Дар қораи Аврупо дастаҳо футбол ва футболбозон то ҳафтае қабл дар истироҳат буданд. Тимҳое, ки ба қавле дасти дароз доранду моликонашон кисаи ғафс футболбозони таги чашмнамудаашонро ба даст оварда, ҳайати худро таҳким мебахшанд. Дар умум гӯем, равзанаи трансферӣ дар ҷушӯ хурӯш аст ва гузаришҳои бузург ва ҳангомадор онро гарм нигоҳ медорад. Баъди истироҳати беш аз як моҳа футболбозон ба тамринҳо баргашта, омодагиро ба мавсими нав оғоз намуданд. Бозиҳои санҷишӣ ва дӯстона тайёрии ҷисмонии бозингаронро ба мавсим нишон медиҳад.

Дастаҳои қавии ТОП-5 кишвари футболии Аврупо (Англия, Испания, Италия, Фаронса ва Олмон) барои омодагӣ ба мавсими нав чандин бозии санҷишӣ гузарониданд. Дар бораи чанде аз даста ва бозори трансферии онҳо менигорем.

Агар аз Англия шурӯъ кунем, пеш аз ҳама бозиҳои чашмраси дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро мушоҳида намудан мумкин аст. “МЮ” баъди бозиҳои ғайриқаноатбахши мавсими гузашта ва роҳ ёфтан ба бозиҳои Лигаи Аврупо гӯё ин фаслро бо нерӯю қувваи тоза оғоз карданист.

Ҳайати идоракунандаи тим кори худро аз “кори калон” шурӯъ намуда, Эрик тен Ҳагро аз “Аякс”-и Ҳолланд ҳамчун сармураббӣ ба ҳайат ҷалб намуд. Мутахассисе, ки бо тими ҷавони “Аякс” фаъолияти пурсамар нишон дод. Ӯ низ гӯё бо омаданаш қувваю иродаи бозингаронро афзуд, ки “МЮ” дар чор рақобати дӯстонаи доирнамудааш  шикастро надид. Се ғалаба ва як бозиро бо ҳисоби мусовӣ ба охир расонд.

Ин даста дар нахустбозии санҷишӣ “Ливерпул”-и қавии Юрген Клоппро бо натиҷаи бузурги 4-0 шикаст дод. Дар рақобати дигар бошад, “Мелбурн”-ро бо натиҷаи 4-1 ва дар бозии сеюм “Кристал Пэлас”–ро бо ҳисбои 3-1 дучори бохт намуд. Аз натиҷаи се рақобати аввал ба нишондодҳои “МЮ” гӯё чашм расид, ки бо “Астон Вилла” натиҷаи мусовии 2-2 ба қайд гирифта шуд. Агар гӯем рақибони ин тим ба истиснои “Ливерпул” на он қадар қувваи бузург доранд, то андозае дуруст ҳам ҳаст. Вале ин шурӯъи кори сармураббии нав аст. Натиҷаи бозии дӯстонаи дигар, ки “МЮ” бо “Атлетико Мадрид” вомехӯрад, қувваи пешазмавсимии тими англисро маълум хоҳад кард. Ин рақобат 30 июл доир мегардад.

Аз лиҳози бозори трансферӣ “МЮ” на он қадар фаъол ҳаст. Вале гуфтан ба маврид аст, ки яке аз сутунҳои хати марказии ин тим Пол Погба аз даста кӯч басту ҳамчун футболбози озод ба ҳайати “Ювентус”, дастаи собиқи худ пайваст. Дар бозиҳои доирнамудаи санҷишӣ хати ниммуҳофизаи “МЮ” то андозае бе мушкилст. Омадани Кристиан Эриксен ба хати ниммуҳофизаи ин тим қувва зам хоҳад кард.

Агар сухан аз хати ҳамлаи “МЮ” гуфта шавад, пас бояд сармураббӣ, Эрик тен Ҳаг ҷойгузини Роналдуро аз ҳозир маълум созад. Чун то ҳол бозингари португалӣ дар рақобатҳо иштирок намекунад ва ҳатто ба машқу тамринҳои ҳамдадастаҳояш ҳамроҳ нашудааст. Синни Роналду низ ба 37 расида. Ӯ дигар имкони ҳунарнамоӣ дар ҳайати дастае, ки сармураббӣ аз усули бозии тезкор истифода мебарад, надорад. Аз ин лиҳоз “МЮ”-ро тарк намудани Роналду то андозае бар нафъи ӯ ва даста мебошад. Вале чизи ҳайратбор ин аст, ки ҳеҷ дастаи дастони аврупоӣ хостори ӯ нест. На “Челси” на “Бавария” ва на “Атлетико Мадрид”, ки тайи чанд рӯз хабарҳои ба ин тимҳо пайвастани Роналдуро мекарданд.

Тими дигари кишвари футбол “Манчестер сити” низ бо роҳбарии Пеп Гвардиола бозиҳои пеш аз мавсимии худро доир карда истодааст. Чизи ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳ дар рақобати ин даста дар нахустбозии худ гол задани Эрлинг Ҳолланд мебошад. “МС” дар доираи бозиҳои дӯстона “Бавария”-и Олмонро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Ба Ҳолланди ҷавон танҳо 12 дақиқа лозим шуд, то аввалин голи худро дар дастаи наваш ба ҳадаф расонад. Инчунин, “МС” дар бозии дуюми санҷишӣ “Америка”-ро бо натиҷаи 2-1 ба шикаст рӯ ба рӯ сохт. Ин даста низ дар бозори трансферӣ хеле фаъол буд. Месазад гуфт, ки баъди сарфи чунин маблағҳои ҳангуфт моликони ин даста дар мавсими нав аз футболбозону сармураббӣ – Пеп Гвардиола ҷоизаи Лигаи қаҳрамонҳоро интизоранд.

Ҳаводорони дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондон дар ин мавсим аз дастаи дӯстдорашон умедҳои зиёд доранд. Моликони “Арсенал” низ ин тобистон ба ҳайати бозингарон тағйироти зиёд ворид намуданд. Аз ҷумла, ба даста ҷалб намудани Габриел Жезуз аз “Манчестер Сити”, дар баробари Букайо Сакаи ҷавон ба хати ҳамлаи “Арсенал” қувва зам хоҳад кард. Бозингари бразилягӣ дар чор рақобати аввали доирнамудаи худ дар дастаи “Арсенал” чор гол ба ҳадаф расонидааст. Винисиус Маркус, футболбози 19-солаи хати ҳамла аз дастаи “Сан-Паулу”-и Бразилия ба ба ин тим пайваст. Ҳамчунин, ин даста муҳофизатгари “Манчестер сити” – Александр Зиченкоро бо маблағи 30 млн евро харидорӣ намуд. Дар ин баробар, чандин бозингарони ҷавони дигар низ ба дастаи шаҳри Лондон ҳамроҳ шуданд. Бовар дорем ин футболбозони ҷавон хуш дурахшида, бозии ҷолибе баҳри ҳаводорони ин даста нишон хоҳанд дод.

“Дар ҳеҷ давру замон рақобат миёни “Реал Мадрид” ва “Барселона” бозии дӯстона унвон гирифта наметавонад”. Ин гуфтаи кадом аз футболбоз ва ё сармураббии бузург аст, ки барҳақ низ ҳаст.

Ин ду дастаи сарсахт ва оштинопазир дар доираи бозиҳои санҷишӣ ва пеш аз мавсимӣ дар шаҳри Лас Вегаси Амрико рақобат намуданд. Дар бозии мазкур “Барс” бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Ягона голро Рафиня ба ҳадаф расонд. Ин бозӣ ва чанд рақобати пешинаи доирнамудаи “Барселона” нишон дод, ки ин тим ба мавсими нав бо мақсадҳои бузург гом мениҳад. Ба ҳайат ҷалб намудани Рафиня (аз “Лидс Юнайтед”) ва Роберт Левандовский (аз “Бавария”)-ро яке аз бурдҳои асосии ин тим дар равзанаи трансферии тобистона унвон додаанд.

Агар аз “Бундеслига”-и Олмон гӯем мисли чанд мавсими охир “Бавария” ва Боруссия Дортмунд муддаиёни асосӣ баҳри қаҳрамшавӣ дар ин кишваранд. Вале дар Лигаи қаҳрамонҳо бозии онҳо чӣ гуна медурахшад, давоми мавсим нишон хоҳад дод. Ситорагони пурҷилои ҳар ду даста Левандовский аз “Бавария” ва Ҳолланд аз “Дортмунд” рафтанд ва талошашон бештар сӯи орзуҳои бузург давр мезанад. Агар Ҳолланд баҳри рушди малакаи касбӣ бошад, пас бешубҳа аз Левандовский баҳри ба даст овардани “тӯби тиллоӣ” мебошад.

“ПСЖ” низ аз бозиҳои дӯстона истисно нест. Ин даста бозиҳои дӯстонаи худро дар Ҷопон бо дастаҳои ин кишвар мегузаронад. Ин даста ин низ тобистон тағйироти ҷиддиеро дар ҳайат ворид намуд. Нахуст, Поччетинио аз вазифаи сармураббигии ин даста канор рафт ва Кристоф Галте ҷойгузини ӯ шуд. Роҳбарияти даста ҳамлавари ҷавон Клиан Мбапперо розӣ намуд то дар Париж боқӣ монад. Ин аз бурди асосии даста дар равзанаи трансферӣ буд.

Бозиҳои ҷолиби ТОП-5 кишвари аврупоӣ  дар моҳи август оғоз хоҳанд шуд. Баргузории бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо бошад, аз моҳи сентябр оғоз мешаванд. Ҳар як даста ва футболбоз пеш аз оғоз шудани мавсим нақшаву орзуҳои зиёд дорад. Вале қисми зиёди он боз ҳам орзуи ширин боқӣ хоҳад монд. Ба дастаҳо ва футболбоз умеду комгорӣ хоҳонем. Бигзор, мухлисони футбол аз бозии дастаи дӯстдори худ ҳаловат бубаранд.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь