Омилҳои назариявӣ ва маърифатӣ: Ба тадриҷ, ки аз садаи 17 илмҳои таҷрибавӣ ва фалсафаҳои назариявӣ ва ақлӣ дар Аврупо рушд кард ва донишмандон ва файласуфон‐махсусан файласуфони сиёсӣ ва иҷтимоӣ‐зуҳур карданд, мактабҳои ҷадиди фалсафӣ ва илмӣ ҷойгузини илоҳиёти собит ва бидуни тағйири динӣ гардид. Ва доманаи дахолатҳои дини Масеҳ дар масъалаҳои илмӣ ва сиёсӣ кутоҳ шуд ва қонунҳои асосёфта бар ақидаҳои мардумӣ ҷои қонунҳои илоҳӣ дар мавриди масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро гирифт; Аз ин рӯ, дар он давра калисо иқтидори маънавии худро аз даст дод ва ба тадриҷ ба як ниҳоди ҳошиявӣ ва зиёдатӣ табдил шуд ва дасти дин аз домани илм ва сиёсат кӯтоҳ шуд ва дар натиҷа, қаламрави дин ҳамон калисоҳо шуд.

Ба ин тартиб, машруияти (қонунияти) ҳукуматҳо дар Ғарб пайдоиши худро аз орои умум шинохтанд. Новобаста ба Худо; Яъне ба ҷои ҳукумати илоҳӣ ҳукумати мардумӣ, яъне ҳамон демократия ва мардумсолорӣ барқарор гардид. Биниши секуляристӣ дар Ғарб аз охирҳои асри 18‐и мелодӣ дар ҳамаи кишварҳои Аврупо мавриди қабул воқеъ шуд ва аз он пас ҳукуматҳоро аз дин ҷудо карданд.

Имрӯз ин биниш дар баъзе кишварҳои исломӣ мисли Туркия, Миср, Сурия, Покистон ва Индонезия низ ривоҷ ёфта, аз он пайравӣ кардаанд, ба хусус дар Туркия, ки ҳукумат дар онҷо сад дар сад ҷанбаи лоик (дунявӣ) дорад. Дар ду даҳаи охир ҳам баъзе равшанфикрони мазҳабии эронӣ, мисли оқои доктор Суруш ва ҳамкорони ӯ дар Эрон, дар мақолот ва осори худ аз он биниш тарафдорӣ карда ва дар маҷаллаи “Каён” шумораи 26, саҳифаи 8 дар мақолаи худ таҳти унвони “Маъно ва мабнои (асосҳои) секуляризм” чунин навиштааст: “Ҳақ ин аст, ки динӣ шудани сиёсат фақат вақте мумкин аст, ки фаҳме ғайри муқаддас аз динро бо шевае ғайри муқаддаси илмии мудирият, ҳамнишин ва омехта кунем, вагарна дини муқаддасро бо сиёсати ғайри муқаддас омехтан, об дар ҳован (ғирбол) кубидан аст!…”.

Ва низ ӯ дар саҳифаи 6‐и ҳамон маҷалла навишта аст: “Рузгоре буд, ки ҳукуматҳо асоси машруияти (қонунӣ будани худро) худ ва сиёсатгузориро аз шароити рӯз касб мекарданд, яъне ҳоким ҳангоме ба ҳақ маҳсуб мешуд, ки ба пушвонаи дин бар маснади ҳукумат такя зада бошад ва рафтори ӯ ҳам бар қоидаи ахлоқиёти динӣ ва шариатҳову аҳкоми мазҳабӣ бошад. Аммо дар рӯзгори мо, аз ду се аср пеш ба ин сӯ, ин раъй беэътибор шуда ва ба ҳар тақдир андешаи секуляризм динро аз арсаи ҳукумат берун ронд ва ҳаққи иқомаи ҳукумат ва тазмини (кафолати) қонунҳоро аз одамиён донист”.

Омили ҷомеагароӣ: Яке дигар аз омилҳои гироиши ғарбиҳо ба биниши секуляризм илми ҷомеашиносӣ аст. Бештари ҷомеашиносони моддагаро (материалистон) аз асри 19‐и мелодӣ, динро ба унвони як ниҳоди иҷтимоӣ ҳисоб карда ва дар асри модернизм ва ақлгароӣ, рукнҳои динбоварӣ ва фалсафаи моварои табиатро (метафизика)‐ро суст карда ва ниҳодҳои ҷадиди дигари иҷтиморо ҷойгузини дин дар ҷомеа кардаанд; Ва ҳатто дар он замон Огюст Конти фаронсавӣ (вафоташ 1857‐и мелодӣ) бунёдгузори ҷомеашиносӣ, як дини инсонии байналмилалӣ таъсис ва пешниҳод кард, ки мутобиқ бо намунаҳои ниҳодҳои ҷомеашиносӣ ҷойгузини дини Масеҳ бошад. Зеро муътақид буд, ки дини ҷадиди ӯ бояд бо талаботу ниёзҳои ҷомеаи ҷадиди ғарбӣ мутаносиб бошад.

Аз асри 18‐и мелодӣ, мутафаккирони хирадгаро ва даъвогарони навгароии иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ақлоният, яъне такя бар аҳкоми ақл дар тавҷеҳи (ҳақбарории) масъалаҳои иҷтимоӣ ва динро яке аз пояҳои секуляризм қарор доданд; Ва мавзуи догматизми давраҳои миёнаро ки дар ғарби масеҳӣ пайдошуда аз матлаб ва мавзӯъҳои китоби муқаддас буд, хилофи ақл шумурданд. Дар муқобили ин тавҷеҳ равшанфикрони ғарбӣ, сарварони калисо ба мақулаи (категорияи) ҳерменевтик, яъне шеваи пайвастан ба таъвил ва тафсири ақлонӣ, матнҳои китоби муқаддас (китоби Таврот ва Инҷил) пардохтанд ва матлабҳое аз он матнҳоро аз роҳи таъвил ки бо меъёрҳои ақл ва илмҳои ҷадид мувофиқат доштанд, натиҷа гирифтанд ва кӯшиданд, ки матлабҳоро ба ақлоният наздик кунанд ва аз он пас шеваи дифоъ аз дин дар баробари ҳамлаҳои секуляристҳо иваз шуд; Ва аз барои ҳамин гуфтанд матлабҳое, ки аз китоби муқаддас ва мафҳумҳои динӣ, ки ба зоҳир зидди ақлоният менамоянд, дорои маъниҳои киноявӣ ва символикӣ ҳастанд, ки аз роҳи ҳамон ҳерменевтика, яъне таъвил ва тафсири ақлонӣ ба даст меоянд. Мавзуи таъвил ва тафсири баъзе матнҳои китобҳои муқаддаси пайдошуда аз ҳамон масъала будааст.

Ишора ба баъзе ҷараёнҳо ва натиҷаҳои секуляризм

Болотар ишора кардем, ки биниши секуляризм як заминаи куллӣ аст. Ва ба маънои умумӣ ба ҳошия рондан ва дахолат надодани дин дар масъалаҳои сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, ки аз ибтидои асри 17‐и мелодӣ дар Ғарб‐ва махсусан дар Аврупо‐падид омад ва дар сайри таҳаввулии худ ба суратҳои мухталиф даромад. Дар ин роҳ мақулоте ба унвони ҷараён ва натиҷаҳое аз он ба вуҷуд омад, ки ҳар як маъно ва вазифае дин дар ҷомеаро ба гунае таъриф ва тавҷеҳ карданд, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мешавад.

Назарияи либерализми динӣ: Либерализм ба маънои озодии амал ва фаъолияти инсон дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ аст. Либерализми динӣ, яъне озодии фардии инсон дар интихоби дин дар ҷомеа. Дар ин биниш дин ва эътиқодоти мазҳабӣ як кори фардӣ шуморида мешавад. Ва дар ин интихоб ҳеч таассуб ва таҳмил вуҷуд надошта бошад, яъне мутобиқи унвони либерализми динӣ, диндор ба ҳеч марзе ва ҳадде маҳдуд ва пойбанд набошад. Бинобар ин, даъвои як диндори либералист бояд бо ғайри ҳамдинони худ роҳи таҳаммулгароӣ ва осонгирӣ интихоб намояд ва ба қавли зарбулмасали омиёна: “Исо ба дини худ ва Мусо ба дини худ” бояд бошанд.

Мутобиқи ин биниш дин дар ҷомеа як кори нисбӣ ва хусусӣ шуморида мешавад; Аз ин рӯ, набояд касе ё дине, дини пайравони худро бар дигарон таҳмил кунад. Тибқи меъёрҳои либерализми динӣ, асоси диёнат бар таҷрибаи динӣ ва шуҳуди қалбӣ (интуитсия) аст. Дин ва диёнат дар ҷомеа ҷанбаи маънавӣ ва руҳонӣ дорад ва дорои ҳолат ва ҷанбаи ботинӣ ва ирфонӣ аст‐на дорои ҷанбаи дунявӣ ва моддӣ.

Плюрализми динӣ: Яке аз паёмадҳои (натиҷаҳои) секуляризм биниши плюрализм аст, ки истилоҳан ба маънои “касратгароӣ” ё эътиқод ба бисёрӣ ва гуногунии ҳақиқат дар ҳамаи динҳо ва мазҳабҳо омадааст. Ин биниш дар роҳи инкишофи секуляризм, дар ҳамон нимаи асри 20‐ум дар дини Масеҳ зуҳур кард. Ба ибораи дигар, плюрализм аз биниши либерализми сиёсӣ ва динии Ғарб, ки он ҳам баромада аз секуляризм буд, натиҷа шуд. Манзури (ҳадафи) ин биниш ин аст, ки ҳамаи динҳо ва мазҳабҳои мухталифи ҷаҳон, ҳар кадом роҳе махсус ба воқеият доранд ва ба таври нисбӣ баҳрае ва саҳме аз ҳақиқати воқеӣ доранд ва ба ин тартиб, наметавон онҳоро ботил шумурд.

Ин биниш дар ҷомеаи масеҳии Ғарб аз он ҷиҳат пайдо шуд, ки соҳибони калисо диданд, ки ҷомеаи мутамаддини баромада аз либерализми сиёсӣ ва динӣ, бояд пайравони ҳамаи динҳо якдигарро бипазиранд. То битавонанд дар сулҳу сафо зиндагӣ кунанд ва дар натиҷа, бар он шуданд, ки на бояд фақат як дин ва ё як мазҳаб сад дар сад бар ҳақ ва динҳои дигар бар ботил бошанд; Балки ҳамаи онҳо ба таври нисбӣ дорои ҳақиқат ҳастанд‐яъне ҳақиқати ягонаи воқеӣ дар онҳо гуногун ва (зиёда) шудааст.

Ин биниш дар муқобили назария ва биниши инҳисоргароӣ (монополӣ) дар пазириши дин мавриди таваҷҷуҳ воқеъ шуд; Аз ин рӯ, гуруҳе аз пешвоёни дини масеҳӣ дар муқобили плюрализм тарафдори “шумулгароӣ” (глобализатсия) шуда, гуфтанд: Ҳамаи динҳо ба забонҳо, истилоҳҳо ва мақулоти мухталиф як ҳақиқатро баён мекунанд. Бинобар ин, як дини барҳақ ба таври мисол масеҳият, шомили динҳои дигар ҳам аст. Бинобар ин, агар пайравони он динҳо ба вазифаҳои худ амал кунанд, монанди ин аст, ки аз он дини воқеъӣ пайравӣ кардаанд ва метавонанд аҳли наҷот бошанд. Динҳои дигар ботили маҳз нестанд, балки роҳҳои расидан ба он ҳақиқати ягонаи воқеӣ ба зоҳир мухталиф ҳастанд. Чунон ки дар ирфони назарӣ ақида бар ин аст, ки ҳамаи динҳо ва фирқаҳои гуногун агар дар роҳи расидан ба он воқеияти воҳид бошанд, роҳи ғалатеро намепаймоянд. Чунонки Имоди Хуросонӣ шоири ирфонгаро мегӯяд:

Пеши мо сухтагон масҷиду майхона якест,

Ҳараму дайр яке, Каъбаву бутхона якест.

Ҷон Ҳик (муҳаққиқи диншинос) дар ҳудуди 50 сол пеш дар Аврупои масеҳӣ, сахт аз биниши плюрализм дифоъ кард ва гуфт: “Ҳамаи диндорон ва пайравони динҳои гуногун ва ҳатто мактабҳои фалсафӣ бар ҳақ ҳастанд ва аҳли наҷотанд; Ва аз ин ҷиҳат акнун ӯро бинёнгузори плюрализми муосир медонанд”.

Биниши плюрализм ба тадриҷ дар ҷомеаҳои дигар ва миёни мусулмонон ҳам каму беш нуфуз кард ва зоҳиран он биниш пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон ворид шуд ва ба василаи баъзе равшанфикрони динӣ, мисли оқои доктор Абдулкарими Суруш, дар мақолот ва таълифоти худ мунодӣ ва муаррифи назарияи плюрализми динӣ буданд ва бепарда асрорро ҳувайдо карда, роҳи ифротро тай мекунанд. Дар Эрони исломӣ, баъзе доноён, монанди оқои Содиқ Лоринҷонӣ дар китоби “Плюрализм” он бинишро баррасӣ карда ва ба таври мулоим ва қобили қабул ба маънои дар сулҳу оштӣ зиндаги карданӣ пайравони динҳо бо назари таҳаммулгароӣ мепазиранд. Ба ҳар ҳол мавзуи плюрализм, ба ин гуна ва ба маънои ғарбии он дар ҷомеаҳои исломӣ ва дар Эрон мавриди баҳс ва баррасӣ аст; Аз ин рӯ, яке аз аз масъалаҳои муҳимми каломи ҷадидро (илоҳиёти навинро) ташкил медиҳад.

Сарчашма:

Муҳаммад Ҳасани Қадрдон Қаромалакӣ. “Секуляризм дар масеҳият ва ислом”.

Аллома Муҳаммад Тақии Ҷаъфарӣ. “Секуляризм ё ҳазфи дин аз зиндагии дунявӣ”.

Эвин План Тиҷо. “Ҷусторҳое дар фалсафаи дин”. Баргардон: Мустафо Фатҳизода.

Ҷон Ҳик. “Фалсафаи дин”. Баргардон: Баҳром Род.

Абулқосими Фаноӣ. “Даромаде бар фалсафаи дин ва каломи ҷадид”.

Аҳмади Фаромарз Қаромалакӣ. “Ҳандасаи маърифатии каломи ҷадид”. Чопи муассисаи фарҳангии “Андешаи муосир”.

Абдулкарими Суруш. “Сиротҳои мустақим”. Чопи муассисаи фарҳангии “Сирот”.

Содиқ Лориҷонӣ. “Плюрализм”. Чопи “Ҳавзаи илмияи Қум”.

Оятулло Ҷаводии Омулӣ. “Интизори башар аз дин”. Чопи маркази наши “Исро”.

Абдуллоҳи Насрӣ. “Интизори башар аз дин”. Чопи муассисаи фарҳангии “Дониш ва андешаи муосир”.

Иён Борбур. “Илм ва дин”. Тарҷумаи Баҳоваддини Хуррамшоҳӣ, чопи “Нашри Донишгоҳ”.

Юсуф Фазоӣ. “Бунёдҳои иҷтимоии дин”. Чопи Теҳрон, 1256‐1977

Доктор Юсуф Фазоӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь