Хуросон сарзамин ва яке аз вилоятҳои таърихии тоҷикнишин аст, ки дар масири таърих бо сабаби фарохнеъматию ободонияш ба ҳуҷуму тохту тозҳои бисёре аз халқиятҳои истилогар дучор шуда, гоҳҳо ба харобазор табдил ёфтаву тобеи ақвоми бегона шудааст. Лек, пас аз ҳар як ҳуҷуму ваҳшонияти аҷнабиён тавассути фарзандони асилаш аз нав ободон шуда ба гулистон табдил ёфта ва чун яке аз марказҳои аслии илмию фарҳангии эрониён – тоҷикон ба таърихи тамаддуни башар бо офаридаҳову ба майдони илму адаб ва сиёсат овардани мардони пурхирад ва донишмандону нобиғагон хизмати арзишманде намудааст. Беҳуда нест, ки ҳанӯз донишманди машҳури тоҷик Закариёи Қазвинӣ дар асари нотакрори худ ин маконро “…аз беҳтарин сарзаминҳои Худо ва ободтарину пурбаракаттарини онҳо…” шумурда, сокинони онро “аз ҷиҳати сурату сират ва илму дониш беҳтарин мардумон…” ҳисобидааст ва қайд намудааст, ки “Шавқу рағбати онҳо ба дину илм аз дигарон бештар аст”( Осору – л – билод ва ахбору – л – ибод, Қазвинӣ, Д: 2018, С. -360).

Бояд гуфт, ки Хуросон дар даврони шоҳаншоҳии Сосонӣ номи сунати ва ҳамагоние барои ишора ба навоҳии воқеъ дар чаҳор рубъ Нишопур, Марв, Ҳирот ва Балх воқеъ будааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Сосониён сарзамини Эронро ба чаҳор бахш ҷудо карда буданд, ки яке аз он бахшҳо Хуросон ба маънои “сарзамини тулӯи Хуршед” буд. Ибни Хурдодбеҳ низ навишта, ки “Хуросонро чаҳор марзбон дар чор рубъ идора мекунад: як рубъи он Марвшоҳҷон, дигаре Балх ва Тахористон ва рубъи дигар аз он Ҳирот, Бушанг, Бодғис ва Сиҷистон мебошад. Ибни муфарағ гуяд:  ва дигар рубъи аз он Мовароуннаҳр аст”. Аз ин гуфтаҳо маълум аст, ки муаллиф Хуросони замони Сосониёнро дар назар дорад, зеро ки марзбон унвоне буд, ки дар замони Сосониён ба ҳокимони вилоят дода мешуд.

Бояд гуфт, ки вожаи Хуросон калимаи форсии миёна ба ҳисоб меравад ва дар вожаномаи Деҳхудо низ омадааст, ки вожаи “Хуросон” вожаи паҳлавӣ аст, ки дар мутуни кӯҳан ба маънии Машриқ (Ховар) дар рӯ ба рӯйи Мағриб (Бохтар) ба кор рафтааст ва дар манобеи дигар низ Хуросон дар забони куҳани форсӣ ба маънии Ховарзамин мавриди истифода қарор гирифтааст. (Листернеч Г., Ҷуғрофияи таърихи сарзаминҳои Хилофати Шарқӣ, тарҷумаи Маҳмуд Ирфон, чопи дуюм, Теҳрон: интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1364, С. -408).

Ёқути Ҳамавӣ ҷуғрофиёдони машҳури қуруни вустоӣ бошад, чунин навиштааст: “Хур дар форсии дарӣ номи Хуршед, осон гуйё асл ва ҷойи шайъӣ аст” ва сипас дар гузорише  овардааст, ки “Дағфал гуяд: “Хуросон ва Ҳайтал, ду писари Олам бинни Сом бинни Нӯҳ, ҳар як дар шаҳре , ки мансуб ба онҳо шуд ворид шуданд. Ҳайтал дар шаҳре маъруф ба Ҳаётала дар болои руди Ҷайҳун (Амударё) ва Хуросон дар шаҳрҳое, ки дар зери руди Ҷайҳун буд, фуруд омаданд ва ҳар қитъаҳое ба номи касе, ки дар он фуруд омад, номгузорӣ шуд…”. Айнан ҳамин гуфтаҳоро бо каме тағйирот донишманди маъруфи Эронзамин Ибни Фақеҳ (асри 9) дар бобе аз китоби худ “Албулдон”, ҷуғрофиядон ва таърихшиноси машҳури асри 15 Ҳофиз Абрӯ дар асари “Ҷуғрофиё” -и худ овардаанд.

Бояд гуфт, ки шавоҳиди таърихӣ баёнгари он аст, ки сарзамини Хуросон дар дарозои таърих, ҳеҷгоҳ дорои марзи муайяни ҷуғрофӣ набуда, таҳти таъсири авомили мухталиф, маҳдудаш ҳамвора коҳиш ё густариш ёфтааст. Маъмулан гуфта мешавад, ки Хуросон аз шарқ ба Туркистон ва Ҳиндустон маҳдуд буда, онро дар шимол маҳдуд ба Мовароуннаҳр медонанд, лекин гоҳҳо Мовароуннаҳр ва Хоразм, ки дар асл онҳо дар масири таърих  вилоятҳои ҷудогона буданд  ҳам, бахше аз Хуросон ба шумор омадааст. Аз ҷумла Ибни Фақеҳ Мовароуннаҳрро ҷузъи Хуросон нишон додааст ва ин шояд ҳам аз он сабаб бошад, ки ин ду вилояти таърихии тоҷикон дар замони Сомониён тобеи як давлат буданд ва Ибни Фақеҳ низ дар ҳамин айём зиндагӣ кардааст, он ҳардуро ҷузъи Хуросони Бузург нишон дода бошад. Дар сарчашмаи ҷуғрофи асри 10 – и мулалифаш гумном “Ҳудуд – ул – олам” дар мавриди ҳудуди Хуросон чунин омадааст: “Ноҳиятест, машриқи вай Ҳиндустон аст ва ҷануби вай баъзе аз ҳудуди Хуросон аст ва баъзе биёбони Каргаскӯҳ ва мағриби вай навоҳии Гургон аст ва ҳудуди Ғур ва шимоли вай рӯди Ҷайҳун аст”. Ҳофиз Абрӯ бошад, ҳудуди Хурсонро чунин байён доштааст: “… ҳади шарқии он манбаи Омуя ва ҷиболи Бадахшон ва кӯҳҳои Тахористон ва Бомиён ва эъмоли билоди ғарбӣ ва Кобул ва моварои ҷиболи Ғур, ки манбаи Ҳирманд аст, ҳади ғарбии он…то баҳри Хазар ва баъзе аз ҳудуди Қумис…, ва ҳудуди шимолии Хуросон  мунтаҳи мешавад ба Ҷайҳун… ва ҷануби Хуросон ҳудуди Синд аст…”. Элтон Л. Даниел дар китоби “Таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии Хуросон” менависад: “…Хуросон гоҳе шомили сарзамини пурнеъмати ҷануби дарёи Арал (Хоразм) ва навоҳии он сӯйи Ҷайҳун (Мовароуннуҳр) ва бисёре аз фалоти Эрон мешудааст, ки ҳудуди шарқии он то Чин мерасид, вале амалан ин марз аз Балх ва бахши маъруф ба Таҳористон “Бохтари бостонӣ” онсутар мерафт ва дар мағриб ба ҳамин гуна ҳудуди Хуросон камтар ба марзҳои Загрес мерасид, аммо гоҳе шомили Қумис, Ҷурҷон, Рай ва бахшҳое аз Табаристон мегузашт ва бо он ки Мовароуннаҳр ғолибан бо Хуросон яке гирифта мешуд, вале амалан Амударё ҳамон марзи шимоли Хуросон шинохта мешуд…”. Баръало, аз ин гуфтаҳо маълум аст, ки Хуросон бо тобеъ шудан ба ин ё он давлати асримиёнагӣ ҳудудаш каму зиёд мешудааст ва дар воқеъ, онро ба замони имрӯза муқоиса намоям он як шимоли Ҳинд, Покистон, шарқи Эрон, ҷануби Тоҷикистон, як қисми бузурги Узбакистон ва гоҳҳо пурра, бахше аз Туркманистонро бо шаҳри қадимаи Марв (имрӯза Мари) –ро дар бар мегирад.

Муаррихи асримиёнагии форс – тоҷик Ибни Фақеҳ оиди табиат ва мардуми Хуросони ҳамон давра, яъне охири асри 9 ва ибтидои асри 10 маълумот дода, қайд месозад, ки “Хуросонро ҳавои хуб аст ва оби гуворо ва хоки солим ва меваҳои хуштамъ. Мардуми Хуросон офаринише устувор доранд ва андоме комилу қомате баланд ва чеҳрае зебо ва эшонрост маркабҳои чусту чолок, чун анвоъи астару асбони тоторӣ ва шутуру улоғ (маркаб, сутур – С. М) ва худ созу барги ҷангӣ ва зиреҳ ва пӯшоки хуб доранд… ва хуросониён худ худованди тиҷорату ҳукумату фиқҳу донишанд”. Дар воқеъ, аз сафҳаҳоти таърих маълум аст, ки эрониён-тоҷикон дар тиҷорату илму дониш нисбати ҳамаи халқиятҳои дигар бартарӣ доштанд ва имрӯз ҳам аз рӯйи сурати сират аз беҳтарин мардумонанд.

Ин донишманди асримиёнагии форс-тоҷик аз бузургии порсиён – тоҷикон сухан карда, дар густариши ислом саҳми арзишманд гузоштани тоҷиконро нишон дода, ҳадисеро низ меорад, ки бисёр ҷолиби диққат аст. Ӯ навиштааст, ки  “… марде Алӣ бинни Абитолибро гуфт: ин Хамроъ, яъне Аҷам, бар мо чира шуданд. Алӣ фармуд: “Аз паёмбар салаллоҳу алайҳи вассалам шунидам, ки гуфт: дигар бар порсиён дар роҳи дин бар сари Шумо фурӯ кӯбанд, чунон ки дар оғоз, барои дин шумо бар сари онҳо фурӯ кӯфтед.” Дар воқеъ, баъд аз қабули ислом форсон-тоҷикон буданд, ки дар густариши дини Ислом саҳми нотакроре гузоштанд ва ҳамзамон, бузургтарин уламои динро ба камол расонидаанд, ки зикри танҳо номи онҳо дар чандин сафҳаҳо намеғунҷад.

Қобили зикр аст, ки баъди забти Хуросон аз ҷониби арабҳо ин сарзамин муддате тобеи Хилофат буд, лекин мардуми он доимо парчами муборизаро парафшон намуда, баҳри истиқлол қаҳрамони нишон доданд. Кор то ба ҷое расид, ки тавассути марди хуросонӣ, яъне Абумуслим хилофати Умавиён сарнагун шуда, Аббосиён ба сари қудрат оварда шуд. Лекин, арабҳо хиёнат карда, Абумуслимро ноҷавонмардона ба қатл расониданд. Пас аз ин, гуйё дар қалби хуросониён оташ афрӯхта шуда, онҳо ба ошубу муборизаҳо бархостанд, то ин ки дар соли 821 давлати тоҷикии Тоҳириён сари қудрат расид. Тоҳир ибни Ҳусайн ва фарзандонаш мустақилияти Хуросонро таъмин намуда, танҳо бо ном аз Хилофат итоат мекарданд. Бо омадани Саффориён ба сари қудрат таъриху фарҳанг ва забони ниёгон аз нав эҳё шуд. Дар соли 899-900 бошад, Хуросон пас аз шикасти Амри Лайс тобеи Сомониён шуда, шаҳрҳои он ба марказҳои аслии илму фарҳанги эронин-тоҷикон мубаддал мешавад. Марву Нишопур, Ҳироту Ғазна, ки асоситарин шаҳрҳои он ба шумор мерафт ниҳоят рушд намуд, ки боқимондаҳои ёдгорҳои он имрӯз касра ба ҳайрат меорад.

Бо инқирози Сомониён, Хуросон ба дасти Ғазнавиён афтод. Ғазнавиҳо, ки парвардаи Сомониҳо буданд, кори онҳоро идома доданд. Пасон, Хуросонро Салчуқиён, Ғуриёну Хоразмшоҳиён яке паси якдигаре забт мекунанд. Пасон, Чингизхон ба сарзамини Хуросон ҳуҷум мекунад. Мувофиқи навиштаи Ҷузҷонӣ “дар он ҳангоме, ки Самарқанд ба дасти муғулон афтод, султони Хоразм дар Балх буд ва чун ин хабар ба ӯ  расид, аз он ҷо фирорӣ шуд ва ба тарафи Нишопур омад. Чун хабари рафтани Хоразмшоҳ аз атрофи Балх… ба самъи Чингизхон расид, аз лашкаргоҳи муғул шаст ҳазор(мувофиқи навиштаи Ибни Асир 20 ҳазор) савор… дар ақиби султон ба тарафи Хуросон фиристод”. Ин гурӯҳ таъқибкунон ба шаҳру навоҳии Хуросон бо як суръати баланд ворид шуданд, аммо пасон ба ақиб баргаштанд. Дар соли 1221 бошад, урдуи Чингиз аз нав барои тасаруфи Хуросон омада, онро ишғол ва ба харобазор табдил медиҳанд, ки оиди ваҳшонияти онҳо Ибни Асир, Атомалики Ҷувайнӣ, Мирхонд ва дигарон возеҳу равшан маълумот додаанд. Хуросон танҳо дар замони ҳукумати Ғазонхон, ки вазираш Рашидуддин Фазлуллоҳ буд, аз нав рӯ ба беҳбудӣ оварда, то андозае обод мешавад ва дар замони Темуриён бошад, мақоми пештарашро дар соҳаи илму фарҳанг, касбу ҳунар то андозае ба даст меорад.

Қобили зикр аст, ки дар асри 16 бо таъсиси давлати Шайбониён дар Осиёи Миёна, Сафавиён дар Эрон, Темуриёни Ҳинд дар Ҳиндустон ва пасон бо таъсиси давлати Дурониён дар Афғонистон сарзамини пурганҷу неъмати Хуросон ба қисматҳои ҷудогона тақсим шуда, мардуми он низ ба ду қисм тақсим мешавад. Аҷнабиёни Сафавӣ ва узбекони шайбонӣ тоҷикон-эрониёнро ба бахшҳои ҷудогона тақсим намуда, сиёсати мазҳабситезиро пеш мегиранд ва миёни тоҷикону эрониён тухми нифоқро кошта, ҷудоиро ба вуҷуд меоранд, ки оқибати он сабаби қатлу куштори садҳо эронинажодон ба дасти якдигар шуд. Бо вуруди паштуҳои аҷнабӣ ба Хуросон дар миёнаҳои асри 18 тоҷикон-эрониён мақоми худро аз даст дода, то кунун ҳоли табоҳеро пушти сар мекунанд

Ҳамин тариқ, бояд иброз намуд, ки Хуросони бузург дар асрҳои миёна ҳудуди васеъро ишғол намуда, яке аз минтақаҳои аслии тоҷикнишин ба шумор мерафт. Мардуми он аз ҷиҳати фаросат, ақлу заковат, илму дониш аз дигар халқиятҳо бартарӣ доштанд. Шуҳрати Хуросон ҳам, маҳз дар ҳамин аст, ки бузургони донишмандони зиёде аз шаҳру навоҳии он бархоста, илму тамаддуни ҷаҳониро тасхир намудаанд ва дар сафҳаҳоти таърих номи мондагоре аз худ барҷой гузоштанд. Албатта, бо чанд андешаи кӯтоҳе наметавон таъриху ҷуғрофия ва мардуми онро баён дошт, аммо ҳақиқатан ҳам метавон гуфт, ки мисли Хуросон сарзамине мавҷуд нест, ки мардумаш ин қадар ба ҷаҳониён хизмат намуба бошанд. Аммо, мутаасифон имрӯз бошад, қисмате аз ин сарзамин дар алангаи хоку хун қарор дошта, мардуми он, ки аслан тоҷиконанд дар ҳолати яъсу парешонӣ ва қашоқӣ қарор доранд.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,

Самандар МАҲМАДАМИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь