Як сомонае бо номи “boycott.thewitness.news” рӯйхати ширкатҳоеро нашр кардааст, ки он ҷо гуфта мешавад ширкатҳои мазкур ба давлати Исроил кӯмаки молиявӣ мекунанд. Ҳамчунин, ин сомона аз корбарон даъват ба амал овардааст, ки нисбат ба ширкатҳои дар рӯйхат қарордошта, “бойкот” эълон намоянд. Дар ҳолати доштани иловаи номи ширкате ба масъулини сомонаи мазкур метавонанд муроҷиат созанд.

Категорияи рӯйхати ширкатҳо дар сомонаи мазкур аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи автомобил шурӯъ шуда, то ширкатҳои силоҳро дарбар мегирад. Масалан ба категорияи ширкатҳои автомобилӣ ширкати “Хюндай ва “Мерседес Бенз” шомил гардидаанд.

“Таҷҳизоти вазнини “Hyundai” дар тахриби маҳаллаҳои фаластиниҳо дар Байтулмуқаддас истифода шуда, ба онҳо аз истилои Исроил фоидаи тиҷоратӣ овард” – омадааст дар сомона оид ба сабаби ворид намудани ширкати “Hyundai” ба ин рӯйхат.

Дар мавриди ширкати автомобилии машҳури ҷаҳонии “Mercedes Benz” бошад, масъулин сабабро дар кушодани маркази технологӣ аз ҷониби ин ширкат дар шаҳри Тел-Авиви Исроил шарҳ медиҳанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки “Mercedes” имкон дошт чунин марказро дар дигар шаҳрҳои дунё сохта бошад, вале ӯ маҳз Тел-Авивро интихоб намуд.

Сомонаи “Boycott” ҳамчунин рӯйхати брендҳои либосро низ пешкаш намуда, гуфтааст ин ширкатҳо низ ба Исроил маблағгузорӣ менамоянд. Аз ҷумла, брендҳои машҳури ҷаҳонии “Chanel”, “Giorgio Armani Beauty”, “Louis Vuitton” ва дигар брендҳои машҳуре мебошанд, ки дар ин руйихат метавон дид.

“Соҳиби ширкати аслии “Louis Vuitton”, “LVMH” бо исми Бернард Арно ба ширкатҳои исроилӣ садҳо миллион сармоягузорӣ мекунад” – менависад ин сомона дар асоси хабаре дар сомонаи “The Times of Israel”. Дар хабари сомонаи Исроилӣ омадааст, ки Бернард Арно ба ширкати киберамнияти исроилии “Wiz” сармоягузорӣ мекунад.

“Ба Исроил мушакҳои “Hellfire”, ҳавопаймоҳои ҷангии “F-15 Eagle”, бомбаҳои MK 84 ва чархболҳои “Apache” медиҳад”. Ин ҷо сухан дар мавриди ширкати машҳури “Boeing” меравад. Ин ширкат масъули маҳсулот ва хидматҳои ҳарбӣ ва аэрокосмосӣ мебошад.

“Lockheed Martin” бузургтарин ширкати амрикоии истеҳсолкунандаи силоҳ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Гуфта мешавад ин ширкат дар қисмати ҳарбии Исроил аҳамияти муҳим бозида ба ХДМ (ЦАХАЛ) самолётҳои қиркунандаи Ф-16, самолётҳои F-35, вертолётҳои Ч-53К ва дигар техникаҳои ҳарбӣ мефиристад.

Агар ба рӯйхат ва категорияҳое, ки ин сомона нашр кардааст, назар кунем, он ҷо бисёр ширкат ва брендҳои машҳури ҷаҳониро метавон дид. Ҳамчунин, масъулини сомонаи мазкур мегӯянд, ки ин рӯйхат ҳоло пурра набуда, ҳар лаҳза метавонад ба он номи ширкати наве ворид шавад.

Дар мавриди сомонаи “Boycott” ҳаминро низ бояд қайд намуд, ки он тақрибан ним сол қабл таъсис ёфтааст. То куҷо дуруст будани маълумоти он то ба ҳол ба пуррагӣ муайян нашудааст. Чун дар мавриди ин сомона маълумоти муфассале нест.

Аз ҳамин лиҳоз ин ҷо танҳо номи якчанд ширкатҳои машҳур оварда мешаванд. Шумо худ метавонед ба сомона ворид шуда, дар мавриди ширкатҳои дигари машҳур аз қабили “7up”, “Amazon”, “Ariel”, “Bayer Pharmaceuticals”, “Booking.com”, “Coca-Cola”, “Dell”, “Dior / Christian Dior”, “Dove”, “Fanta”, “Google” ва дигар ширкатҳо маълумот пайдо намоед. Ҳамчунин, сабаби ба ин рӯйхат ворид шудани ин ширкатҳо шарҳ дода шудааст.

Дар бисёре аз мамолики мусулмонӣ масъалаи мазкур – таҳрим кардани маҳсулоти ширкатҳое, ки ба ин ё он роҳ бо Исроил алоқамандӣ доранд, торафт бештар баррасӣ гардида, айни замон дар баъзе аз мамолики алоҳида дар сатҳи давлатҳо ин таҳримҳо пешниҳод ва қабул гашта истодаанд.

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь