Ё метавон умед баст, ки “ПСЖ” Мессиву Роналдоро якҷо мекунад?
Футбол бозии миллионҳо ва бархӯрди абардастаҳову ситораҳои пурҷилост. Нишон аз қудрату тавон аст. Шукуҳу шаҳомати футбол буда, ки ҳаводорони бешуморро дар дилхоҳ мавқеи сайёра, сар аз хурдтарин то ба бузургтарин кишварҳои олам парвонаи худ сохта, миёни ҳама навъи варзиш маҳбубияти бештарро ба худ ихтисос додааст. Шуҳрату шаҳомат ва ҷазобияти ин навъи варзиш онро дар қалби кӯчаки кӯдаки наврӯида то ба пири фартут ҷойгир намуда, бо боварии том метавон гуфт, ки қисми зиндагии баъзе аз мардуми сайёра гаштааст.
Аз оғози асри нав дар футболи оламгир ба қатори футболбозони моҳири сайёра, ба сафи онҳое, ки исмашон бо маҳорати баланду сутуданияшон абадзинда аст, бозингароне ҳамроҳу ҳаммаром шуданд, ки бо ҳунару маҳорати воло, яккатозӣ ва тохту този бенадиди худ тавонистанд оламиёнро шигифтзада ва шефтаи ҳунари футболии худ созанд. Ду ситораи пурҷилои осмони паҳновари футбол Криштиану Роналдо ва Лионел Мессӣ, бешак то абад дар таърихи ин навъи варзиш исми худро бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд.
Сафшиканӣ бо реву равиши худ
Криштиано Роналдо. Роналдо фаъолияти футболбозии касбии худро аз дастаи “Спортинг”-и ватани худ Португалия оғоз намуду баҳри такмили пешаи футболии худ дар оянда тарки ин даста намуда, ба ҳайати “Манчестер Юнайтед”-и Англия пайваст. Дар дастаи англисӣ ҳунари дар худ нуҳуфтаи Роналдо рӯй зад ва бозиаш торафт касбияти баландро ба худ мегирифт. Ба “ситораи португалӣ” муяссар шуд, то соли 2008 бо дастаи «МЮ» ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардад. Ситораи навтулӯи олами футбол баъди муваффақона майдондорӣ кардан (аз соли 2003 то 2009) дар ҳайати дастаи англисӣ ба тими шоҳонаи “Реал Мадрид”-и Испания гузашта, то соли 2018 дар он ҳунарнамоӣ кард.
Дар “Реал Мадрид” давраи беҳтарин ва авҷи баланди футболбозии Роналдо, давраи сафшиканӣ, ки дар ҳар як майдондорӣ нақши ӯ дар пирӯзии даста беназир буд, гузаштааст. Роналдо ҳамроҳ бо даста ҷоизаҳои зиёде ба даст овард. Дар давоми панҷ мавсим (аз соли 2014 то 2018) чор маротиба ва он ҳам се маротиба пайдарпай (2016, 2017, 2018) ғолибиятро дар Лигаи қаҳрамонҳо дар ҳайати дастаи “Реал Мадрид” ба даст оварда, шоҳҷоми ин мусобиқаро ба хазинаи ҷоизаҳои худ зам намуд, ки то ин вақту замон ҳеҷ як футболбоз ва дастае дар гузаштаву кунун ба чунин комёбӣ даст наёфта буд (аз даврае, ки ин мусобиқа номи худро дигар сохт). Баъди муваффақиятҳои беназир ва нишон додани маҳорати баланди худ дар даҳ мавсими паёпай, баъди шикасти рекордҳои гуногун ва гузоштани рекордҳои ҷадид, баъди унвони беҳтарин нишонзанро дар таърихи ҳайати “Реал” дар кулли давру замон ба даст овардан, Роналдо тобистони соли 2018 дастаро тарк сохту ба ҳайати тими “Ювентус”-и Италия пайваста, шартномаи чорсола ба имзо расонд ва то ҳол дар ин тим ҳунарнамоӣ мекунад.
Пойдевори устувори “Барселона”
Леонел Мессӣ. Ба Мессӣ дилхоҳ унвоеро, ки як футболбози саршинос, мумтоз, муваффақ ба даст меорад, додан мумкин аст. Аз оғози асри ҷадид то инҷониб маҳорати худро танҳо дар “Барселона” (аввалан дар ҳайати ҷавонони даста бозӣ намуд, баъдан ба тими асосӣ пайваст) нишон дод ва тайи ин солҳо ба ин тим содиқ монду пойдевори қавию устувори “Барселона” гардид. Ва метавон ибораи “содиқ мондан ва устувор будан”-ро ба Мессӣ талқин кард. Кӯшиш кард, ҷаҳд намуд, бо мушкилӣ ҷангид ва ин ҳама талошҳо буд, ки ӯро ситораи муваффақи “Барселона” ва футболи олам сохт. Ҷоизаҳои зиёде бо тими каталонӣ ба даст овард. Ва метавон баъди исми ин футболбоз ибораи қаҳрамони ин ё он мусобиқаро илова намуд ва унвонҳои зиёдеро ба ӯ ихтисос дод. Бо боварии том ва бидуни ҳеҷ шакке Мессӣ аз афсонаҳои олами футбол аст. Афсонае, ки дар ҳақиқат ҳам барои баъзеҳо боварнокарданӣ. Афсонае, ки фаъолияти дар “Барселона” гузаронидаи Мессиро гӯёст.
Вале тайи чанд равзанаи охирини гузариши футболбозони сайёра ҳангомаи аз “Барселона” рафтани Мессии аргентинӣ сатри аввали хабару гузоришҳои сайтҳои варзишии олам гашта буд. Баъзеҳо онро ба ҷуз овозаю сарусадое чизи дигаре намедонистанд.
Лек мондани Мессиро дар “Барселона” ва ин дастаро аввалин ва охирин тими ин бозингари оламшумул шуморидан ҳам барои бисёриҳо афсонае беш набуд. Вале гумонҳои тарки “Барселона” кардани Лео рост баромада, баъди ҳунарнамоӣ ва дурахшиши зиёде дар тими каталонӣ Мессӣ бо ашкҳои резон ин тимро тарк сохт ва сар аз мавсими нав ӯро бо либосҳои дастаи «ПСЖ»-и Фаронса хоҳем дид.
Рӯёрӯии дурахшандагони футбол
Криштиано Роналдо ва Лионел Мессӣ бидуни ҳеҷ як муболиғае ҳама саду мушкилоти сари роҳи як варзишгар буда, хоҳ кӯчаку бузургро шикаста, бо ҳунару маҳорати футболии хеш машҳури олам гаштанд. Рақобату зиддияти ин ду сафшикани олами футбол аз оғози фаъолияти касбии ҳар ду шуруъ шуда, ҳоло ҳам идома дорад. Вале давраи авҷи баланди ин рӯёрӯии футболбозон вақте буд, ки Роналдо дар ҳайати “Реал Мадрид” буду Мессӣ шарафи ”Барселона”-ро ҳимоя мекард. Дар давоми як мавсим бештар аз ду маротиба ин дастаҳо миёни ҳам рақобат менамуданд. Бозии ин дастаҳоро дар баробари “El Classico” унвон додан, ҳамчунин рӯёрӯии Роналдою Мессӣ низ гуфтан ҳеҷ камие надошт. Ва мухлисони зиёди бетараф, ки на тарафдори “Реал”-у Роналдо ва на мухлиси “Барс”-у Мессӣ буданд, ин бозиро бо шавқи барзиёд маҳз барои рӯёрӯии Роналдою Мессӣ дар саҳнаи футбол тамошо мекарданд. То онҳо зидди ҳам чӣ гуна рақобат карда, ба чӣ комёбии нав даст меёбанд? Чӣ маҳорате аз худ ба намоиш мегузоранд? Кадом сафҳаҳои таърихро аз нав сабт месозанд? Ва чӣ садди бузурге барои насли футболбозони оянда мегузоранд, ки онҳо то ба чӣ гуна мушкилие рӯ ба рӯ шаванд ва ба нишондоди ин ду ситораи оламшумули футболӣ наздикӣ пайдо созанд?
Бо ҷилою дурахши ин ду саршиноси олами футбол кулли мухлисони ин ду дастаи абарқудрати аврупоӣ ва ҷаҳон лаззати амиқе мебурданд. Дар давраи ҳунарнамоии ин футболбозон дар тимҳои собиқи худ, яъне “Реал Мадрид” ва “Барселона”, ҳар ду даста чормаротибагӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо пирӯз шудаанд (“Реал Мадрид” – 2014, 2016, 2017, 2018, “Барселона” – 2006, 2009, 2011, 2015), ки ин дастовард ба кам футболбозоне даст додааст. Дар ҳоле ки барои дастаҳои бештари аврупоӣ ва футболбозони зиёде ҷоми ин мусобиқаро ба даст овардан ва ҳатто, дар марҳилаҳои интихобӣ ва гуруҳии ин мусобиқа иштирок намудан, орзуи чандин соларо мемонад, ки ҳеҷ имконияти созгоре баҳрашон пайдо намегардад.
Ду шери жаён дар як ҷангал?
Қабл аз рафтани Мессӣ аз “Барселона” сарусадои зиёде доир ба оне ки тими «ПСЖ» ҳарду ситораи пурҷилои футбол – Роналдо ва Мессиро дар даста якҷо хоҳад кард, паҳн мешуд. Ҳамакнун қиссаи дурударозе, ки дар бораи Мессӣ сомонаҳои варзишӣ ба таври худ ва ҳар футболдӯсту футболфаҳм ба таври худ мебофтанду метофтанд, ба анҷом расиду Мессӣ дар Париж.
Омадани Роналдо ба ин даста чӣ? Оё дастаи «ПСЖ» метавонад ду ситораи дурахшони футболро, ки ҳамеша муқобили ҳам буданду аз ҳамдигар бо ҳар нишондоде пеш гузаштан мехостанд, якҷо созад? Оё шефтагони маҳорати ин ду футболбози машҳури олам, ки ҳамеша дар пайи паст задани рақиби худ буданду футболбози дӯстдоштаи худро бартар аз ҳариф медонистанд, метавонанд нишинанду Роналдою Мессиро якҷо дар як тим мухлисӣ кунанд? Оё «ПСЖ» қудратеро дорад, ки миёни Роналдо ва Мессӣ “оши оштӣ” гузораду онҳоро дар як хати ҳамла канори ҳам ҷой диҳад ва ҳарду баҳри қаҳрамонсозии як даста кӯшиш созанд? Оё мо ҳукмронии ду шери жаёнро дар як ҷангал шоҳид мешавем? Ва оё дастаи «ПСЖ» бо ҷалби ситораҳои дурахшону пурҷилои олами футбол ба орзуи деринтизори худ ва кулли мухлисону тарафдорони ин даста – ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро болои сар бардоштан, мерасад? Ё ин ки ситораҳои «ПСЖ» танҳо дар дохили Фаронса аз худ нур мепошанд, на фаротар аз ин кишвар, то кулли Аврупоро бо равшании худ мунаввар созанд? Ва дигар ҳама аз бозии ҷолиби ин дастаю бозингаронаш гӯянд ва ин боиси фахри кулли ҳаводорони ин тим гардад?
Ҳамаи инро фақат довари ростқавли давру замонҳо, вақт нишон хоҳад дод.
Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА