Солҳои охир Бритониёи Кабир  ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, мехоҳад, ҳузури худро дар минтақа густариш диҳад. Кишварҳои Ғарб  фаъолияти худро зери пардаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар пеш мебаранд, вале ҳадафи асосии онҳо назорати ҳукуматҳо, аз худ кардани захираҳои табиии кишварҳои минтақа ва заиф кардани мавқеи Русия дар минтақа аст. Бритониёи Кабир то кадом андоза ба корҳои дохилии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, дахолат мекунад?

Тақвияти робитаҳо бо Русия ҳамчун шарики стратегӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва амният ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки  соҳибихтиёрӣ ва давлатдории худро нигоҳ дошта, ба пешрафти иқтисодӣ ва болоравии некӯаҳволии мардум ноил шавад.

Ҳамкорӣ бо “автократия”

Лондони расмӣ дар бораи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳарф зада, аммо дар гузоришҳояш аз кишвари мо ба унвони як “автократияи клептократӣ” ном мебарад. Дар википедиа ин истилоҳ чунин шарҳ дода шудааст: “Автократияи клептократӣ – ин ҳукуматест, ки аз ҷониби қаллобоне идора карда шуда, афзалиятҳои қудратро барои зиёд кардани сарват ва нуфузи сиёсии худ  тавассути тороҷкуниву  азхудкунии маблағҳои давлатӣ истифода мебаранд”.

Чунин муносибат  нишон медиҳад, ки Бритониёи Кабир ба тараққиёти Тоҷикистон манфиатдор нест ва онро танҳо ҳамчун майдони амалиёти ҳарбии зидди Русия ва Хитой қабул дорад. Ғарб нақша дорад, ки дар ин ҷо ҳузури ҳарбии худро таъмин намуда, “лӯхтакҳояш”-ро ба сари ҳокимият орад.

Коршиноси масъалаҳои Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов бар ин назар аст: “Дар тӯли чанд қарни охир Бритониёи Кабир нақши як бозингари ҷаҳониро иҷро мекунад, яъне  ин кишвар фаъолият ва нуфузи  худро  хеле берун аз сарҳадҳои сарзамини худ паҳн кардааст. Масалан, муноқиша дар атрофи ҷазираҳои назди Аргентина, ки Бритониёи Кабир онҳоро ба худ мансуб медонад ё Гибралтар, ки бо Испания ҳамсарҳад аст, аммо дар асл қаламрави Бритониёи Кабир маҳсуб меёбад ва ғайра. То ба ҳол  Австралия, Канада ва як қатор давлатҳои дигар ба ном қисми Бритониёи Кабир ҳисобида мешаванд. Ва ин давлат то ба имрӯз кӯшиш мекунад, ки мавқеи худро ҳамчун як бозингари ҷаҳонӣ нигоҳ дорад.

Бритониёи Кабир дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон манфиати геополитикӣ  ва иқтисодӣ надорад, вале хоҳиши калони ҳукмронӣ дар ин минтақаро ба сар мепарварад. Бисёриҳо дар бораи “Бозии бузург” ҳаоф зада ва ба воқеаҳои зиёда аз як аср пеш ҷойдошта ишора мекунанд (Бритониёи Кабир Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеши имрӯзаро, ки дар ҳамсоягии минтақаи мо қарор доштанд таҳти назорати худ нигоҳ медошт). Аз ин рӯ, фаъол гардидани Бритониёи Кабир дар Осиёи Марказӣ имрӯз ҳамчун хоҳиш ва кӯшиши он барои баргаштан ба минтақаи мо дониста мешавад.

Яке аз шартҳои асосӣ, ки Бритониёи Кабир барои таъмини Тоҷикистон бо имтиёзҳои иқтисодӣ ва афзалиятҳо дар соҳаи тиҷорат пешниҳод мекунад, ҳалли мушкилоти “риояи ҳуқуқҳои инсон”  дар кишвар  аст.

Дар давраи ҳузури худ дар минтақа, бритониёиҳо ҳеч осори мусбате нагузоштанд. Ҳеч кадом аз кишварҳое, ки дар гузашта зери таъсири Бритониёи Кабир қарор дошт, бо ин давлат муносибати хуб надошт. Ба ғайр аз ин, «мерос»-и мавҷуда ба муносибати  аҳолии ин кишварҳо  ба Бритониёи Кабир дар тӯли  солҳои зиёд  таъсири манфӣ  мерасонад.

Бритониёи Кабир пас аз баромадан  аз Иттиҳоди Аврупо фаъолияти худро  дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба таври назаррас густариш додааст.    Фаъолнокӣ махсусан дар шакли ҳамкории Бритониёи Кабир, Канада, Австралия ва Амрико мушоҳида карда мешавад.  Давлатҳои англо-саксон тамоюли умумии ба вуҷуд овардани такягоҳи муайян  барои манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни чаҳонро доранд. Аз ин рӯ, фаъол гардидани онҳоро  дар қаламрави Тоҷикистон  метавон аз нуқтаи назари манзараи умумии талошҳои муштараки давлатҳои англосаксонӣ, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон амалӣ мегардонанд, арзёбӣ ва баррасӣ кард.

Ин фаъолнокӣ хусусияти манфӣ дорад, зеро ин нерӯҳо имрӯз бо Федератсияи Русия ва Чин рақобат мекунанд, ба Эрон таҳдид менамоянд ва маҳз ҳамин қувваҳо  Афғонистон, Ироқ ва Либияро ба минтақаи ноором табдил доданд. Илова бар ин, онҳо бо роҳи иҷро  кардани амалиёти низомӣ алайҳи Ҳусиёни Яман талош доранд, дар Ховари Миёна низоъро барангезанд. Аз ин рӯ, манфиатҳои ба истилоҳ ин созмон (блок) дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон маълуманд. Манфиати онҳо на дар бунёдкорӣ, балки дар халалдоркунӣ ба ҳамкории  кишвари мо  бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони дерин  аст».

Дар фаҳмиши Ғарб риояи ҳуқуқҳои инсон  – ин риояи ҳуқуқҳои ЛГБТ, “озодиҳои динӣ” (саркашӣ аз таъқиби созмонҳои динии ифротгаро ва террористӣ), “қатъ кардани саркӯбиҳои сиёсӣ” мебошанд.

Ин суханҳоро ҳатто рақамҳо низ тасдиқ мекунанд. Бар асоси омори Бритониё, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Бритониё дар соли 2022  87 миллион доллар (тибқи маълумотҳои Тоҷикистон – 6,2 миллион доллар) ва ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим камтар аз 1 миллион долларро ташкил додааст. Барои муқоиса: гардиши мол бо Русия дар ҳамин давра 1,7 миллиард  долларро ташкил дод, сармоягузориҳои  умумии Русия  ба иқтисодиёти  кишвар низ ҳамин миқдорро ташкил медиҳад. Дар соли 2023 афзоиши гардиши мол бо Русия 2,7 фоизро ташкил дод.

Омода кардани  ҳамоҳангсозон

Лондон тавассути барномаи “Chevening” манфиатҳои худро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, пеш мебарад,  тибқи ин барнома “пешвоёни ҷавон”-ро дар Бритониёи Кабир таълим медиҳанд, то ки пас аз баргашт ба Ватан онҳо ба системаи идоракунии давлатии кишварҳои худ “ворид” шуда, ғояҳои дар Ғарб омӯхтаро пеш баранд. Ҷолиби диққат аст, ки Бритониёи Кабир хароҷотҳои парвоз, манзили зист ва ҳатто гирифтани раводидро пардохт мекунад, инчунин, таҳсилкунандагонро бо стипендия таъмин менамояд – яъне дар Ғарб ба омода кардани “пешвоён” хеле  манфиатдоранд. Яке аз шартҳои асосӣ – пас аз таҳсили яксола ба Тоҷикистон баргаштан ва ҳадди ақал ду сол мондан аст. Ин барнома ба манфиати муҳоҷирати корӣ  нигаронида нашудааст, зеро  Ғарб  мехоҳад  дар Тоҷикистон  “лӯхтак”-ҳои худро дошта бошад.

Бритониёи Кабир паҳн кардани арзишҳои неолибералӣ дар байни ҷавононро яке аз  вазифаҳои муҳимтарини «қудрати нарм» дар Тоҷикистон  меҳисобад.

Қобили қайд аст, ки Лондон ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии Тоҷикистон  таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, балки танҳо хоҳони «роҳбарон»-ро  барои пешбурди манфиатҳо ва қарорҳои худ омода сохтан аст. Бритониё дар соли 2022 ҳамагӣ 22 нафар  ва дар соли 2023 31 нафар чунин “мутахассисон”-ро омода кардааст ва ният дорад то соли 2025 теъдоди онҳоро ба 40 нафар расонад.

Фаридун Усмонов мегӯяд: «Албатта, ҳама гуна барномаҳои таълимӣ, новобаста аз он, ки кадом кишвар онро амалӣ мегардонад, як ҷузъи «қудрати нарм» ва пешбурди манфиатҳои ин кишвар дар қаламрави дигар давлатҳо мебошад. Чунин барномаҳоро Русия, Ҷопон, Эрон ва Арабистони Саудӣ  амалӣ месозанд. Ҳатто Тоҷикистон низ чунин барномаҳои омӯзиширо барои донишҷӯёни хориҷӣ  роҳандозӣ мекунад. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҷумҳурии мо теъдоди зиёди донишҷӯён аз Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва як қатор кишварҳои Африка аз ҳисоби  давлат (ба тариқи буҷавӣ) таҳсил мекунанд.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ  Фаридун Усмонов мегӯяд: “Метавон гуфт, ки хоҳиши Бритониёи Кабир – ҳузур доштан дар Осиёи Марказӣ  умуман ба бунёдкорӣ нигаронида нашудааст, балки мақсади эҷоди фазои манфӣ дар минтақаро дорад. Ҳолате ба вуҷуд меояд, ки метавонад ба ҳамкории зич бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикон – Федератсияи Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия халал расонад.

Ин дар асл сиёсати дуруст аст, зеро тавассути таълим ва тарбияи насли наврас метавон дар бораи кишвари худ ба халқҳои дигар маълумот дод, ба ҷавононе, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд, барои дарки моҳияти ҷомеа ва низоми давлатдорӣ кумак кард. Аз ин рӯ, табиист, ки ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкарда бо бағоҷи  муайяни дониш, ки барои ҷомеаи мо низ муфид хоҳад буд, ба ватан бармегарданд.

Кишвари мизбон барои таҳсили як донишҷӯ дар як сол то 50000 доллар масраф мекунад, аз ҷумла барои стипендия,  хобгоҳ, маблағи таҳсил дар донишгоҳ,  хариди китобҳои дарсӣ ва ғайра. Ин маблағи хеле калон аст ва онро метавон ҳамчун сармоягузорӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон арзёбӣ кард. Таҳсил дар кишварҳои дигар (Бритониёи Кабир, ИМА, Чин, Русия) умуман ба ҷомеаи мо фоида меорад. Аммо аз дигар тараф, теъдоди зиёди ҷавонони мо, ки дар кишварҳои сохти давлатдориашон гуногун таҳсил мекунанд, пас аз бозгашт  кӯшиш менамоянд дониши гирифтаашонро дар  ин ҷо татбиқ кунанд. Яъне фаҳмиши онҳо аз воқеияте, ки дар он зиндагӣ мекунанд, метавонад куллан фарқ кунад».

Аммо теъдоди тоҷикони дар Бритониё таҳсилкунанда бо теъдоди шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд  ва бо он саҳме, ки Русия дар рушди маорифи  Тоҷикистон мегузорад,  муқоисанопазир аст.

Собиқ сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Стэнлӣ Филпотт дар яке аз мусоҳибаҳои худ таъкид кардааст, ки давлати Бритониё нияти дахолат кардан ба корҳои дохилии Тоҷикистон ё дигар кишварҳоро надорад. Ин посух ба суоли мустақими рӯзноманигор буд, ки аз нигаронии мардум аз фаъолияти Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Яке аз роҳҳои беҳтарин барои мо – ин идомаи ҳамкории зич бо Русия аст, зеро Русия ҳамеша ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор буд, ҳаст ва мемонад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь