(нигоҳе муқаддимотӣ)

Муқаддима

Вақте ки дар бораи Замин ба сифати макони мавҷудияти ҷисмҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, аз ҷумла инсон меандешем, таъкиди файласуфи шаҳири олмонӣ Мартин Ҳайдеггер пеши назар меояд. Ҳайдеггер, ки яке аз бунёдгузорони фалсафаи вуҷудӣ маҳсуб меёбад, дар робита бо сарнавишти инсон дар сайёраи Замин гуфта буд: “Агар аз баландтарин нуқтаи осмон ба ин замин, ки мо маскунаш ҳастем, назар афканем, мебинем, ки чӣ сон хурду ночиз аст ва дар як они воҳид метавонад аз бархӯрди тасодуфӣ ва бенизоми ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ нест шавад ва аз байн биравад”. Воқеан, пайваста бо хатарҳои гуногуни табиӣ ва кайҳонӣ мувоҷеҳ будани сайёраи инсонӣ – Замин барои донишмандони риштаҳои гуногуни илм, махсусан табиатшиносону кайҳоншиносон маълум буд ва имрӯз ҳам дар пайи шинохти дақиқи ҳаводиси табиӣ, махсусиятҳои физио-химиявии Замин, имконоти зистӣ дар Ҷаҳон ва шароити фазои Кайҳон таҳқиқотҳои бунёдӣ сурат гирифта, дар ин замина корҳои илмию тахассусӣ идома доранд.

Вуҷуд доштани ташвишу изтироби инсонӣ дар бастагӣ бо мушкилоти глобалӣ, ки сайёраи Заминро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад, маънои онро дорад, ки инсони ҳушманд ҳамеша барои бартараф кардани мушкилот ва масоили ҳалталаби зистӣ-биологӣ, муҳитӣ-экологӣ, фикрӣ, равонӣ ва амсоли инҳо тавассути ба кор андохтан ва фаъол сохтани коргоҳи мағзӣ талош карда, бад-ин васила роҳро барои ошкор сохтани мушкилоти умумисайёравӣ ва кайҳонӣ ва натиҷатан, танзим кардани барномаҳои зистӣ ва ҳамшарикии иҷтимоӣ дар баробари хатарҳои сайёравӣ, ҷаҳонӣ ва кайҳонӣ ҳамвор месозад. Ҳанӯз табиатшинос ва файласуфи маъруфи англис Бертран Рассел дар нимаи дуюми садаи бистум ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буд, ки инсон дар пешорӯйи хатарҳои кайҳонӣ қарор дорад ва ҳамасола имконоти зистӣ барои инсон бар асари хатароти табиӣ дар сайёраи Замин коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, инсонро зарур аст, ки дар андешаи муттаҳид кардани нерӯҳои ақлонӣ ва зеҳнии башарӣ шуда, ҷилави хатарҳои умумиинсонӣ ва куллисайёравиро, ки пеш аз ҳама, ба инсон ва ҷомеаи инсонӣ садама мезананд, бигирад. Гузашта аз ин, сайёраи инсониро дар садаи бистум ду ҷанги ҷаҳонӣ – Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (солҳои 1914-1918) ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (солҳои 1939-1945) дунболагирӣ намуда, бар асари ин ҷангҳо миллионҳо ҷони худро аз даст дода, миллионҳо дар тангнои тақдир афтида, миллионҳо ятиму бепарастор монданд.

Чуноне ки тазаккур ёфт, худпарастӣ, худкомагӣ ва зӯрозмоии қудратҳои сиёсӣ дар садаи бист боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дарсади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дарсад расид (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 225). Ба сухани дигар, дар раванди ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтаанд. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот мебошад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 226). Тағйироти иқлимӣ ва ноҷур шудани низоми муҳити сайёра дар натиҷаи таркишҳо, инфиҷороти бомбҳо, ба кор андохтани яроқи ҳастаӣ дар минтақаҳои Херосима ва Нагасакии Ҷопон вазъи куллии муҳити зистро дар Замин вайрон карда, силсилаи бемориҳои гуногунро дар ҷомеаҳои ҷангзада тавсеа бахшид. Муҳаққиқон асароти яроқи ҳастаиро то имрӯз дар миёни ҷомеаҳои Шарқи Дур ба қайд гирифтаанд. Ҳамчунин, хисороти ҳангуфти молию иқтисодие, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз худ ба мерос гузошт, ҷаҳони инсониро солиёни дароз дар вартаи буҳронҳои амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ дошт. Ҷуғрофиёи ҷангу даргириҳои инсонӣ дар асри бисту як ҳамчунон тавсеа ёфта, ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ ва геосиёсӣ кишвару давлатҳои мухталиф кашида шуда истодаанд, ки ин навъи сиёсатҳо на танҳо сабаби бадтар шудани авзои сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон мегарданд, балки шароити экологӣ ва биологии сайёраро номусоид сохта, мушкил андар мушкил меафзоянд. Истифодаи маводи таркишии кимиёвӣ ва ба дунболи ин инфиҷороти рӯзмаррае, ки дар Ховари Миёна ҷони ҳазорон нафарро аз байн мебарад ва миллионҳоро дар вартаи гуруснагӣ, нодорию бенавоӣ нигоҳ медорад, имкони муътадили зистро дар сайёра зери суол мебарад.

Таври сунъӣ ба ду қутб ҷудо кардани мардуми сайёра – Шарқу Ғарб ва дар ин замина роҳандозӣ намудани барномаҳои зиддиинсонии баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар асри нуздаҳ (ва шояд қаблтар) шуруъ шуда, то имрӯз ин табартақсими сунъӣ дар пасманзари сиёсатҳои баъзе давлатҳои абарқудрат дар қолаби барнома-стратегияҳои давлатӣ амалӣ мегарданд. Бар пояи ин сиёсати ғалат аст, ки мардуми сайёра ба таври нохудогоҳ (ва бар асари ҷаҳолату таассуб), одатан бо  «ҷонибдории  нерӯҳои манфиатдор» бар он тамаъ меварзанд, ки худ ва дигаронро ҷудо кунанд. Тибқи ин қолаби тангу маҳдуди назарӣ, ҷаҳон дар тарозуи марзҳои ҷуғрофии Шарқ – Ғарб, Шимол – Шарқ, Марказ – Музофот андозагирӣ шуда, мавриди таҳлили таҳмилию сунъии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор мегирад (таваҷҷуҳ шавад ба: Хантингтон, Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С.10).  Ҳоло ки ҷаҳон даргири чунин низоъҳо аст, мардум ба ҳоли танги  иқтисодию  иҷтимоӣ гирифтор  шуда, имкони  беҳбуд бахшидани вазъи зиндагиашонро надоранд. Аз ин рӯ, шинохти дақиқу дурусти хатарот ва дар ин замина, густурдани фаъолиятҳои ақлонии инсон метавонад сатҳи афзоиши хатароти гуногунмуҳтаворо коҳиш диҳад.

Мушкилот ва хатароти асрӣ

Мусаллам аст, ки масъалаи асосии инсоният дар асри ХХI аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонӣ, ки метавонанд дар ҳар лаҳза ба нестии тамаддун ва инсоният мусоидат намоянд, дар амон мондан аст. Мутаассифона,  айни ҳол техникаи муосир имконияти ба вуҷуд омадани хатарҳои антропогениро таъмин намудааст ва  агар пешрафти фавқулфанноварӣ бо роҳи табиӣ ва идоранашаванда амалӣ гардад, дар оянда имконияти ба вуҷуд омадани хатарҳои нав ба нав зиёд мешавад.

Оянданигарони ҷаҳонӣ хатарҳои умумии наноӣ ва технологӣ ва меъёрҳои зарурӣ барои пешгирӣ намудани онҳо, ба ғайр аз ин, мушкилотҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои террористонро мавриди тадқиқ қарор додаанд. Сохтани маркази ҷаҳонӣ барои қабули ҳалли таҳдидҳои умумӣ, ҷойгир намудани системаи ҷаҳонии муҳофизатӣ имконият медиҳад, ки амнияти инсониятро таъмин намоем. Имрӯзҳо гурӯҳҳои терористию радикалӣ дар ҳолати дастрас намудани маълумотҳо барои сохтани нанороботҳои карбонии вуҷуди зиндаро хӯранда, сохтани вирусҳои фалокатовари биологӣ ва  имконияти сохтани лабораторияҳои хусусиро пайдо намудаанд, ки метавонанд дар як мӯҳлати кӯтоҳ инсониятро нест намоянд. Аз рӯйи хусисуятҳои умумӣ, хатарҳои глобалиро ба ду қисм – хатарҳои глобалии табиӣ ва технологӣ ҷудо менамоянд.

Манобеи асосии хатарҳои глобалӣ

Зеҳни сунъӣ Таҷрибаҳои хатарноки илмӣ
Нанотехнология Астероидҳо
Биотехнология Фавқулвулқонҳо
Яроқҳои ҳастаӣ Гамма-шалпозҳо
Сирояткунандаи химиявии умумӣ Буҳронҳои систематикӣ

Манбаи аз ҳама назарраси хатарҳои глобалӣ ин объектҳои нави  фановариҳои муосир аст, ки маҳз пешрафти босуръати илм ва технологияи садсолаи охири инсоният ба он мусоидат намудааст.

Хатарҳои асосии технологӣ

Биотехнология Нанотехнология
Зеҳни сунъӣ Силоҳи ядроӣ

       Пешрафти биотехнологӣ ва бурузи хатароти навбатӣ

Дар як вақт ба муҳити атроф метавонад даҳҳо патогенҳои тағйирдиҳандаи генетикӣ паҳн гарданд. Ин патогенҳо қобилияти фаро гирифтани тамоми биосфераро доранд. Патоген – ҳама намуди микроорганизмҳо, яъне вирусҳо, бактерияҳо ва ғайраҳо, ки қобилияти дар тамоми организмҳои зинда ба вуҷуд овардани ҳолатҳои потологӣ (касалӣ)-ро доранд.

Ҳар сол ба шабакаи иҷтимоии Интернет тақрибан 2 миллион вирусҳои компютерӣ ворид менамоянд, ки ин нишондод сол аз сол зиёд шуда истодааст. Шабеҳи чунин фаъолиятро мумкин аст, ки биохакерҳо низ ба роҳ монанд. Зеро дар айни замон арзиши таҷҳизотҳо барои сохтани вирусҳо садҳо долларро ташкил медиҳад ва ба хотири ба вуҷуд овардани дарҳамбарҳамӣ дар низоми фаъолиятҳои иттилоотӣ роҳандозӣ мешаванд. Ба ғайр аз ин, рамзи генетикии бисёр вирусҳо дар шабакаҳои интернетӣ ворид карда шудааст. Масалан, зукоми «испанӣ». Зукоми «испанӣ» – эҳтимолияти ба хатар мувоҷеҳ кардани насли инсониро дошта, дар таърихи инсоният зукоми хатарноктарин маҳсуб меёбад. Аз рӯи нишондодҳои расмӣ, тайи солҳои 1918 – 1919 аз тамоми ҷаҳон бештар аз 60 миллион нафар гирифтори ин вирус шуда, бар асари сироятпазирӣ фавтидаанд. Айни замон, 500 миллион нафар мубталои ин навъи зуком гардидаанд.

 Зеҳни сунъӣ ва таҳдидоти баъдӣ

 Дар оянда зеҳнҳои сунъие сохта мешаванд, ки қобилияти пешрафти худро таъмин намуда, метавонанд аз масъалаҳои мақсадноки гузоштаи инсон берун бароянд. Аз ин ҷост, ки пешрафтҳое дар заминаи зеҳни сунъӣ дар баробари муваффақияту комёбӣ, ҳамчунин хатаротеро ба дунбол доранд, ки ба авоқиби он таваҷҷуҳ бояд кард.

Пайдо гардидани ғалати низомҳои фармоишӣ дар фавқушшуурҳои сунъӣ ба он сабаб мегардад, ки Заминро тасарруф намоянд ва тамоми инсониятро маҳв созанд. Зеҳнияти олӣ метавонад якчанд роҳу усулҳо барои маҳв сохтани инсониятро фикр намояд (албатта, ба ёрии роботҳо, нанотехҳо ва токсинҳои идорашаванда), агар дар назди ӯ чунин масъала гузошта шавад.

Пешрафтҳои нанотехнологӣ ва авоқиби таҳдидӣ

Аз тарафи оянданигарони муосир як хусусиятҳои хоси ба миён овардани хатарҳо пешниҳод гардидааст, ки инҷо ду хусусияти  асосиро пешниҳод менамоем. Фарзияи сенарияи поёни ҳаёт бо номи «Луоби хокистарранг», ки ба пешрафти нанотехнологияи молекулавӣ вобаста буда, яке аз масъалаҳои нигароникунандаи ҷаҳони инсонӣ мебошад. Муҳтавои ин сенария чунин аст: пешрафти суръати кайҳонии нанотехнология мусоидат менамояд, ки нанороботҳои худтақвиятдиҳандаи идоранашаванда ба вуҷуд оянд ва барномаи худзиёдшавиро иҷро намуда, тамоми биомассаи Заминро дар як фурсати кӯтоҳ нест кунанд. Роберт Фрейтас нишон дод, ки ин навъи нанороботҳо, пеш аз ҳама, карбони вуҷудҳои зиндаро мехӯранд, дар бадтарин ҳолат онҳо метавонанд тамоми мавҷудоти зиндаро дар давоми ду ҳафта нобуд созанд. Лекин эҳтимолияти истеҳсоли нанороботҳое, ки тасодуфан озод мешаванд ва метавонанд тамоми муҳити атрофро фаро гиранд, хеле кам аст.

Имконияти бунёд кардани аслиҳаи нанотехнологиии қобилияти худмуаррификунанда – нанороботҳои микроскопии ба чашм ноаён, ки метавонанд пинҳонӣ дар ҳудуди душман паҳн шуда, бо роҳи заҳр пошидан ё ба майна ворид шудан ба одамон ҳуҷум намоянд ё худ ба хати алоқаҳои барқӣ васл шуда, тамоми техникаро аз кор бароранд.

Бо ёрии техникаи наноӣ арзиши истеҳсолии дигар аслиҳаҳо, махсусан силоҳи ҳастаӣ, арзонтар мегардад.

Нозим НУРЗОДА, пажуҳишгар

Давом дорад

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь