Хулосаи баъзе аз изҳороти суханронии Президент Эрдуғон дар нишасти фавқулодаи муштараки Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва Лигаи Араб, ки 11-уми ноябр дар Риёз баргузор шуд, ба таври мухтасар дар зер оварда шудааст.

– Шармовар аст, ки кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамеша аз ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон ҳарф мезананд, дар баробари куштори пайдарпай дар Фаластин сукут намудаанд.

– Мо бо ваҳшонияти бесобиқа, ки таърих онро ёд надорад, рӯбарӯ ҳастем, ки дар он бемористонҳо, ибодатгоҳҳо, мактабҳо, лагерҳои гурезаҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ бомбаборон карда мешаванд ва мардуми осоиштае, ки ба минтақаҳои ба истилоҳ “амн” муҳоҷират мекунанд, кушта мешаванд. Кӯдаконе, ки ҷасади бегуноҳашон дар долони бемористон паи ҳам қарор гирифтаанд, модароне ки фарзандони худро дар оғӯш гирифта бо машоми фарзанди худ ҷон бохтаанд, падароне, ки дар биноҳои ба харобазор табдилёфта аъзоёни оилаи худро бо даст меҷуянд, хулоса ҳамлаҳое, ки мустақиман шаҳрвандони осоиштаро ҳадаф қарор дода буданд, 36 руз мешавад, ки бо ваҳшонияти мутлақ идома ёфта истодааст. Роҳбарони Исроил барои ҳодисаи рӯзи 7 октябр, ки бисёре аз мо онро намепазиранд, аз навзодони Ғазза, кӯдакони бегуноҳ ва занони фаластинӣ интиқоми худро гирифта истодаанд.

– Мухолифони Хамосро, ки аз ватани худ дифоъ мекунанд ва истилогаронро дар як саф қарор додан ғайриимкон аст. Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, аз 12 ҳазор фаластинии кушташуда дар Ғазза ва Ромаллоҳ 73 дарсадро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ин ҳолати ҷунунро дифоъ намуд ва ё узрнок қабул намуд. Афсӯс, ки кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамеша дар бораи ҳуқуқу озодиҳои башар ҳарф мезананд, дар баробари куштори давомдор дар Фаластин сукутро ихтиёр намудаанд. Қариб 12 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуданд, тақрибан тамоми Ғазза хароб шуд, аммо ин кишварҳо ҳатто бо Исроил оташбас даъват намекунанд ва ин корро карда ҳам наметавонанд.

– Мо интизорем, ки ҳукуматҳое, ки Исроилро дастгирӣ мекунанд, ба ин фарёд гӯш медиҳанд. Ҷаҳони ислом ин дафъа бар хилофи бӯҳронҳои дигар дар як ҳолати ягонагӣ ва иттиҳод пофишорӣ намуд. Хусусан, мехоҳам дигар кишварҳоеро, ки мисли мо барои қатъи низоъҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба минтақа талош мекунанд, табрик намоям.

– Киштии шаҳрвандии мо, ки ҳамагӣ 666 тонна кӯмаки башардӯстона дошт, дирӯз ба роҳ баромад, умедворем имрӯз ба бандари Эл-Ариш мерасад. Мо инчунин кори худро оид ба табобати шахсони осебдида, бахусус беморони саратон ва кӯдакон идома медиҳем.

– Мо омодагиҳоро ба ҷаласае, ки 15 ноябр дар Истамбул бо сарпарастии хамсарам бо иштироки хамсарони сарони давлатхо ва хукуматхо барпо мегардад, давом дода истодаем. Дар ин марҳила, авлавияти аввалиндараҷаи мо таъмини оташбас ва интиқоли бефосилаи кумакҳои башардӯстона мебошад. Мо хоҳони оташбаси муваққатӣ нестем, балки хоҳони оташбаси доимӣ ҳастем. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Фаластин Франческа Албанезе изҳор дошт, ки тасмим дар бораи қарори таваққуфи ҳамлаҳои Исроил барои 4 соат таҳқиромез ва бераҳмона аст. Назари мо низ ба ин қарор ҳамин гуна аст.

– Мо инчунин бояд кӯшиш кунем, ки Исроил барои ҷанг ва ҷиноятҳои зидди башарият дар назди қонун ҷавоб диҳад. Инҳоро бояд Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид ва Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ баррасӣ кунанд ва алайҳи афроди гунаҳкор парвандаи зарурӣ оғоз шавад.

– Инчунин, масъалаи силоҳи атомӣ, ки мавҷудияти онро вазирони Исроил эътироф кардаанд, бояд таҳқиқ шавад ва агар бомбаҳои атомӣ берун аз назорати Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бошанд, бояд ошкор шавад.

– Дигар як масъалаи муҳим масъалаи ҷуброн аст. Омиле, ки Исроилро хар дафъа беш аз пеш бепарво мекунад, ин аст, ки вай зарари ба мардуме, ки сарзамини онхоро катлиом карда, ишгол карда, оташ зада, тахриб ва зулм карда буд, чуброн намекунад. Роҳбарияти Исроил, ки мисли фарзанди нохалафи ғарб амал мекунад, вазифадор аст, ки зарари расондаашро чуброн намояд.

То ин ки ин ҳодиса рӯй надиҳад, мо ҳамчун ҷаҳони ислом наметавонем бародарони фаластиниамонро бесоҳибу танҳо гузорем. Мо бар ин назарем, ки дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ барои бозсозии Ғазза як хазина таъсис дода шавад.

– Муҳим аст, ки мо ин бӯҳронро василае, қарор диҳем, ки аз тариқи он масъалаи Фаластин ҳалли доимии худро ёбад. То он даме, ки масъалаи Фаластин нодида гирифта мешавад, талошҳои эътидол дар минтақа ба нокомӣ дучор мешаванд. Рохи халли доимии мушкилот аз байн бурдани сабабхои асосй мебошад. Ин танҳо бо таъсиси давлати соҳибихтиёр ва ҷуғрофӣ муттаҳидшудаи Фаластин дар ҳудуди сарҳадҳои соли 1967, ки пойтахти он Қудси Шарқӣ мебошад, имконпазир аст.

– Мо боварӣ дорем, ки конференцияи байналхалкии сулх, ки мо ба рузнома гузоштем, барои ин беҳтарин заминаро фарохам хоҳад овард. Чунин ба назар мерасад, ки барои таъмини амнияти бародарони фаластинии мо механизмҳои нав лозим аст. Дар ин росто мо омодаем, ки барои хифзи сулхи барқароршаванда тамоми саъю кушишамонро, аз чумла кафилиро ба харч дихем.

– Сулҳи пойдор на танҳо барои фаластиниҳо, балки барои тамоми минтақа, аз ҷумла мардуми Исроил сулҳу амониро таъмин хоҳад кард. Мо низ бояд аз нақзи муқаддасот ва мақоми таърихии Ҳарами Шариф, ки дар он қиблаи аввали мо Масҷидул-Ақсо ҷойгир аст, ҳушёр бошем. Эҳтимолияти зиёд дорад, ки Исроил аз ҳодисаи рухдода истифода карда, алайҳи Ҳарам-аш-Шариф дастдарозӣ кунад. Далели равшани ин хаёлҳои «замини ваъдашуда» мебошад, ки ба тамомияти арзии бисьёр кишварҳои минтака, аз ҷумла ба Туркия, таҳдид мекунад.

– Чунон ки ман ҳамеша мегӯям, Қудс хати сурхи мост. Орзуи ҳамаи мо ин аст, ки Байтулмуқаддас, ки ба унвони шаҳри сулҳ маъруф мебошад ва тамоми сарзаминҳои Фаластин ба рӯзҳои пешинаи худ баргарданд. Умедворем, ки бародарони фаластинии мо ихтилофоти худро паси сар карда, дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь