Вақтҳои охир савдогарони одамон бештар тавассути технологияҳои замонавӣ, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ҷалб месозанд ва нақшаҳои худро амалӣ мекунанд.

Вазъият бо хуруҷи коронавирус боиси фаъолшавии киберҷинояткорон дар Интернет гардид. Онҳо дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки ҳамагон дар ҳолати карантин буданд, ба қавле ба “муштариёбӣ’’ пардохтанд. Бештари ин ҳолатҳоро мо дар зершарҳи наворҳое мебинем, ки он ҷо аз тарафи шахсони номаълум махсусан занҳоро ба кор таклиф кардаанд. Вале дар эълон хусусияти кор мавҷуд нест, аммо маоши хуб ваъда карда шудааст. Ҷинояткорон ба боварии ҳамсуҳбати худ медароянд, талаботҳо, мушкилот ва сӯхтии онҳоро ошкор мекунанд ва худашонро чун дӯсти барояшон кӯмакрасон мегиранд. Донистан муҳим аст, ки ҳангоми истифодаи Интернет бояд эҳтиёткор буд, махсусан ҳангоми бо ашхоси ношинос суҳбат доштан. Пешниҳодҳои шубҳанокро низ доири кор дар интернет, ки аз тарафи шахсони номаълум гузошта шудаанд, қабул набояд кард. Алҳол инсоният дар замони рушди босуръати техникаву технология қарор дорад. Бештар телефону Интернет аз ҷониби кӯдакон ҳамчун воситаи вақтгузаронӣ, машғул шудан ба бозиҳои гуногун истифода мешаванд. Ин ҳолат дар ашхоси бузургтар низ мушоҳида мешавад.Тасаввур кунед, агар як ашхоси бузургу дорои ақли солим ин қадар ба Интернет дода шавад, пас аз хурдон чиро интизор шудан мумкин?! Ҳол он ки бархеи дигар телефони мобилии худро бидуни интернет тасаввур карда ҳам наметавонанд. Ин нуктаро хело муҳим ва воқеъона Меҳроҷиддин Шарифзода, корманди Радиои Тоҷикистон дар суҳбат чунин иброз дошт; ’’Имрӯз техника дар дараҷаи баланди тараққиёт аст, майли одамон махсусан ба телефону интернет сахт афзудааст. Аз тарафи дигар, қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз баръало мушоҳида мешавад.Ҷавонону наврасон ва умуман тамоми табақаҳои ҷомеаро мебояд эҳтиёткор бошанд, то фирефтаи чунин гурӯҳҳову ҷинояткорон нагарданд ва интернетро низ самараноку дар вақтҳои зарурӣ бояд истифода бурд. Як самти фоидаовари он дастрасӣ пайдо кардан ба маълумоти зарурӣ, мутолиаи китобҳои электронӣ ва низ роҳи осони муоширату алоқа мебошад’’.

Дарвоқеъ, ҳамагон имрӯз ба дунёи маҷозӣ сахт вобаста гардидаанд. Ҳамин дилбастагӣ онҳоро аз бисёр чизҳо дур месозад. Мардум рӯзи худро бидуни телефони мобилӣ ва Интернет тасаввур карда наметавонанд. Субҳ фавран вориди ин дунё мегарданд ва побанди он хоҳанд гашт. Ҳоло майли ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд афзудааст. Ба ҷойи мутолиаи пурсамари китоб ё рӯзномаву чизи дигаре вақти пурқиммати хешроба тамошои видеову паҳнкунии ҳар хел роликҳо сарф менамоянд. То ҳадде, ки намедонанд бо чӣ мақсад вориди он шудаанд. Интернет онҳоро аз ҳама кору бори зиндагӣ дур месозад ва майли дубора ба сӯйи худ ҷалбсозии одамонро низ бештар месозад. Интернет майдони фарохест. Имрӯз ҳар гуна чизи лозиму нолозим онро фаро гирифтааст. Дар ин зимн, қаллобон барои ба дастовардани фоидаи махсус дар олами маҷозӣ басо фаъол шудаанд. Ҳамин майдони фарох имкон додааст,ки имрӯз ҳар як шахси кӯчагӣ ва даҳҳои дигар бо як ду видеову барномаҳои умуман ба талабот ҷавобгӯ набудаи хеш барои фоидаи худ кӯшида истодааст. Роҳи осонро пешгирифтаанд, ҳама ба блогерӣ пардохтаанд, бо якчанд баромадҳои худ мардумро ба худ ҷалб сохта, роҳи фоидаро дарёфтаанд. Завқи мардумро то он андозае паст кардаанд, ки ҳар як чизи пасти онҳоро ҷонибдорӣ ва хуш қабул мекунанд. Ҷавонон ва ҳатто хурдсолон низ ба ҷойи дидани як чизи хубу судманд ба корҳои беҳуда машғуланд. Имрӯз агар аз ҳар як имкониятҳои муҳайёшуда самаранок истифода барем, ба манфиати мо хоҳад буд. Аммо мардум торафт ба дигар самт майл мекунанд. Тавре донишҷӯи самти журналистикаи ДДФСТ Шарипов Ҳусейн қайд кард, ’’имрӯз вақт басо тез гузашта истодааст, ҳар як лаҳзаи ҳаётро бояд босамар гузаронд, то фардо афсӯс нахӯрем. Ҳамаи муваффақиятҳо аз мақсади дар пеш гузоштаистода шурӯъ мешавад. Ононе ки имрӯз ба корҳои беҳуда майл мекунанд, пас дар зиндагӣ низ ба иштибоҳҳои зиёд рӯбарӯ хоҳанд гашт. Бояд ҳар шахс худогоҳу худшинос бошад ва бо андешаи созгор кору фаъолият ва зиндагӣ намояд!’’

Онҳое, ки саводе наомӯхтаанду имрӯз барои ба даст овардани фоида ба ҳар гуна кор қодиранд, таъсироти манфие ба андешаи мардум хоҳанд расонид. Ҳам қадру манзалати мақому касбҳои дигарро паст хоҳанд кард. Агар шахс барои ислоҳ гаштани хеш дар назди худ мақсад гузорад, пас ӯ муваффақ хоҳад баромад!

Сайфуллоев Беҳрӯз, донишҷӯи кафедраи журналистикаи тв ва радиошунавонии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь