Ҳамаи дастаҳое, ки ба марҳилаи 1\8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо роҳ ёфтанд, рӯзи 7-ум ва 8-ум баъд аз анҷоми даври охирини гуруҳӣ муайян шуданд. Дар ин даври рақобатҳо чанде аз дастаҳо як қадами дигар ба сӯйи финали Лигаи қаҳрамонҳо гузоштанду гуруҳи дигар сӯйи Лигаи Аврупо раҳсипор шуданд.

Дар дидорҳое, ки рӯзи 7-ум доир шуданд, дар гуруҳи А дастаи “ПСЖ” тими “Брюге”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. “Манчестер Сити” аз дастаи “Лейпсиг” бо ҳисоби 2:1 мағлуб гашт.

Дар гуруҳи В бошгоҳи “Ливерпул” дастаи “Милан”-ро бо ҳисоби 2:1 ва  “Атлетико” “Порту”-ро бо натиҷаи 3:1 шикаст доданд.

Дар гуруҳи С “Аякс” бар муқобили “Спортинг” 4:2 ғалаба ба даст овард. Дастаи “Борусия Дортмунд” бо ҳисоби бузурги 5:0 “Бешикташ”-ро шикаст дод.

Дар гуруҳи D Дастаи “Шахтёр” бо “Шериф” бо натиҷаи 1:1 мусовӣ намуду бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” дар хонаи худ “Интер”-ро бо натиҷаи 2:0 сарафканда сохт.

Дар гуруҳи E “Барселона” бо бошгоҳи “Бавария”-и Олмон рақобат кард. “Машинаи олмонӣ” ба дастаи испанӣ чанд бозӣ мешавад, ки раҳм намекунад. Дар ин рақобат низ футболбозони “Бавария” 3 тӯбро таслими дарвозаи “Барселона” карданду масири “нилунориҳо”-и аз соли 2001 то ин дам аз даври гуруҳӣ наафтодаро ба сӯйи Лигаи Аврупо боз намуданд. Бозии дигар ин рақобати “Бенфика” ва “Динамо Киев” буд, ки дастаи португалӣ бо ду голи беҷавоб айши тими украиниро талх сохт.

Дар гуруҳи F бозӣ байни дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Янг Бойз” сурат гирифт, ки ин дидорбинӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Рӯзи 8-ум бинобар сабаби бад будани вазъи ҳаво, бозии “Вилареал” бо “Аталанта” доир нашуд ва ин набард ба рузи 9-ум гузаронда шуд. Дар ин вохӯрӣ дастаи испанӣ “Аталанта”-ро бо натиҷаи 2:3 шикаст дод.

Дар гуруҳи G  ”Волсбург” бо “Лил” нерӯ санҷид ва натавонист пирӯзӣ ба даст орад. “Лил” бо 3 голи ба ҳадаф расондаи футболбозони худ “Волсбург”-ро ноком кард. Футболбозони “Волсбург” дар дақиқаи 89-ум ба як голи фаронсавиҳо ҷавоб гуфтанд, аммо дар идома ҳисоб тағйир наёфт ва “Лил” бо натиҷаи 3:1 ғолибият ба даст овард. Тими “Ред Бул Залсбург” бо як тӯб дастаи “Севиля”-ро ноком намуда, ба Лигаи Аврупо фиристод.

Инчунин, дар гуруҳи охир, яъне гуруҳи Н бошгоҳи “Зенит” бо “Челси” рӯ ба рӯ шуд. Ин набардро бозии дидании давр гӯем ҳам, хато намекунем. Ин дидор бо натиҷаи мусовии 3:3 хотима ёфт. Бошгоҳи “Ювентус” бо дастаи “Малио” рақобат намуда, ҳарифро бо ҳисоби минималии 1:0 дучори шикаст кард.

Дастаҳои “Манчестер сити”, “Ливерпул”, “Аякс”, “Реал Мадрид”, “Бавария”, “Манчестер Юнайтед”, “Лил”, “Ювентус” аз зинаи аввали гуруҳ ба даври 1\8 ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастаҳои “ПСЖ”, “Атлетико Мадрид”, “Спортинг” “Интер”, “Бенфика”, “Вилареал”, “Ред Бул Залтсбург”, “Челси” аз зинаи дуввум  ба марҳилаи 1\8 финал рафтанд.

Дастаҳое, ки ба Лигаи Аврупо рафтанд, “Лейпсиг”, “Порту”, “Боруссия”, “Шериф”, “Барселона”, “Аталанта” “Севиля”, “Зенит” ҳастанд.

Дар натичаи куръакашии марҳилаи плей-офф, ки рӯзи 13-уми декабр дар шаҳри Нйони Швейтсария доир шуд, ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоӣ маълум гаштанд.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии УЕФА:

«Бенфика» (Португалия) – «Аякс» (Нидерланд);

«Вилярреал» (Испания) – «Ювентус» (Италия);

«Атлетико» (Испания) – «Манчестер Юнайтед» (Англия);

«Залтсбург» (Австрия) – «Бавария» (Олмон);

«Интер» (Италия) – «Ливерпул» (Англия);

«Спортинг» (Португалия) – «Манчестер Сити» (Англия);

«Челси» (Англия) – «Лилл» (Фаронса);

«Пари Сен-Жермен» (Фаронса) –  «Реал» (Испания);

Бозиҳои аввали даври 1/8-финал рӯзҳои 15-ум, 16-ум ва 22-юм, 23-юми феврал доир мешаванд.  Рақобатҳои ҷавобӣ рӯзҳои 8-ум, 9-ум 15-ум, 16-уми март баргузор хоҳанд шуд.

Инчунин, ҷуфтҳои плей-оффи Лигаи Аврупо низ муайян гаштанд. Ҳамаи ҷуфтҳои даври плей-офф ин дастаҳо мебошанд:

«Севиля» (Испания) – «Динамо» Загреб (Хорватия);

«Аталанта» (Италия) – «Олимпиакос» (Юнон);

«РБ Лейптсиг» (Олмон) – «Реал Сосйедад» (Испания);

«Барселона» (Испания) – «Наполи» (Италия);

«Зенит» (Русия) – «Бетис» (Испания);

«Боруссия» Дортмунд (Олмон) – «Рейнҷерс» (Шотландия);

«Шериф» (Молдавия) – «Брага» (Португалия);

«Порту» (Португалия) – «Латсио» (Италия);

Ҳамаи бозиҳо соати 01:00 ба вақти Душанбе оғоз мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки қуръакашии Лигаи Қаҳрамонҳо дубор сурат гирифт. Натиҷаҳои қуръапартоии аввал бо сабаби нуқсонҳои техникӣ бекор карда шуд ва дар ин бора сомонаи расмии UEFA иттилоъ дод. Сабаби дуюмбора баргузор намудани қуръакаши дар он аст, ки  собиқ футболбози рус Андрей Аршавин бар рақибони “Вилярреал”  муқобили тими “Манчестер Юнайтед”, ки дар марҳилаи гуруҳии мусобиқа бо бошгоҳи испанӣ  рӯ ба рӯ шуда буд, қуръаро кашид.  Аз ин рӯ, онҳо натавонистанд, ки дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ бо ҳам бозӣ кунанд ва қуръакашӣ дубора гузаронида шуд.

Шаҳзод Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь