Ба диққати Федератсияи футболи Тоҷикистон!

Аввалан сад ташаккур ба таъсисдиҳандаҳои шабакаҳои нави ТВ-и “Варзиш HD” ва “Футбол HD”, ки мо тоҷикистониён ҳамаи бозиҳои “CAFA-23” (мусобиқоти нави Осиёи Марказӣ)-ро баҳузур ва бе ягон душворӣ ҳамаи вохӯрӣ-бозиҳоро тамошо карда ройгон, як кайфияту лаззат бурдем. Натиҷа  мухтасаран ин тавр шуд:

  1. Ӯзбекистон 9 хол Уммон -4 хол, 3. Тоҷикистон -2 хол ва 4. Туркманистон -1 имтиёз.

Худ ба ҷадвал нигаред, хулоса бароред. Бале, ба ақидаи муттахассисон баромади дастаи “Тоҷикистон” ғайриқаноатбахш буд. Бубинед, дар бозии охирини барояшон ҳалкунанда, футболбозони мо дар 45 дақиқа панҷ тӯби беҷавоб аз дарвозаашон гузарониданд. Ин даҳшат аст! Ё масхара нисбати дастаи мо? Ақалан натавонистем, ки дастаи “Туркман”-ҳоро мағлуб кунем. (Ба мо камаш чор имтиёз чун обу ҳаво зарур буд). Ана баъд ҳарифи мо “Қирғизистон” мешуд. Дар асл футболи тоҷик аз қирғизҳо ба қавле “Як калла боло меистад”. Дар раддабандии “ФИФА”-и ҷаҳонӣ бошад, бе таҳлили чуқур чаппаашро нишон медиҳанд. Охир борҳо исбот шудааст, ки футболи мо аз Қирғизистон андаке баланд тараққӣ ёфтааст. Хулоса, дар мусобиқаи шаҳри Тошканд мо мисли “Қирғизистон” барин даста ҳам ҳунарнамоӣ надоштем. Боз як далели аҷиб. Бахти сармураббии мо мутахассиси хорватӣ будаст, ки дар як гурӯҳи хеле суст дар Қирғизистон ҷои якумро ишғол карда, бори нахуст дар таърих ба бозиҳои финалии “Осиё -2023” роҳхат гирифтем.

Пас, баъди натиҷаи пасти мусобиқоти шаҳри “Тошканд-2023” муттахасси хорватӣ асло ба таърифу таҳният на зебандаву на арзанда аст.

Хуб, чӣ бояд кард? Дар ҳоле, ки бозиҳои  “Осиё-2023” дар пеш аст. Охир мабодо онҷо дурустар шарманда нашавем? Мегӯянд, ки “Пешгирӣ аз табобат осонтару беҳтар аст”. Ҳақ асту рост. Ба ақидаи банда чӣ бояд кард?

1) 1-2 нафар футболбозонҳои беҳтаринро минбаъд аз вилояти Суғд ҳам даъват кардан лозим аст.

2).Мо хуб медонем, ки шартномаи Игор Черевченко бо дастаи “Истиқлол”(Д) танҳо ба 1-сол асту халос. Ба хотир меорем, ки ӯ борҳо дар Русия “Мураббии беҳтарин” шудааст… Ба қавле барои Тоҷикистон Игор одами худӣ аст… Пас, тамоми чораҳоро дид, то ки Игор Тоҷикистонро тарк накунад. Аз эҳтимол дур нест, ки ин муттахассиси варзидаву пурифтихорро вақтҳои наздик ба ин ё он кишвари бегона ба кор даъват мекунанд…(агар ба худаш таклиф писанд ояд). Дар Тоҷикистон Игор дар оянда кадом вазифае, ки хоҳад, чун обу ҳаво зарур аст. Бигзор дастаи якачини миллиро ҳам ба ӯҳда гирад.

Аз ҳоло корбарӣ бояд кард. Вагарна баъдтар дер мешавад. Ин имконияти хубро аз даст набояд дод…

Ба Сегерти -мурабии хорватӣ бошад, “раҳмати калон” – гӯён ба дастакаш дастагулҳои тару тоза дода ба ватанаш нағз гусел бояд кард. Албатта ин ақидаҳои шахсии ман аст.

Умедворем, ки ин таклифҳои хубро дар  Федератсияи Футболи миллии Тоҷикистон оқилона ва дурандешона қабул хоҳанд кард. Бигзор футбол-рақами 1 ва намуди асосии варзиш дар Тоҷикистони азиз чун дар кайҳон баланду тез парвоз кунад ва ҷаҳониён моро дурустар шиносанд.

Алиҷон Маҳмудов,

шореҳи варзиш

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь