Ҳар сол дар Ҳиндустон 26 январ ҳамчун Рӯзи Ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар саросари Ҳиндустон рухсатии умумӣ эълон мешавад. Дар ин рӯз яке аз президентони кишварҳои дӯст ба ҳайси меҳмони расмӣ даъват шуда, дар ҷашни умумӣ иштирок мекунад. Имсол таҷлили ҷашни Рӯзи Ҷумҳурӣ дар Деҳлии нав бо ширкати меҳмони ифтихорӣ – сарвари Фаронса Эменуэл Макрон бо шукуҳи хоса таҷлил шуд.

Эменуэл Макрон дар суҳбат бо сарвазири Ҳинд Нарендраа Модӣ дар хусуси густариши равобити сиёсиву иқтисодӣ ва низомии ду кишвар сухан гуфт. Мизбонии донишҷӯёни Ҳиндустон дар Фаронса, кӯмакҳои ҳарбӣ, аз ҷумла сохтани чархбол ва киштиҳои зериобии ҳарбӣ муҳимтарин тааҳҳудоти Эменуэл Макрон буд, ба мардуми ин кишвар дод. Ин кӯмакҳо метавонад боиси тақвияти иқтидори ҳарбии Ҳиндустон шавад, ки дар ин шароит Ҳинд дар талоши боло бурдани тавоноии низомиаш аст.

Ҳамчунин, президенти нави Ҳиндустон Драупади Мурму дар паради ҳарбӣ, ки ҳар сол ба муносибати Рӯзи Ҷумҳурӣ баргузор мешавад, иштирок намуда, маросимҳои вижаро иҷро кард. Дар ин рӯз президент дар назди девори сарбози гумном гулчанбар гузошт ва мардумро бо ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик кард. Ин ҷашн яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои миллии Ҳиндустон ба шумор меравад.

Рӯзи Ҷумҳурӣ дар Ҳиндустон ҷашни муҳими сиёсӣ ба шумор меравад ва дар ин рӯз дар тамоми иёлотҳои ин кишвар таътил эълон мешавад. Рӯзи Ҷумҳурӣ ба ифтихори қабули Қонуни асосӣ, ки 26 январи соли 1950 қабул шуда буд, таҷлил мешавад. То ин замон Ҳиндустон, ки соли 1947 истиқлол ба даст оварда буд, бар асоси санади ҳокимияти мустамликадории Ҳинди Британия идора мешуд. То замони истиқлол Ҳинд ҷузъе аз мустамликаи Британия Кабир буд ва дар натиҷаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ бо сарварии Маҳатма Ганди ва Ҷавоҳирлаъл Неҳру ба истиқлол ва озодӣ расид.

Ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон аз соли 1857 оғоз шуд ва бо раҳбарии пешвои ҳиндустониҳо Маҳатма Гандӣ бо хориҷ шудани Британия аз хоки ин кишвар ба пирӯзӣ расид. Мардуми Ҳинд дар роҳи ба даст овардани истиқлол ва озодӣ қурбониҳои зиёде доданд. Мустамликадорони Британия барои саркуб ва ҷилавгирии мардум аз эътироз ва шуриши раҳбарони ҷараёнҳои истиқлолхоҳро боздошт ва зиндонӣ мекарданд, вале мардум аз ин роҳаш пас нагашт ва то ба пирӯзӣ расидан ҷоннисорӣ намуданд. Ҷавоҳирлаъл Неҳру аз ҷумлаи роҳбароне буд, ки солҳо умрашро дар зиндон гузаронд ва баъди пирӯзии мардуми истиқлолхоҳ ба озоди расид. Ӯ дар сохтани Ҳиндустони навин нақши калидӣ ифо кард. Маҳатма Ганди ва Ҷавоҳирлаъл Неҳру аз ҷумлаи раҳбарони миллии Ҳиндустонанд.

Ҳиндустон пас аз ин ки истиқлол ба даст овард, низоми нави сиёсӣ ва иқтисодиро интихоб намуд, ки бо шарофати он ҳоло яке аз кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ба ҳисоб меравад. Иқтисоди Ҳиндустон ба таври бесобиқа рушд мекунад ва коршиносон ҳадс мезананд, ки дар даҳсолаҳои ахир эҳтимолан Ҳиндустон дар сафи се кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ қавии ҷаҳон дохил мешавад.

Дар тайи як даҳсолаи ахир Ҳиндустон бо сарварии Нарендра Модӣ сиёсати сулҳҷӯёнаро, ки бар асоси тавсеаи иқтисодӣ ва равобити дӯстона бо ҳама кишварҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ асос ёфтааст, пеш гирифта, ки натиҷаҳои судманд ба даст омадааст. Узвияти Ҳинд дар як қатор созмонҳои ҷаҳонӣ, ки аксари он хусусияти иқтисодӣ доранд, баёнгари нигоҳи иқтисодмеҳвари ин кишвар дар равобит бо кишварҳои ҷаҳон аст.  Ин кишвар иқтисодро меҳвари таомул бо кишварҳои ҷаҳон, ба вижа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор додааст.

Ҳиндустон 28 августи соли 1992 дар замоне, ки Тоҷикистон нав ба истиқлол расида буд, равобити дипломатиро бо ин кишвар оғоз кард. Мабнои равобити сиёсӣ ва иқтисодии Ҳинд бо Тоҷикистонро тарҳ ва барномаҳои иқтисодиву фарҳангӣ шакл медиҳад. Сафари раҳбарони ин ду кишвар бо нияти тақвияти равобити сиёсиву иқтисодӣ ва пешбурди ҳамкориҳои бисёрсатҳаи соҳавӣ муҳимтарин омили тақвияти робитаҳо аст. Масалан, аввалин сафари президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Деҳлӣ соли 2003 анҷом шуд. Сарвазири собиқи Ҳиндустон Атал Бихар  Ваҷпайи низ соли 2003 ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Сарфарҳои дар солҳои мухталиф анҷомодаи раҳбарони Тоҷикистон ва Ҳиндустон заминагузори ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин ду кишвар гардид. Дар замони сарварии нахуствазири феълии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки сиёсати иқтисодмеҳварро дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа, ба хусус Тоҷикистон дунбол мекунад, равобити ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки Ҳиндустон аз ибтидои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии судовар таваҷҷуҳ карда, сармоягузорӣ кардаат. Масалан, бо сармоягузории Ҳиндустон Неругоҳи барқии обии “Варзоб-1” бозсозӣ шуд. Ҳамчунин байни ширкати “BHEL” –и Ҳиндустон ва  “Pamir Energy” – и Тоҷикистон дар заминаи сохтани генераторҳо дар дастгоҳт неругоҳи барқии обии “Помир –1” шартнома ба имзо расида, дар ниҳоят ба баҳрабардорӣ расид. Фурудгоҳи низомии Айнӣ яке аз тарҳои калони самоягузории Ҳиндустон аст, ки ҷиҳати бозсозии он анҷом шуд. Дар заминаи кӯмакҳои бебозгашти башардӯстона барои Тоҷикистон низ Ҳиндустон яке аз кишварҳои пешқадам ба ҳисоб меравад.

Равобити илмӣ ва фарҳангии ин ду кишвар низ дар сарҳи олӣ қарор дорад. Ҳинд солона беш аз 50 бурсияи илмӣ-омӯзишӣ барои довталабони Тоҷикистон ихтисод медиҳад, ки онҳо дар донишгоҳ ва донишкадаҳои мухталифи ин кишвар таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни Ҳиндустон бештар дар Донишгоҳи тиббии Абуалӣ Сино барои омӯзиш меоянд ва ин далелҳо нишонаи боризи равобити илмӣ ва омӯзишии ҳар ду кишвар аст. Ҳунармадони Ҳиндустон борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, дар рӯзҳои фарҳангии ин кишвар ширкат кардаанд. Ҳамчунин ҳунармандони Тоҷикистон низ борҳо ба Ҳиндустон сафар кардаанд. Синамои Ҳиндустон як омили муҳим барои шинохти мардуми Тоҷикистон аз ин кишвар аст.

Ҳар сол сафоратҳои Ҳиндустон дар ақсои олам аз Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистон имсол дар меҳмонхонаи “Хилтон” бо ширкати намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонон ва намояндагони расонаҳо Рӯзи ҷумҳурӣ бошукуҳи хоса таҷлил гардид.

Фарҳоди Файзмуҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь