Ҳафтаи равон дар Қазон Форуми васеъмиқёси байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони исломӣ: KazanForum 2024» оғоз гардид, ки дар он беш аз 16 ҳазор намоянда аз 80 кишвар ва 86 минтақаи Русия иштирок доранд. Форуми Қазон дар тӯли 15 соли фаъолияти худ ба як майдони муассири муколама барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни минтақаҳои Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ табдил ёфтааст.

Созмони ҳамкории исломӣ соли 1969 таъсис ёфта буд. Ҳадафҳои он: таҳкими ҳамбастагии мусалмонон, таҳкими ҳамкории давлатҳои мусалмонӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ғайра, аз байн бурдани табъизи нажодӣ ва мустамликадорӣ дар ҳама шаклҳояш, ҳифзи амнияти байналмилалӣ.

Ҷаҳони ислом дар иқтисодиёт чист?

Ислом аз рӯи теъдоди эътиқодкунандагон – ба он тақрибан 2 миллиард нафар, яъне тақрибан 25% аҳолии ҷаҳон эътиқод мекунанд, дувумин дини калонтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз ин теъдод 62% дар Осиё ва Уқёнуси Ором, 20% дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, 15% дар Африқои Марказӣ, 3% дар Аврупо ва 0,3% дар ИМА зиндагӣ мекунанд. Ҷамъиятҳои мусулмонӣ дар зиёда аз 120 давлату кишварҳо вуҷуд доранд, дар 35-тои онҳо аксарияти аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд. Дар 28 давлат ислом дини давлатӣ эълон шудааст. Созмони ҳамкориҳои исломӣ бузургтарин сохтори байналмиллалӣ оид ба пешбурди манфиатҳои ҷаҳони исломӣ мебошад, ки имрӯз 57 кишвари ҷаҳон ба он шомил буда, 5 кишвари дигар мақоми нозирро доранд (Босния ва Ҳерсеговина, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Таиланд, Русия, Ҷумҳурии Туркияи Кипри Шимолӣ).

Созмони ҳамкории исломӣ соли 1969 таъсис ёфта буд. Ҳадафҳои он: таҳкими ҳамбастагии мусалмонон, таҳкими ҳамкории давлатҳои мусалмонӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ғайра, аз байн бурдани табъизи нажодӣ ва мустамликадорӣ дар ҳамаи шаклҳояш, ҳифзи амнияти байналмилалӣ.

«Имрӯз кишварҳои исломӣ аз рӯи миқёси иқтисодиёташон ба мавқеи пешсаф даъво доранд. Ба гурӯҳи G-20 (кишварҳои иқтисодиёташон пешрафта ё рӯ ба тараққӣ ниҳода) Индонезия, Арабистони Саудӣ ва Туркия шомиланд. Ин кишварҳо ва инчунин Эрон аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ дар байни 20 кишвари дорои иқтисодиёти пешрафтатарини ҷаҳон қарор доранд. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нуфузи кишварҳои мусалмонӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ сол то сол меафзояд,”- мегӯяд Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи тиҷоратии тоҷикии “Иқтисодчӣ”.

«Русия кишварҳои мусалмониро шарикони боэътимоди стратегии худ медонад. Он ки аксари онҳо дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мустақилро пеш мебаранд, барои таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи имкониятҳои нав шароит фароҳам меоварад». Муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин.

– Ҳамкории Федератсияи Русия бо кишварҳои исломӣ, инчунин ташкили чунин чорабиниҳо, ба мисли Форуми Қазон, ки аллакай ба як майдони анъанавӣ барои ҷалби теъдоди зиёди иштирокчиён аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон табдил ёфтааст, хеле муҳим аст. Аз ибтидо вазифаи ин форумро ҳамчун минбари муколама байни Русия ва кишварҳои ҷаҳони исломӣ барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян карда буданд. Ин майдонест, ки барои мулоқот, муҳокима ва созиши сиёсатмадорон, иқтисодчиён, олимони пешқадам ҷиҳати ҳамкорӣ ва роҳандозии робитаҳои нав имконият фароҳам меорад.

Барои Русия кишварҳои ҷаҳони исломӣ аҳамияти калон доранд. Махсусан дар шароити имрӯза, ки кишварҳои Ғарб алайҳи Русия аллакай беш аз даҳ ҳазор таҳримҳои гуногун ҷорӣ кардаанд ва кишварҳои ҷаҳони исломӣ ин таҳримҳоро дастгирӣ накарданд. Баръакс, ин имкон дод, ки Русия мушкилотҳои иқтисодию  тиҷоратии дар натиҷаи ин таҳримҳо ба миён омадаро паси сар кунад. Тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Эрон ва Миср муяссар гардид, ки монеаҳои зиёди иқтисодӣ ва молиявӣ бартараф карда шавад. Ҳамкории мутақобила бо кишварҳои ОПЕК, содиркунандагони нафт ва маҳсулоти нафтӣ, ки дар қатори онҳо бисёре аз кишварҳои исломӣ низ ҳастанд, ба Русия имкон дод, ки фурӯши нафти худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монад, ва ин аз муҳимияти ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои ҷаҳони исломӣ шаҳодат медиҳад.”

«Русия кишварҳои мусалмониро шарикони боэътимоди стратегии худ медонад. Ба туфайли он, ки аксари ин кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мустақилро пеш мебаранд, онҳо имкон доранд, ки лоиҳаҳои муштарак таҳия намуда, аз имкониятҳои нав истифода баранд». Муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин

Вазифа ва барномаи форум

Форуми XV байналмилалии иқтисодии “Русия – ҷаҳони исломӣ” шаш рӯз – аз 14 то 19 май баргузор мегардад. Барномаи форум 12 самти мавзӯиро муттаҳид мекунад: ҳамкориҳои  байналмилалӣ, варзиш, сармоягузориҳои исломӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, тиҷорат, иқтисодиёт, кадрҳо, илм ва технология. Дар ҳар  кадоми онҳо гузаронидани намоишномаҳои (презентатсияҳои) гуногун, лексияҳо, дарсҳои маҳорат, В2В-вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои расонаӣ  – ҳамагӣ 125 ҷаласаҳои мавзӯӣ бо иштироки коршиносон аз минтақаҳои Русия, аз кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар кишварҳо пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар доираи форум конфронс бахшида ба тартиботи одилонаи бисёрқутбии ҷаҳон ва рушди бехатарӣ, ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ, форуми соҳибкорони ҷавон ва дигар чорабиниҳо баргузор мегарданд.

Дар соли 2023 аз рӯи натиҷаҳои форум зиёда аз 130 созишнома ба имзо расонида шуд. Соли гузашта бо фармони президенти Русия Владимир Путин ба форум мақоми федералӣ дода шуд.

Илова бар ин, барои меҳмонони KazanForum барномаи ғании фарҳангӣ омода карда шудааст, аз ҷумла: намоиши мӯд, экскурсияҳо ба осорхонаҳо ва нигористонҳои бадеӣ, мусобиқаи ошпазҳои ҷавони кишварҳои исломӣ, намоишҳои проексионӣ, театрӣ ва филмҳо. Инчунин дар ярмаркаи маҳсулоти ҳалоли Russian Halal Expo беш аз 4,5 ҳазор маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.

Бори аввал Саммити байналмилалии иқтисодии Русия ва кишварҳои узви СҲИ соли 2009 баргузор гардида буд, ва дар ин муддат  форум ба яке аз бузургтарин ва муҳимтарин нишастҳо дар байни форумҳои байналмилалии иқтисодии дар Русия баргузоршаванда табдил ёфтааст.

Дар соли 2023 аз рӯи натиҷаҳои форум зиёда аз 130 созишнома ба имзо расонида шуд. Соли гузашта бар асоси фармони президенти Русия Владимир Путин ба форум мақоми федералӣ дода шуд.

Имкониятҳо барои Тоҷикистон

Тоҷикистон иштирокчии доимии Форуми “Русия – ҷаҳони исломӣ” мебошад. Имсол дар ин форум ҷумҳурии моро вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири кишоварзӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд.

Яке аз чорабиниҳои барои кишвари мо бисёр муҳим дар доираи ин форум ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи 17 май баргузор мегардад. Мавзӯи асосии ин мулоқот масоили ҳамкориҳои саноатӣ, аз ҷумла ҷойгиркунии ширкатҳои истеҳсолии Русия дар Тоҷикистон, инчунин амалигардонии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи бонкӣ ва энергетика нишон дода шудааст. Асосан се мавзӯи муҳим баррасӣ карда мешаванд: таҳияи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, форматҳо ва механизмҳои нави маблағгузории лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи саноат, аз ҷумла бунёди маркази махсуси таҳсилоти миёнаи касбӣ.

Дар Тоҷикистон 330 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунанд.

Тавре намояндагони РТДС хабар доданд, дар ҷаласа ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни РТДС ва ҶСК «Химград», ҶСК «Корпоратсияи Рушди Урали Миёна» ва Ассотсиатсияи паркҳои саноатии Русия ҷиҳати мусоидат ба таъсиси паркҳои саноатии муштарак дар қаламрави Тоҷикистон, роҳандозии иртиботи муассир байни коршиносону намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳузури соҳибкорони рус дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол дар Тоҷикистон 330 корхона бо сармояи Русия фаъолият мебаранд

Ҳаҷми сармоягузории тоҷирони Русия ба Тоҷикистон 130 миллиард рублро (16% аз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба кишвар) ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сармоягузории тоҷирони Русия ба Тоҷикистон 130 миллиард рублро (16% аз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба кишвар) ташкил медиҳад.

Имрӯз ҳамкориҳои саноатӣ  самти асосии робитаҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар шароити таъғиротҳои геополитикӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ бунёди паркҳои технологии Русияву Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст: Тоҷикистон 9 макони (мавзеъи) ҷойгиршавии паркҳоро пешниҳод кардааст. Кадоме аз онҳо барои нахустин парки технологӣ интихоб шудааст, ҳанӯз маълум нест, вале дар нақша аст, ки корҳои сохтмонии он аллакай имсол оғоз карда шавад. Ҳамзамон бо иштироки сармоягузорони Русия дар заминаи корхонаи “Фулзот Надир Тоҷикистон” ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзол ва металлҳо, инчунин бунёди корхонаи эфири селлюлоза, парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба нақша гирифта шудааст.  Ва ин танҳо чанд мисоли иқдомҳои банақшагирифташуда мебошад – дар маҷмӯъ барои татбиқи беш аз 30 лоиҳаи муштарак сармоягузории Русия ба маблағи 100 миллиард рубл ба нақша гирифта шудааст.

Тавре коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад: – «Дар доираи ҷаласаи РТДС намояндагони минтақаҳои Федератсияи Русия ва ширкатҳое, ки ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд, имконот ва маҳсулоти худро намоиш медиҳанд. Ҳамин тариқ, намояндагони муҳити тиҷоратии Тоҷикистон  мустақиман бо маҳсулоти ширкатҳои русӣ аз наздик шинос шуда, аз дидгоҳи роҳбарияти минтақаҳои Русия дар мавриди рушди робитаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон огоҳӣ пайдо мекунанд.

Ба туфайли иштирок дар ин чорабинӣ, метавонем барои татбиқ ва роҳандозии лоиҳаҳои нави инноватсионӣ дар Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам созем».

Чунин нишастҳо, ба монанди форуми Қазон, ба Тоҷикистон имкониятҳоро барои барқарор кардани робитаҳо, беҳтар кардани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Русия фароҳам месозад,”- коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

«Чунин нишастҳо, аз қабили форуми Қазон, ба Тоҷикистон барои барқарор кардани робитаҳо, беҳтар кардани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорони тоҷику рус имконият фароҳам меоваранд» – коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Ба гуфтаи коршинос, дар масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодии минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон омили исломӣ калидӣ намебошад. «Дар Русия тақрибан 15 дарсади аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд ва аз 93 субъекти кишвар танҳо дар 5-6-тои онҳо асосан мусалмонон зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки омили мусалмонӣ дар тиҷорат бо Тоҷикистон ягон нақши муҳим мебозад.

Вале бо вуҷуди ин, ин омил барои фурӯши маҳсулот бо сертификати ҳалол муҳим аст, зеро чунин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон ба осонӣ харидор пайдо мекунад (харидорони зиёд дорад). Аз ин ҷиҳат, дар он минтақаҳои Русия, ки бештари аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд, аз қабили Ҷумҳурии Чеченистон, Доғистон ё Тотористон, ҳиссаи ширкатҳое, ки зарурати гирифтани сертификати ҳалолро доранд, нисбат ба дигар субъектҳои Федератсияи Русия бештар аст.

Вале ба ҳар ҳол, ба омори равобити тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия рӯ оварда, мебинем, ки ҳиссаи чунин маҳсулот хеле ночиз аст, Тоҷикистон аз Русия асосан захираҳои энергетикӣ мегирад ва ин аслан ягон хусусияти минтақавӣ надорад».

Ҳамин тариқ, Форуми «Русия – ҷаҳони исломӣ» яке аз имкониятҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия мебошад. Кишварҳои мо ба чунин муколамаҳо манфиатдоранд ва онро дар шаклҳои гуногун амалӣ мегардонанд. Тоҷирони Русия низ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд ва барои кишвари мо ин омил ба ҳалли як қатор мушкилотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь