Бозори гузариши футболбозони сайёра аз даста ба дастае то кунун боре ҳам то ин ҳад гарму ҷӯшон ва ҷалбкунанда набуд. Ва албатта трансферҳои футболбозони тимҳои аврупоӣ, ки сатҳу сифати футболи ин қитъа аз дигар манотиқи олам фарқи чашмрасе дорад, бештар диққатҷалбкунанда буд. Маҳз ин қитъаи олам офарандаи варзиши сатри аввали сайёра буда, бо доштани футболбозони саршинос сатҳи баланди футболро аз давраи пайдоиш то кунун дар худ нигоҳ медорад.

Ҳаводорони варзиши сатҳи аввали сайёра ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни интернетӣ дар баробари оне, ки аз дигар воқеаҳои варзишӣ огоҳӣ ёбанд, бештар ба тозатарин ҳаводиси трансфери ҷаҳони футбол таваҷҷуҳ доштанд, то фаҳманд кадом як футболбози саршинос ва сатҳи миёнаи ин навъи варзиш тарки даста карду ба кадом тим пайваст? Ва мавсими ҷадидро бо ҳунарнамоӣ дар кадом дастаи футболӣ оғоз мекунад? Тими дӯстдоре, ки ба он мухлисӣ мекунад, кадом як футболбози навро аз дигар клуб ба ҳайати худ ҷалб намуд? Ва бо кадом футболбози худ қарордоди ҳамкориро қатъ сохт? Ин ва чандин саволҳои дигаре буданд, ки ҷавобашонро баъди амалӣ шудани трансферҳои муваффақи клубҳо муайян намудан мумкин буд.

Умуман, равзанаи гузаришҳои футболбозон (трансфер) давраест, ки ба ҳайати даста бо тарк кардани баъзе бозингарони тим ва ҷалби футболбозони нав аз дигар клубҳои футболӣ тағйирот ворид мешавад. Ҳамаи ин баҳри қавӣ гардонидани ҳайати даста, арзанда рақобат намудану нишон додани натиҷаҳои беҳтар дар бозиҳои дохилию қоравӣ ва дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт намудани исми клуб ва бозингаронаш равона мегардад.

Бозори гузаришҳои футболбозони сайёраро ин тобистон бештар аз ҳама сарусадоҳо доир ба Роналдою Мессӣ гарм нигоҳ медошт. Хабару гузоришҳое, ки дар бораи ин варзишгарон дилхоҳ расона менавишт, назар ба дигар мавзуҳои варзишӣ сертаваҷҷуҳ буд. Чун ҳардуи ин варзишгарони сайёраро сафшикан ва аз ситораҳои пурҷилои олами футбол меҳисобанд. Маҳз ин ду футболбозро воситае медонанд, ки мардуми зиёди сайёра футболро дӯст дошта, шефтаи ин навъи варзиши олам гаштанд. Роналдою Мессӣ варзишгаронеро мемонанд, ки дар гузаштаю кунун ва шояд дар оянда низ мисоли онҳо футболбозе, ки чунин сатҳи баланди футболро дар худ дошта бошад, пайдо нашавад.

Леонел Мессӣ, аз ҷумлаи ситорагони тобноки олами футбол баъди ҳунарнамоии зиёд дар “Барселона” (аз соли 2000 то 2021) бо ашки резони худ ва мухлисони зиёди дастаи каталонӣ ин дастаро тарк сохту ба ҳайати тими “ПСЖ”-и Фаронса пайваст. Гузариши Лео ба клуби парижӣ сарусадои зиёдеро дар олами футбол паҳн сохт. Чун коршиносони зиёди футбол, мухлисон ва ҳаводорони бешумори Мессӣ ва “Барселона” ҳеҷ бовар надоштанд, ки рӯзе ӯро бо либосҳои дигари дастаи аврупоӣ хоҳанд дид. Ва “Барселона”-ро аввалин ва охирин тими Мессӣ меҳисобиданд. Маҳз ҳамин фикри дар сар доштаи ҳаводорони футбол буд, ки баъди “Барселона”-ро тарк намудани Мессӣ онҳоро бештар ҳайрон сохт.

Дар баробари Лео Мессӣ, Криштиану Роналдо низ тарки дастаи “Ювентус” намуду ба хонаи собиқи худ – “Манчестер Юнайтед” баргашт. Хонае, ки Роналдоро ҳамчун як футболбози беҳтарини сатҳи ҷаҳон дар худ парварид ва машҳури олам сохт. Хонае, ки хост Роналдо дубора ба он баргардаду ҳунарнамоияшро дар ин клуб идома диҳад. Ҳамакнун, баъди гузашти бештар аз 12 сол (Роналдо аз соли 2003 то 2009 дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ намудааст) Роналдоро дар майдонҳои сабзи Англия мебинем. Дар маъруфтарин лигаи футболи сайёра. Лигае, ки футболбозони зиёде баъди синну солашон ба ҷое расидан онро тарк месозанду ба лигаҳое мепайванданд, ки сатҳи рақобатҳо дар онҳо пасттар бошад. Вале Роналдо бо чунин футболбозон ҳамақида нашуду дар синни бештар аз 36-солагӣ қарор дод дар Пример лигаи Англия дубора маҳорат нишон диҳад. Гузариши Роналдо ба “Манчестер Юнайтед” дар баробари он, ки ҳайратовар буд, аз ҷониби дигар гӯё аз анҷоми корномаи футболбози португалӣ ва поёни дурахшиши бештар аз 20-солаи ӯ дар майдонҳои сабзи футбол ба ҳаводорону шефтагони ин бозингари оламгир огоҳӣ медиҳад.

Қабл аз гузариши Роналдо ба “Манчестер Юнайтед” сарусадои зиёде паҳн мешуд, ки гӯё “ПСЖ” майли харидани ӯро дорад. Ва баъди ин трансфер ду футболбози беҳтарини сайёра дар як тим ҳунарнамоӣ мекарданд. Вале ин ҳама ботил баромад. Пас ҳаводорони ин ду ситораи дурахшони футбол ҳоло ҳам имкони дидани зиддияти ҳардуро баҳри беҳтар намудани натиҷаҳои қаблӣ доранд. Ҳоло ҳам дурахшиши ҳарду ахтарони пурҷилои футбол идома хоҳад кард. Роналдою Мессӣ, ки то ҳол дар майдонҳои сабзи футболанд, имкони лаззат бурдан аз бозии онҳо баҳри ҳаводорони ҳар ду ва кулли футболдӯстдорон дар чанде аз мавсимҳои оянда мавҷуд аст. Вале бояд ба он тан дод, ки аз футбол канор рафтани Роналдою Мессӣ наздик аст.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь