Соли 713 дар Хитой нашри “Михед Неwс” шурӯъ гардида, газета номи сол «Каиюан»-ро гирифт.

Соли 1040 Пи Шенги хитойӣ таҷҳизоти чопии бо ёрии саҳифа (блок)-ҳо мубодила намуда, кор мекардагиро ихтиро намуд.

Соли 1392. Дар Корея таҷҳизоти чопии аз мис сохташуда кашф шуд.

Соли 1447 Ёхан Гуттенберги олмонӣ маротибаи аввал дастгоҳи нашрҳои чопиро бо теъдоди зиёд ба табъ мерасондагиро кашф намуд.

Соли 1501 Папаи Рим Александр ВИ пеш аз эълон намудани навигариҳо барои оғоз нашудани бидъат аввал онҳоро аз назари рӯҳониҳо гузаронданро талаб намуд. Нафарони итоат наменамудагӣ ба ҷарима ё ҷазои аз калисо (церковь) бароварда фиристодан мекашидагӣ шуданд. Ин аввалин сензура буд.

Соли 1556 ҳукумати Венетсия ба ивази тангаи майда-«рӯзнома» ба паҳн намудани моҳномаи «Нотизие ссритте» шурӯъ кард.

Соли 1558 дар шаҳри Кёлни Олмон Майкл Энсингер маҷаллаи иборат аз 24 саҳифаро чоп намуд. Он ба ғалабаи олмониҳо ба муқобили артиши испанӣ бахшида шуда буд.

Соли 1621 дар Лондон таҳти номи «Соранте» чопи доимии рӯзномаи аввалин оғоз шуд.

Соли 1631 аввалин рӯзномаи франсузии «Тҳе Газетте» нашр шуд.

Соли 1645 дар Шветсия аввалин шумораи рӯзномаи то ҳоло чоп шудаистодаи «Пост-оч Инрикес Тиднингар» ба дасти хонандаҳо расид.

Соли 1690 дар Бостон аввалин рӯзномаи Амрико «Публиск Оссуренсес» аз чоп баромад.

Соли 1704 муаллифи асари «Робинзон Крузо», яке аз аввалин журналистони дунё ҳисобшуда Даниел Дефо чопи рӯзномаи даврии бо номи «Ревиеw»-и дар бораи навигариҳои Аврупо хабардиҳандаро оғоз бахшид.

Соли 1798 Алоиз Зенефелдер литографияро кашф намуд. Литографияи усули офсет солҳои 1960 оммавӣ шуд.

Соли 1803 ҳукумати ҳарбии Австралия маротибаи нахуст Сидней Газетте» ва «Неw Соутҳ Wалес Адвертисер»-ро чоп намуд.

Соли 1812 Фридриз Кёниг таҷҳизоти силиндрии чопии бо қувваи буғ коркунандаро ихтиро намуд. Шаби 28 ноябри соли 1814 ношири рӯзномаи «Тимес»-и дар Лондон чопшаванда Ҷон Уолтер ноширони рӯзномаро ба тарзи дастӣ чоп менамудагиро ба хонаҳояшон фиристода, дар мошини чопии нави Кёниг рӯзномаи «Тимес»-и теъдодаш 1100 нусхаро дар давоми як соат аз чоп мебарорад.

Соли 1844 телеграф кашф шуд.

Соли 1851 агентии ахбори «Реутерс» ташкил ёфт.

Соли 1870 Чарлз Стюарт Парнелл дар «Фрееманс Ҷоурнал» барои манфиати партияи миллии Ирландия маротибаи аввал аз таблиғот (реклама) истифода намуд.

Соли 1880 дар рӯзномаҳо пайдо шудани аввалин суратҳо оғоз шуд.

Соли 1903 Алфред Хармстворт дар Лондон ба аввалин таблоид- «Дайли Миррор» асос гузошт. Соли 1905 дар он маротибаи аввал мусоҳибаи эксклюзивӣ бо ноиби Англия дар Ҳиндустон Лорд Минто чоп карда шуд.

27 июни соли 1906 дар Ӯзбекистон аввалин рӯзномаи миллии «Тараққий» нашр шуд.

Соли 1966 Бехрами ҳиндустонии бо тахаллуси «Оруи асал» машҳуршуда дар рӯзномаи «Eвенинг Неwс» таҳти рубрикаи “Роунд анд абоут” ба нашр намудани маводҳои ҳаҷвӣ оғоз бахшид. Ин рубрика то соли 2001 зист. Дар таърихи рӯзномаҳо ҳеҷ кадом рубрика ин қадар вақти тӯлонӣ давомнок нашудааст.

Соли 1994 дар интернет аввалин «онлайни мустақил»-газетаи ҳаррӯза ба фаъолияти худ оғоз бахшид.

Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь