Мусаллам аст, ки инсон ягона мавҷудест, ки ҷаҳонро дарку фаҳм менамояд ва тавассути ақлу шуур ва хиради хеш мехоҳад ба пурсишҳое аз қабили чистӣ, кистӣ, кайӣ, куҷоӣ ва чуниву чандии падидаҳои атроф ҷавоб ҷӯяд. Ин зеҳни пурсишгар дар дарозои таърихи мавҷудияти башар яке аз омили асосии пояндагияш гардида, бавуҷудоварандаи маънавиёт ва тамоми унсурҳои фарҳанг низ будааст. Тамоми дараҷаҳои шинохт ва анвоъи дониш шуруъкарда аз донишҳои ғайриилмӣ то дараҷаи дониши илмӣ ҳама марбут ба зеҳни пурсишгари инсонист. Шарҳу тафсир ва ҷавобҳои инсонӣ пеш аз ҳама аз дараҷаи шинохт, вазъ ва навъи бархурдаш бо ин падидаҳо, тарзи бароварда кардани ниёзҳояш маншаъ мегирад. Ин ба он маъниест, ки аксаран тавсиру таъвили инсон аз ҳаводис ба тарзи субективӣ сурат мегирад. Зеро инсон вобаста ба мушкилоту авзо гоҳо хостаҳо, ормонҳо ва хиёлоти худро бар сари воқеъиёти ҷаҳон бор мекунад. Агарчи ин тасвирҳову тафсирҳо ҳеҷ рабти ба асли падидаҳо надошта бошанд ҳам, вале танҳо ба хотири тассаллият бахшидани худу оромиши хотир аз онҳо кор мегирад. Ба ин сохтаҳои зеҳнии худ бовар мекунад ва дар хаёлоти рангини хеш аз ин падидаву ашёҳо муқаддасотро ба вуҷуд меоварад.

Зиндагии инсонӣ дар баробари ҳаводиси печидаву ваҳшатноки табиӣ кори саҳлу сода нест. Ҳанӯз аз замони тавлид дар баробари мушкилоти вуҷудӣ қарор мегирад ва ӯ ҳатман ниёз ба ҳамнавъони худ ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа дорад. Иддае аз мушкилоти зистӣ вуҷуд доранд, ки онҳо дар сатҳи хонаводаву ҷомеа ҳалли худро ёфта наметавонанд. Онҳо инсонро водор месозанд дар ҷустуҷӯи дасти тавоное ё ба истилоҳ “мушкилкушо”-е гардад, ки аз роҳе ва тариқае ба вазъиятҳои пешомада аз ӯ имдод талабад ва худро наҷот бидиҳад. Ин аст, ки инсон эҳсоси танҳоӣ намуда, ба хотири ҷуброн кардани вазъиятҳои пешомадааш ба хаёлпардозӣ ва зеҳниятсозӣ оғоз мекунад.

Инсон дар зеҳнияти худ мавҷудотеро халқ мекунад, ки бо такя кардан ба онҳо мехоҳад нотавонии хешро ҷуброн намояд ва ба он мушкиле, ки дар бароварда кардани он оҷиз аст, ба ин офаридаи зеҳнии муқаддас кардаи хеш такя мекунад ва аз ин роҳ ба худ оромиши хотир меёбад. Ҳар гоҳе ба умқи пайдоиш ва рушди ҳама гуна бовармандӣ назар афканем, хоҳем дарёфт, ки онҳо бештар аз мушкилоти зистӣ  ва аз назари хирадӣ тадбири муассир андеша натавонистани инсонҳо маншаъ мегиранд.

Махсусан, масъалаи бехатарии вуҷудӣ ва падидаи марг аз ҳама зиёд дар муқаддассозии зеҳнии инсонҳо муассир будааст. Агар яке аз навъи динҳои ибтидоӣ марҳилаи ҷонпарастиро ҳисобем, ки он баъдан яке аз унсурҳои асосии динҳои тавҳидӣ низ гардидааст, он низ  маншаъ аз дарку шинохти марг мегирад. Инсон ягона мавҷудест, ки маргро огоҳона дарк мекунад. Вале ба вуҷуди марг розӣ шуда наметавонад. Зеро инсон ҳеҷ гоҳ набуди хешро ё ба истилоҳ нестиро қабул надорад. Агарчи аз лиҳози воқеъият дигаршавии авзои ҷаҳон ва қонунмандии тавлид, рушд ва наслгузории олами зиндаро ҳамеша мебинаду таҷриба мекунад ва фанопазирии онҳоро борҳо шоҳид мешавад, вале онро дар баробари худ қабул надорад ва ба хотир гурез аз воқеъиёти ҷаҳон ва махсусан марг, ҷиҳати тадбири хаёлӣ ҷустан  ба бовару имон такя мекунад.

Дар бовари худ муқаддастое месозад, ки онҳо метавонанд дар воқеъият вуҷуди физикӣ надошта бошад, вале танҳо ҷиҳати оромиши хотир ва дур кардани эҳсоси табдилу нобудӣ ба ин мавҷуди халқкардаи зеҳнии хеш такя менамояд. Тамоме аз динҳо сарчашмаашон бовар ва эътиқод аст. Дар онҳо таҳқиқу озмоишу таҷриба вуҷуд надорад. Онҳо сараввал ҳаводисро баррасию таҳқиқ нанамуда, ба дурустию нодурустии он итминон ҳосил накарда, балки ба ҳамон вуҷуди сохтаи зеҳнии худ имон меоваранд ва баъдан он чи ки марбут ба таҷрибаю ақлу мантиқ аст, барои тавзеҳи офаридаи муқаддаси хаёлии хеш равона месозанд. Решаи аксари боварҳо бар пояи тасаввуроти зеҳнӣ, шабаҳҳо, афсонаҳо ва устураҳои ғайриқобили исбот бино мешаванд. Бештари муҳаққиқони диншинос ва мардумшинос бар он ақидаанд,  аксар аз боварҳову динҳо дар бомдоди рӯзгори башар шакл гирифтаанд. Он замон дарки инсонҳо хело маҳдуд ва осебпазириашон ниҳоят зиёд буд. Ҳамеша дар баробари ҳаводиси табиию ҳайвонҳои ваҳшӣ мавриди таҳдиди хатари вуҷудӣ қарор гирифта, маҷбур буданд дар зеҳнияти хеш нерӯҳои фаробашариеро хаёлан бисозанд, ки ба онон дар лаҳзаҳои сахту сангин муроҷиат намоянд. Ваҳшату тарс ва нооромии равонии худро оромиш бахшанд. Танҳоиву нотавонии худро ҷуброн намоянд.

Яъне оғози ҳама гуна бовармандӣ аз тахайюли зеҳнии инсонҳо маншаъ гирифта, он ғайриқобили озмоишу таҷриба аст. Зуҳури он марбут ба ҷомеаҳои аввалияест, ки дар баробари масоиле аз қабили маргу зиндагӣ бо мушкилоти зистӣ мувоҷеҳанд. Ҷиҳати рафъи ин мушкилӣ чорае надоранд ҷуз мавҷудоти гуногуни хиёлиеро офаридану то ба онҳо муроҷеа намуда, хешро дар баробари ин ваҳшат тасалливу таскин бахшанд.

Аксар аз муҳаққиқони диншинос бар онанд, ки сарчашмаи динҳо чораҷӯиҳои зеҳни инсони ниёзманд, тарсуву ваҳшатзада ва музтарибҳоласт, ки аз роҳ ибодат кардан назру ниёз, дуо ва амсоли ин амалҳоеро анҷом медиҳад, то худро дар баробари мушкилоти зистӣ осуда созад. Чунин амалкардҳо баъдан ҷанбаи иҷтимоӣ пайдо намуда дар таърих давом овардаанд. Ин ниёзҳои рӯҳӣ ва равонии инсонҳо пас аз гузашти вақт ва ташакули умумиятҳои иҷтимоӣ, ҷанбаи иҷтимоӣ пайдо менамоянд ва ба воситаи баҳрабардорӣ аз ҷониби фардҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ табдил мешаванд.

Дар марҳилаи ба табақаҳо ҷудо шудани ҷомеа ба яке аз воситаҳои нигоҳ доштани табақаҳои поёнии ҷомеа ҳамчун воситаи сиёсӣ дар дасти табақаи ҳоким қарор гирифтаанд. Ин ниҳодҳои иҷтимоӣ қавмӣ, сиёсӣ ва низомӣ барои бақо ва давом овардани ҳокимияти худ ва нуфузашон бар тудаҳои мардум аз роҳи тавсияи бовармандӣ ва аркони ба он пайваст аз ҷумла маъбадгоҳҳову зиёратгоҳҳо бино карда, ин маконҳоро ба ниҳоди таърихии баҳрабардорӣ аз тудаҳои мардум табдил додаанд.

Ҳамин нукта боиси он мегардад, ки баҳракашони бовармандӣ доимо аз нодонӣ ва соддабоварии мардумон суистифода менамоянд. Онҳо кушиш мекунанд, то сатҳи донишу огоҳии ҷомеа дар дараҷаи ниҳояти поёнӣ қарор бигирад. Зеро мардумони нодонро тавассути асотирҳои гуногун, қиссаҳо ва афсонаҳои тарсовар метавон дар зери нуфузи худ қарор дод. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки баҳрабардорони бовармандӣ ҳамеша бар алайҳи илму мантиқ навандешӣ ё шубҳагароӣ мубориза мебаранд. Онҳо худро ҳеҷ гоҳ муттааҳид ба ақлонияту мантиқ намедонанд.

Ҳеҷ кадоме аз гуфтаҳояшонро бо илм, таҷриба мудаллалу асоснок намекунанд. Онҳо ҳамеша аз ақлонияту мантиқ ва қобили таҷриба будани иддаоҳояшон дар тарс қарор доранд. Онҳо асосноккунии гуфтаҳои худро бештар тавассути ҳамон марҷаияти бовармандӣ ба роҳ мемонанд ва аз мантиқи соддаи шаклӣ ва аз ибтидои имонӣ истифода менамоянд. Ин ҳама сабаб гардидааст, ки дар дарозои таърих инсонҳои дучори мушкил ба хотири оромиши зеҳнии худ такя ба имону бовар намуда, дар шахсияти нафарони баҳракаш аз эътиқоду боварҳо нафарони фавқуллода ва донандаи асрори азал таҷассум намудаанд. Баҳракашону истисморагрони ба василаи бовармандӣ аз роҳҳои гуногун анвои  иддаоҳо ва посухҳои ғайри қобили исботи худро беш аз пеш ба суи тудаҳои таслимшуда, ба унвони ҳақиқатҳои муқаддас, ки фаротар аз илму донишу тавонмандиҳои инсонанд таъриф намуда, онҳоро ба бовари умумӣ табдил додаанд. Чунин вижагиҳо сабаб гардидаанд, ки агарчи назариёти бовармандӣ ба воқеияти айнии мавҷуд мухолифат намояд ва ба чорчӯбаҳои қонунмандии мантиқу ақлонияти башар бегона ҳам бошад, вале ба аҳкоми муқаддасшудаи абадӣ ғайриқобили тағйир ва ғайри ислоҳу такмил табдил ёбад.

Ин аст, на фақат диндорӣ бо бовари мутлақ оғоз мешавад, балки ҳатто ин мутлақият амиқ ва давомдор низ аст. Баҳрабардорони динҳо ба нафароне ки  дигарандешанд ва қолабҳои пешниҳод намудаи онҳоро инкор мекунанд, ё ба онҳо шакк доранд, ҳамеша ба назари нафрату душманӣ менигаранд, ҳеҷ гоҳ ба онҳо созиш надоранд ва чунин нафаронро ҳамеша бо сахтӣ муҷозот мекунанд. Хусусияти мутлақандешии динӣ онро ба ҳамаи анвои ҷаҳонбиниҳо мутамоиз мегардонад, зеро ҳар гоҳе ба мутлақияти бовармандӣ тағйироте ворид карда шавад, он ҳатман аз беху бун фуру мерезад. Ин аст, ки ҳамеша баҳракашони бовармандӣ намегузоранд то чизе аз мутлақияти он иваз карда шавад.

Дар ин тарзи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ҳама чиз пешакӣ муайяну мутлақ аст. Ин навъи андеша боиси он мегардад, ки инсонҳо нерӯҳои хешро ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳояшон сафарбар наменамоянд. Аз нерӯҳои зеҳнии худ ҷиҳати амалан ҳал кардани мушкилот истифода наменамоянд. Ин содабоварӣ натиҷатан ба ҷараёни иҷтимоӣ табдил меёбад, ки мардумонаш ҷуз рӯ ба сӯйи осмонҳо кори дигаре надоранд. Бебарномагӣ,беқайдуборӣ, вопасгароӣ, таваккулӣ, худношиносӣ, бетарафӣ ба хислати асосии ин ҷомеа табдил меёбад. Дар он илму фанноварӣ рушд намекунад. Иқтисоду истеҳсолот дар сатҳи кишоварзиву ашёи хом боқӣ мемонад. Сиёсатҳо ва даъвогароне ҳам пеш меоянд, то дину боварро бо даъвии тарзи зиндагии инсонҳо буданаш ба марзи сиёсат кашонанд. Вақте бовару эътиқод ба воситаи баҳрабардорию сиёсат табдил меёбад, гурӯҳҳои манфиатбари сиёсӣ кушиш ба харҷ медиҳанд, ҳар қадар бештар андешаҳои бовармандю хурофотиро травиҷ намоянд, зеро барои онҳо ҷомеаи нодон, ноогоҳ ва соддабовар ниҳоят муҳим аст. Онҳоро тавассути аҳкоми мутлақи муқаддасгардонидашуда, ки пайваст ба нерӯҳои фаробашарианд, бисёр ба соддагӣ идора менамоянд.

Ҳарчанд имрӯз башарият дар саддаи инқилобҳои илмиву иттилоотӣ ва фанноварӣ ба сар мебарад ва меҳвари пешрафту бароварда кардани ниёзҳояш аз дастовардҳои илмӣ вобастааст, вале то ҳанӯз гуруҳҳо ва нафароне мавҷуданд, ки нодониву ғафлатзадагиро тарҷеҳ медиҳанд. Дар шароити имрӯза низ истифода ва баҳракашӣ аз бовару эътиқод чи дар сатҳи ҷомеаҳои муайян байни афроди алоҳида ва чи дар сатҳи сиёсатҳои теократӣ дар кишварҳои муайян ва чи дар сатҳи сиёсатҳои минтақавию байналмилалӣ аз он суистифода менамоянд. Онро бо роҳи сиёсикунонӣ ба як аҳроми тавсеаи манфиатҳои хеш табдил медиҳанд. Мардумону, миллатҳо ва давлатҳоро бо истифодаи ин абзор аз байн мебаранд. Ин равандро метавон дар иддае аз кишварҳои мусалмоннишини ҷаҳон, бахусус дар Афғонистону баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздик мушоҳида намуд.

Қобили қайд аст, ки дину бовармандӣ танҳо дар шакли давлатдории дунявӣ ба кори фард ва бовару эътиқоди он ҳамчун як ҳарими хусусӣ табдил меёбад. Дар дигар ҳолат он ҳамчун воситаи баҳрабардорӣ барои гурӯҳу табақаҳои муайян табдил меёбад. Танҳо дар низоми дунявӣ метавонад гуногунандешӣ ва пюрализми ақидатӣ дар канори ҳам бидуни хусумату душманӣ қарор бигиранд.

Аз тарафи дигар инсони имрӯзро бо ниёзҳо ва талаботе, ки дорад танҳо аз роҳи илму дастовардҳои илмӣ, татбиқи онҳо дар истеҳсолу иқтисод ва соири ниҳодҳои иҷтимоӣ қонеъ намуда,  онро саодатманд намудан имконпазир аст.Воқеияти ин гуфтаҳоро метавонем дар ҳамаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мушоҳида намоем. Дину бовар дар ҷаҳони имрӯз бояд ҳарими хусусии ҳар фард бошад. Дар ин ҳолат ҳам қудсияти хешро нигоҳ медорад ва ҳам ба як омили инсонсозу инсонгаро табдил меёбад. Дар дигар ҳолат он ба хушунат инкори дигарандешӣ ва як омили саркубгари инсонҳо, саркубгари ҳуввиятҳои миллӣ ва ҳараҷу мараҷ дар ҷомеаву кишварҳо хоҳад буд.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь