҳои вижа ҷойгир хоҳанд буд, ба тавофуқ бирасанд, то дар сурати зарурат ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон кумак кунанд.

Тошканду Душанбе бо Чину Русия шарикии стратегӣ доранд, ки аз ҷумла, ба назар гирифтани манфиатҳои ду қудратро ҳангоми додани қаламрави худ ба кишварҳои сеюм бо мақсадҳои ҳарбӣ пешбинӣ мекунад.

Он замон ва ҳоло

Дар гузашта, вақте Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амалиёти низомии Амрико дар Афғонистонро пуштибонӣ мекарданд, нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Хонободи Узбекистон, дар фурудгоҳи Бишкеки Қирғизистон ва барои замони кӯтоҳе дар фурудгоҳи Кӯлоби Тоҷикистон ҷойгир буданд. Илова бар ин, Олмон аз пойгоҳе дар наздикии Тирмизи Узбекистон ва низомиёни Фаронса аз фурудгоҳе дар наздикии Душанбе истифода карданд.

Аммо рақобати сиёсии байни Маскаву Вашингтон (2014) ва Вашингтону Тошканд (2005) боис ба бастани иншооти мавҷуда дар Осиёи Марказӣ гардид.

Ба гуфтаи таҳлилгари Радиои Озодӣ Брюс Панниер, вазъи кунунии марзҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъе, ки дар охири солҳои навадум вуҷуд дошт, чандон фарқ надорад.

“Толибон ба баъзе аз минтақаҳои наздисарҳадӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баргаштанд, аммо барои ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон аз ҳама ҷиддитар ин аст, ки баъзе аз шаҳрвандони онҳо дубора дар сафҳои гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон қарор гирифтанд”, — таъкид мекунад коршинос дар яке аз навиштаҳои худ дар ин мавзуъ.

Додани иҷозат барои истифодаи муваққатии пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида, ба гуфтаи ӯ, дар сурате мумкин аст, ки агар қисме аз аҳдофи ин пойгоҳҳо аз миён бурдани гуруҳҳои ифротгарои кишварҳои Осиёи Марказие бошад, ки дар шимоли Афғонистон қарор доранд, ҳатто агар ба ин далелҳо ҷониби “Толибон” мувофиқат накунад.

Кишварҳо чӣ бартариҳое метавонанд соҳиб шаванд

Сиёсатшинос Фарҳод Толибов мегӯяд, ки бар иловаи имтиёзҳои молиявӣ барои иҷораи фурудгоҳҳо, роҳандозии ҳамкорӣ бо Амрико барои Узбекистон бартариҳои сиёсии дигаре низ хоҳад дошт. “Низомиёне, ки ҷойгир мешаванд, вазифаи мушаххасро иҷро мекунанд – мусоидат кардан барои баргузории амалиёти бомуваффақият дар Афғонистон. Ин мубориза бо терроризму экстремизм аст ва мавзӯи ҷой додан метавонад саҳмгузории умумии Узбекистон дар мубориза бо терроризм ва ҳифзи сулҳу амният дар минтақа бошад”, – гуфт Толибов.

Дар соли 2002 Тошканд бо дар ихтиёри ин нерӯҳо гузоштани қаламрави худ 300 миллион доллар ва ҳамчунин дигар аслиҳаву таҷҳизоти техникӣ барои сарбозонашро ба даст овард. То соли 2014 Қирғизистон барои иҷораи пойгоҳ солона ба маблағи 64 миллион доллар мегирифт.

Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, баррасаи гузоришҳои расонаҳоро, дар сурате ки то кунун изҳороти расмие нест, беасос медонад.

Андрей Грозин

“Аз нигоҳи назариявӣ, тахмин кардан мумкин аст, ки агар Амрико ва ҳампаймонони Ғарбияш стратегияи ягонаи тарки Афғонистонро медоштанд, чунин рӯйкардҳо иҷроӣ мешуданд. Ҳоло он вуҷуд надорад. Дар мавриди арзёбии он чӣ дар Афғонистон рӯй медиҳад ва дар ин маврид чӣ рӯйкарде бояд сурат гирад, равишҳои гуногун мавҷуданд. Набудани стратегияи ягона боис ба пайдо шудани саволҳо ва тахминҳои зиёд дар ин мавзӯъ мешавад”, – мегӯяд Грозин.

Ба гуфтаи вай, новобаста аз мавқеи Маскав, Исломобод, Пекин ва Деҳлӣ маълум нест, ки рӯйкардҳои Ғарб чӣ гуна иҷроӣ мешаванд ва чӣ шартҳоеро дар пай хоҳанд дошт.

14-уми апрел президенти Амрико Ҷо Байден эълом дошт, ки сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон на 1-уми май, мисле ки созишнома бо Толибон инро талаб мекард, балки дар моҳи сентябри соли 2021 берун мераванд.

Хурсанд Хураммов,

бознашр аз Радиои Озодӣ

https://www.ozodi.org/a/31257921.html

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь