Оғоз

Сарзамини дил фараҳрез ва аз боди ёду насими нишот мушкбез буд. Хумори дидор ҳар лаҳза дар мекуфт ва поёни салтанати шоҳи интизорро мунтазир буд. Сипаҳсолори ғам бо садои маҳзун “ҳамла” мегуфт ва шикасти пайдарҳамии афсарони худро медид. Лашкари шодӣ бошад, лаҳза ба лаҳза аз шаҳодати ғуссагон ҷоми айш менӯшид ва бар пирӯзии деринтизор наздик мегардид. Садои ғуссаву нишот ба ҳам бармехурданд ва муқобили ҳамдигар адоват меварзиданд. Шаб бошад, ин ҳамаро доварӣ мекарду интизори эълони пирӯзии яке аз инҳо буд, то субҳдам аз ишғоли мулкҳои дар муҳосирабудааш хабар надиҳад. Ниҳоят, лашкари шодӣ кишвари Ғамистонро муҳосира кард ва бар салтанати ғуссагон хотима бахшид.

Болотар аз абрҳо 

31-уми августи соли 2021 аз нимашаб то субҳдам дар беруни Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мунтазири омадани ҳавопаймо будем ва аз оҳанги беқарорӣ кайфар мебурдем. Дар сар фикру хаёлотии гуногун ва таъхири зиёд дилгиркунанда буд. Зеро ҳавопаймои мо, ки бояд соати 3:30 ба самти фурудгоҳи Внуковои Русия парваоз мекард, соати 3:50 парид. Аз ин хотир, вақт аз ройгон рафтан ба дод омада буду аммо илоҷи дигар надошт. Дар толори интизорӣ мунтазирӣ пеш омад, аммо садои баланду гӯшхароши мусофирон дилгиркунандатар буд, зеро касе парвои онро надошт, ки бо садои худ ба каси дигар халал мерасонад. Нархҳо низ дар дохили фурудгоҳ чун фурудгоҳҳои дигар дандоншикан буданд. Масалан, лухтакҳои кӯдаконаи 30-сомона 100 сомонӣ нарх доштанд. Сафари мо бошад, тариқи ширкати ҳавопаймоии русии “Урал” сурат мегирифт.

Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия буда, идораи марказии он дар шаҳри Екатеринбург ҷойгир аст. Ширкати ҳавопаймоӣ бо парвозҳои чартерӣ ва мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ машғул аст.

Фаъолияти ин ширкат дар бозори нақлиёти ҳавоии Русия моҳи декабри соли 1993, пас аз расман ҷудо шудани ширкати ҳавопаймоии Свердловск аз ширкати ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳ оғоз ёфтааст.

Аз оғози фаъолияти ин ширкат то имрӯз молик ва роҳбари он корманди шоистаи нақлиёти Федератсияи Русия Сергей Скуратов мебошад, ки бо ордени «Нишони фахрӣ»-и Русия мукофотонида шудааст. Ширкати ҳавопаймоӣ дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз ҷиҳати гардиши мусофирон дар ҷои шашум қарор дорад.

Ҳамин тариқ, мо тавассути автобусҳо ба ҳавопаймо нишастем ва хушбахтона, ҷойи мо дар назди тиреза воқеъ омад. Ҳавопаймо ба роҳ баромад ва гӯйӣ чун шоҳуқоби бузургболу бузургҳаҷм болфишонӣ намуда, парвозро шурӯъ кард. Ҳар қадар, ки боло мерафт, замин ҳамон андоза ҳақиру кӯчак мешуд ва дидани ҷузъҳои он ғайримумкин мегардид.

Аввал чизи нигаронкунада ин буд, ки масъулини тайёра бо русию англисӣ қоидаҳои нишастан ва ҳолатҳои тасодуфиро тариқи баландгӯяк фаҳмонданд, аммо бо тоҷикӣ не, дар ҳоле ки дар дохили ҳавопаймо ҳама тоҷикон буданд ва ин ширкат ба Тоҷикистон парвоз анҷом медод. Пас чаро бояд ба ба эҳтироми ноне ки аз ҳисоби мо мехуранд, қоидаҳои будубош дар дохили ҳавопайморо бо тоҷикӣ нафаҳмонанд? Ин масъалаест, ки бояд дар сатҳҳои зарурӣ матраҳ шавад ва роҳи ҳалли худро ёбад…

Дидани наққошии замини нозанин аз тирезаи ҳавопаймо ҳаловати дигар дорад. Қисме сабзкорӣ, гӯшае хоксарой ё сангкоришуда ва боқӣ намуду намои дигар дорад. Ҳар гӯшае бо тарҳу ранг ва намои ба худ хос  маҷзубкунанда аст. Дар болои наққошиҳои замин абртудаҳои густурдаи калонҳаҷм ва хурдҳаҷм доман паҳн карда, гӯйӣ замини нозанинро аз чашми бад пинҳон кардаанд. Ё чун соябон муаллақ заминро посбонӣ мекунанд. Бод бошад, ба ҳар ҷониб фирор дорад ва гӯйӣ касе ӯро дунболагирӣ дорад. Анбӯҳи абрҳо доим дар сафар буда, аз ҷое ба ҷое дар шитобанд… Бо тамошои ин манзараҳо ниҳоят баъд аз 4 соат дар фурудгоҳи Внуков фуруд омадем. Ҳамин ки тайёра нишаст, саросемагии тоҷикона дар он ҷо низ шурӯъ шуд. Дар назди фурудгоҳ якчанд нуқтаҳои тафтиши шиноснома мавҷуд буд, ки дар назди онҳо анбӯҳи зиёди одамон  ҷамъ омада буданд. Хушбахтона, чизи хубе, ки он ҷо ба чашм мерасид, ин бо забонҳои гуногун, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ навиштани “Хуш омадед!” буд.

Вале, мутаассифона, чизи баде, ки хотири моро ошуфта кард, тавҳину таҳкири ҳамдигарии ҳамватанони мо буд. Яке дигареро барои риоя накардани навбат паст мезад, дигаре бошад, яки дигарро дашном медод. Дар ин раванд нафароне низ буданд, ки бо мақсади дар ин ҷо ҳам аз якдигар душман натарошидан, садо баланд мекарданд, ки маълум буд, эҳтироми ҳамдигарӣ миёни онҳо вуҷуд дошт.

Дар кӯчаҳои ғурбат

Ҳамин тариқ, мо аввалин бор субҳи атрогин ва салқини шаҳри Долгопрудро пешвоз гирифтем, ки нимхунуку нимсалқин ва софу покиза буд. Офтоб нурпошӣ мекарду рутубат ба ҳаво мепечид. Дидори гарми бародарам бошад, марҳалаи ниҳойии шодмонии мо буд, ки мо онро чашмдошт доштем.

Долгопруд шаҳрест, ки дар вилояти Маскави Русия, дар 18-километрии шимол бо роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани Савеловский ҷойгир аст. Шаҳрҳои наздиктарини он Лобня, Химки ва Москва буда, бо ноҳияҳои Дмитровский ва Шимолии Маскав ҳамсарҳад аст. Аз ин шаҳр роҳи оҳани Савеловская мегузарад ва фурудгоҳи бузургтарин Россия Шереметево ба номи А.С. Пушкин дар 8 клометр дуртар аз он воқеъ мебошад. Ҳамзамон, ин шаҳр бо сабаби дар он мавҷуд будани бисёре аз марказҳои бузурги илмӣ унвони “Шаҳри илм”-ро дорад.

Ҳарчанд ин шаҳр боду ҳавои соф ва бечангу ғубор дорад, аммо дар ҳудуди он ҳамсояҳои зарароваре чун фурудгоҳ, шоҳроҳи бузурги ҳалқавии Маскав, маркази барқу гармидиҳӣ, комбинати химиявӣ, корхонаи нафтбарорӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки фаъолияти онҳо ба вазъияти умумии экологии шаҳр таъсири бад мерасонад.

Иқлими ин шаҳрро хунук ва муътадил гуфтан мумкин аст. Миқдори боришот дар шаҳри Долгопруд, ҳатто дар хушктарин моҳ, яъне март хеле зиёд ба назар мерасад. Зимистони ин шаҳр хеле сард аст ва обшавии барфҳо дар он низ вуҷуд дорад. Баҳор дар ин ҷо охири моҳи март меояд, тобистон одатан гарм ва тирамоҳ бо миқдори зиёди боришоташ хос аст.

Дар ин шаҳр роҳҳо зебову ҳамвор ва мумфаршкардашудаанд ва дар онҳо тамоми хатҳои уфуқиву рамзҳои самтнишондиҳанда мавҷуданд. Дар шоҳроҳҳои он садодиҳии мошинҳо ҳангоми ҳаракат вуҷуд надорад. Дар роҳҳои ҳар кас ба роҳи худ ҳаракат мекунад ва касе ба касе халал намерасонад. Дар ин роҳҳо қатори якуму дуюму сеюм барои мошинҳои майда ва чоруму панҷум барои мошинҳои боркашанд. Дар ин ҷо ронандагон ба ҳамдигар роҳ медиҳанд, танҳо як ишора ё фаъол кардани фари як ҷониб кифоя аст, то бо ту роҳ диҳанд. Дар ин ҷо мошинҳои нимшикаста, нимрангкарда ва зангхурдаро дучор шудан мумкин аст. Дар роҳҳо ГАИ вуҷуд надорад, ба ҷои онҳо дурбинҳои назоратӣ дар сари ҳар қадам аст, ки тамоми амали ронандагонро пайгирӣ мекунанд ва дар ҳолати оддитарин иштибоҳ мошинро акс мегиранд ва ба суроғаи ронанда ҷаримаро бо аксҳо равон мекунанд. Ин таҷриба агар дар роҳҳои мо амалӣ мешуд, албатта, боиси аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешигирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ мегардид…

Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳри Долгопруд соли 1957 мақоми шаҳрро гирифта, макони ҷойгиршавии ҳозираи он аз асри 12 маълум буд.  Дар ин ҷо қаблан танҳо хоҷагиҳои ҷудогона воқеъ буда, дар асри 14 манораҳо бо маҳалхои хурди аҳолинишин пайдо шудаанд.

Ҷамъияти тоҷикон каздониёни шаҳри ДОЛГОПРУД

Дар баробари дигар вилоят ва шаҳру навоҳии Русия дар ин ҷо низ тоҷикони зиёдро вохӯрдан мумкин аст, ки кору фаъолият доранд.

Аз ҷумла, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи бозори меваю сабзавоти “ВЕГЕТТА” яке аз бозорҳоест, ки тоҷикони зиёд дар ин ҷо ба савдо машғуланд. Ин бозор яке аз бозорҳои қадима ба ҳисоб меравад, ки дар пайи муфлисшавӣ солҳои 1992-юм хусусӣ гардонида шудааст ва ҳоло ҳамчун ҶСП “Вегетта” маълум аст. Имрӯз он ба шароити бозори муосир мутобиқ гардонида шудааст. Масоҳати истеҳсолии он дар майдони 29,9 гектар аст. Аз ин миқдор анборҳои он 163,0 ҳазор метри мураббаъ, идораҳо 9,2 ҳазор метри мураббаъ ва марказҳои савдои чаканаи он 5,7 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегиранд. Роҳҳои дохилӣ ва майдонҳои борфарорию борфарории он бошад, 4500 метри мураббаъ мебошанд.

Соли 2002 ҶСП «ВЕГЕТА» бо унвони фахрии «Таъминкунандаи озуқаворӣ барои эҳтиёҷоти шаҳри Маскав» сарфароз гардонида шуда, айни ҳол 37 дарсади маҳсулоти озуқавории он ба Маскав, 54 дарсадаш ба вилояти Маскав ва 9 дарсадаш ба дигар шаҳрҳо фиристода мешавад.

Аз соли 2004 директори генералии он Аушев Багаудин Магометович мебошад. Имрӯз ҶСП «ВЕГЕТА» дар байни корхонаҳои бузурги шаҳри Долгопруд аз рӯи интиқоли андоз ба даҳгонаи беҳтарин шомил мешавад.

Аз ҷумла, дар ин бозор тоҷикон – зодагони рустои Каздони ноҳияи Айнӣ бисёранд ва ҳар яке дар мақоми худ ва сатҳи худ пешрафтҳо дорад. Онҳо асосан меваю сабзавоти худро аз бозори “Фуд сити” мехаранд ва он ҷо оварда, ба фурӯш мебароранд. Солҳост, ки бархе аз онҳо таҷриба гирифта, ҳоло фурӯшандаҳои фаъол шудаанд. Онҳое, ки аллакай дар кори худ то ҳадде муваффақанд, дигаронро ҷалб намуда, раҳнамоӣ мекунанд. Тартиби кори ҷамъиятии каздониёни муқими ин шаҳр боиси офарин ва омӯзиш аст. Зеро онҳо дар ин ҷо низ ҳамон анъанаи меҳмондорӣ ва сарҷамъ намудани ҳамдигарро идома дода истодаанд. Агар нафаре меҳмон шавад, банавбат ва тартиби муайян онро меҳмондорӣ мекунанд. Ҳатто онҳо дар лаҳзаҳои фавти пайвандони яке ё мушкилиҳои дигар барои он маблағи муайян медиҳанд, ё ҳамин тавр дар шодиаш шарик мешаванд. Навомадагон ва камтаҷрибаҳо низ аз ин гуна каромот бархурдоранд.

Муҳимтар аз ҳама, меҳру муҳаббати инсониро ҳанӯз ҳам пос медоранд ва дар чаҳорчӯбаи он зиндагии хуб доранд. Бисёре аз онҳо бо оилаи худ умр ба сар бурда, бархеи дигар шаҳрвандии Русияро доранд. Ҳарчанд худ дар сарзамини бегона умр ба сар мебаранд, аммо қалбашон саршор аз муҳаббати ёру диёр ва Тоҷикистони маҳбуб аст. Дар ин шаҳр танҳо аз рустои Каздон беш аз 130 нафар кору фаъолият доранд, ки аз ин теъдод бархе аз онҳо шаҳрвандии Русияро доранд…

Тамошои Русия аз бурҷи Останкино

 Дар идомаи сафар ҳамроҳи бародарам Меҳрдод ва чанде аз пайвандон аз бурҷи Останкино боздид намудем. Тартиби вуруд ба ин бурҷ бисёр сахт буда, пеш аз вуруд ба он аз чанд марҳалаи бозпурсӣ мегузарӣ. Нахуст, бо пешниҳоди шиноснома ба ҳуҷрачаи шишагин ворид шуда, дастҳоро боло мебардорӣ то дастгоҳи нусхакунак туро нусха бардорад. Сипас, аз нуқтаи дигар, ки барои хариди чиптаҳо пешбинӣ шудааст, чиптаи вуруд мехарӣ. Баъд аз он боз бо пешниҳоди шиноснома ба утоқчаи шишагин ворид мешавӣ. Пас аз анҷоми ин марҳилаҳо бо роҳрави шишагин ба самти бурҷ ҳаракат мекунӣ. Дар поёни бурҷ осорхонае мавҷуд аст, ки дар он аксу овезаҳо ва тахтаҳои электронӣ насб шудаанд. Дар аксу овеза ва маниторҳо оид ба таърихи бунёди ин бурҷ ва радиову телевизиони Русия маълумоти фаровон ҷойгир аст. Баъд аз анҷоми тамошо тариқи ҳавобар ба баландии 540 метр мебароӣ ва аз он ҷо шаҳрҳои бузурги Русияро тамошо мекунӣ. Аз баландӣ тамошои манзараи шаҳрҳо ва наққошиҳои замин бисёр ҷолиб ва диданист. Дар болои бурҷ ду нуқтаи тамошо аст, ки яке аз паси шиша ва дигаре аз пушти панҷараи оҳанини нимво мебошад. Дар ин ҷо анбӯҳи зиёди одамонро дидан мумкин аст, ки барои тамошои шаҳри Маскав ва вилояту шаҳрҳои гирду атрофи он ба ин мавзеъ омадаанд. Дар қисмати дигаре аз бурҷ тарабхона вуҷуд дорад, ки тановули хӯрок дар он бо тамошои манзараҳои ҷолиб ба кас ҳузуру ҳаловати хоса мебхшад, аммо нархҳои хӯрокҳои он бисёр гарон ҳастанд, ки зӯри ҳар кас ба он намерасад…

Манораи телевизионии Останкино (собиқ Стансияи умумииттифоқии радио ва телевизиони ба номи 50-солагии Октябр) дар ноҳияи Останкинои шаҳри Москва воқеъ аст. Баландии бино 540,1 м2 буда, то баҳори соли 2022, он 15-умин иншооти баландтарин ва баландтарин бино дар Аврупою Русия буд. Манора узви Федератсияи байналмилалии бурҷҳои бузург низ мебошад. Он ба филиали Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Шабакаи телевизион ва радиои Русия” – “Маркази минтақавии Маскав” тааллуқ дорад.

Дар ҳавои хуб аз тариқи манораи телевизионии Останкино меҳмонон ғайр аз шаҳри Масква метавонанд бархе аз шаҳрҳои вилояти Маскав, аз ҷумла Балашиха, Воскресенск, Королев, Красногорск, Люберитси, Одинстово, Химки, Шелково, Митиширо тамошо кунанд.  Баландии қисми бетонии бурҷ 385 метр буда, вазни манора дар якҷоягӣ бо таҳкурсӣ 55 000 тоннаро ташкил медиҳад. Иншоотро 10 сутун идора намуда, ҳудудҳои даврашакли чоҳи манора бо 149 ресмон печонида шудаанд.

Майдони муфиди биноҳои манора 15,000 м² буда, майдони тамошои шишабандишудаи он дар баландии 337 метр  ва майдони мушоҳидаи кушоди он дар баландии бештар аз 340 метр ҷойгир аст.

Болобарҳои он махсус барои бурҷ пешбинӣ шуда, суръати ҳаракати онҳо 7/с ва иқтидори боркашонии онҳо 1000 кг мебошад.

Дар манора барои тамошобинон се платформаи тамошо гузошта шудааст: дар баландии 147 ва 269 метр, ки онро кам одамон медонанд ва дар баландии 337 метр, ки маъмулан сайёҳон дар он ҷо хӯрок тановул мекунанд. Тибқи иттилоии мавҷуда тӯли 30 соли мавҷудияти манора беш аз 10 миллион меҳмон аз саҳни мушоҳида ва тарабхона дидан кардаанд.

Ҳамчунин, аз ин бурҷ раиси ҳукумати кунунии Русия Димитрий Медведев ва ҳунарманди шинохтаи чинӣ Ҷеки Чан ҳам боздид намудаанд, ки ному акси онҳо дар он ҷо вуҷуд дорад.

Поёни роҳи мусофират

Ҳамин тариқ, баъд аз 7 рӯзи сайр дар кӯчаҳои шебу фарози ғурбат, шиносоӣ бо шароити кори муҳоҷирони тоҷик – зодагони рустои Каздон дар шаҳри Долгопруди вилояти Москваи Русия боз ба домони сабзи Ватан баргаштем ва тазодҳои зиёдеро мушоҳидаву барои худ бардоштҳое кардем. Агар ҳангоми рафтан аз фурудгоҳи Внуково истифода бурдем, ҳангоми омадан тариқи калонтарин фурудгоҳи Русия – Шереметево, ки номи А. С. Пушкинро дорад, ба Ватан омадем.

Фурудгоҳи байналмилалии Шереметево ба номи А.С. Пушкин (IATA: SVO, ICAO: UUEE) фурудгоҳи байналмилалии Русия буда, аҳамияти федералӣ дорад ва яке аз чаҳор фурудгоҳҳои асосии Маскав ва вилояти Маскав аст, ки аз ҷиҳати интиқоли мусофирон дар Русия дар ҷои аввал қарор дорад.

Он дар шимолу ғарби Маскав, дар ҳудуди ноҳияи шаҳрии Химкии вилояти Маскав ҷойгир аст. Фурудгоҳ аз шаш терминали мусофирбар иборат буда, ба ҷоизаҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ тақдир шудааст. Сатҳи хизматрасонии он хуб буда, барои мусофирон беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст…

Шаҳриёр ОЛИМӢ,

Душанбе-Долгопруд-Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь