Тоҷикистон аз соли 2009 узви комилҳуқуқи Бонки рушди Авруосиё аст. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои муҳимми сармоягузорӣ амалӣ гардонида шудаанд, ки ҳар яке ба рушди соҳаҳои гуногуни саноати ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Биёед, муайян мекунем, ки Бонки рушди Авруосиё  барои Тоҷикистон аз кадом ҷиҳат судманд аст?

Дар охири соли гузашта Стратегияи сесолаи Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон қабул карда шуд, ки бояд дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим бозад. Бори  нахуст  нақшаи  сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ на барои тамоми фазои Авруосиё, балки ба як кишвари алоҳида дар марази умум муаррифӣ карда шуд.

“Соли 2022 Стратегияи панҷсолаи Бонки рушди Авруосиё ба ҳукми қонун даромад, ки тибқи он Бонк нақши худро дар минтақаи ҳузур, бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад. Дар ин росто барои ҳар як кишвари узви Бонк стратегияи давлатии алоҳида таҳия карда шуд. Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки дар он Бонк стратегияи худро муаррифӣ кард.

То соли 2026 яке аз пояҳои амсилаи стратегияи амалкунанда афзоиши фаъолияти Бонк дар Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон мебошад. Бахусус, дар Тоҷикистон ин Бонк дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Хамин тавр, фаъолияти Бонки рушди Авруосиё ба кумак дар ҳалли масъалаҳои дар назди кишвар истода, ба боз намудани иқтидори соҳаҳои саноат ва иқтисодиёт ва умуман ба манфиати мардуми ҷумҳурӣ нигаронида шудааст» – омодааст дар баёнияи Бонки рушди Авруосиё.

Бонки рушди Авруосиё ташкилоти байналмилалии молиявӣ мебошад, ки ба густариши робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои узв мусоидат менамояд. Ба Бонки рушди Авруосиё кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус шомил мебошанд.

То имрӯз аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё ва сохторҳои он дар Тоҷикистон 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 266 миллион доллар амалӣ карда шудааст. Аз ҷумла 7 лоиҳаи грантӣ ва имтиёзноки Фонди субот ва рушди Авруосиё ба маблағи 215 миллион доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 миллион доллар. Ин лоиҳаҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро фаро мегиранд, аз ҷумла бахши молиявӣ, хоҷагии қишлоқ, энергетика, саноат ва ғайраро.

« – Дар доираи стратегияи ҷорӣ кор дар кишвар пурзӯр мегардад. Соли гузашта Бонк барои дастгирии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо кард. Ба қарзгирон маблағҳо барои рушди соҳибкории хусусӣ дар бахшҳои истеҳсолот, кишоварзӣ, инчунин, дар бахшҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҳисоби маблағгузории ҶСП ТАҚХ «Имон Интернейшнл» дода мешаванд.

Айни ҳол ҷиҳати ҷудо кардани на камтар аз 25 миллион доллар барои рушди соҳаи боғдории саноатӣ корбарӣ рафта истодааст, ки ба шарофати он майдони боғҳо бо системаҳои муосири автоматикунонидашудаи мониторинг ва обёрии яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони кишоварзии Тоҷикистон ду баробар, яъне то 150 гектар афзоиш хоҳад ёфт. Дар натиҷа, ширкат метавонад содироти маҳсулоти худро ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё афзоиш диҳад. Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои мураккаб ва масъулиятнок гурӯҳи махсуси лоиҳавӣ ташкил карда шудааст. Кори Фонди кумаки техникӣ ва Фонди ташаббусҳои рақамӣ фаъол карда шуд.” – омадааст дар изҳороти Бонк.

Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистонро дар соли 2023 6% ва дар соли 2024 5,8% пешгӯйӣ мекунанд, ки ин нисбат ба кишварҳои дигари минтақа зиёдтар аст.

Фаридун Усмонов –  коршинос, иқтисоддон ва сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” бар ин назар аст, ки Бонк дар  назди худ асосан масъалаҳои тақвияти нақши беназири ҳамгироӣ, амалигардонии лоиҳаҳои асосии сармоягузорӣ ва ғайраро гузоштааст. “Аммо бояд гуфт, ки шумораи лоиҳаҳо тамоман нокифоя ва чандон калон нестанд. Ман мехостам, ки Бонки рушди АвруОсиё дар дастгирии лоиҳаҳои Тоҷикистон боз ҳам фаъолтар бошад.

Ҳаҷми сандуқи сармоягузорӣ бо назардошти лоиҳаҳои амалишудаи Бонки рушди Авруосиё 13,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ин шумора агар ба сохтори давлатии сандуқи сармоягузории ҷорӣ назар андозем, 45 фоиз сармоягузориҳо ба Қазоқистон, 34,7 фоиз ба Федератсияи Русия, 5,5 фоиз ба Беларус, 5,2 фоиз ба Арманистон, 1,1 фоиз ба Қирғизистон ва ба Тоҷикистон бошад каме бештар аз 0 фоиз рост меояд. Яъне, саҳми (ҳиссаи) кишвари мо дар сандуқи сармоягузории Бонки рушди Авруосиё хеле ночиз буда, қисми асосии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба давлатҳои муассиси Бонк рост меоянд. Ба мисоли лоиҳаҳои воқеан бузурги сармоягузорие, ки аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё маблағгузорӣ мешаванд, таҷдиди майдони ҳавоии Алмаато, иштирок дар сохтмони роҳи калони давродаври Алмаато, сохтмони роҳҳои мошингард дар Маскав ва ғайра мебошанд.

Аз байни лоиҳаҳое, ки Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон то имрӯз амалӣ кардааст, метавон лоиҳаи азнавсозӣ ва таҷдиди неругоҳи барқи обии “Норак”-ро ҷудо кард. Ин лоиҳа барои кишвари мо хеле муҳим мебошад. Умуман лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика дар баробари лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт ва логистика, бешӯбҳа барои мо афзалият доранд. Пешниҳоди қарз аз тариқи ширкати “Имон Интернешнл”, лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ дар Тоҷикистон ин ҳама, албатта барои дастгирии соҳибкории хурд хеле зарур мебошанд. Аммо ман мехостам, ки Бонки рушди АвруОсиё ба чунин соҳаҳо, аз қабили энергетика, бахши нақлиёту логистика ва таъсиси маркази логистикӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад. Зеро инҳо соҳаҳое ҳастанд, ки барои Тоҷикистон хеле муҳим буда ва таъсири бузурги коммутативӣ доранд. Ба ғайр аз ин, ин соҳаҳо барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон имкониятҳои бештар фароҳам меоваранд”.

Бонки рушди Авруосиё барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон дар давраи аз соли 2023 то 2026 650 миллион доллар ҷудо мекунад.

Стратегияе, ки Бонки рушди Авруосиё барои солҳои оянда дар Тоҷикистон таҳия кардааст,  се самти асосиро дар бар мегирад. Якум, маҷмааи обу энергетика, дуюм шабакаи тақсимоти молҳои Авруосиё, ки дар доираи онҳо бунёди марказҳои бузурги логистикӣ барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст ва сеюм, бунёди бузургтарин шабакаи тақсимоти мол дар саросари Осиёи Марказӣ. Ба гуфтаи намояндагони Бонк чунин дастгирӣ ба афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон мусоидат хоҳад кард.

“Бонк омода аст, ҳаҷми воридоти пули нақдро то 5% аз сандуқи сармоягузории умумӣ афзоиш диҳад” – мегӯяд раиси Бонки рушди Авруосиё – Николай Подгузов.

Дар мавриди самти аввал бояд гуфт, ки Бонки рушди Авруосиё ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва дар маҷмӯъ ба беҳтарсозии комплекси энергетикӣ нигаронида шудааст. Яъне тавассути дастгирии лоиҳаҳои давлатӣ ва хусусӣ  самаранокии танзими ҷараёни дарёҳо баланд бардошта шуда ва системаи обёрӣ тавассути ҷорӣ намудани усулҳои муосири обёрӣ такмил дода мешавад. Ба шарофати лоиҳа имкон пайдо мешавад, ки захираҳои обро 40 фоиз сарфа намуда, партовҳои газҳои гулхонаиро ҳар сол то 5 миллион тонна коҳиш диҳем, ки ин дар ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад намуд.

Лоиҳаи дигар – Шабакаи тақсими молҳои Авруосиё мебошад, ки барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Зеро он рушди бозори умумии маҳсулоти кишоварзиро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва кишварҳои шарик дар назар дорад. Саноати кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти ҳам Тоҷикистон ва  ҳам тамоми минтақа ба шумор меравад, аммо ҳудуди 40 дарсади маҳсулоти содиротӣ бо сабаби талафот ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақл ба истеъмолкунанда намерасанд.

Ба тадқиқи коршиносон иқтидори гидроэнергетикии истифоданашудаи Тоҷикистон 70 фоизро ташкил медиҳад. Ва ба шарофати рушди босуръати иқтисодии Осиёи Марказӣ интизор меравад, ки истеъмоли об дар солҳои наздик 10 фоиз афзоиш ёбад.

Тоҷикистон ба шарофати созишномаҳо ва имтиёзҳои аз ҷониби Маскав барои ҳамлу нақли бор пешниҳодшуда аллакай тавонистааст содироти маҳсулоти кишоварзиашро ба Русия афзоиш диҳад. Аммо лоиҳаи бунёди марказҳои тақсимотии яклухт ва анборҳои махсуси нигаҳдорӣ, ки аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё маблағгузорӣ мешаванд, имкон медиҳанд, ки истеҳсоли сабзавот ва меваҳоро ба таври назаррас афзоиш диҳем.

Лоиҳаи сеюм, ки он низ  аҳаммияти калон дорад, басти  нақлиётии Авруосиё мебошад. Яъне бунёди шабакаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ дар саросари Осиёи Марказӣ, ки тамоми Авруосиёро ба ҳам мепайвандад. Чаро ин барои Тоҷикистон муҳим аст? Зеро кишвар мавқеи континенталӣ дошта ва ба баҳр роҳ надорад, ки ин аз нуқтаи назари иқтисодӣ аз сабаби зиёд будани хароҷотҳои  боркашонӣ  боиси афзудани хароҷотҳои истеҳсолот мегардад ва ба беҳбудии некуаҳволии мардум халал мерасонад. Басти нақлиётии Авруосиё имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба зудӣ ва ба осонӣ ба бандарҳои дарёии Хазар ва Аврупо роҳ ёбад, ки ин ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва содирот дар кишвар мусоидат мекунад.

Сохтмони марказҳои хӯрокворию анборӣ истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро 5-7 фоиз афзоиш медиҳад. Он барои 228 миллион нафар одамон амнияти озӯқавориро таъмин намуда, дар саросари минтақа барои даҳҳо ҳазор нафар ҷойҳои корӣ фароҳам месозад.

Коршиносони Бонки рушди Авруосиё қайд мекунанд, ки дар татбиқи Стратегияи қабулшуда то соли 2026 дар Тоҷикистон Бонк дар назди худ 4 вазифаи асосиро гузоштааст: «Нахуст, ҳалли масъалаҳои маҷмааи обу энергетикӣ, ки рушди энергетикаи хурди обию офтобӣ ва таҷдиди инфрасохтори шабакаи электрикиро пешбинӣ мекунад. Дувум, таъмини тараққиёти комплекси агросаноатӣ. Вазифаи Бонки рушди Авруосиё на танҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии коркунони соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулоти истеҳсолшаванда, балки инчунин, мусоидат намудан дар амалигардонии иқтидори Тоҷикистон ҳамчун содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ин рушди бахши истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, шабакаи тақсимоти мол ва инфрасохтори вобастаро дар бар мегирад. Сеюм, ин диверсификатсияи саноат аст, ки ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ нигаронида шудааст. Чорум, ин табдилдиҳии (трансформатсияи) рақамӣ мебошад. Вазифаи Бонки рушди Авруосиё кумак расонидан ба амалигардонии барномаи рақамии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои ҳамгироӣ бо кишварҳои фазои Авруосиё ва рушди рақамии кишвар аст. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин ҷо дастгирии лоиҳаҳои рақамии мақомотҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои бахши иттиҳодиявӣ мебошад.”

Лоиҳаи Масири нақлиёти Авруосиё имкон медиҳад, ки муҳлати интиқоли молҳо 2-3 маротиба кутоҳтар ва партовҳои газҳои гулхонаӣ 25 фоиз кам карда шавад.

Вақте дар бораи лоиҳаҳои Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон гап мезанем, бисёр муҳим аст, муайян намоем, ки  ҳаҷми ин кумак ба узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё алоқаманд аст ё не.

«Фаъолияти Бонки рушди Авруосиё дар кишварҳои узв ба ҳеч ваҷҳ бо иштироки онҳо дар ин ё он иттиҳодияи ҳамгироӣ ё созмони байналмилалӣ алоқаманд нест», – қайд мекунад коршиноси Бонк.

«Муддати тӯлонӣ дар ҳолати номуайян қарор доштан дар масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дудилагӣ аз рӯйи нақшаи «як қадам ба пеш – ду қадам ба оқиб» сатҳи эътимоди кишварҳои Иттиҳодро хеле коҳиш дода, ба рушди ҳамкориҳои шарикӣ таъсири манфӣ мерасонад» – мегӯяд иқтисоддон – Нигина Мироқилова.

Аммо ба назари таҳлилгарон ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ самараи назарраси иқтисодӣ ба даст орад. Тадқиқоте, ки таҳлилгарони мо дар соли 2020 анҷом додаанд, нишон медиҳад, ки шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳод воридоти иловагии пулиро ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 1,3-1,5 миллиард доллар таъмин хоҳад кард. Арзёбии иқтидори содиротӣ, дар навбати худ аз афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук шаҳодат медиҳад. Воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамчунин, ба соддагардонии қоидаҳои пешбурди тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармояҳои мустақим аз кишварҳои узви  Иттиҳод мусоидат хоҳад кард».

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь