Моҳи сентябр оғоз ва фарҷоми зиндагии абармарди таърихи навини тоҷикон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад: 1-уми сентябр зодрӯз ва 9-уми сентябр рӯзи марги ӯст.

Сафарномаеро, ки пас аз зиёрати мақбараи муқаддаси ӯ дар Панҷшер навишта будам, бознашр менамоям.

Андешаҳое, ки дар он баён гардидаанд, барои дарки он воқеъиятҳое, ки дар ин рӯзҳо дар Панҷшер, танҳо вилояте, ки муқобили гуруҳи ифротии “Толибон” чун дар солҳои 90-и асри ХХ бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳоло бо сарварии писари далер ва ҳушманди ӯ Аҳмад Масъуд мубориза мебарад, мусоидат хоҳад кард.

Чанд сол дар Афғонистон кор ва зиндагӣ карда будам ва пасон борҳо сафар низ. Аммо дараи овозадори Панҷшер, дараи қаҳрамон ва қаҳрамононро надида будам. Солҳое, ки дар Пуҳантуни Кобул ба сифати устод кор мекардам, солҳое буданд, ки дар дараи Панҷшер амалиётҳои пайдарпайи низомии лашкари Шӯравӣ давом доштанд. Он вақт қисмҳои сартобапо мусаллаҳи садҳазорнафараи Шӯравӣ аз замин ва ҳаво ба як ҳисоб 7 бор ва ба ҳисоби дигар 11 бор (1981 – 1988) ба дараи Панҷшер ҳамлаи васеъ оварданд ва ҳар бор низ шикаст хӯрданд. Ин ҳодисаи фавқулода табиист, ки таваҷҷуҳи маро ба ин дара ва мардумони он, ба хусус ба шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи муборизони он ҷалб намуд. Ман дар ҳайрат будам, ки чӣ тавр сокинони як дара, ду-се ҳазор муҷоҳиди панҷшерӣ дар баробари лашкари бисёрҳазорнафараи Шӯравии абарқудрат, ки то болои Панҷшер, то Париён ва Хорок даромада буд, тавонистанд, ки на танҳо истодагарӣ бикунанд, балки онро шикаст ҳам диҳанд. Ба ёдам унвони хотирмони филми мустанади фаронсавӣ омад: «Як дара дар баробари як импературӣ».

Бинобар ин, аз он замон ба баъд ҳар маълумот, хабар ва санаде, ки аз расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, дертар китобу маҷмӯаҳое пайдо мекардам, ҳадафмандона мутолиа мекардам, то бифаҳмам, ки сарчашмаи ин падидае бо номи дараи Панҷшер ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар чист ва чӣ вижагиҳое дорад. Чаро он ҳама ба ном муҷоҳидони роҳи озодии Афғонистон аз истилогарони хориҷӣ ва қумондонҳое, ки ҳар дам мушт бар сари синаи хеш мекӯбиданду лофи мардонагӣ ва ватандорӣ мезаданд, фирор намуданду дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурданд? Чаро танҳо дараи Панҷшер, панҷшериён ва фармондеҳи далерашон, он “яккатози хиттаи Афғонистон” дар дохили хоки кишвар боқӣ монданд ва муборизаи хешро то хуруҷи лашкари Шӯравӣ ва пасон дар муқобили “Толибон” давом доданд? Ҳамон вақт буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд шиори маълуми худро эълом дошта буд: «На аз Афғонистон мебароям ва на аз Ватан ва на муборизаро зидди душмани ислом, душмани дин, душмани ақида ва душмани мардуми худ тарк намекунам». Ҳамон вақт буд, ки ӯ савганд хӯрда буд, ки “ҳатто агар ман дар арсаи мубориза танҳо бошам, даст аз пайкор нахоҳам шуст ва таслими зӯр ва қудрат на хоҳам шуд… ба андозаи як пакул (кулоҳ) аз хоки кишварам дар тасарруфи ман боқӣ бимонад, барои ҳифозати он хоҳам ҷангид». Ва ҳамин тавр ҳам кард ва оқибат дар роҳи ормонҳои бузурги хеш аз дасти душманони зархариди ватанаш шаҳид шуд.

 Ба Панҷшер бо “Толибон”

Пас аз хатми Ҳамоиши байналмилалии «Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот», ки дар рӯзҳои 13-14 окябри соли гузашта, дар шаҳри Ҳирот баргузор гардид ва дар он бо даъвати раиси муҳтарами Институти мутолиоти истротижеки Афғонистон дуктур Довуди Муродиён иштирок доштем, бо ҳамроҳонам доктори илми филология, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Муҳаммадназаров ва ходими Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқназари Мӯмин бегоҳӣ ба Кобул баргаштем. Ва бо истифода аз фурсати муносибе, ки то парвозамон ба Душанбе доштем, рӯзи дигар бо муовини аввали Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ҷаноби Мавлавӣ Салим дар дафтари кори ӯ вохӯрдем. Ман бо ӯ чанд сол пеш аз ин дар Душанбе дар яке аз конференсияҳое, ки дар бораи Афғонистон буд, шинос шуда будам. Ҷаноби Мавлавӣ Салим аз фаъолиятҳои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар роҳи таъмини сулҳу субот дар кишвараш нақл кард ва зимни суҳбаташ ёдовар шуд, ки ӯ ва ду нафар аз аъзои ҳайати иҷроияи Шӯрои олии сулҳ фардо ба Панҷшер барои иҷрои маъмурияте рафтанӣ ҳастанд. Ман, ки кайҳо дар орзӯи дидани Панҷшер будам, бо истифода аз ин фурсати муносиб изҳор доштам, ки то ҳол Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъудро зиёрат накардаам.

Ҷаноби Мавлавӣ Салим, ки худ аз аҳли Панҷшер ва солҳои мубориза аз ҳамсафони шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва аз ин ифтихор дошт, гуфт, ки ман худам шумо ва ҳамраҳотонро, агар майл дошта бошанд, ба Панҷшер хоҳам бурд. Ва таъкид кард, ки омода бошем, фардо субҳ яке аз ҳамкоронаш моро аз меҳмонхона ба дафтари ӯ мерасонад ва аз он ҷо ба  Панҷшер хоҳем рафт.

Фардо, ки ба дафтари кори муовини аввали Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ҷаноби Мавлавӣ Салим ҳозир шудем, ӯ моро бо ду тан аз ҳамсафаронамон, ки рӯзи гузашта дар бораашон гуфта буд, ошно кард. Яке аз онҳо ҷаноби Мулло Муҷоҳид, сарпарасти вақти дафтари “Толибон” дар Нюйорк ва дигаре ҷаноби Ҳабибуллоҳ Фавзӣ, сафири собиқи “Толибон” дар Арабистони Саъудӣ буданд, ки ҳар ду феълан симати мушовир ва узви ҳайати иҷроияи Шӯрои олии сулҳро доштанд.

Ҷаноби Мавлавӣ Салим дар рафти сӯҳбатҳои дирӯзааш гуфта буд, ки ин ду шахсияти саршиноси собиқи “Толибон”, ки ба Ҳукумати феълии Афғонистон пайвастаанд, низ кайҳо аз ӯ хоҳиш намуда будаанд, ки онҳоро ба Панҷшер ҳамроҳӣ бикунад, то он дара, аҳли он ва мазори он нафареро, ки “Аморати Толибон”-ро шикаст дода буданд, бо чашмони сари худ бубинанд ва зиёрат бикунанд. Онҳо мехостаанд, ки ба дараи Панҷшер бираванд, вале ба танҳоӣ ҷуръат намекардаанд, тарсе доштаанд. Аз рӯйи он ки онҳо бо мошини зиреҳӣ ва ҳамроҳи муҳофизони мусаллаҳи худ ҳозир шудаанд, маълум буд, ки бо вуҷуди он ки ҷаноби Мавлавӣ Салим кафолати таъмини амнияти онҳоро дода буд ва онҳоро шахсан ҳамроҳӣ мекард, ҳанӯз ҳам эҳсоси беэътимодӣ аз дилашон дур нарафтааст.

Ин ҷузъи намоёнгари кул бори дигар собит намуд, ки мушкили аслии «қазияи Афғонистон» на низомӣ, на иқтисодӣ, на динию мазҳабӣ, на забонӣ, на фарҳангӣ ва дар ниҳоят ҳатто на “Толибон”, на Давлати исломӣ, ин ду созмони террористии байналмилалӣ, балки дар ҳамин мушкили набудани эътимоду боварӣ ва ваҳдату якпорчагӣ дар миёни қавму қабоили сокини Афғонистон, ҳизбҳову ҳаракатҳои сершумор, самтҳову минтақаҳои гуногуни он, мақомоти марказӣ ва вилоятҳову вулусволиҳо, вакилони мардумӣ дар Парломон, Ҳукумати ваҳдати миллӣ мебошад. Бидуни рафъи ин мушкил, ҳалли дуруст ва одилонаи ин масъалаи асосӣ – масъалаи миллию қавмӣ, яъне таъмини баробарии комили ҳуқуқи сиёсии ҳамаи миллиятҳо ва мақоми онҳо дар идораи умури кишвар номумкин аст. Зеро ҳалли ҳамаи мушкилиҳову масъалаҳои дигари сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар тӯли садсолаҳо маҳз ба ҳамин масъала гиреҳ хӯрдаанд. Беэътимодию нобоварӣ, низоъу ихтилоф на танҳо дар байни қавму қабоили гуногун, ҳизбҳо ва нерӯҳои сиёсию мазҳабии мухталиф, балки дар дохили худи онҳо, аз ҷумла дар миёни нухбагони қавми тоҷик аз худ дарак медиҳад.

Боқӣ мондани беэътимодию нобоварӣ ва ихтилофу ҷудоиҳои дохилӣ заминаро барои дахолати кишварҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон омода сохтааст. Он «дӯстони хориҷӣ» дар Афғонистон танҳо ва танҳо манфиатҳои геополитикии худро зери шиорҳои гуногун мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир, таъмини амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бароварда сохтанӣ ҳастанд ва парвое ҳам ба он надоранд, ки Афғонистон аз нав ба майдони рақобатҳои геополитикии онҳо бештар аз пештар табдил меёбад.

 Дар сари турбати шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд

Баробари ворид гаштанамон ба Дараи Панҷшер ва дидани аввалин деҳаҳову боғоту мавҷи хурӯшони дарёи Панҷшер ва куҳҳои хушки ду тарафи роҳ пеши назарам дарҳол манзараҳои ноҳияи феълии Айнии Тоҷикистон омаданд. Онҳо ба ҳам шабоҳати аҷибе доранд. Ҳатто аз ҷиҳати он ҳам, ки ин ду дара макони конҳои маъданҳои қимматбаҳое, мисли тиллову нуқраву лоҷувард ва ғ. ҳастанд.

Турбати шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд дуруст дар ҳамон теппае буд, ки ӯ ҳамагӣ чанд рӯзе пеш аз шаҳодаташ ба писаракаш Аҳмад гуфта буд, ки «ман шаҳид мешавам. Маро ба сари он тепа дафн кунед». Ва суоле ҳам аз писараш карда буд, ки «метавонӣ то сари қабри ман бо як давиш биёӣ?». Ман аминам, ки Аҳмад ҳар гоҳ, ки ба зиёрати қабри падари бузургвораш меояд, чунин хоҳад кард.

Вақте ки мо дар ҷамъи ҳамроҳонамон, ба шумули ду намояндаи саршиноси собиқи “Толибон” Мулло Муҷоҳид ва Ҳабибуллоҳи Фавзӣ он ҷо расидем, зиёраткунандагон зиёд буданд.

Ҳушу ёди ман банди он буд, ки ду намояндаи “Толибон”, душманони собиқи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ӯ онҳоро «доғи нанги бузург бар пешонии Афғонистон» медонист ва бо сароҳат «Толибон фошизми мазҳабӣ ҳастанд», мегуфт ва лашкарашонро «лашкари сиёҳ» меномид, дар сари турбати шахсияте, ки бо тамоми нерӯяш бар зидди ин «лашкари сиёҳи» онҳо ҷангида буд ва онҳо дар даврони муқовимат ташнаи хуни якдигар буданд, чӣ тавр рафтор хоҳанд кард, чӣ эҳсосе хоҳанд дошт? Эҳсоси ҳақорат ва ночизии хеш ва ё эҳсоси қаноат ва хушнудии пинҳонӣ, ки ҳарифи қудратмандашон кушта шуд? Ва шояд ҳам ину ҳам он. Аммо аз рӯйи он ки бо риояти тамоми иззату икром ба рӯҳи поки Аҳмадшоҳи Масъуд фотиҳа хонданд ва яке аз онҳо Мулло Муҷоҳид дар дарфтари хотироти мазори зиндаёд ёддошт ҳам навишт, равшан буд, ки ба зиёрати турбати ӯ ба нишони тавбаву надомат ва бо арзи пӯзиш ва эътирофи гуноҳи худ дар назди рӯҳи поки зиндаёд омадаанд ва бузургии ӯро, хидмати ӯро барои тамоми қавму қабоили Афғонистон, на фақат барои қавми тоҷикон ва панҷшериён, балки тамоми Афғонистон пазируфтаанд. Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд шахсияти басо фавқулода ва фаромиллие буд, ки ба ҳунар ва ақлу фаросати хориқулодаи  фармондеҳии ӯ  генералҳои рус Борис Громов, Маҳмуд Гареев ва Александр Ляховский, ки дар муқобилаш ҷангидаанд, тан додаанд.

Дирӯз пас аз он ки ба Панҷшер, ба зиёрати оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд рафтанамон маълум шуд, шабона он эҳсосот ва андешаҳое, ки аз шодии наздик гардидани он рӯзи муборак ва аз шахсияти он марди бузурги тоҷик доштам, дар қолаби чанд байт манзум карда будам. Онро бо алифбои форсии арабиасос дар дафтари хотироти оромгоҳ сабт намудам, ки матни он чунин аст:

«Барои абармарди таърихи дирӯз ва имрӯзи тоҷикон Аҳмадшоҳи Масъуд

Тоҷикон буданд андар тӯли торихи ҷаҳон

Сарбаланду сарфарозу сарбадору сафшикан,

Лек чанде зери зулму зери теғи душманон

Сархаму бе раҳбару бе давлату бе ҷону тан.

Омадӣ, эй Шери миллат, зинда кардӣ номи мо,

Қудрати мо дар дифои марзу буми хештан.

Омадӣ, эй Шери миллат, мо зи ту омӯхтем

Дарси озодию мардӣ, дарси берам зистан.

Номи ту чун кори ту то ҷовидон хоҳад бимонд,

Зинда бош, эй Шери миллат, эй азизи ин Ватан.

 Кобул, ҳутали Сирена, 16 октябри 2018».

Аҳмадшоҳи Масъуд ва доктор Наҷиб

Дар теппаи тарафи рости оромгоҳи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд манзили дуошёнае қарор дорад, ки дар даврони мубориза ва ҷиҳод бо лашкари Шӯравӣ ва муқовимат бо “Толибон” қароргоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва ӯ аз ҳамин марказ ба амалиётҳои низомӣ роҳбарӣ мекард. Яке аз утоқҳои ин манзил махсуси дастгоҳ ва таҷҳизоти мухобиротии муосир буда, дар танаи деворҳои толори вохӯрӣ ва пазироӣ нақшаҳои (харитаҳои) бузурги низомии Афғонистон овезон буданд. Ва дар як кунҷи толори мазкур як курсӣ ва як мизи кории муқаррарӣ меистод, ки барои Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Дар ин манзил феълан Дафтари намояндагии Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд фаъолият дошт. Дар қарибии зинапояе, ки аз он зиёраткунандагон ба манзили дувум боло мешаванд, зери айвони шишабандӣ мошини Мерседес бензи сиёҳ ба намоиш гузошта шудааст, ҳамон мошине, ки дар вақташ раиси ҷумҳурии Ҷумҳурии халқии демократики Афғонистон доктор Наҷиб савор мешуд. Тааҷҷуби ман аз он буд, ки чӣ тавр Аҳмадшоҳи Масъуд ёдгори «душмани савгандхӯрдаи худ», нафареро, ки «дастикам як миллион доллар барои созмондеҳии сӯйиқасд алайҳи ӯ» масраф карда буд ва ҳамеша «як идда тайёраҳои худро барои зарба задан ба қароргоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд нигоҳ медошт», охирини раиси Ҷумҳурии Афғонистони даврони коммунистӣ доктор Наҷибро на танҳо нобуд накардааст, балки солим нигоҳ доштааст.

Муҳандис Аҳмадшоҳи Масъуд ва доктор Наҷиб ҳамдигарро аз овони ҷавонӣ мешинохтанд. Аҳмадшоҳи Масъуд мураббӣ ва Наҷибуллоҳ узви як тими футбол буданд. Аҳмадшоҳи Масъуд дертар соли 1999 он рӯзҳоро ба хотир оварда, гуфта буд, ки «касе чӣ медонист, ки ман рӯзе ба куҳҳо ва дараҳои Панҷшер биравам ва алайҳи Наҷиб биҷангам ва ӯ то охири ҳукуматаш бар зидди ман ва ман бар зидди ӯ ситеза кунем…». Онҳо ба ҳам душман буданд, вале ӯ пеш аз он ки “Толибон”  Кобулро ишғол намоянд ва ба таври ваҳшиёна доктор Наҷиб ва бародарашро ба қатл расонанд, нафари худро назди вай фиристодааст ва пешниҳод кардааст, ки ба наздаш биёяд. Вале афсӯс ки доктор Наҷиб даъвати ӯро напазируфтааст. Агар ӯ ба назди Аҳмадшоҳ меомад, метавонист ба назди ҳамсараш ва наздиконаш ба Ҳинд равад ва ё ҳар ҷо, ки дилаш мехост. Доктор Наҷиб, ки дар дафтари Намояндагии СММ махфӣ буд, аз Аҳмадшоҳи Масъуд хостааст, ки ду муҳофизашро дар ихтиёраш гузорад. Аҳмадшоҳ ин хоҳиши душмани собиқашро иҷро мекунад ва нафарҳояшро мефиристад, ки онҳо ҳам аз дасти “Толибон” он вақт кушта мешаванд.

Бархӯрди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба душмани собиқаш доктор Наҷиб намунаи олии ҷавонмардӣ ва инсонӣ мебошад, ки ба он танҳо мисли ӯ абармардҳои таърих қодир буда метавонанд.

Барои ман дидани Аҳмадшоҳи Масъуд дар зиндагиаш муяссар нашуда буд, аммо доктор Наҷибро борҳо дида будам. Манзиле, ки Раиси вақти Ҷумҳурии Афғонистон дар он мезист, дар микрорайони ҷадиди Кобул буд ва дар наздикии майдони Клупи аскарӣ қарор дошт. Манзили зисти мо мутахассисони шӯравии Пуҳантуни Кобул низ дар ҳамон микрорайон буд.

Се лаҳзаи дигари хотироти ман дар Кобул низ бо номи ӯ вобаста мебошад. Яке он ки шоҳиди ҳодисаҳои марбут ба нузули Бабрак Кормал ва ба сари қудрат омадани доктор Наҷиб будам. Он рӯзи боронӣ ҷавонони шаҳри Кобул намоиши эътирозӣ бар алайҳи ӯ доир карда буданд. Дигар он ки нахустин мукофоти давлатии ман Ифтихорномаи Ҳизби халқию демократики Афғонистон бо имзои доктор Наҷиб мебошад. Ман онро барои иштирок дар таҳияи матни суханронии Раиси Ҷумҳурии Афғонистон доктор Наҷиб дар Анҷумани нависандагони Афғонистон гирифта будам. Ва ниҳоят дар ин сафари охиринам дар яке аз дӯконҳои атрофи Порки маъруфи Зарнигори Кобул ду акси доктор Наҷибро дидам, ки зери онҳо чунин навиштаҷоте дошт: «Раҳбари маҳбуби мардуми Афғонистон шаҳид Наҷибуллоҳ». Маълум мешавад, ки мардуми Афғонистон пас аз чашидани «лаззатҳои» ҳукумати “Толибон” ва муҷоҳиддин назарашонро ба ҳукумати коммунистии кишварашон ва роҳбарони он, аз ҷумла доктор Наҷиб бо гузашти солҳо дигар кардаанд ва номи ӯро имрӯз ба некӣ ба забон мегиранд ва ёдашро гиромӣ медоранд.

Гулбиддин Ҳикматёр ва достони кафши донишҷӯйи ҳиротӣ

Аз ронандае, ки моро аз фурӯдгоҳи Ҳирот ба ҳутали Арк мерасонд, пурсидам, ки сарнавишти донишҷӯйе, ки дар намози ҷумъа кафшашро ба рӯйи раиси Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддини Ҳикматёр, дар сафаре, ки ба ин шаҳр дошт, зад, чӣ шуд? Бо табассум ҷавоб дод, ки он донишҷӯй қаҳрамон шуд. Мардуми Ҳирот барои халосиаш аз зиндон тазоҳурот карданд ва ӯро раҳо намуданд. Гузашта аз ин, як тоҷири ҳиротӣ кафши ӯро ба қимати 12 ҳазор доллар харидорӣ намуд.

Давоми ин ҷавоби хандаовари ронандаи ҳиротиро дар суҳбати латифамонанди як маъмури ҳукумати феълии Афғонистон низ ёфтам. Ӯ бароям нақл намуд, ки рӯзе рӯзноманигори ВВС барои мусоҳиба омад ва аз ҷумла пурсон кард, ки пайвастани роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддини Ҳикматёр ба прусаи сулҳ чӣ натиҷа дод? Гуфтам: Ҳеч. Вале вақте ки микрофонашро чолон кард ва хост, ки ин ҷавоби маро забт намояд, гуфтам, ки: «Ба прусаи сулҳ пайвастани яке аз роҳбарони ҷиҳодии машҳур, роҳбари яке аз ҳизбҳои сиёсии асосӣ маълумдор, ки натиҷаҳои хуб хоҳад дод». Рӯзноманигор саволомезона хандид. Ман ҳам бо ханда барояш изҳор доштам, ки «мутаассифона, сиёсатҳои расмӣ дигар асту воқеъиятҳои мавҷудаи Афғонистон дигар аст». Оқои Ҳикматёр ҳамон нафарест, ки симати сарвазири Ҳукумати муҷоҳиддинро дошт, вале ба сари мардуми Кобул дар тӯли ҷаҳор сол (1992-1996) ҳамарӯза аз Доруламон ракета мезад, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар кушта ва даҳҳо ҳазор бехонумон шуданд. Бинобар ин, чунин бархӯрди мардуми кишвар нисбат ба ӯ комилан табиӣ мебошад.

Дарвоқеъ, роҳбарони ҳукумати пешина ва феълии Афғонистон, тарҳеро бо номи «сулҳ бо Толибони муътадил» ба унвони яке аз роҳҳалҳои асосӣ роҳандозӣ мекарданд ва мекунад ва ба хотири татбиқи он ниҳодеро низ бо номи Шӯрои олии сулҳ бо роҳбари Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳам таъсис доданд. Аз дасти як намояндаи собиқи “Толибон” дар манзили худ, ки қотилашро бо оғӯши боз пешвоз гирифта буд, шаҳид гаштани ӯ худ як гувоҳи равшани беҳуда ва беоқибат будани ин тарҳ мебошад. Инро воқеаҳои хунине, ки дар Кобул ва шаҳру вилоятҳои ин кишвар бо иштироки “Толибон” дар  рӯзҳои охир  мегузаранд, низ исбот карданд, ки “Толибон” «бародарони гумроҳ ва фиребхӯрдаи мардуми Афғонистон нестанд», чунонки баъзе аз нухбагони ин кишвар гумон доранд, балки террористони гузаро ҳастанд. Яке аз сабабҳои асосӣ дар ин аст, ки “Толибон” нерӯйи мустақил нестанд, онҳо танҳо василае дар дасти «соҳибони» пасипардагиашон мебошанд. Ва он соҳибон ҳамонҳоянд, ки бо “Толибон” имрӯз ошкоро ва ё пинҳонӣ робита ва ҳамкорӣ доранд ва ба онҳо ёриҳои молӣ ва низомӣ мерасонанд. Сониян, “Толибон”, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз, нерӯйи ягона набуданд ва нестанд. Ба замми ин пас аз зуҳури ДОИШ ва байъат овардани бахше аз “Толибон” ба онҳо танҳо “Толибон”-ро тарафи сулҳ қарор додан дуруст нахоҳад буд.

Шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масуъд, Қаҳрамони миллии Афғонистон борҳо ва борҳо гуфта ва таъкид намудааст, ки дар ормони «расидан ба як кишвари озоди бо сулҳи пойдор ва Афғонистони якпорчаву муттаҳид» буд. Афғонистон ва мардуми шарифи он, ки нону намакашонро зиёд хӯрдаам, ба доштани чунин сарзамине, ки Аҳмадшоҳи бузург орзӯ менамуд, сазовор мебошанд. Умед аст, онҳо рӯзе ба ормонҳояшон хоҳанд расид ва рӯҳи поки ватандори азизашонро шод хоҳанд кард.

Абдунабӣ САТТОРЗОДА,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь