Илдар Аҳмадиев 1-уми марти соли 2000 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Ӯ давоми 5 сол аст, дар риштаи варзиши сабук машқу тамрин мегирад. Қабл аз ин дар намудҳои варзиши Тенниси рӯи миз, Муҳорибаҳои тан ба тан ва Футбол машғул буд, аммо вақте ки ба варзиши сабук пайваст, дар зиндагиаш дигаргунии нав ворид гашт. Ҳис кард, ки акнун интихоби дуруст намудааст. Махсусан, баъди ба даст овардани нишони тило аз мусобиқаи нахустинаш…

– Аз хурдӣ писари шӯх будам. Дар кӯча ҳамроҳи дӯстонам медавидему миёни ҳам рақобат мекардем. Пойгаҳо ташкил мекардем, футболбозӣ мекардем, меҷаҳидем… Умуман, ҳамааш аз ҳамон овон шурӯъ шуд,- мегӯяд Илдар.

– Чанд муддат дар намуди Муҳорибаҳои тан ба тан машғул шудам. Баъдтар дар футболу тенниси рӯи миз худро санҷидам. Албатта, ба ман писанд меомад, вале меҳр баста натавонистам. Дар синфи шашум таҳсил мекардам, ки рӯзе дар толори варзишии мактаб бачаҳоро ҳангоми бозии баскетбол дарёфтам. Чанд лаҳза тамошо кардаму завқам омад. Аз муаллим барои машғул шудан ба бозӣ иҷозат гирифтам. Ҳамин тавр ба баскетбол рӯ овардам. Чанд вақт дар дастаи яккачини мактаб бозӣ мекардам.

– Рӯзе бо дӯстам Хуршед Юсупов ба толор барои тамрин омадем. Бо сабаби оне, ки мо гӯё аз дарсҳои мактаб ақиб мемонем, моро ба толор роҳ надоданд. Вале мо сари вақт ҳам ба дарсҳо ҳозир будему ҳам машғулиятҳои бакскетбол… Хуршед ғайр аз баскетбол, инчунин, ба варзиши сабук низ машғул буд. Ӯ ба ман пешниҳод кард, ки рафта дар варзишгоҳ тамрин кунем. Хуллас, ҳамон рӯз ман бо устодам Ғайрат Нигматов шинос шудам. Устод баъди дидани ҳолати варзишиам, ба ман пешниҳоди гузариш кардан ба варзиши сабукро кард.

Илдар ҳам аз ҳамон рӯзи аввал бо мураббию бачаҳо ошноӣ пайдо карду пешниҳоди мураббӣ барояш аҷиб намуд. Он рӯз тамринро анҷом дод ва ба хона рафта ба аҳли хона ҳодисаро нақл кард. Аҳли хонавода аллакай дар чашмони ӯ меҳру муҳаббат нисбати варзиши сабукро диданду аз гуфтаҳояш пай бурданд, ки ин интихоби қатъӣ асту садди роҳи фарзандашон нашуданд.

– Ман аз дӯстам Хуршед хело миннатдорам. Маҳз  Хуршед буд, ки ман устодамро во хӯрдам. Устод Ғайрат Нигматов бо ман падарвор муносибат мекунад. Дар ҳама марҳилаҳо маро дастгирӣ мекунад. Албатта, дастгирии асосӣ барои ҳар варзишгар аз хонавода сарчашма мегирад. Маҳз талоши онҳо буд, ки ман роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намудам. Аз падару модарам бисёр миннатдор ҳастам.

Илдар Аҳмадиев ҳар рӯз пайи машқ буд ва ҳар рӯзаш аз рӯзи қаблӣ фарқ мекард. Дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ пайи ҳам натиҷаҳои назаррас нишон медод. Аввалин мусобиқае, ки роҳи  Илдарро ба варзиши касбӣ кушод, мусобиқаи Авруосиёӣ дар шаҳри Алмаато буд. Дар он мусобиқа Илдар Аҳмадиев сазовори ҷои аввал шуду меъёри Устоди варзишро иҷро намуд.  Пас аз ин дар чанде аз мусобиқаҳои кушоди байналмилалӣ ва мусобиқаи Осиё ширкат варзида зинаҳои ифтихориро касб мекард. Баъди натиҷаҳои назаррас, соли 2021 ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио 2020 роҳхат гирифт.

– Аввалин мусобиқаи байналмилалие ки ман иштирок намудам, ин мусобиқаи Авруосиёӣ дар шаҳри Алмаато буд. Он ҷо ман ҷои аввалро ишғол намудаму меъёри Устоди варзишро иҷро кардам. Баъди он ман узви дастаи яккачини Тоҷикистон гаштам, ва дар чанде аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳунарнамоӣ намуда, зинаҳои ифтихориро касб кардам, -мегӯяд қаҳрамони мо.

– Соли 2021 ман дар ҳама мусобиқаҳо ҷои аввалро ишғол кардам ва барои ба даст овардани квота мубориза бурдам. Хушбахтона, квота насиби ман шуд, ва ман барои иштирок дар сабқатҳои 100 метра ба олимпиадаи Токио-2020 сафарбар гаштам. Сабқатҳо ба масофаи 100 метр, бениҳоят муддаиёни зиёд дорад. Мутаасифона, ба ман муяссар нашуд, ки аз Бозиҳои олимпӣ медал ба ватан биёрам, аммо ин мусобиқот барои ман таҷрибаи бузург дод. Баъди олимпиада тамоман назари ман ба варзиш дигар шуд. Ман аз болои худ зиёд кор кардам ва фикр мекунам олимпиада барои натиҷаҳои минбаъдаи ман замимаи хуб буд.

Ҳамин буд, ки дар соли 2022 дар  се мусобиқаи бузург Илдар Аҳмадиев иштирок карду натиҷа нишон дод. Моҳи июл дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар ИМА баргузор шуд, ширкат варзид, ва бо сабаби  лат бардоштани пояш аз гирифтани медал маҳрум шуд. Аммо,  ӯ рӯҳафтода нашуд. Ӯ иброз медорад,  ки имсол барои ман бобарор оғоз шуд. Дар Чемпионати Тоҷикистон ҷои аввалро сазовор шудам ва роҳхати иштирок дар Чемпионати ҷаҳонро ба даст овардам. Чемпионати ҷаҳон дар штати Орегони ИМА баргузор шуд. Ман дар сабқатҳо ба масофаи 100 метр иштирок кардам. Чемпионати ҷаҳон баъди  Олимпиада дуюмин мусобиқоти бузург ба ҳисоб меравад. Онҷо ман дар марҳилаи аввал дуюмин шуда ба марра расидам, вале дар марҳилаи финалӣ ҷои ҳаштумро сазовор шудам.

Илдар қабл аз Қаҳрамонии ҷаҳон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, ҷароҳат бардошт. Ба гуфти ӯ, ин ҷароҳат таи ду сол аст ӯро азият медиҳад.

– Дар шаҳри Алмаато мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири гиромидошти Гусман Касамов баргузор гашт. Дар он ман барои ба даст овардани ҷои якум шонси зиёд доштам. Аммо ноомади кор гӯён ҷароҳати поям халалдор сохт. Мусобиқаҳо як нозукӣ дорад, ки ҳар як сония нақш мебозад. Агар рафту каме хатоӣ кардед, аз медал маҳрум мешавед. Барои ҳамин ҷароҳати зонуям, ки ду сол аст, маро азият медиҳад, дар шаҳри Алмаато ба ман вазнинӣ овард. Вале, ман баҳонаҷӯиро намеписандам. Кӯшиш мекунам, ки дафъаи дигар ин камбудиҳоро бартараф намоям.

Аз 9-ум то 18-уми августи соли равон, дар шаҳри Қунияи Туркия, панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ баргузор шуд. Илдар Аҳмадиев ба ин бозиҳо сафарбар шуду медали нуқра ба даст овард.

– Дар Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ ман дар ду навъ: давидан ба масофаи 100 метр ва ҷаҳишҳо ба дарозӣ иштирок кардам. Дар дав мутаасифона ман ноком шудам, вале дар ҷаҳишҳо ба дарозӣ зинаи дуюмро касб намудам. Сабқатҳои ҷаҳишҳо дар марҳилаи ниҳоӣ, миёни 12 нафар муддаиён сурат гирифт. Аз байни 12 нафар ман тавонистам ҷои дуюмро ба даст орам. Ин аввалин медали ман аз чунин мусобиқоти бузург ба ҳисоб меравад.

Оре, ҳар нафаре  паи мақсаде  саъй кунаду амал, албатта, муваффақ мешавад. Мо низ ба Илдар Аҳмадиев дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият хоҳонем.

Некрӯз САТТОРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь