Ҳанӯз чанд даҳсола пеш САҲА ҳамчун ниҳоди асосӣ барои ҳалли мушкилотҳои амниятӣ дар Авруосиё хизмат мекард. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки имрӯзҳо бештар андешаҳо дар мавриди он, ки ин созмон ба як замимаи НАТО ва воситаи дахолати он ба корҳои дохилии кишварҳои дигар табдил ёфтааст, садо медиҳанд.
САҲА бо 11 кишвар ҳамкорӣ мекунад: Афғонистон, Алҷазоир, Австралия, Миср, Исроил, Урдун, Марокаш, Ҷумҳурии Корея, Таиланд, Тунис, Ҷопон. Дафтари марказии он дар Копенгаген (Дания) воқеъ гардидааст.
Ба хотири сулҳ
САҲА соли 1995 ташкил шуда буд, вале пеш аз он Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таъсис ёфта буд, ки аз соли 1973 бо ташаббуси ИҶШС бо мақсади дарёфти роҳҳои рафъи шиддати байни кишварҳои лагерҳои сотсиалистӣ ва капиталистӣ дар давраи ҷанги сард фаъолият мекард. Ин ниҳод 33 давлати Аврупо, ИМА ва Канадаро дарбар гирифта, бояд ҳамчун майдони муколама байни кишварҳои Шарқ ва Ғарб хизмат мекард; дар маҷлис масъалаҳои беяроқгардонӣ, заифкунии шиддати ҳарбӣ, густариши муносибатҳои мутақобилаи судманд байни давлатҳои минтақа дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мегардиданд.
Соли 1995 Маҷлиси машваратӣ ба САҲА (Созмони амнияту ҳамкории Аврупо) табдил дода шуд, ки ҳоло созмон мазкур 57 давлати Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёро (аз ҷумла Тоҷикистонро) муттаҳид мекунад ва бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
“САҲА аввалин созмони байналмилалие ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистонро, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатиаш, 26-уми феврали соли 1992 ба узвият пазируфт. (Яъне аввалин маротиба истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби як созмони байналмилалӣ эътироф карда шуд, ки он боиси хушнудии мардуми кишвар гардид). Саҳми САҲА дар ҳифзи субот ва нигоҳ доштани ҷомеаи шаҳрвандӣ бузург аст. Аз ҷумла, САҲА дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ саҳми муайяне гузоштааст”, – мегӯяд омӯзгори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев.
Ба ҷои се як сабад
Иттиҳоди Аврупо соли 2020 интихоботи президентии Тоҷикистонро барои “мувофиқ набудан ба талаботҳои САҲА” дар самти озодии ВАО ва гуногунандешии сиёсӣ интиқод кард.
Ва агар дар ибтидо САҲА воқеан рисолати худро оид ба нигоҳ доштани сулҳ ва танзими низоъҳо иҷро карда бошад, пас дар шароити имрӯз (марҳилаи кунунӣ) ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА дар кадом сатҳ қарор дошта бошанд? То соли 2017 дар ҷумҳурӣ дафтари САҲА фаъолият мекард. Дар рафти ҷаласаи САҲА дар Варшава ҳудуди 20 нафар ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эътироф шудааст, вориди толор шуда, “эътирози хомӯшӣ” баргузор карданд. Дар натиҷа, ҳайати Тоҷикистон аз он, ки ташкилкунандагони чорабинӣ ба чунин амалҳои эътирозӣ роҳ доданд, ба хашм омада, намоишкорона ҷаласаро тарк кард. Пас аз ин бо дархости ҷониби Тоҷикистон мақоми ҳузури САҲА дар ҷумҳурӣ то Дафтари барномавӣ поин оварда шуд.
Кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста аз сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон вобаста ба риоя нашудани ҳуқуқи башар интиқод мекунанд. Соли 2023 дар рафти нишасти иловагӣ оид ба андозагирии инсонии САҲА дар шаҳри Вена намояндагони мухолифини тоҷик мақомоти Тоҷикистонро барои шиканҷаи боздоштшудагон ва маҳкумшудагон, боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, инчунин, нақзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ мавриди интиқод қарор доданд. Намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ин интиқодро рад карда, мухолифинро дар тӯҳмат айбдор намуд.
Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар ин бора чунин мегӯяд: “То ҳол ман нақши мушаххаси САҲА-ро дар таъмини амнияти Тоҷикистон мушоҳида накардаам, ҳол он ки имрӯз дар минтақа ҳолатҳои ташдиди баъзе муаммоҳо ва таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон вуҷуд доранд. Маълум аст, ки САҲА ягон фишанг надорад: на иштироки машваратӣ ва на ягон қарори муҳиме аз ҷониби САҲА ба назар намерасад. Ин созмон дар Тоҷикистон тағйиротҳоеро пешниҳод мекунад, ки хилофи идеология ва арзишҳои ҷомеа, дин ва анъанаҳои мо мебошанд. Вале баъзе мушкилотҳои мушаххаси амниятӣ дар Тоҷикистон то ҳол ҳалли худро наёфтаанд, ки ин аслан рисолати САҲА буд.
“Ҳоло кафили амният барои мо танҳо СААД аст, ҳамкорӣ бо Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, зеро аз ҷониби онҳо амалҳои воқеӣ мушоҳида карда мешавад; САҲА танҳо аз дур чизеро таълим медиҳад ва ягон иқдоми мушаххас аз ҷониби ин созмон мушоҳида карда намешавад” – Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Ҳоло масъалаҳои амнияти Тоҷикистон танҳо бо кумаки СААД ҳал карда мешаванд ва ба САҲА касе умед ҳам намебандад. Яке аз мушкилотҳои Афғонистон имрӯз зулми қавмӣ, аз ҷумла қавми тоҷикон аст, аммо на САҲА ва на СММ ин масъаларо ҳатто баррасӣ намекунанд. Ин созмонҳо дар мавриди он бадбахтиҳое, ки ҳоло дар Фаластин рух дода истодаанд, чизе намегӯянд ва танҳо дар бораи Ҳамос гап мезананд.”
Дар ин ҷо бояд дар бораи принсипи фаъолияти САҲА, ки соли 1975 дар Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Хелсинки қабул шуда буд, хотиррасон кард. Кори созмон бар асоси принсипи “се сабад” ба роҳ монда шудааст: якум ҷанбаи сиёсӣ-ҳарбӣ, ки мавзӯҳои назорати аслиҳа, кӯшишҳои дипломатӣ барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва чораҳои барпо намудани робитаҳои боэътимод ва таҳкими амниятро дар бар мегирад. «Сабади дуюм» мавзӯҳои амнияти иқтисодӣ ва экологиро дар бар мегирад ва «сабади сеюм» бошад масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, рушди институтҳои демократӣ ва мониторинги интихоботҳоро дар бар мегирад. Ба андешаи бисёре аз коршиносон, “сабади сеюм” дар фаъолияти САҲА имрӯз мавқеи афзалиятнокро ишғол мекунад ва аз ду “сабад”-и аввал бартарият дорад.
Аз ибтидои асри XXI Маскав ба таври доимӣ ба стандартҳои дугонаи созмон таваҷҷӯҳ карда, пешниҳод мекард, ки он бо “баргаштан ба принсипҳои аввала” аз нав ташкил карда шавад.
Ин фаъолият дар ниҳоят ба натиҷаҳое оварда мерасонад, ки хилофи рисолати аслии САҲА буда ва вазъро дар кишварҳое, ки ба объекти фаъолияти демократии созмон табдил ёфтаанд, ноором мекунад. Ҳамин тариқ, САҲА воқеан боиси сар задани эътирозҳои мардумӣ ва ивази низомҳои сиёсӣ дар Молдова, Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон гардида, интихоботҳои дар ин кишварҳо баргузоргардидаро ғайридемократӣ эълон кард. Ҳол он ки ниҳодҳои САҲА аксар вақт аз фиристодани нозирони худ ба ин интихоботҳо худдорӣ мекунанд, аз ин рӯ, асоснок будани чунин изҳоротҳо шубҳанок ба назар мерасад. Кӯшишҳои эҷод кардани чунин ҳолат дар Беларусия, Русия ва Қазоқистон низ буданд. Оё метавон гуфт, ки ин фаъолият барои ҳифзи сулҳ равона карда шудааст?
Мавзӯҳои башардӯстона ва ҳифзи ҳуқуқи фаъолияти САҲА аз ҷониби кишварҳои НАТО барои ҷалби аъзои нав ба сафи худ ва дахолат ба корҳои дохилии кишварҳое, ки мехоҳанд, зери таъсири худ қарор диҳанд, пеш гирифта шудаанд. Инро он далел тасдиқ мекунад ки, масалан, вақте Албания, Булғористон, Руминия узви НАТО шуданд, онҳо ба таври худкор соҳиби “нишони сифати демократӣ” гардиданд, ва саволҳои САҲА дар мавриди вазъи демократия ва гуногунандешии сиёсӣ дар ин кишварҳо худ аз худ аз байн рафтанд.
Моҳи декабри соли 2023 Тоҷикистон, Русия ва як қатор кишварҳои дигари ИДМ бо изҳороти муштарак баромад намуда, ин созмонро барои даст кашидан аз “стандартҳои дугона” дар муносибат ба мушкилотҳои асосии ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида даъват карданд. Онҳо ҳамчунин, пеш гирифтани роҳи муколамаи ғайриидеологиро дар ҳалли масъалаҳои воқеан мубрам, аз қабили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон пешниҳод карданд.
Сӯхтани кӯпрукҳо
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия таҳкими нақши нуфузи САҲА-ро пешбинӣ мекард. Дар сохторҳои ин созмон 57 нафар русҳо фаъолият мекунанд ва саҳми солонаи Русия тақрибан 7,7 миллион евроро ташкил медиҳад.
Имрӯз САҲА ягона сохтори байналмилалӣ дар фазои Авроатлантикӣ мебошад, ки Русия ва Ғарби дастаҷамъиро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ, он воқеан дорои иқтидори ҷиддӣ барои табдил ёфтан ба майдони муколамаи байни ду ҷонибҳои муқовимат ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муаммо мебошад. Аммо кишварҳои ғарбӣ на танҳо аз ин имконият истифода намекунанд, балки фаъолона талош доранд, то Русия – кишвареро, ки дар саргаҳи ташаккули ин созмон қарор дошт, аз муколамаи байналмилалӣ хориҷ кунанд. Дар тӯли солҳои охир иштирокчиёни Ассамблеяи Парлумонии САҲА борҳо кӯшиш кардаанд, ки “дар пайи муроҷиати ҳайати Украина”, ваколати (салоҳияти) ҳайати Русияро ба баҳс кашанд, инчунин, дархости намояндагони Русияро дар гирифтани раводид барои иштирок дар ҷаласаҳои навбатии САҲА рад мекунанд.
САҲА пайваста гузоришҳои беасосро дар бораи “ҷиноятҳои ҷангӣ” дар Украина нашр мекунад, ки дар ин ҷиноятҳо асосан низомиёни рус айбдор карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, худи созмон эътироф мекунад, ки кормандони САҲА дар Украина ҳузур надоштанд: гузоришҳо аз суханони “Ташкилотҳои ғайридавлатӣ, рӯзноманигорон, коршиносони низомӣ ва шоҳидони айнӣ” тартиб дода шудаанд. Як таҳқиқоти рӯзноманигории “Russia Today” нишон дод, ки Департаменти давлатии ИМА барои пешбурди манфиатҳои худ дар Украина ва амалигардонии лоиҳаҳои зидди Русия дар ин кишвар ба САҲА маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Ин бори дигар собит мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёнаш мехоҳанд САҲА-ро ҳамчун такягоҳ барои пешбурди тартиботи худ ва абзори ҷанги иттилоотӣ истифода баранд.
Имрӯз, ки раванди гузариш ба ҷаҳони бисёрқутбӣ ҷараён дорад, бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ як навъ бӯҳронро аз сар мегузаронанд. Аммо он созмонҳое, ки асосан аз кишварҳои ғарбӣ ташкил ёфтаанд, дар раванди таназзул қарор доранд, зеро онҳо қурбони кӯшишҳои Ғарб барои боз доштани гузариш ба ҷаҳони бисёрқутбӣ мешаванд. Дар ин росто, бо суханҳои вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров наметавон розӣ нашуд: “Ҳанӯз имкони наҷот додани САҲА вуҷуд дорад, вале шонсҳо хеле каманд”.
Русия ки, дар саргаҳи раванди Хелсинки қарор дошт, ҳанӯзам саъй дорад, САҲА-ро ҳамчун як майдони муколама барои ҷилавгирӣ аз низоъҳои байналмилалӣ, пайдо кардани манфиатҳои муштарак барои ҳамкорӣ бо риояи қатъии принсипи тақсимнашавандагии амният ва қоидаҳои консенсус нигоҳ дорад, зеро иҷро нашудани ин вазифа боиси аз байн рафтани ин созмон хоҳад шуд.
Матлубаи Қ.