(ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад)

Барои шинохти миллӣ бояд худро шиносем, барои роҳи ҳалли он, андешаи он тарзи ин тафаккурро донем ва аз он баҳраи раҳнамоӣ ҷӯем, ки ин мавзӯъи баҳсфарогиранда аз масъалаи шинохти миллӣ то ба худшиносӣ аст ва онро метавон ба унвони як фасли ватандорӣ баррасӣ намоем, яъне дар тарҳи матни худшиносӣ бояд ҳамаи дарсҳои мактаби ватандориро омӯзем. Имрӯз, ки дарахти баланди Истиқлол бо баргу бораш саросар гирифтааст, дар чунин ватани саргаҳи об, ки сарви озодӣ қомат афрохтааст ва шавқи шукуфтан аст, дар рӯҳи ватанпаймоӣ мавҷ мезанад, дар тани ин хоки ҳосилхез таъриху фарҳанг саршор аст ва аз ҳаёти истиқлолбахшаш рӯҳи тавон мегирад ва фарзанди сабуру шуҷоаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолу озодиро рӯҳи зебои амиқу нерумандӣ бахшида аст, рӯҳи ҷовидонаи фарзандони фарзонаи хешро бо зикри хайр муаррифӣ намуд ва як ватан – Тоҷикистонро сохт, марде аст, ки бо як талоши чандинбаъдӣ ва шуҷоат мактаби ватандориро дар симои таърихшинос, шарқшиноси маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик ва муаллифи китоби безаволи «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров тасдиқ кард.

Бобоҷон Ғафуров бо шинохти миллӣ таърихи миллатро аз бегонагон гирифт, роҳу қолабҳои қадима ва баъдии онро амиқ сохт, аз таъриху фарҳанги хеш шаҳодат дод, ба миллаташ зиндагии хеш ва рӯҳи миллиро ошно сохт ва аз ин ошноӣ, ақли таърихро бо зебоию лутфаш муаррифӣ кард ва рақами таърихро бо рӯҳу эҳсосоти миллӣ, дар осмонҳои баланд ҳамрақам сохт ва миллаташро ба таърихталабӣ роҳнамуд кард. Ӯ бо таваноӣ, чеҳраҳои миллиро гирд овард ва бо шӯҳрату азамат арзёбӣ кард. Бо тасвиби китоби «Тоҷикон» рӯҳу эҳсоси воқеӣ, сарнавишти миллатро ҳанҷор намуд.

Пайдост, ки шинохти тоҷиконаи Бобоҷон Ғафуров, ки равшангарии таърихи миллат аст, қудратталабие буд, ки рӯҳи таърихи тоҷикро ба колбади зиндагии имрӯз ворид кард. Бобоҷон Ғафуров чун як марди сиёсӣ ва илмӣ соҳиби як навъ тафаккур ва як навъ эҳсосе буд, ки бо шахсият ва бузургиаш, чеҳраи ҷаҳонии тоҷиконро дар фарҳангу тамаддун нишон дод. Ӯ ҳамчун чеҳраи ҷаҳонии илми таърих дар таърихнигорӣ шахсияте аст, ки дар баробари Айнӣ қудрати созандагии миллатро, ки ҳеҷ гоҳ дар сукути таърихӣ набуд, ба мо, ба ҷаҳони имрӯз, ба дунёи тафаккури имрӯз, дар олитарин сатҳи пурсиши андеша ва бо сароҳат муаррифӣ намуд. Бобоҷон Ғафуров дар ин нақши бузург, ҳамчун як марди тафаккури сиёсӣ ва илмидошта, ки дар сиёсату ва ҳам дар илм андешаманди босарнавишт буд, дар муборизаи фикри китоби «Тоҷикон»-ро таълиф кард, ки то имрӯз такопуи ниёзи илмӣ аст. Бо заҳматаш, ӯ дар бедории миллӣ дар рӯҳияи илмию фарҳангӣ, дар эҳёи таърихи тоҷикон хидмати беандоза кардааст. Бобоҷон Ғафуров бо нақши баргузидааш дар эҳёи таърихи миллат, бо истеъдоди илмии шукуфтааш ва ба хотири баланд бардоштани мақоми тоҷикон дар таърихи ҷаҳонӣ дар сатҳи Қаҳрамони Тоҷикистон қарор гирифт.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муттафакири бузург дар ситоиш ва баёни ростини таърихи тоҷик, бофаҳмбаёнӣ, ки дар як ҷомеаи идеологӣ зиндагӣ мекард, маҳбубияташро нисбати миллаташ, арзишманд тасдиқ кард. Ӯ садои миллаташро бардошт ва таърихи миллатро сарозер ҷамъ кард. Бобоҷон Ғафуров шахсияти таърихие аст, ки ҳуқуқи таърихии тоҷиконро дар ин сарзамин шарҳ дод ва хидмати илмми ин миллатро дар ҷаҳони илм собит сохт. Ин чеҳраи илми таърих, сарусадоҳои қавмҳои кучиро, ки худро арзандаи таърих меҳисобанд, ки таърихи онҳо, ҳатто арзиши як минтақаро ҳам надошт, аз назари илмӣ ва аз назарӣ таърихӣ хомӯш кард. Ворисони қавмҳои кучӣ, аз ваҳшат, ӯро шинохтанд ва аз эҳсоси хатар Бобоҷон Ғафуровро ба кунгураву бузургдоштҳои илмӣ даъват карданд, ҳазар дар дил ва дар лаб табассум дар бораш бинишинанд, бо салом бо ӯ ифтихор кунанд, рӯҳу ҷисмашонро ором намоянд ва бо рашку ҳасуд, вале чун рақиби фикрӣ-илмии беҳосил тан ба тақдир диҳанд.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун қаламкаши таърихи тоҷик, бо хидмати илмӣ ва афзалияти фикрӣ, бузургтарин китобро, ҳам аз лиҳози мантиқӣ, ҳам аз лиҳози фикрӣ, ҳам аз лиҳози суннатӣ, ҳам аз лиҳози шиддати таърихӣ ва ҳам аз лиҳози ихлос эҷод кард. Ӯ исбот кард, ки миллати тоҷик бо таърихаш сарояндаи беҳтарини таърихи ҷаҳонӣ аст. Бобоҷон Ғафуров чун шахсияти миллӣ, як таърихшинос ва шарқшиноси бузург ва ҳам як роҳбари сиёсӣ, бо қазовату сароҳат ва воқеиятҳои таърихӣ, таърихи тоҷикро тақвияти илмӣ бахшид. Беҳуда намегӯянд: «Ҳангоме, ки як инсони бузургро мешиносем, ки дар зиндагии мувофиқ зиста аст, рӯҳи ӯро дар колбади хеш медонем ва бо ӯ зиндагӣ мекунем, ки ин моро ҳаёти дубора бахшад». Оре, Бобоҷон Ғафуров чун як инсони бузург дар андешаи мо, шинохти замони мо як андешаманди устувор аст, ки бо сарнавишти худ, ояндаи худ ва дар он ҳолати вазъи сиёсии худ, роҳи ҳал ва наҷоти таърихи миллати худро, ки дар ин қисмати Осиё анҷом дод.

Мо, ки ҳастем ва мехоҳем бошем, «мо чи гуна мо шудем»-ро бо иқдому шарофати китоби тӯфонкунандаи Бобоҷон Ғафуров дарк кардем. Донистем, ки Бобоҷон Ғафуров чун як андешаманди тавоно наметавонист ба ҳар як саволи қавмӣ, дар алоҳидагӣ посух бидиҳад, аз ин лиҳоз, ӯ масоили фаровони таърихи тоҷикро мавриди таҳлили воқеӣ қарор дод. Бо ҳамин тариқ, ӯ сарнавишти худ, саргузашти миллат ва фарҳангу тамаддуни хешро ситоиш намуд.

Сарнавишт ва саргузашти миллатро бо сарнавишти худ пайванд кард; барои чи омадам ва барои чӣ зиндагӣ кунам? Маънии таърихи ман дар зиндагиам, дар ҳастиам ва дар замонам чӣ арзиш дорад? Аз тарафи дигар, вобаста ба мантиқе дар ин сарзамини ҳастам, номи «тоҷик» гузоштаам аст, ҳолаш ва ояндааш чи гуна аст?

Дар айни ҳол, китоби ӯ «Тоҷикон» собит менамояд, ки Бобоҷон Ғафуров дар масири таҳқиқи таърих, на танҳо бо афкор, балки бо вуҷуди худаш, ки «олигуна» аст, инсони баргузида, олӣ аст, зеро ӯ бо истеъдоди таърихнигориаш ба ҳама вуҷуди зиндагӣ, ба ҳама дардҳо ва ба ҳама ниёзҳову эҳтиёҷҳои таърихи миллат посух додааст. Ӯ таърихи миллатро, ки акнун ба он саҷда мекунем ва ифтихор дорем, қудрату шӯҳрат бахшид. Барои Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид, ки зеҳнияти миллатро қудрати азими маънавӣ диҳад. Ӯ ҳамчун таърихнигори қудратманд шӯҳрати маънавии миллатро бо манбаҳои таърихӣ исбот кард. Бобоҷон Ғафуров чун шарқшиноси моҳир зербинои маънавиёти миллаташро дар давраҳои таърихии миллат бино кард. Ӯ собит кард, ки тоҷикон дар масири таърих ҳамеша нияти созандагӣ доштанд, яъне «бисозем», «бозбисозем», «эҳё кунем» ва «бозбиҷӯем»-ро таҷдиди назар доштанд. Китоби Бобоҷон Ғафуров фарҳанги тоҷиконро дар ҳама маъонӣ, аз миёни асноду таърих, шарҳи аҳвол ва авомили шинохти он шарҳ медиҳад, ки бузургии ин шахсиятро бо сурати воқеӣ ва айнӣ исбот менамояд. Ин шахсият, ки кохи таърихи миллатро ташреҳ дод ва онро устувору тавоно сохт, гиромидошти ёди рӯҳи ӯ дар як Нимпайкараи назди бинои Академияи миллии илмии кишвар кофӣ нест. Бо андешаи «як рӯҳ дар як Нимпайкар» такмили таърихи миллат, таҳлили паҳлӯҳои норавшани он таҷдиди бинои заҳмати муаллифи китоби «Тоҷикон»-ро падид намеорад. Аз ин лиҳоз, арзандааст, ки сари ин мавзӯъ чора андешид.

Таърихи ғаниву шӯҳратомези тоҷикон, то Бобоҷон Ғафуров бо сукуту сукун қаноат дошт, ба маънои ноумедӣ, аз он чи ки ҳаст, буд. Бо нашри китоб, рӯҳи тоҷик, ба сурати аввалааш даромад, тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати кӯҳан ва соҳибтамаддун исбот гардиданд, он ҷабри таърихе, ки оғоз шуда буд, тағйир дода шуд ва миллат ҳама қудрату рӯҳу маънояшро донист. Бобоҷон Ғафуров бо китоби худ нишон дод, ки таърихи тоҷикон, зеботарин ҳолати маскунияту зиндагӣ дар шавқҳо ва дар тамоилҳои сапедадаму субҳҳангом, эҳтирому афзалият дорад. Ин марди худогоҳу худшинос, бо заҳмати беандозааш, аз нигоҳи бедории сиёсии замонаш ва дар авҷи камолоташ таърихи тоҷиконро бо ҳама шукӯҳаш наҷот бахшид ва фарҳангсолории ӯро ба сурати илмӣ ва ҳам ба сурати айнӣ тасдиқ кард. Бобоҷон Ғафуров сарнавишт ва саргузашти тоҷикро, ки мавҷе буд, ки дар соҳил афтода буд, бо вуҷудаш, бо будаш мавҷ дод. Ӯ на ба таслим, балки бо иродаву қудрату эҳсон, бо масъулият, таърихи хешро «он чи ки аз миллат буд», гирифт ва бо ғайрату асолат, қимату арзиши он ва рисолати онро аз «муҳоҷирон» ҷудо сохт. Бобоҷон Ғафуров, бо ин ният, сарзамину тамаддун ва ақлу илми тоҷикро бо ҳама қудрату пешрафт ба димоғи «гадорӯён» ниҳод. Аз ин лиҳоз, бо завқу шавқ мегӯем: Бобоҷон Ғафуров марде аст, ки бо дилу димоғи тоҷикӣ таърихи тоҷикро ҳам дурусту амиқ ва ҳам бо шукӯҳи миллӣ ва ҳам бо дардҳои ошно намунасозӣ кард ва дар асри мо, барои мо худшиносиро тақвият дод. Мо, ки дар марҳилаи худсозӣ ва ҷомеъасозӣ қарор дорем, ки ин марҳилаи фардосозии миллату ватан аст, огоҳ шудем, ки маҳз Бобоҷон Ғафуров корвони худшиносии миллиро оғоз бахшид ва аз дидгоҳи корвонсолорӣ сарнавишт ва саргузашти онро мавриди таҳлили илмӣ қарор дод, ин корвон манзилҳои таърихиро паймуд ва то ба имрӯз расид.

Бобоҷон Ғафуров таърихи тоҷикро аз «сели қавмҳои кучӣ» раҳо дод, бо ҳушёриву талош қудрати илму фарҳангии миллаташро рӯҳи тоза бахшид. Зебоиҳои моддӣ, сармояҳои маънавӣ ва азаматҳои фикрии ӯро, бо амиқиву устувориаш таҳлили решадор кард. Ин марди равшанфикр, дар такя бо одобу русуму суннатҳои қавмӣ ва бо посдории меросҳои муқаддаси пур-маънӣ ва дар масири худшиносӣ, таҳлили илмиеро анҷом дод, ки барои дарки рӯҳу фарҳанги тоҷик бетакрору арзанда аст. Ӯ, ки таърихи хештанро дар қайду қайдҳояш медонист ва худаш ва қавмашро эҳсос карда буд, мақом ва манзалати хешро дар таърихи ҳазорсолаи миллат гузошт ва шахсияте гардид, ки дар таърих чун шахсияти ғанӣ ва азимфикр боқӣ монд. Мо, ки имрӯз, бо шарофати китоби Бобоҷон Ғафуров, худро вориси чунин тамаддун ва чунин гузаштаи таърих ҳис мекунем, бояд донем, ки «Тоҷикон» хайри фарҳангӣ дорад ва худогоҳии фарҳангиро хайр мебахшад ва моро ҳамеша дар бедории миллӣ қарор медиҳад. Ин аст, маънии равшанфикр будан, огоҳии сиёсӣ ва илмӣ доштан, бо як лафзу маънии саҳеҳ эҷод намудан ва бо як забони пурҳарорати илмӣ иншо намудани таърихи миллат.

Азамти Бобоҷон Ғафуров ба асоси ин мӯҳтаво ва ин биниши таърихӣ, ошноии амиқ ва мустақими ҳамаҷонибаи тамаддун ва фарҳанг, ҷомеа ва таърих, гузашта аз ин, бо фитрати андешае, ки қавмӣ аст, таърихи миллатро бо рӯҳи тавоно, бо сармояҳои азими маънавӣ ва бо ин мояҳо ва бо чунин рӯҳу биниш, бо хусусиятҳои нажодӣ ва ҳам бо шоистагии тоҷикона таҷдид намудааст. Аз ин лиҳоз, Бобоҷон Ғафуров як рӯҳи тавонои чандинбаъдӣ на танҳо кӯшиш ва талош намуд, ки таъризи тоҷикро зинда кунад, балки ба ин васила гароишҳои қавиҳои кучӣ, ки аслан аҷнабиён буданд ва ҳеҷ саодату шафоат ва саховат надоштанд ва дар сояи илму фарҳанг ва тамаддуну забони тоҷик, аз ноилоҷӣ, ҳукмронӣ мекарданд, ҳақу ҳақиқатро хеле равшан исбот намояд. Ӯ шахсияти тоҷик ва баъд шахсияти худашро дар таърих сохт ва дар таҷдиди бинои таърихи миллӣ саҳм гузошт. Бобоҷон Ғафуров бо биниши ақлӣ, бо дарки фалсафаи пешрафта ва сармояҳое, ки дар фалсафаи нав буд, бо рӯҳи қудратманд, дар фитрати қавмӣ ва зоти ӯ, ба унвони як таърихнигори бузурги тоҷик аст, ки бо далелҳои амиқ ва сармояи илмидошта, бо пурандешӣ таърихи миллатро таҳлил кардааст. Ӯ ҳамчун муҳаққиқ, ки ошнои амиқ ба таърих ва фитрати миллат дошт, рӯҳи таърихи миллаташро бо як забони фалсафии устувор, айни ҳол дар маънои фарҳангии биниши миллӣ ба тафсир даровард. Дар ин ҷо, Бобоҷон Ғафуров як олими бо ҷаҳони андеша ва бо банду басти фалсафаи андеша, бо сарояи худогоҳӣ сармояи миллат-таърихи онро таҷассум кард. Бо ин, дар ҳамон замон, ба унвони шарқшиноси муассири фарҳанги андеша, ҳамогоҳ ва ҳам як рӯҳи муттарақии масъул ба рисолати таърихи тоҷик посух дод.

Гузашта аз ин, Бобоҷон Ғафуров як таърихнигоре аст, ки таърихи тоҷикро бо сиёсат, ҳол он ки хаёлаш аз ин ҷиҳат роҳати сиёсӣ дошт ва бо ин хаёл мағрур буд, баррасӣ накард, балки дар қолабҳои суннатии маҳдуд-шудаи тоҷик онро шинохт ва бо ин тартиб, ба мо аз таърихи миллат ифтихор доштанро омӯхт, ки имрӯз чун вожаи худшиносӣ пайгири карда мешавад. Ӯ, ки таърихи тоҷикро аз бофтаҳо бо ном «таърих»-и «қавмҳои муҳоҷир» наҷот дод, қудрати таърихсозии миллатро дар баррасии пешрафту бунёди тамаддун исбот кард ва бо ин тавоноиаш, то ҷое, ки масъулият дошт ва то ҷое, ки мумкин буд, китоби ӯ, нақши азими он, ба ниёзмандиҳо ва бедории миллии мо, дар шароити Истиқлол ва озодӣ, саргаҳи худсозӣ аст. Бобоҷон Ғафуров бо «Тоҷикон»-аш, дар шароити таърихи замонаш, бо як ҷиҳатгирии мустақил, тавонист ҷавҳари миллатро дар таърихаш анҷом диҳад ва огоҳӣ ва шӯри миллиро, ки имрӯз воҷиби айнӣ аст, бедор намояд, ӯ бо таърихаш, бинои нави худшиносиро сохт ва миллати азимашро ба ин бино роҳанзодӣ намуд. Ин «бозгашт ба хеш», на ба он маънӣ аст, ки мо ба эҳёи суннатҳои бумӣ баргаштем. Бо эҳёи таърихи қавмӣ, ба асли миллӣ ва бо эҳёи арзишҳои фикрии созандаи огоҳибахш худро шинохтем. Имрӯз, мо метавонем бо сароҳат бигӯем; «бозгашт ба хеш», ки мегӯянд, ин мутолиа ва фаҳми китоби Бобоҷон Ғафуров, ки як наҳзати амиқи худшиносӣ ва худсозӣ аст. Шинохти имрӯзи мо бо ҳама зебоиҳояш шинохти «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ранҷу кушишҳои муаллифи он, бозгашт ба сарнавишту саргузашти миллат ва билохира, худро огоҳ сохтан аз таъриху тамаддун ва фарҳанги гузашта аст.

Мебинем, барои посух гуфтан ба ниёзҳои миллати хеш, аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, чиҳо метавонем, баҳри ғурури миллӣ, аз таърихи оламгири хеш иқтибос намоем. Масъала ин аст, таърихи миллат ин ҳидоят ва рушд барои миллат аст. Дар ин минтақаи замин, дар давраҳо аз замонҳо, таърих ва сарнавишти вижаи хеши миллат мушаххас шудааст. Дар марзҳои муқими мо ва атрофи он таъриху фарҳанги миллат эҳё шудааст, ки сарнавишти ӯ аст, ки ба вижа, худогоҳӣ ва масъулитро тақозо дорад. Ин сарзамин, ки Бобоҷон Ғафурови таърихнигоро тавлид кардааст, сар-замини аҷдодӣ, аз «мо» аст, ки нахустин гомҳои шинохти хеш ва расидан ба як «худогоҳ»-ро посух медиҳад, аз ин лиҳоз, шинохти хеш ва худогоҳӣ дар ин савол аст, ки «мо акнун дар куҷои таърих қарор дорем? Дар ин марзҳои аҷдодӣ номуси ватандории мо, ҷабҳагириҳои мо дар куҷо аст?…»

Омӯхтем ва донистем, Бобоҷон Ғафуров як олими масъул ва огоҳ будааст, зеро ӯ дар заминаи замоне, ки зиндагӣ мекард, тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, таърихи безаволи онро ба хидмати миллат қарордод, яъне ӯ зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикро, ба унвони масоили намуна, бо мо, рӯёруи устувор гузошт. Бобоҷон Ғафуров таърихи тоҷикро аз тавлид, ҳунару истеъдод, давлатдорӣ то ба маоили ҳунари давлатсозӣ, ки марбут ба фарҳанг, адабиёт ва сиёсат буд, таҷзиву таҳлил кардааст: «…дар аҳди биринҷӣ, бар асоси халқиятҳои шарқиэронии Осиёи Миёна, пеш аз ҳама бохтариҳо, суғдиён ва ба дараҷаи камтар дигар ҷузъҳои таркибии нажодӣ, халқи тоҷик ба вуҷуд омад».

Бобоҷон Ғафуров як шарқшиноси масъул аст, ки имрӯз ҳам бо замон ва ҷомеаи хеш аст, зеро ӯ таърихи фарогири миллатро на дар шиори сатҳи сиёсӣ, балки дар сатҳи фикри устувор, бо истифода аз ҳар гуна иқтибос аз сарчашмаҳои боэътимод таъкид намудааст. Яъне, ӯ шеваҳои зиндагӣ, тамаддуну фарҳанги ғании тоҷикро, бо ҳақпарастӣ, шавқу фазилатхоҳӣ ва пайёмҳои таърихӣ дар дилҳо барафрӯхта ишқи бузурги давлатдориро, дубора ҷон бахшидааст. Бобоҷон Ғафуров бо рӯҳи ҳастӣ ва маънои ҷон, ба мо таърихи миллатро ошно кард, ба мо нерӯ бахшид, то ки мо ба қудрати таърихии хеш расем ва ҳам мантиқи зиндагиро бидонем ва чеҳраи худро дар таърихи худ бубинем.

Бобоҷон Ғафуров таърихи хешро дар пештоқи таърихи ҷаҳонӣ таъин кард ва бо эҳсоси худогоҳӣ ва содиқ мансуб ба миллат, ҷойи «худ» ва ҷойи «мо»-ро хона кард. Бо ин ният, ӯ ин масъулиятро ба душ гирифт, роҳи ҳал ҷӯст ва маҳз ҳамин роҳро интихоб кард ва ҳама мавҳумпарастиро, ки асосан ормони қавмҳои кучӣ буданд, бартарафт сохт. Ӯ собит кард, ки тоҷик ин як калима танҳо як номи ҷуғрофиёӣ нест, балки дар як навҳи биниш ва рӯҳи гароиш ҳокимият мекунад, ки дар зиндагиву шахсияти мо инъикос аст ва ин огоҳӣ бастагии моро дар баробари он чи ки «миллат» ном дорад, мушаххас мекунад. Аз ин ҷост, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров барои мо, дар айни ҳол таърихи забон, фарҳанг, ахлоқ, ҳолати иҷтимоӣ, отифию рафтор ва ҷаҳонбинӣ аст. Ин аст, ки китоби ӯ, ба сурати як «воқеияти таърихӣ» ба фитрату вуҷуди мо ҳузур дорад. Бобоҷон Ғафуров таърих – ҷону ҷавҳари тоҷикро эҳё кард, ин фарҳанги миллатро тарзе бино кард, ки хатари нобудӣ намонд. Илова аз ин, барои мо ворисонаш дар мӯҳтавои таърих рӯҳу хислати фарҳанг, шеваи зиндагӣ, рафтор, рӯҳи ҷамъ, билохира таъинкунандае эҷод кард, ки ба вижа зебиҷаҳон аст. Бинобар ин, китоби Бобоҷон Ғафуров бо арзиши бунёдиаш, «мо»-ро рисолати маънӣ дод, таърихро, ки ҳамчун сармоя дар маънии фарҳанг кашида буд, «мо»-ро ба ҳастии «хеш» рӯҳи неруманд бахшид.

Бобоҷон Ғафуров чеҳраи тоҷикро дар замоне, ки аз мӯҳтавои таърих – фарҳанг холӣ шуда буд, бо истеъдоди таърихнигорӣ, шинохти таърих ва фарҳангро, бо арзишгароӣ мушаххас кард. Аз ин нуқтаи назар, мегӯем: Таърихе, ки дар масири ҳаракат моро месозад ва саргузаште, ки дар пешбинии сарнавишти мо нақши асосӣ дорад ва фарҳанге, ки сиришти иҷтимоӣ ва инсонии моро меофарад, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст.

Ин муҳаққиқи тавонои таърих дар як шароити хоси фикрӣ (материализми ахлоқӣ), маҷмӯи низоми сиёсӣ, идеология, душвориҳои воқеии тадқиқоти илмӣ, ки дар ҷомеа зербино дошт, арзишҳои таърихӣ ва маънавиёти миллатро фарогир пажуҳиш қарор дод, ки дар натиҷа, густариши қиёмҳои миллӣ, ҳурмати таърихи тоҷик, бо зуҳури сармояи қудраташ маънии илмӣ гирифт. Орзуҳо ва баландниёзиҳои ҳаётӣ ва иҷтимоии миллатро аз шабакабандиҳои сиёсӣ, фикрӣ, рақобатҳои хасмона, аз савдогариҳои марзӣ раҳо дод. Ӯ дар зуҳури сотсиализм таърихе сохт, ки дар он сиёсат, ақида, фалсафа, илму ҳунар, давлатдорӣ, бо фазилатҳояшон тавъам буданд: «… чунон ки ӯзбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегарданд, ҳамин тариқа, тоҷикон, низ аз комёбиҳои маданияти халқи ӯзбек файзёб буданд…».

Китоби Бобоҷон Ғафуров паймонест, ки бо рисолаташ, бо маъниаш дар ойинаи қудрату хирадмандии илмӣ аст. Пайкори китоби ӯ моро ба худогоҳӣ, ба суннатҳои давлатдорӣ мебарад, зеро дар он, бо забони зебо саргузашти тоҷик, бо нуқтаи обаш ва бо нуқтаи хокаш, бо қаҳрамониҳои фарзандонаш ва бо арзишу огоҳиву камолаш, бо нерӯи дониш ва ҳунари волои илмиаш таҳлил ёфтааст.

Ҳарчанд, ки мо дар асри Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ намекунем, бо ин ҳама медонем, ки таърихи миллат бо шарофати ӯ дар ҳисори танг намонд ва танҳо ба он чӣ ки дар пиромуне, ки пеши рӯямон мегузарад, он чӣ ки дар чаҳорчубӣ илмӣ онро ин фарзанди фарзонаи миллат, бо шинохти қавмӣ матраҳ кардааст ва аз асре, ки дар он қарор дорем ва аз вазъе, ки ҷаҳону дастандаркорони ҷаҳон сохтаанд, ғофил нестем ва нигоҳамонро аз марзҳои муҳитамон фаротар мешиносем, ҷаҳонро бо тамому зиштиву зебоиаш медонем, зеро мо худро, имрӯз мешиносем, боз медонем дар он ҷое, ки ба сарнавишти миллат-таърих қарор дорем, созанда бошем, дар ин ҷаҳон бо рисолату масъулият бошем. Барои мо, таърихи мо, суннату одобе, ки шиори муқаддаси миллианд, фарҳангу маорифи оромбахши моро, ки тому тамом аст, ки дар он инсон ва робитаи инсон ва ҷаҳон, ҳақиқати зиндагӣ, низоми иҷтимоӣ ва билохира низомҳои арзишҳои хеш дар он аст, бо ин нигоҳ, дар тамоилу тамос, дар интихоби тамаддуни хеш фарҳангу эътиқоду сар-навишти таърихи хешро идома медиҳем. Бо шинохти дақиқу мавзӯъгириҳои асил, аз «бозгашт ба хеш», бинои нави «хеш»-ро эъмор менамоем ва бо камол аз тариқи ин хоки муқаддас, аз фарзандони миллат, мисли Бобоҷон Ғафуров ҳамеша сухан мегӯем, зеро ӯ аст, ки мо аз боби таърих сухан мегӯем, зеро гуфтаанд:

Суннати абр аст ин, ки гирад аз баҳр об,

Боз ҳаме суи баҳр, қатраи борон барад.

Бобоҷон Ғафуров буд, ки моро бо таърихи хеш ба ошноии дақиқу дуруст овард ва дар баландтарин уфуқҳои андешаи ифтихори миллӣ, ишқ ба Ватанро ҳидоят намуд. Авҷи нурафшони таърихи миллатро дар адолати таърихӣ, дар фарҳанги баландпоя, ба сӯи Ватан дар роҳи субҳ ниҳод ва дар мавҷи беқарори худшиносӣ афканд. Худогоҳӣ ва висоли ошиқонаи Ватанро бо рӯҳу эҳсос ҳамоҳанг кард ва бо лаҳни равшанфикрона, бо пойгоҳҳои илмӣ, бо рубиниҳои созгор, ба мо паёму рисолати таърихӣ, ҳақталабии таърихиро ҳидоят намуд.

Акнун донистем, ки Бобоҷон Ғафуров дар рӯшноии мактаби фикрии худ «бозгашт ба хеш»-ро дарёфтааст ва бо ҳама сайъу хизмате, ки дар тадвини таърих тоҷик кардааст ва он ҳама нуқта ва таъкидҳое, ки ба таърихи ғании миллат доштааст, бо ангезаи рӯҳи худшиносӣ арзёбӣ намудааст. Бобоҷон Ғафуров бо эҳёи рӯҳу нақши фарҳанг ва таҷаллии таърих, миллати хешро аз «бемории тоби таърих» наҷот дод. Ӯ бо шӯру шавқи миллӣ, шиори «бозгашт ба таърих»-ро рӯҳи илмӣ дод ва бо чунин бинишу гароиш қудрати миллатро дар рӯҳу низоми ахлоқӣ, иҷтимову зиндагии моддиву маънавӣ дар баробари рисолати бунёдии тоҷикон, таъғири сиришт ва сарнавишт, таъмини равиш роҳ ва ормони «таърих» қарор дод.

Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро шиносномаи миллат номида, омӯзиши васеъи онро барои ҳар як фарди ватандӯст чун манбаи худогоҳиву худштносӣ таъкид намудааст. Ӯ таъкид медорад, ки «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ-гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем», Оре, мо имрӯз наметавонем симои Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен ва муқобилияти ӯро ба аҷнабиёни юнону мақдунӣ, баҳри дифои Ватан, ба ёд наоварем, ки Бобоҷон Ғафуров онро дурахшонтарин саҳифаи таърихи тоҷик номидааст: «Суғдиён ҳама чун як тан ба муқобили истилогарони юнону мақддунӣ сар бардоштанд… Вақте ки масъалаи озодӣ ва истиқлолияти ватан ба миён омад онҳо бо тамоми мардонагӣ барои мудофиаи ватани худ бар зидди истилогарони юнонӣ мубориза бурданд, ки ин мубориза дурах-шонтарин саҳифаҳои таърихи қадимаи… тоҷик аст». Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, қаҳрамонии суғдиён таҳти роҳбарии Ғурак ба муқобили истилогарони араб ва шуҷоату мардонагии мардуми озодихоҳи Хатлон ба муқобили арабҳо ва шикасти аввалини онҳо, ки он дар нахустин асари маҳфузмондаи тоҷик мавқеи таҳлилӣ-таърихии хос дорад, чунин омадааст:

Аз Хатлон омадия,

Ба ру табоҳ омадия.

Обор боз омадия,

Хушку низор омадия.

Бобоҷон Ғафуров симои қаҳрамониву ватанхоҳии Исмоили Сомониро, ки бо шиори «Марг аз асорат беҳ» Амр ибни Лайси арабро шикаст дода буд, баҳои арзанда додааст: «Вақте, ки Исмоили Сомонӣ ба қавмҳои кӯчии атрофи Бухоро зарбаи қатъӣ дод, аҳолии Бухороро ҷамъ овард ва гуфт: «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам».

Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи чеҳраи сарнавиштсози миллат аст, ки бо ин тадқиқоти пайваста ва шоиста кӯҳандиёр будани тоҷик, суннатҳои давлатдорӣ ва нақш дар такомули тамаддуни ҷаҳониро тавассути маъхазҳо, сарчашмаҳои илмӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва дастхатҳои шӯҳрати таърихи-дошта исбот кардааст. Бобоҷон Ғафуров, ҳатто дар фасли нахустини китобаш, дар заминаи далелҳои қавмӣ-ҷуғрофӣ, дар аҳди биринҷӣ, этноси тоҷикро нажоди бумии ин сарзамин муқаррар карда, бо далелҳои раднопазири илмӣ исбот кардааст, ки соҳиби ин сарзамин, бунёдгузори ин куҳандиёр, тоҷикон мебошанд: «Шӯҳрати бонуфузи давлати Бохтари қадим, ки бо давлатҳои бузурги Миср ва Бобул дар як саф меистод ва мавқеи хос дошт», маънои онро дорад, ки аҷдоди тоҷик, ҳатто дар асри оҳан соҳибдавлат буд.

Имрӯз, бо шарофати фарзандони фарзонаи миллат, дар мисоли Бобоҷон Ғафуров ҳуввияти миллии мо дар нишону парчам ва суруди Ватани мо худшиносӣ ва огоҳии миллиро ташвиқ менамояд.

 Каримҷон Қодиров,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь